Главная > Uncategorized > 18 соли Истиқлолияту ҳикмати хамиртуруш

18 соли Истиқлолияту ҳикмати хамиртуруш

18 сол мешавад, ки халқи тоҷик худро фиребида, ба умеди ба камол расидани Истиқлолияти кишвар аст. Акнун он ба синни камолот расид, вале боз ин миллат қадамҳои андешамандона ва дуруст гузоштани Истиқлолиятро интизор мешавад.

Идҳо сабабгори қиматии нарху наво

Хуб аст, ки ҷашни Истиқлолиятро дар сатҳи оилавӣ қайд намекунем, вагарна дар ин моҳи Рамазон нарху наво чандкарата боло мерафт. Чӣ гуна? Агар тоҷирон ва масъулини бозорҳо нафаҳмида бошанд, ҳозир мегӯям. Маротибаи аввал пеш аз фарорасии Рамазон нарху навои маҳсулоти хӯрокворӣ он тараф истад, ҳатто қимати пӯшока низ боло рафт. Хандаовар аст, вале бояд гӯям, ки ҳатто нархи хамиртурушро аз 1сомонӣ ба 2 сомонӣ ва ё тухмро, ки дар ин моҳ он қадар маҳсулоти зарурӣ ҳисоб намешавад, «Рамазон» гуфта, аз 50 дирам то 80 дирам боло бурданд.

Ин ҷо саволе пайдо мешавад, ки чаро маҳз дар моҳи шарифи Рамазон ва идҳои Рамазону Қурбон нарх боло меравад? Чаро касе аз раёсатҳои бозорҳои пойтахт ба ин савол ҷавоби дақиқ намедиҳанд? Ё ба тоҷирон молро дар дигар кишварҳо бо сабаби фаро расидани моҳи Рамазон бо нархи қимат мефурӯшанд?! Ва ё  меваву сабзавоти деҳқонии худӣ низ «Рамазон» гуфта, аз буттааш бо нархи қимат канда мешавад?! Ба фикрам не.

Ба ду саволи аввал-ку ман ҷавоб намеёбам, вале дар ҷавоб ба саволи сеюм мегӯям, ки танҳо масъулини бозор гунаҳкоранд. Агар ҷаллобонро роҳ надода, ба худи деҳқонҳо дар бозорҳо имкони савдо диҳанд, ҳадди ақал арзиши меваву сабзавот рӯз ба рӯз боло намеравад. Масалан, вақте аз савдогарони растаи мевафурӯшии бозори «Шоҳмансур» сабаби қиматии нархро пурсӣ, танҳо як ҷавоб медиҳанд, ки «худаш бо нархи қимат омадааст». Аз ин ҷавоби савдогарон чунин дарк кардан мумкин, ки гӯё маҳсулотро аз ягон кишвари дур оварда бошанд. Ҳол он ки маҳсулоти худиро аз бозор набаромада аз дасти деҳқонҳо харидорӣ мекунанд.

 Мусулмонӣ дар намоишкорӣ нест!

Воқеан, дар мавриди қиматшавии маҳсулоти хӯроквори қариб ҳафтае нест, ки дар рӯзномаҳо маводи танқидие чоп нашавад, аммо он заррае ба виҷдони тоҷирони тоҷик таъсир намерасонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари миллати тоҷик худро мусалмон нишон дода, дар дигар масъалаҳо аз номи дини мубини Ислом чунон суханҳое мегӯянд, ки касро моту маҳбут мекунад. Ку тоҷирони МУСУЛМОН? ба ин савол ҷавоб диҳед, ки кадоме аз шумо дар ин моҳи муборак нархи молу маҳсулоти худро арзон кардед!? Ҷавоб дода наметавонед, пас ҳеҷ гоҳ даъвои мусулмон будани хеш накунед! Зеро мо «табармусулмон» будем, мондаем, мемонем!

Дар кишварҳое, ки мардумаш аҳли дини ислом ҳастанд, мусулмон будани худро намоишкорона нишон намедиҳанд. Баръакс, дар ин моҳи муборак нарху наворо ҳар қадар пойин мебаранд ва дар назди Худованд аз ислом бохабар будани хешро нишон медиҳанд, на дар назди мардум.

Дар мавриди қимат шудани пӯшока дар оғози соли нави таҳсил бошад, ҳоҷати гап нест. Зеро ин анъана шудаасту мисли моҳи Рамазон асосе надорем, то тоҷиронро ба ИНСОФ кардан водор наоем.

 Истиқлолият мардумро ба бою камбағал ҷудо кард?

Аз тарафи дигар, соҳибистиқлол гаштани ватанамон буд, ки ба мардуми «табармусулмон»-и тоҷик озодӣ доду ҳам вазъи кишвар ва ҳам шароити зисту зиндагонии мардум сол то сол бадтар шуда истодааст. Аз ин СОҲИБИХТИЁРӣ истифода бурда, шахсони имкондор бозору мағоза, фабрикаву корхонаҳоро аз худ карда, нарху навои маҳсулоти воридотиву содиротиро худ чи гунае, ки хоҳанд, ҳамон тавр муайян мекунанд.

Пештар агар дар филмҳои ҳиндӣ медидем, ки шоҳу гадоро аз рӯи пӯшидани сару либос, истифодаи нақлиёт, ҷойи таҳсил фарқ мекарданд, ҳоло ин гуна ҳолатро бо чашми худ дар кишварамон сари ҳар қадам дидан мумкин. Рӯз ба рӯз сафи гадоҳо дар кӯчаҳо афзуда, либосҳои истеҳсоли хитоиро барои камбағалҳо ва аз русиягӣ, дубайиву туркиро барои хоҷаҳо ҷудо кардаанд.

Маҳз Истиқлолият имкон дод, ки имрӯз мардумро ба табақаҳои бой, миёна ва гадо ҷудо кунанд. Имрӯз шахсони пулдор қасру кушк месозанду ҳамсояи бенавояш дар бозору кӯчаҳо гадоӣ мекунад. Ва ҳам сафи ашхоси бесарпаноҳ, ки дар кӯчаҳо шабро рӯз мекунанд, бамаротиб меафзояд.

 Ҷонибдории ҳукуматдорон аз табақабандии аҳолӣ

Аксар ҳолат чунин менамояд, ки ҳукуматдорон низ мехоҳанд мардумро ба чунин табақаҳо ҷудо кунанд. Ҳатто барои ин қарору қонунҳо ҳам қабул мекунанд. Мисоли дигар, ҳаракати маршруткаву «тангем»-ҳоро дар кӯчаҳои марказӣ манъ кардаву танҳо ба автобусу троллейбусҳо иҷозат додаанд, ки ин ҳам маънои ҷудо кардани табақаҳои аҳолӣ аст. Яъне, ин намуди нақлиёт боз ҳам барои табақаи миёна ва охирӣ мебошаду табақаи аввалӣ ё аз мошини шахсӣ, ё аз таксӣ истифода мебарад.

Ин аст, ки ду табақаи дигари аҳолӣ имрӯз ҳатто мавриди масхараи ронандаҳои троллейбусҳо қарор мегиранд. Масалан, ронанда ба таври дилхоҳи худ — оҳиста нақлиётро меронад ва ё бо суръати аз ҳад баланду баъд якбора ист карда, дар нимаи роҳ мусофир савор мекунад. Ва ё дар нимаи роҳ «барқ нест» ва ё «вайрон шуд» гуфта, мусофиронро мефарорад. Дар чунин ҳолат агар мусофирон даъво кунанд, «ин барои ту таксӣ нест! Намефорат, фаро!»,- гуфта, ба сари мусофир дод ҳам мезананд.

Бовар намекунед, аммо рӯзи 30-юми август, дар моҳи Рамазон дар троллейбуси рақами 4 воқеаи аз ин ҳам бадтар рӯй дод. Ронанда мусофиронро то наздикии «Иттиҳодияи нассоҷӣ» оварду чун аз дунболаш троллейбуси рақами 9 меомад, манъ кард ва одамонро бо як оҳанги супоришӣ «ба ваяш савор шавед, вай ҳам бо ҳамон хат меравад!» гуфта, фаровард. Ҳарчанд хати ҳаракати троллейбуси рақами 9 дигар аст.

Вале намедонам мардум шояд аз нодонӣ буд, ё аз чизи дигар, ки хомӯшона фаромада, ба мошини дигар нишастанд. Албатта агар чунин ҳолат дар ягон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ рух медод, боварӣ дорам, ки мардум ронандаро ба суд медоданд. Ба ростӣ, ки ин тарзи муносибат бо мусофирон масхарае беш нест!

Ана ҳамин гуна муносибатро ба мо додааст Истиқлолият! Ба ин тарзи муносибати ронандаи троллейбусҳо масъулин чӣ ҷавоб медиҳанд? Магар ин аз рӯйи инсоф аст, ки мардуми рӯзадорро фиреб карда, дар нимароҳ фарорӣ?

 Идҳои нозарур!

Воқеан, чаро дар боло Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёду демократӣ нагуфтам? Охир, бубинед, ки агар давлати КОМИЛҲУҚУҚ медоштем, ба сарамон дар маъракаҳо чи қадар меҳмон даъват кардану дар хонаҳомон аз кадом ашё истифода бурданамонро зӯран бор намекарданд. Чунки ҳар нафар аз рӯйи имконияташ харҷ мекунад.

Хуб, дар ин масъала тӯю сурро як тараф мегузорему ҷашнҳои ҷумҳуриявиро мисол меорем. Чаро бо қабули чунин қонунҳо буҷаи ҳар як оиларо меандешанду буҷаи давлатро не? Барои мисол, дар як сол ҳисоб кунед, ки чӣ қадар рӯзҳои ИД дорему барои дар сатҳи БАЛАНД гузаронидани он чӣ қадар маблағ сарф мешавад? Ин ҷо идҳои Наврӯзу Истиқлолият, Соли нав, Идҳои Рамазону Қурбонро як тараф мегузорем.

Бубинед, агар Тоҷикистон ин қадар камбағал шуда бошад, ки аз ӯҳдаи таъмини аҳолияш бо қувваи барқ, об, газ ва маводи ғизоӣ набарояд, чӣ лозим аст, ки зодрӯзи ҳар як шоиру нависанда, идҳои меваву сабзавотро дар сатҳи ҷумҳуриявию ҳукуматӣ ҷашн гирем? Агар ҳадаф танҳо эҳтироми онҳову ба мардум хубтар шиносонидани онҳост, бояд ин масъаларо дар мактабҳо баррасӣ намуд. Зеро бо ин тарзи «шиносоӣ» ғайр аз хароҷоти зиёдатӣ ва ҷалби чанд нафар аҳли зиё, ба Худо қасам, ки ин мардуми аз адабиёт дургаштаро наметавон ба ШИНОХТИ шоирону нависандагон маҷбур кард.

Акнун, болои ҳамаи ин, минбаъд 30-юми сентябри ҳар сол ҷашн гирифтани  зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар зодгоҳаш — Тоҷикистон  дар назар доранд. Вале ин шахсият бо ашъори гаронбаҳояш он қадар машҳури ҷаҳон гаштааст, ки гумон намекунам ҳоҷат ба ҷашн гирифтани зодрӯзаш бошад.

Ё гирем идҳои анвои хӯрданиро. Аз рӯзе, ки асалу харбузаро ҷашн мегирифтагӣ шудем, онҳо ҳам камчин ва ҳам нархашон дандоншикан шуд. Худо кунад, ки картошкаву гандумро ИД эълон накунанд, вагарна намедонам аҳволи мардум чӣ мешавад!

 Андешае чанд…

Хонандаи азиз, узр, ки аз мавзӯъ дур рафтем, вале ин мисолҳоро сарфи назар карда наметавонестам. Зеро ҳамаи инро САМАРАи Истиқлолият гуфта, дар тақвим қариб рӯзе намондааст, ки ИД эълон накунанд.

Лекин ман зидди он ИСТИҚЛОЛИЯТЕ нестам, ки барои кишварамон ободӣ меорад, мисоли нақбсозӣ. Вале на мисли нақби «Истиқлол», ки пас аз кушодашавияш боз сохтмони бенатиҷааш солҳо идома ёбад!

Тарафдори бунёди биноҳои истиқоматӣ ҳастам, вале на он биноҳои «Пойтахт-80», ки хонаҳояш танҳо барои хоҷаҳо бошад!

Ман мехоҳам дар кишварамон биноҳои зебову барҳавои корхонаву фабрикаҳо қомат афрозанд, аммо на он меҳмонхонаҳои бемеҳмон, ки имрӯз сари ҳар қадам зиёд шуда истодааст!

Ман ҷонибдори сохтмони роҳҳои мошингардам, аммо на он тавре, ки чуқурию пастии роҳҳо бо шағалу ҷо-ҷо асфалт пур карда мешавад!… 

 Саида ҚУРБОНОВА, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: