Главная > Uncategorized > Маслиҳати лӯлӣ

Маслиҳати лӯлӣ

— Маро фол бинед! Умрам як кам чил шуд. Ҳамсолони ман соҳиби набера шуданду ман шавҳар надорам. Ҳамаи қулфҳои дар дарёи назди хонаамон партофташударо дар фасли тирамоҳ, бо кам шудани оби дарё бароварда, як — як кушодам. Бахти ҳама кушода шуду бахти ман бастагӣ.
— Бачем, маро Фотима — лулӣ мегун? аз ноҳияи Румӣ, 5 сомонӣ болои кафи дастамба мон, буду шудата мегeм!
— Пули майда надорам, шуду будама гӯед? 50 сомонӣ медиҳам!
— Бачем? париём гуфта истоданд, ки бахти туро кушодан ҷудо ҳам мушкил. Барои бахтата кушоданам аз ҳолу аҳволат чуқур хабардор шуданам даркор. Канӣ қадата, рӯята, мӯята, чашму абруята бинам. Ваҳ — dаҳ, қад шамшод, мӯй шаби тор, рӯй моҳи дар осмон, чашмони шаҳло, абрувон думи мор. Бачем, гӯшту пӯстат дар ҷояш. Касали сил — ку нестӣ, бачем?
— Эҳ, гапата шамол барад. Ман ягон маротиба сил нашудаам. Фақат миёнам дард мекунаду асабҳоям маро ором намегузоранд. Духтурҳо гуфтанд, ки агар ба шавҳар бароям, ҳамааш хуб мешавад. Фаҳмидӣ, кампири фолбин!
— Бачем, оҳиста гап зан, шунавоии гӯшҳоям хуб.
— Ман дигар хел гап зада наметавонам. 50 сомониро ҳалол карда гиред — ҳа! Ман барои 50 сомонии кисаам сахт заҳмат кашидаам.
— Духтарҷон, мегум чи хел мардҳоро дӯст медорӣ, ки париёма бгум барот пайдо бкунану ҳафтаи оянда соҳиби шӯ шавӣ!
— Ягон вазифадор, пулдор, хонадор, мошину дачадор бошаду пулаш чунон зиёд бошад, ки аз кисааш чи қадаре гирам, нафаҳмад.
— Бачем, дар Тоҷикистони мо ин хел мардҳо ангуштшумор. Агар онҳо зан бигиранд, духтарҳои 18-сола мондагӣ, занҳои як кам чилро намегирад. Ту ягон безан ва занмурдаро ёфта, парвои пулу молаша накуну дудаста ӯро дошта гир!
— О, ман ин ҷо наомадаам, ки тавсия диҳӣ! Ман омадам, ки ба париҳоят фармон деҳӣ, то ягон марди хонадор, мошинсавор ва серпулро бароям фиристанд. Даҳ сол боз дар якҳуҷрагии корхонаи хизмати коммуналӣ зиндагӣ дорам, бомаш мечакад.
— Духтарҷон, сӯи ягон марди пулдор як табассум кунӣ, ҳамааш хуб меша. Мардҳоя бо як меҳрубонӣ метавон ғуломи якумра кард. Мана, қисме аз бачаҳои моя ҳамон русдухтарҳо бо як табассум чунон мафтун кардагӣ, ки Тоҷикистон ба ёдашон намерасад.
— Табассум кардам. Марди пулдор куртаи сатини кӯҳнаи давраи пахтачиниямро дида, ба ивазаш як куртаи олиҷаноб харида дод. Аввал дар корхона ба ҳама дилсӯзиашро эълон кардам. Дилам намонд. Ба ҷои истиқоматаш рафта, ба ҳамсояҳояш гуфтаму сӯи модараш муштамро нишон додам. Як рӯз он мард аз кисааш 100 сомонӣ доду 5 рӯзи дигар аз кисааш пулҳояшро гирифтам. Аз давраҳои бачагиям шаш — ҳафт ҳақорати русӣ медонам. ӯ дасташро ба сӯям дароз карда буд, ки ҳамон русиҳои медонистагияма гуфтаму чунон дод задам, ки марди пулдорро милисҳо омада бурданд. Дар суд куртахарӣ, пул додану даст дароз карданашро ашкрезон чунон нақл кардам, ки аҳли толор дар хиҷолат монданду судя он марди пулдорро ду сол ба маҳкама кашид. Ана аз ҳамон солу аз ҳамон рӯз безанҳову зангирҳо бо ман гап намезананду маро бинанд мегурезанд.
— Бачем, ягон дугонаята ё ҳамсоята гӯй миёнаравӣ намояд, ҳамааш хуб мешавад. Мусоидат кардан барои зандоршавии марди муҷаррад ва хонадоршавии зани бешавҳар савоб бачем, савоб. Аз ҳамсояҳоят намон.
— Ой, кампири фартут! Мана дугонаҳоям душманам шудагӣ. Дугонаи кӯдакиям Зебо ҳама чизро дар зиндагияш дорад. Асосаш он, ки шавҳараш бизнесмен. Як моҳ рафтуомад кардему шавҳараш «бонкрот» шуд. Шавҳари дугонаам ҳамаи пулашро барои ӯ ва барои ман тӯҳфа харид. Ман ба тӯҳфагирӣ одат кардаму бо сар додани табассумҳои ширин ба ҷониби шавҳари дугонаам ҳамаи тилловориҳояшро азони худ кардам. Боре шавҳари дугонаам маст ба хонаи ман омаду болои катам дароз кашид. Фикр кардам, ки агар ҳушёр шавад, тилловориҳои додаашро барои барқарор намудани тиҷораташ мегирад. Ба милисаи минтақавӣ хабар додам. ӯ протоколаш карду барои бе иҷозат зада даромадан ба хонаи зани бешавҳар як сол паси панҷара нишаст. Ана, кампири пир, баъди ин воқеа дугонаҳоям он тараф истад, занҳои ҳамсоя маро ба хонаҳояшон даъват намекунанду аз чикора будани шавҳарҳояшон даҳон намекушоянд.
— Духтарам, ту падару модар дорӣ? Онҳо медонанд, ки дар куҷо мегардию ба чӣ корҳо машғул ҳастӣ?
— Падару модарам дар деҳа зиндагӣ мекунанду ман дар маркази ноҳия. Дар вақташ модарам худаш домодашро барои ман интихоб кард. Шавҳари никоҳиям Мухтор рӯзона ба кору бори хона машғул буду шабона аз гуфтанҳои ман безор шуда, ба гӯшҳояш пахта зада хоб мерафт. Баъди як ҳафтаи тӯй гурехта ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафту ҳамин якҳуҷрагиро бо молу амволаш «садқаи сар» гуфта, ба ман ҳавола кард. Падарам бо ман гап задан намехоҳад. Пиракӣ ақлашро хӯрдааст. Мегӯяд, ки ман бо Мухтор муносибати хуш накардаам, вагарна ба мисли дигарҳо соҳиби бачаю набера мешудам. О, чи тавр бо марде, ки мошину пул надорад, метавон муносибати хуш кард. Ин тавр мардҳоро рӯзона кор фармуда, шабона дар паси дар ҷой додан даркор.
— Духтарам, париём ба гап даромаданд. Онҳо мегун, ки баъди шунидани буду шудатон, ҳамун 50 сомонии ваъдакардагиятона нагираму як тавсия битиям.
— Чи хел тавсия?
— Мегун, ки бо ҳамон 50 сомонӣ рафта 25 метр сон харидорӣ намояд. Бо ним метраш даҳонашро аз бадгӯӣ бандад, бо як метраш дастҳояшро аз гирифтани моли ғайр, бо як метр пойҳояшро бандад, то ки ба ҳар хона нараваду ба зиндагии дигарҳо халал нарасонад. Боқимондая дар ягон ҷои назаррас нигоҳ дорад, то ин ки, ҳар лаҳзае марг ба ёдаш расаду дар андешаи он шавад, ки баъди марг тобуташро киҳо мебардошта бошанд.

Давлати АБРОР

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: