Главная > Uncategorized > «Барқи тоҷик» чиро пинҳон медорад?

«Барқи тоҷик» чиро пинҳон медорад?

Ҳарчанд дар мавриди «Барқи тоҷик» расонаҳои даврӣ маводи зиёде ба табъ расонданд, вале мушкилот то ҳол боқӣ мондааст. Нарасидани қувваи барқ, рӯз то рӯз боло рафтани нархи он ба масъалаи доғи рӯз мубаддал гардидааст. Мутаассифона, касе намехоҳад камбудиҳои соҳаи энергетикаро ба таври ҷиддӣ мавриди бознигарӣ қарор диҳад. Ба андешаи мо, рӯз то рӯз  ҳолатҳои фасодкорӣ дар ин самт хеле зиёд мушоҳида мешавад. Албатта чунин камбудиҳо дар дигар соҳаҳо низ ҳастанд, вале масъалаи таъминоти мардум бо қувваи барқ ҳамеша дар ҷои аввал меистад.

 

Вақте Ҳукумати Тоҷикистон қимати нерӯи барқро ба 25 дар сад боло бурд,  мардум ба шӯр омаданд, ки «ҳамин чиз намерасид». Дар ҳукумат бошад, бо он таскин доданӣ мешаванд, ки  қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои муштаракулманофеъ пасттар аст. Вале касе сари он андеша намекунад, ки дар Тоҷикистон чӣ қадар нерӯгоҳҳои барқӣ мавҷуданд.

Дар сомонаи радиои  «Озодӣ» матлабе дарҷ гардид, ки аудит ва ё бозрасии фаъолияти молии «Барқи тоҷик» ҳарчанд ба поён расида бошад ҳам, паёмадҳои дуҷонибаи онро ифшо ва нашр накарданд. Сабаби нашр накардани натиҷаҳои бозрасии молии «Барқи тоҷик»-ро  коршиносон ба тарзи худ арзёбӣ мекунанд. Бештари онҳо сари ақидаанд, ки фаъолияти «Барқи тоҷик» шаффоф нест. Зеро камбудӣ ва нуқс зиёд дорад.

Бо мақсади ба ин масъала рафшанӣ андохтан бо чанд нафар мусоҳиб гардида, нуқтаи назарашонро пурсон шудем. Ҳоҷимуҳаммад Умаров оид ба ин масъала чунин андеша дорад:

— Дар ҷумҳурӣ масъалаҳои зиёде вуҷуд дорад ва бисёр овозаҳое пайдо мешаванд, ки танҳо воҳимаанд. «Барқи тоҷик» ва созмонҳои байналмилалӣ бояд матни пурраи натиҷаи аудитро чоп мекарданд ва мардум мефаҳмид, ки фаъолияти ин ширкат чӣ гуна асту ба чӣ корҳо машғул мебошад, чӣ гуна нуқсонҳо ва дастовардҳо дорад.

Ман гумон мекунам, ки албатта дар ин ҷо касоне ҳастанд, ки намехоҳанд натиҷаҳои аудит чоп шавад ва ҷомеа комилан аз он хабардор гардад. Онҳо айбдорон ҳастанд ва айбдорон касоне мебошанд, ки дар он ҷо ба ҷои амалӣ гардонидани манфиатҳои ҷомеа ба иҷро кардани манфиатҳои шахсии худ машғул буданд. Ҳамон мардум якҷоя бо баъзе иштирокчиёнашон аз ташкилотҳои байналхалқӣ, хусусан аз Сандуқи байналмилалии асъор намехоҳанд, ки ин ҳуҷҷат ба табъ расад. Хеле хуб мешуд, агар Сандуқи байналмилалии асъор худаш як изҳорот пахш мекард, ки барои чӣ натиҷаи аудит чоп намешавад. Яъне, мардум фаҳмидан мехоҳанд. Суоли ман ҳам аз Сандуқи байналмилалии асъор ҳамин аст, ки чаро барои ба диққати тамоми аҳли ҷомеа расонидани аудит ягон кореро анҷом намедиҳанд.

Дар ҳамин ҳол намояндаи Сандуқи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Люк Мойерс дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» изҳор доштааст, ки бозрасии фаъолияти моллии ширкати «Барқи тоҷик» анҷом ёфта ва дар ҷараёни он бархе аз камбудӣ ва нуқс, аз ҷумла дар умури ҳисобдории ин ширкат ошкор шудааст. Аммо натиҷаҳои ин пажӯҳишро махфӣ медонанд.

Ба андешаи коршинос Шокирҷон Ҳакимов бошад, шарту шароити гузаронидани санҷишро оид ба фаъолияти молиявӣ шартнома ва ё худ қарордод миёни роҳбарияти ширкат ва идорае, ки ҳамин гуна санҷишро мегузаронад, танзим менамояд.

Вале мувофиқи мақсад мебуд бо дарназардошти объекти хусусияти стратегӣ доштани ин ширкат натиҷаи ҳамин гуна як санҷиш новобаста аз он ки мутахассисони созмони хориҷӣ ҳамин корро ба анҷом расониданд. Ба таваҷҷӯҳи мардум тариқи матбуоти даврӣ расонида мешуд,- мегӯяд коршинос. Дар идомаи сӯҳбат Шокирҷон Ҳакимов зикр намуд, ки  дар он сурат мо дарк мекардем, ки то чӣ андоза ин соҳа самарабахш идора карда мешавад ва мутахассисони соҳа ба талаботи замон ҷавобгӯ ҳастанд. Инчунин фасодҳои молӣ ҷой дорад ё не, заминаҳои будани камбудҳои молиявӣ иқтисодии ширкат аз чӣ манша мегиранд, ҳамааш ошкор мегардид.

Агар роҳбарияти ин ширкат бо ҳар роҳу восита кӯшиш кунанд, ки натиҷаи бозрасии фаъолияти молии ин ширкат дастраси ҷомеа нашавад, пас онҷо мушкилоте ҳаст. Маълум аст, ки роҳбарияти ширкат ва вазорати соҳа шахсони наздик ба ҳукумат ҳастанд. Умумияти манфиатҳо боиси набудани хоҳиш ба таври бояду шояд чоп кардани натиҷаи ҳамин гуна санҷиш  мегардад. Ин албатта падидаи хуб нест ва хилофи арзишҳои ҷомеаи демократӣ низ мебошад, ки боиси нигаронист.

Вале ошкор накардани натиҷаҳои бозрасии молии «Барқи тоҷик»-ро Фирӯз Саидов, сардори раёсати тадқиқоти проблемаҳои инкишофи иҷтимоӣ ва бозории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин арзёбӣ кард: «Баъзе факту рақамҳои  ташкилотҳо ба ихтиёри худи он ташкилот аст. Ошкор кардани факту рақамҳо мумкин аст ба бехатарии ҳамин ташкилот зарар расонад.

Шояд онҳо баъзе факту рақамҳоро ифшо накунанд. Лекин пурра ҷавоб дода наметавонам. Барои чӣ «Барқи тоҷик» факту рақамҳои худро гуфта наметавонад? Барои он ки, ин система системаи бехатарии умумиҷумҳуриявӣ мебошад. Мумкин, ки ин ҳам як чизи давлатӣ бошад».

Ман гумон намекунам, ки барои ҷомеа ошкор кардани натиҷаҳои фаъолияти молии «Барқи тоҷик» ҳам сирри давлатӣ бошад. Дар ҳоле, ки ҳадафи асосии бозрасӣ гузаронидани як санҷиши шаффоф дар фаъолияти ин ширкат буд. Аз ин рӯ, барои муайян намудани он ки то чӣ андоза ин гуфтаҳо асос доранд, хостем бо намояндаи ин корхона дар тамос бошем. Посух доданд, ки ба маркази матбуотии «Барқи тоҷик» муроҷиат кунем. Дар сӯҳбати телефонӣ Нозирҷон Ёдгорӣ ин гуна гуфтаҳоро беасос дониста, қайд намуд, ки метавонад ҳамаи ҳуҷҷатҳои оиди натиҷагирии бозрасии молии ин ширкатро ба рӯзноманигорон пешниҳод намояд. Аз қавли ӯ, гуфтугӯ оид ба нахостани ошкор шудани натиҷаҳои санҷиш дурӯғи маҳз аст. Аммо номбурда иброз дошт, ки айни ҳол  наметавонад он ҳуҷҷатҳоро ба мо пешниҳод кунад.

Ҳамин тавр, мо натавонистем ба суолҳоямон аз намояндаи «Барқи тоҷик» ҷавоби мушаххас гирем.

 Фарангиси МУЗАФФАР,  БМСТЖ 

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: