Главная > Uncategorized > Кафлеcи Вазорати маориф дар деги кист?

Кафлеcи Вазорати маориф дар деги кист?

Мустақилияти бештари ҳар як кишвар аз он аст, ки ками кам вобастаи касеву дастнигари чизе бошад. Барои ин, дар ҳама соҳа эҷоди замина ва талош барои рушди он зарур аст. Чунин ба назар мерасад, ки Вазорати маорифи Тоҷикистон заминаҳои доштаашро низ аз даст доданист. Мисоли равшан бетаваҷҷӯҳии масъулон дар омодасозии кадрҳои соҳаи авиатсия аст, ки маорифи Тоҷикистонро ба масал чун чӯҷаи тар зери пари дигар давлатҳо мекашад.

Қонуни дермонда

Яке аз заминаҳои асосии рушди соҳаи авиатсия дар Тоҷикистон метавонист Донишкадаи нақлиёт бошад, ки бо ҳама бурду бохташ кунун вуҷуд надорад. Пас, ку донишгоҳу донишкадае, ки кадрҳои соҳаи авиатсия, хоса ҳавонавардонро ба вуҷуд орад? Ба ин суол аз Раёсати мактабҳои олӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ҷавоб ҷӯстам. Тавсия ин буд, ки ба дигар вазорату кумитаҳо муроҷиат кунам, зеро аксари донишгоҳу донишкадаҳо мутобиқи соҳа тобеи ин ё он сохтор ҳастанд ва дар доираи талаботҳои бахши муайян кадр омода месозанд. Таассуф ҳам шунидам, ки аз байн бурдани Донишкадаи нақлиёт, дар ҳоле ихтисосҳои соҳаи авиатсияро батамом дар бар мегирифт, хато буд. Ишора мешуд, ки донишгоҳ мувофиқи моддаи 20-уми «Қонун дар бораи маориф» метавонад дар тобеияти худ донишкада ва академияи таълимӣ дошта бошад. Яъне, мумкин буд дар мавриди ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамроҳ кардани Донишкадаи нақлиёт аз ин банди қонун кор бигиранд. Шояд он гаҳ донишкада дар доираи факулта маҳдуд намегашт. Аммо, мутаассифона тағйирот ба ин моддаи қонун андаке дер ворид карда шуд. Замоне, ки хоки Донишкадаи нақлиёт бод гашта буд…

Вақте месозию пачақаш мекунанд…

Маълум, ки яке аз сохторҳои ба кадрҳои соҳаи авиатсия ниёзманд Вазорати мудофиа аст. Вазорате, ки дар тобеияти худ донишкада дорад. Масъалаи дар ин самт чигуна омода гаштани кадрҳои соҳаи авиатсияро мегузорем ба баъд. Дар шароити феълӣ ниёз ба кадрҳои авиатсияи шаҳрвандӣ меафзояд. Ва то ҷойе, ки ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар маблағи ҳангуфт дода, дар хориҷа мутахассис омода мекунанд. Пас, чун талабот ҳаст, чӣ боис гардид, ки Донишкадаи нақлиётӣ аз байн бурда шавад? Чун бо ин савол ба ректори ҳамонвақтаи донишкада Олимҷон Бобоев муроҷиат кардам, аламаш тоза шуду гуфт:
— То ҳол намехостам дар ин мавзӯъ гап занам. Бисёр дарднок аст, вақте як чизро заҳмат кашида месозию пачақаш мекунанд.
Ба андешаи ҳамсӯҳбатам, Донишкадаи нақлиётӣ ба хотири пурқувват кардани базаи моддӣ-техникии Донишгоҳи техникӣ ва мақсаднок истифода бурдани он якҷо карда шуд, вале тағйироту тобеият дар натиҷа сари чандин ихтисосҳои соҳаи авиатсияро хӯрд. Олимҷон Бобоев аз факултаи авиатсияи Донишкадаи нақлиётӣ ёдовар шуда, чор ихтисос: ташкили ҳамлу нақл ва идора дар роҳи ҳавоӣ, истифодабарии ҳавопаймоҳо ва муҳаррикҳо, хизматрасонии техникӣ ва таъмири тайёраҳо, ҳамчунин сохтмони аэродромҳоро ном бурд.
Ҳоло бошад, ба ҷуз шӯъбаи автомобилӣ ва бандари ҳавоии факултаи идора ва сохтмони нақлиётии Донишгоҳи техникӣ дар факултаи нақлиётӣ қатори 5 ихтисоси берун аз соҳаи авиатсия ихтисоси истифодабарии техникии ҳавопаймоҳо ва муҳаррикҳо амал мекунаду ширкатҳои ҳавопаймоӣ муҳандисонро ҷойи дигар меҷӯянд.

«Принсип»-и Ҳокимшо Тиллоев

Доир ба омода намудани кадрҳои соҳаи авиатсия дар хориҷа бо сардори Раёсати кадрҳои «Тоҷик-Эйр» қаблан сӯҳбате доштам. Мусоҳибам арз дошта буд, ки асоси дар хориҷа мутахассис омӯзонидани онҳо ба талабот ҷавобгӯ набудани кадрҳои дохилист. Ба гуфтаи ӯ, чун донишгоҳу донишкадаҳои соҳа кадрҳои тахасусӣ надоранд, наметавонанд мутахассиси хубу соҳибҳунар омода намоянд. Маҳз аз ҳамин сабаб шартномаҳои ҳамкорие, ки ҷониби Донишкадаи нақлиёт ва баъдан намояндагони Донишгоҳи техникӣ дар мавриди омода кардани кадрҳо барои ширкат пешниҳод менамоянд, рад шудаанд. Вале Олимҷон Бобоев асоси рад шудани шартномаи ҳамкориро аз ҷониби ширкат дар чизи дигар мебинад. ӯ мегӯяд: «Дар воқеъ вақте донишкада таъсис ёфт, мо аз ҷиҳати кадрҳои тахасусии худӣ танқисӣ мекашидем. Дар мо як нафаре, ки дар соҳаи авиатсия корҳои тадқиқотӣ-илмӣ мебурд, шодравон Мастонгулов буд. Ду нафари дигар физик, ки яке айни ҳол кафедраи авиатсияи факултаи нақлиётиро роҳбарӣ дораду дигарӣ устоди Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон аст. Бо вуҷуд ин, мо кадрҳоро гирд оварда будем ва як базаи худро доштем. Мо бо донишгоҳу донишкадаҳои авиатсионии Тошкент, Маскав, Санкт-Петербург шартнома доштем ва мутахассисони хуби илмӣ омада, дар ҳаминҷо дарс мегуфтанд». Ба қавли Олимҷон Бобоев, барояшон асосан мушкилӣ гузаронидани дарсҳои амалӣ буд, ки метавонист дар ҳамкорӣ бо ширкати ҳавопаймоӣ бартараф гардад. Вале масъулони ширкат аз ин имкон бебаҳраашон кардаанд. Тавре Бобоев изҳор медорад:
— Ҳокимшо Тиллоев, ки нақлиётчӣ набуд, бисёр проблемаҳоро ҳамроҳашон ҳал кардан ғайриимкон менамуд. ӯ ҳамин хел як «принсип» дошт, ки кадрҳоро дар хориҷа тайёр кунанд. Барои ҳамин миёни мо ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ нашуд. Ҳол он ки, ин ҳамкорӣ барои мо хеле муҳим буд. Чунки дар худи ҳамин ширкат онҳо базаи модиву техникии тайёркунии кадрҳо доранд, ки мо баъзе дарсҳоямонро дар ҳамон ҷо мегузаштем. Раиси пештараи ширкат, ки Донишгоҳи авиатсияи шаҳрвандии Киевро хатм кардаву мутахассиси соҳа буд, моро хуб мефаҳмид. Он лабараторияе, ки доштанд, пурра ба ихтиёри мо вогузоштанд. Ба донишҷӯёнамон кадрҳои худи ширкат дарс мегуфтанд. Аммо чун Ҳокимшо Тиллоев омад, кор тамоман ранги дигар гирифт.

Тоҷикистон побанди ӯзбекистон?
Бешубҳа, барои тайёр кардани мутахассиси хуби соҳа баробари таълими пурзӯри назариявӣ таҷрибаи амалӣ нақши муҳим мебозад. Бо ин ҳама дарҳам барҳамиҳои бахш наметавон гуфт, ки айни ҳол Донишгоҳи техникӣ аз ин ду батамом бархӯрдор аст. Ректори Донишгоҳи мазкур Анвар Абдурасулов инкор намекунад, ки онҳо олимони соҳаи авиатсия надоранд. Ба қавли ӯ, дар асоси шартнома аз донишгоҳу донишкадаҳои хориҷа, бахусус Маскав олимону мутахассисонро вақти зарурат ба ҳамкорӣ даъват мекунанд. Масалан, дар имтиҳони хатм. Вале барои пурра ба тадрис сафарбар намудани онҳо имкониятҳо маҳдуд будааст. Ҳамакнун кафедраи авиатсия, ки дар донишгоҳ ба ном вуҷуд дорад, бе доштани лоақал ду номзади илми соҳа наметавонад фаъол бошад. Ин дар ҳолест, ки Олимҷон Бобоев вуҷуд доштани факултаи авиатсияро дар донишгоҳи мазкур зарур мешуморад. Агар Қирғизистони ҳудудаш назар ба Тоҷикистон хурдтару теъдоди аҳолияш аз мо камтар Донишгоҳи авиатсия дорад, вақте ӯзбекистон бо донишгоҳҳои махсуси бахш моро побанди соҳаи маорифи худ кардааст, чаро Донишгоҳи авиатсия надошта бошем? Чунин донишгоҳро мешавад таъсис дод, вақте ҳамон ду ихтисоси дар Донишгоҳи техникӣ будаи соҳаи авиатсия ҳам тамоман аз байн нараванд. Ин гуна интизорӣ табиист, чун қабули довталабон ба ихтисосҳои факултаи нақлиётиро аз 50-60 нафарӣ то 25 кас кам кардаанд. Мақсад сифат аст, на миқдор? Чи тавр дар бораи сифат метавон ҳарф зад, вақте ректори донишгоҳи мазкур мегӯяд, ки аксари донишҷӯён аэропорту аэродромро надида, мактаби олиро хатм мекунанд. Ба изҳори масъулони «Фурӯдгоҳи байналмилалӣ», кадрҳои соҳаи авиатсияи Донишгоҳи техникӣ инҷо таҷрибаомӯзӣ мегузаштаанд. Аммо Абдурасулов мегӯяд: «Онҳо «имкон надорем» гуфта, танҳо як қисми ками таҷрибаомӯзонро қабул мекунанду халос ва ин мушкил замони роҳбарии Тиллоев ҳам буду баъди дигар гаштани роҳбарият ҳанӯз ҳам ҳаст». Дар ҳоле ҳамроҳшавии Донишкадаи нақлиётиро ба Донишгоҳи техникӣ ба хотири қавӣ гаштану истифодаи пурра аз базаи моддӣ-техникии он арзёбӣ намуданд, кунун ин донишгоҳ ниёз ба чунин пойгоҳ дорад, то аз бунбаст вораҳад.

«Бузак намур, баҳор меояд!»
Бо вуҷуди ҳама норасоиву шароити номусоиди таълимӣ ҷаноби Абдурасулов боварманд мегӯяд, ки кадрҳои онҳо баъди хатм бекор намемонанд. Мувофиқи иттилои раиси Иттифоқи касабаи «Фурӯдгоҳи байналмилалӣ» Мамадқул Хушвақтов, ки худ хатмкардаи Донишгоҳи техникӣ будааст, дар ширкат 6 нафар хатмкардаҳои бахши авиатсияи донишгоҳи мазкур ба ҳайси ҳамлу нақлгар, хизматрасон, навбатдор ва стюардеса кор мекунанд. Аҷиб, ки ҳангоми ба кор қабул намудани кадрҳо дар баробари маҳорати сухангӯӣ ва забондонӣ шаклу шамоили кас нақши муҳим мебозидааст. Ба гуфтаи Хушвақтов, муҳандисон бошанд, онҳоеянд, ки дар Маскав хондаву баъдан инҷо бозомӯзӣ кардаанд. Масъулони «Тоҷик-Эйр» бошанд, ҳанӯз бар он ақида устуворанд, ки кадрҳои Донишгоҳи технологӣ ба талаботи онҳо мувофиқ нестанд. Тибқи маълумоти қаблӣ давоми соли 2008 160 довталабро аз рӯи ихтисосҳои муҳандис, нозир, ҳавонавард ва чанде дигар берун аз кишвар меомӯзониданд. Дар давраи охир 86 кас аз рӯи ихтисосҳои номбурда ба таҳсил дар хориҷа ҷалб шудаанд. Шояд Вазорати маорифи Тоҷикистон аз ин кадрҳо манфиате бардорад? Лоақал барои додани ҳисобот…
Ёдовар бояд шуд, ки бори нахуст ҳамин сол тавассути озмуни Стипендияи байналмилалии президенти ҶТ — «Дурахшандагон» аз рӯи ихтисосҳои идоракунии техникии дастгоҳҳо ва муҳаррикҳои ҳавопаймову идоракунии нақлиёти ҳавоӣ 2 нафарро ба таҳсил дар хориҷа сафарбар намудаанд. Умед аст, ки ин ду довталаб баъди соҳибтахасус гашта омадан, на ба нафъи ширкате кор мебаранд, балки базаи таълимии Донишгоҳи техникиро комил месозанд. «Бузак намур, баҳор меояд!».

Ҷойи заводи муҳарриксозиро «Корвон» гирифт?

Табиист, ки барои ба по хезондани соҳаи авиатсияи тоҷик муҳимтар аз ҳама гирд овардани кадрҳои тахассусӣ ва бунёди базаи пурқуввати техникист. Шояд ба ҳамин хотир аз Донишкадаи нақлиётӣ 14 нафар донишҷӯ тариқи шартнома ба хориҷа барои таҳсил фиристода шуданд, ки аз ин 7 нафар кадрҳои соҳаи авиатсия ва 7 каси дигар роҳиоҳанчиён буданд. Аз гуфтаҳои Олимҷон Бобоев бармеояд, ки онҳо минбаъд ҳам донишҷӯёнро ба хориҷ фиристонданӣ буданд, то дар аспирантура омӯзанд ва омада илми соҳаро ба даст бигиранд. Анвар Абдурасулов ҳам бо теъдоди муайян ба хориҷа фиристодани донишҷӯёнро барои омӯзиш дар аспирантура ёдрас шуд. Аммо муаммо ин аст, ки оё ин кадрҳо бармегарданд? Оё онҳо имкониятҳои рушд дар хориҷаро болотар аз монеагузориҳои дохили Тоҷикистон намешуморанд? Ҳамонгуна, ки олим ва муҳандиси тайёрасози тоҷик Фатҳиддин Муҳаммедов лоиҳаҳои худро дар хориҷа ба нафъи дигарон амалӣ намуд, на барои Тоҷикистон. Тавре аз маълумотномаҳо бармеояд, Муҳаммедов нахустин Шӯрои тайёрасозонро дар Осиёи Марказӣ бунёд гузошт. Бо ибтикори ӯ соли 1987 дар шаҳри Душанбе филиали заводи таҷҳизотсозии мошинӣ бо номи «Микоян» ифтитоҳ ёфт. Вале, на танҳо тайёраи сохтааш «Душанбе-2» дар хати парвоз монд, балки пасон ширкати бунёдкардааш «Eвразия-Миг» ғайриқонунӣ аз ҷониби ҳаммаслаконаш ба бонки «Эсхата» фурӯхта шуд. Ба қавле, ӯ мехост дар Тоҷикистон соҳаи тайёрасозиро ба роҳ монда, кадрҳои маҳалиро тарбия кунад, вале тайёраҳои сохтааш кунун моли хориҷаанд. Оё беҳ набуд аз зеҳнияти ӯ дар дохили кишвар истифода баранд? Шояд паёмади кору рӯзгори ихтироъкоре, ки тоза рӯ мезанад, боз ҳам чунин аст? Олимҷон Бобоев мегӯяд, ки айни муддаост, агар мо кадрҳоро гирд оварда, нақшаи заводи сохтани муҳаррикҳо ва ҳавопаймоҳои хурдро, ки дар макони пешбинишудааш бозори «Корвон» бунёд шуд, ба роҳ монем. Чунки, мо барои ин имкониятҳои зиёд дорем. Асосан қисмҳои дастгоҳҳои парвозкунанда аз хӯлаи алюминий сохта мешаванд. Пас, чаро мо бо ин васила коркарди ашёи стратегии худро дар дохили кишвар роҳандозӣ накунем?

Ҳавонавардон ҳастанд!

Бармегардем сари масъалаи кадрҳои авиатсияи Вазорати мудофиа, ки баррасияшро ба баъд гузошта будем. Маълум, ки Вазорати мудофиа ҳавопаймоҳоро аз хориҷа ворид мекунад, вале сарнишини он бояд кадри маҳаллӣ бошаду мудофеи воқеии амният. Аз Вазорати мудофиа маълум намудам, ки то соли 2004 кадрҳои соҳаи авиастсияро дар Русия омода мекардаанд. Баробари таъсис ёфтани факултаи авиатсия дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ин мушкилот бартараф шудааст. Аз ҳама муҳимаш, онҳо ҳавонавард меомӯзонанд. Дуруст, ки қаблан имкони гузаштани дарсҳои амалиро надоштаанд ва донишҷӯён рафта, дар Русия таҷриба меомӯхтаанд. Ҳоло бошад дар пойгоҳи Вазорати мудофиа дарси амалӣ мегузаранд. Барои донистани сифати таълим ва сатҳи кадрҳои илмӣ-тахасусӣ хостам ба садорати Донишкада мусоҳиб шавам. Бо вуҷуди он, ки ба гуфтаи масъулон аз дарвозаи оҳанини донишкада бе иҷозатноми вазири мудофиа гузаштан мумкин набудааст, имкони вуруд ёфтам. Аммо, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа Эмомалӣ Хакиров гуфт, ки ин мавзӯъро раҳбари факултаи авиатсия худ медонаду ҳоло нест. Баъдан барои ин сӯҳбат хостанд иҷозатномаи вазирро биёрам ва ҳам намояндаеро аз вазорат, то ҳангоми гирифтани маълумот назорат кунад, ки мусоҳибам чиро гӯяду чиро не. Дар замоне, ки ҳуҷҷатнигории идораҳо аз ҳад гузаштааст, нахостам бо чанд саволу мактубе дигар вақти вазирро бигирам ва ҳам мавзӯро ба дарозо кашам. Биноан, ба маълумотҳои қисман тасдиқиву қисман тахминие, ки сари ин масъалаҳо аз Вазорати мудофиа гирифтам, иктифо кардам. Маълумоте, ки чандин ихтисосманди соҳа ҳастанду ба донишҷӯён дарс мегӯянд, имкониятҳо фаровонанд, дар факулта зиёда аз 100 нафар, тахминан 30-35-нафарӣ аз рӯи ҳафт ихтисос-ҳавонавард ва дигар кормандони техникӣ дарс меомӯзанд.
Бошад, ки кадрҳои Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа воқеан ҳам дар беҳтарин шароит ва бо сифати таълимии баланд омода карда шаванду шумораашон кам набошад. Аввалан, ки мегӯем, кош ҳамеша дар АМН бошему ба кадрҳои ин донишкада ниёзамон наафтад. Аз сӯи дигар, чаро ҳавонаварде, ки ҳавопаймои ҷангиро идора карда метавонаду аз ӯҳдаи сарнишинии дигар навъи он мебарояд, бароямон нолозим бошад? Магар ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Хадамоти оташнишонӣ ва чандин сохтори дигар чунин кадрҳо чун обу ҳаво зарур нестанд? Ҳанӯз ҳасрати чандин нафар дар сӯги хатмкардаи мактаби шаҳри Ваҳдат, довталаби Донишгоҳи техникӣ-Муҳамадалии Ҳасан, ки 5-уми августи соли 2007 ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ гашта, тӯли 1,5 (2) соат оҳанеро дар соҳил дошта, талаби имдод намуду қатори 1,5 ҳазор нафари ҷамъомада раиси шаҳр Анвар Қодиров чӣ ки, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда натавонист ҷонашро аз варта халос кунад, ба баногӯшам садо медиҳад: «Ин Кумитаашон бояд ғаввоси мешуданиву лётчику ҳавопаймо меовард, вале як сари расан наёфтанд…».
Инҷо андешае думболагирам шуд: Шояд заруратест, ки Вазорати авиатсия ташкил дода шавад? Он гаҳ мумкин аст ҳама бахшҳои соҳа зери назар қарор гирифта, омодасозии кардҳо ба низом дарояд. Вагарна, Вазорати маорифи кишвар умре кафлес ба ҳар дег меандозаду номаълум, ки гӯшт мебардорад, ё устухон!

Зулолаи НУР

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: