Главная > Uncategorized > «Парашутистон»

«Парашутистон»

Ё кӣ ягона корхонаи истеҳсоли дорувориҳоро фурӯхтан мехоҳад?

Хариду фурӯши иншооти давлатии мавриди истифода қарордошта аҳолии ноҳияи Қубодиёнро нигарон намудааст. Ғайриқонунӣ сурат гирифтани ин амал ба зарари халқ асту бас. Чанд соли охир бо амру фармони раиси собиқи ноҳия М. Исмоилов талаву тороҷ гардидану ба хок яксон намудани биноҳои фермаю бошишгоҳҳои саҳроӣ, хирманҷою анборҳои колхозӣ, инчунин ба яғмо бурдану қисм — қисм фурӯхтани тамоми техникаҳои аз собиқ даврони Шӯравӣ боқимондаро шунидаву садо баланд намуда бошем ҳам, касе аз мутасаддиёни ноҳия парвое надоранд. Онҳо пинакашонро вайрон карданӣ нестанд, гӯё ба хоби ғафлат рафтаанд. Ба қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Президенти кишвар, аз қабили Фармони 622 «Дар хусуси вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои интиқодӣ» ягон аҳамият намедиҳанд. Вагарна ақаллан ба яке аз навиштаҳои рӯзномаи «Ҷомеа», «Раиспарак», «Ҷамоати бесарпаноҳ», «Беморхонаи марказӣ макони сагони дайду», «Чорводорӣ ҳоли табоҳ дорад», «Дороии К. Марксро тарака кардаанд», ки тайи соли равон ба табъ расидааст, ҷавобе мегуфтанд.

Аз рӯи маълумоти дар даст доштаамон прокуратураи ноҳия болои ҳамаи ин навиштаҳо кор бурдааст, аммо ҳеҷ не ки ҷавобе ба рӯзнома расаду тағйироте дар ноҳия ба амал ояд. Ин фориғболиву бепарвофалакии роҳбарони бегонапарасти ноҳия — «парашутистон» ба он оварда расонидааст, ки аз берун шахсони ғайр ба дороии ин мулку мардумашон чашм ало намуда охирин боигарӣ — дорухонаи рақами 40-ро ба фурӯш гузоштаанд. Бо мақсади то чи андоза ҳақиқат доштани ин овозаҳоро муайян намудан ба дорухона омадем. Аз рӯи иттилои расида, ки пирони рӯзгордида қисса намуданд, собиқ колхози овозадори «Телман» дар қатори колхозҳои номдори «50-солагии СССР», «Пахтакор», «Карл Маркс» дар собиқ Шӯравӣ шӯҳрати хоса касб намуда буд. Ҳамасола дар истеҳсоли гӯшту шир, меваю сабзавот ва маҳсулоти кишоварзӣ пешсафиро аз даст намедод. Аз ҳисоби даромадҳои солонаи пахтаи маҳиннах сохтмони биноҳои қасри фарҳанг, кинотеатр, ШКД, Прокуратура ва дорухонаи № 40-ро сохтааст, ки то кунун мавриди истифодаи халқ қарор дорад. Бештари ин биноҳо давраҳои роҳбарии шодравон Шарифзода қомат афрохтаанд. Мӯйсафедон дар хотимаи сӯҳбат нақл намуданд, ки аз бемасъулиятии раисони колхози «Телман» неву шояд аз доштани бойгарии аз ҳад зиёд ин биноҳоро дигар суроғ накарданд. Имрӯз ин биноҳоро дигар идораву ташкилотҳо бо ҳар роҳу восита аз худ кардаанд.

Замон Ортиқов бо маълумоти олии дорусозӣ тайи 50 сол дар дорухонаҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кору фаъолият намудааст.

Мавсуф аз он изҳори норозигӣ менамуд, ки чунин як корхонаи ба буҷаи ноҳия манфиатоварро бо баҳонаи корхонаи муфлисшудаи бесоҳибмонда пинҳонӣ ба фурӯш гузоштаанд.

— Замоне аз касби хеш меболидам,- мегӯяд Замон Ортиқов,- зеро ба мардум манфиатам мерасид. Имрӯз бошад, азоби виҷдон мекашам. Ман аз аввал ҳар як хасу хори моликияти ҷамъиятиро аз манфиатҳои шахсиям боло гузоштаам. Дорухона ҳамчун корхонаи истеҳсолӣ ба шароитҳои кунунии бӯҳрони ҷаҳонӣ нангариста, ягон рӯз аз фаъолият намондааст. Номгӯи на камтар аз 30 намуди доруҳоро ба 104 нафар шахсони имтиёздошта, иштирокчиёни ҶБВ, интернатсионалистону чернобилчиёни се ноҳия — Шаҳритус, Носири Хусрав ва Қубодиён ройгон ба роҳ мондам. Аммо бадии кору ҳамаи сарсониҳоям дар он аст, ки наметавонам ин хариду фурӯши ғайриқонуниро боз дорам. Рӯйи роҳам садди Искандарӣ эҷод кардаанд. Даъвои собиқадоронро ба раиси ноҳия А. Улфатов расонида бошам ҳам, ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Ба қабули раиси вилоят Ғ. Афзалӣ бо роҳҳои таъсиррасонӣ ворид шудан намегузоранд. Ба раиси амволи шахсикунии муассисаҳои давлатии вилояти Хатлон Файзулло Қувватов бошад,  ҳарчанд фаҳмонданӣ мешудам, ки ин бино корӣ аст, на амволи бекорхобида, ӯ маро шунидан намехост. Аз қарори ба тасвиб расидаи Ҷаноби Олӣ дар хусуси қатъиян манъ намудани фурӯши муассисаҳои фарҳангӣ — тандурустӣ асос биёрам ҳам, Ф. Қувватов бо истодагарӣ «ин биноро ба ту намедиҳам» мегӯяд. Аз рӯи фаҳмишам, нақшаи ин корро дар ноҳия барвақт тарҳрезӣ кардаанд. Ба чунин хулосабарориҳоям асос шуда метавонад он маблағе, ки соли гузашта буҷаи ноҳия барои дорухонаи истеҳсолкунандаи мо ҷудо намуда буд. Аз маблағи ҷудогардида ҳамагӣ 8 ҳазор сомонӣ гирифта тавонистему халос. Боқимондаи маблағро Раёсати молия бо ҳар роҳу восита аз худ кард. Имсол ҳам сол аз нисф гузаштаасту наметавонем маблағҳоямонро гирем.

Нақшабандиҳои сохтакоронаву ҳисоботҳои бардурӯғ ба чӣ хотир аст? Кӣ муфлисшавии ягона корхонаи истеҳсоли дорувориҳоро мехоҳад? Пас, майдон аз далер аст, амал кунед! Лек дониста бошед, ки халқи башӯромада рӯзе алайҳи ин бедодиҳо инқилоб хоҳад кард.

Оё Ф. Қувватов медонад, ки харидори ин дорухона Неъмат Ёров бо лақаби «Кирмиш», ки 50 ҳазор доллар пулашро дидаву шояд шахсияташро донистан намехоҳад, кист? Маҳкумшудаест, ки бо ҷурми мубориза зидди давлати конститутсионӣ 6 сол ҷазо гирифтааст.

ӯ мутахассиси дорусоз нест. Гумон аст, ки ӯ оянда ин биноро дӯкони доруфурӯшӣ қарор диҳад.

Ба маълумоти Ф. Қувватов расонданиям, ки Н. Ёров аз бонкҳои давлатию ғайридавлатӣ ва шахсони алоҳида қарздор аст. Барои ба даст овардани бинои дорухона тариқи музоядаи ғайриқонунӣ роҳандозӣ намуда, хоҷагони пулдоре, ки бо нархи дучанд аз Н. Ёров харидани биноро ваъда додаанд, тамоми қувваашонро баробар масраф карда истодаанд.

Пас, бишитобед, онҳое, ки чашм ба моликияти халқ ало кардаед! Бинои кинотеатр воқеъ дар маркази ноҳия аст, ки чун хор ба чашм халидаву бо қулфҳои овезонаш солҳо боз ҳусни ноҳияро мекоҳонад ва чун як бинои нолозими зиёновар аз асри гузашта боқӣ мондааст. Он барои шумо — корчаллонҳо, пули муфту бедардимиёнест, хусусӣ намоед! Ҳоло ки мӯҳри зимоми роҳбарӣ дар даст доред, таъхир накунед!…

 АДОЛАТ, ноҳияи Қубодиён

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: