Главная > Uncategorized > Лоиҳаи зиддибӯҳронӣ

Лоиҳаи зиддибӯҳронӣ

Якуми сентябр фаро расид. Саҳарии барвақт сумкаро ба китф гирифта, сӯи «Ҷазира» шитофтам. Назди даромадгоҳ расидам ва чашмам ба ду нафар афтод, ки яке рӯи кӯрпача менишасту дигаре рӯи пустак ва нони қоқро дар пиёлаи чой тар карда мехӯрданд. Аз ҳамкурсам Кукузов пурсидам, ки ин нафарон кистанд ва барои чӣ инҷо нишастаанд? Вай гуфт, ки шахси дар болои кӯрпача нишаста Абдуҷаббор Раҳмонов ва дигарӣ, ки дар рӯи пӯстак қарор дорад, Акбари Турсон аст. Пурсидам, ки мақсадашон чист? ӯ гуфт, ки соҳаи маориф ба бӯҳрони шадид гирифтор шудааст ва Акбари Турсон аз Амрико хеста омадааст, то маорифро наҷот диҳаду мардум дар наҳри бесаводӣ ғарқ нашаванд. Аз ин рӯ, ҳар дуи онҳо лоиҳаи зиддибӯҳронӣ таҳия кардаанд ва назди донишгоҳҳо рафта, аз донишҷӯён овоз ҷамъ мекунанд. Ба лоиҳаи касе зиёдтар овоз диҳанд, ӯ вазири маориф интихоб мешудааст. Дар дил гуфтам, ки мардуми мусулмон чаро инқадр мансабпараст бошанд? Лоақал дар моҳи Рамазон тавба намекунанд.

Ногоҳ Раҳмонов фарёд зад: «Эй бача, инҷо биё!!».

Назди онҳо рафтам. Оқои Раҳмонов варақаеро ба пешам партофт ва гуфт, ки имзо монам. Аммо Акбари Турсон бо лаҳни нарм муроҷиат кард: «Инҷо ду лоиҳа ҳаст, як маротиба хонед ва баъдан ба кадоме имзо монед, ихтиёр доред»…

Ба хондани лоиҳаи Раҳмонов шурӯъ кардам…

Абдуҷаббор РАҲМОНОВ: «Лоиҳаи зиддибӯҳронӣ дар соҳаи маориф»

(Лоиҳаи мазкур 1-уми апрели соли ҷорӣ таҳия шудааст ва барои тасдиқи он овози донишҷӯён зарур аст)

БОБИ I

1. Донишгоҳ

Баҳри аз вазъияти бӯҳронӣ раҳонидани соҳаи маориф нархи дохилшавӣ дар донишгоҳҳо як баробар қимат карда шавад, то кормандони маориф тавонанд дусола озуқаро барои хеш захира намоянд.

2. Мақсади Донишгоҳ

Дар шароити бӯҳронӣ танҳо ба ихтисоси энергетик таваҷҷӯҳ мешавад, то мушкилоти барқ роҳи ҳалли хешро ёбад.

3.Тартиботи расмии Донишгоҳ

Тамоми донишҷӯён, чи писару чи духтар, бо либоси нимӯрён ба донишгоҳ меоянд, то ба либос камтар пул сарф шавад.
4. Тартиботи ғайрирасмии Донишгоҳ
Маблағи шартномаро супоридан амали муқаррарист, аммо «шапка» пӯшонидан ҳатмист.

5. Вазифаи асосии Донишгоҳ

Ба роҳ мондани чопи китобҳои дарсӣ ва адабиёти иловагӣ барои донишҷӯён аз ҳисоби пули ҳоҷиҳо сурат мегирад.

БОБИ II

6. Донишҷӯй

Муштарии доимии китоб дар шакли яклухт ва майда-чӯйда.
Барои кам шудани таъсири бӯҳрон ҳарчи бештар китоби муаллимонро мехарад.

7. Вазифаи донишҷӯй

— Телефони мобилиро мефурӯшаду аз пули он китобу дафтар ва галстуку сатр мехарад.
— Мошинро мефурӯшад ва бар ивазаш дучарха мехарад.
— Баҳри захира кардани барқ барои зимистон донишҷӯй вазифадор аст аз интернет истифода набарад.
— Аз майдони пахта ва говбонӣ рост баромада ба донишгоҳ намеояд. Зеро маданияти шаҳрдориро риоя мекунад. Аммо бо либоси олуда аз чангу хоки қолини хона ба донишгоҳ омадан иҷозат аст, зеро чанги қолинро дар шаҳр шаппондан ба маданияти шаҳрдорӣ мувофиқ нест.

8. Ҳуқуқу озодӣ ва маҳдудиятҳои донишҷӯён

— Ба донишҷӯй ҳуқуқ дода мешавад, ки баҳри пӯшонидани харҷу дахлаш ба Русия мардикорӣ равад.
— Донишҷӯён дар як сол 12 моҳ рӯза мегиранд, то аз бӯҳрони молӣ наҷот ёбанд ва дар натиҷаи кам шудани талабот нархҳо арзон шавад.
— Донишҷӯёне, ки мошин надоранд, метавонанд дучархаро ҳам ба хотир наоварда, пойи пиёда ба донишгоҳ раванд.
— Ҳуқуқ доранд аз ҳисоби пули шавҳари модарашон хориҷа барои омӯзиш раванд. — Аммо марзи ӯзбекистонро танҳо тариқи ҳавопаймо убур менамоянд. Зеро бо автобус ва пиёда гузаштан хатар дорад. Якум: дар даст ягон рӯзнома ё китоби Қуръон дошта бошанд, ҳабси хонагӣ мешаванд. Дуввум: ҳини пиёда гузаштан шояд ба инфиҷори мина дучор гарданд.

БОБИ III

9. Омӯзгор

Шахсе, ки аз ду ҷо маош мегирад, вале ба чанд ҷои дигар харҷ мекунад.
Дар шароити бӯҳронӣ се моҳи тобистон низ ба кор: сафедкунии девору хонаҳои мардум машғул мешавад ва ширинкомаи ишонро ба роҳкиро харҷ менамояд.

10. Фаъолияти омӯзгор

Кораш зиёд аст. Аз ин хотир, ба имтиҳон қабул кардан вақт надорад. Ҳар чи бештар китоб навишта чоп кунад, то аз бӯҳрон раҳо ёбад.

11. Омӯзгори касбӣ

Агар муаллим дар дарс фолклоршиносу дар имтиҳон сиёсатмадор набошад, вай касбият надорад. Оянда ё ба мактаби миёна интиқол мегардад ва ё ба мардикорӣ меравад.

БОБИ IV

12. Имтиҳон

Воситаи маъмули хариду фурӯши дониш аст, ки муносибати байни объекту субъектро ба танзим медарорад. Аз як фан дар як мавсим 3-4-борӣ имтиҳон гирифта мешавад, то бӯҳрон камтар таъсир кунад.

13. Тарзи қабули имтиҳон

Тарзи қабули имтиҳон ба таври зерин танзим шудааст;
— донишҷӯй хоҳиши баҳо гирифтан дорад,
— майли ҷавоб додан надорад,
— тағоӣ дорад,
— пешниҳод мекунад,
— омӯзгор сиёсат дорад,
— омӯзгор вақт надорад,
— хотир мебинад,
— пешниҳодро мепазирад.
14. Воситаҳои 1-2-3
1) Донишҷӯй ҷавоб дода, имтиҳонашро мегирад.
2) Сурху сабз шуда, имтиҳонашро мегирад, ё бемор ки шуд, «Сино» мадад мерасонад.

3) Та?о ба ҷои ӯ ҷавоб медиҳад.

БОБИ V

15. Диплом

Ҳуҷҷате, ки майнаи соҳибаш дар он «ксерокопия» шудааст. Ба касоне дода мешавад, ки пули ҳуруфчинро пардохтаанд.

16. Ҳуқуқи муаллифӣ

Шаъну шарафи муаллиф аз лоиҳа ва тамоми афроде, ки вобастаи муассисаҳои маориф ҳастанд, боло меистад. Ҳар лаҳзае, ки хост, моддаҳои лоиҳаро иваз ва ё бекор мекунад.

Лоиҳаи зиддибӯҳронии

Акбар Турсон

(Лоиҳаи мазкур 30-юми феврал ҳукми қонунро мегирад)

БОБИ I

1. Усули омӯзиши нав дар соҳаи маориф

Донишҷӯён аз роҳкиро пардохтан, ба дарс рафтан ва «шапка» додан озод карда мешаванд. Ҳамаи довталабон дар хонаҳояшон нишаста, метавонанд тариқи интернет имтиҳон супоранд ва натиҷаи онро муайян кунанд. Касе ки аз имтиҳон мегузарад, ба ӯ тавассути почта барномаи нави омӯзишии махсус, ки тамоми ихтисосҳоро аз курси як то панҷ дар бар мегирад ва аз ҷониби ман (Акбари Турсон) таҳия шудааст, фиристода мешавад. Довталабоне, ки хоҳиши дохил шудан доранд, бар ивази «шапка»-е, ки ба «крыша» месупоранд, компютер мехаранд ва пули интернету барқро месупоранд.

2. Тарзи дурусти имтиҳонсупорӣ

— Донишҷӯй бо тағояш қаҳрӣ мешавад,
— дидори устодро «орзу» мекунад,
— аз харидани китоб маҳрум мегардад.
Маркази махсус идорасозии умумӣ ташкил карда мешавад, ки саволҳоро тариқи почта ба довталабон ирсол намуда, баъдан ҷавоби ишонро месанҷад ва баҳогузорӣ мекунад.
Ин бандро хондам ва ба Акбари Турсон муроҷиат кардам, ки акнун фарзандони вазиру мансабдоронро хотирбинӣ намекунанд?
Абдуҷаббор Раҳмонов пешдастӣ кард ва ҷавоб дод, ки ҳамааш дар дасти худамон. Дар марказ одамони мо мешинанд ва идораи сет ба дасти эшон мегузарад. Саволу ҷавобро онҳо омода карда, сипас ба фарзандони ашроф ирсол менамоянд. Даст ба гиребон бурдам ва дар дил гуфтам: «Ё тавба, ин тоҷико дар барномаи компютер низ коррупсияро ҷой медиҳанд!». Баъдан, ба хондани лоиҳа идома додам.

БОБИ II

3. Фаъолияти минбаъдаи омӯзгор

— Ҳамаи омӯзгорон нависанда мешаванд. Аз ҳисоби он маблағе, ки довталабон тариқи шартнома месупоранд, муаллимон минбаъд дар донишгоҳҳо ба фаъолияти пурраи илмӣ ва таҳқиқотӣ мепардозанд.

4. Ҳуқуқи муаллифӣ

Муаллифи лоиҳа бо тамоми шаҳрвандон ва мутахассисону муҳассилини донишгоҳҳо ҳуқуқи баробар дорад ва бо хоҳиши шахсӣ лоиҳаро иваз ё бекор карда наметавонад.
Ҳарду лоиҳаро пурра хондам ва қаламро гирифта, хостам ба рӯи лоиҳаи Акбар Турсон имзо гузорам, аммо дар ҳамин лаҳза оқои Раҳмонов ба ғазаб омаду ба рӯям як торсакӣ зад. Як қад паридам ва чашмонамро боз карда дидам, ки дар ҷойгаҳ хобидааму ҷиянам маро шаппотикорӣ дорад: — Хезед амак, вақти саҳархӯрӣ шуд!!
Хайрият, ҳамааш дар хоб будааст…

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: