Главная > Uncategorized > Вазорат аризаи маъюбро баррасӣ мекунад

Вазорат аризаи маъюбро баррасӣ мекунад

Дар шумораи №22 (аз 12-уми августи соли 2009)-и ҳафтаномаи «Пайкон» таҳти унвони «Ё аз гурӯснагӣ мемирам, ё бо маблағи Вазорати тандурустӣ ба Киев меравам» мақолаеро ба табъ расонда будем. Дар мақола сухан аз боби мушкилоти як нафар зан, собиқ мушовири суди шаҳри Душанбе, шаҳрванди Тоҷикистон Файзигул Шарифова мерафт, ки аз бемасъулиятии кормандони соҳаи тиб норозигӣ карда, талаби маблағ барои табобат дар хориҷи кишварро дошт. Ҳамзамон, ӯ аризае ба номи роҳбарияти ҷумҳурӣ сари ин масъала ирсол дошта буд. Ниҳоят, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи ӯро барои баррасӣ ба Вазорати тандурустӣ фиристод.
Вақте ба Файзигул Шарифова муроҷиат кардем, гуфт, ки 15-уми августи соли ҷорӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нома гирифтааст. Нусхаи ин нома бо имзои муовини аввали роҳбари Дастгоҳи иҷроия Р. Менглиев барои баррасӣ ба вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов фиристода шудааст. Ф. Шарифова изҳори нигаронӣ намуд, ки баъди гурӯснанишинияш Вазорати тандурустӣ барои давом додани табобат дар шаҳри Киеви Федератсияи Русия ваъдаи қатъӣ дода будааст.
«Вазорати тандурустӣ танҳо ваъда медиҳад, ки мактубҳои маро баррасӣ мекунанд. Лекин барои табобати банда то ҳол ба хулосаи дақиқ наомадаанд. Тибқи пешниҳоди ин вазорат, акнун масъалаи фиристодани ман ба Киев гӯё то 11-уми сентябри солӣ ҷорӣ муайян карда мешудааст»,- гуфт ӯ.
Баҳри мушаххас намудани он, ки ба маъюб Файзигул Шарифова кӯмаки пулӣ расонда мешавад, ё не, ба намояндаи Вазорати тандурустӣ муроҷиат кардем. Дар маркази матбуотии ин вазорат Майсара Қурбонова чунин иттилоъ дод: «Муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Боқиевич кӯшиш намуда истодаанд, ки ба Ф. Юсуфова кӯмаки молиявӣ расонанд. Алҳол масъалаи ҷудо кардани маблағ барои табобат намудани номбурда пурра баррасӣ нашудааст. Зеро барои иҷрои ин кор каме вақт лозим аст. Аммо яқин гуфта метавонам, ки рӯзҳои наздик ин масъала аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ҳалли худро меёбад».

Умедҷон НАЗАРОВ, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: