Главная > Uncategorized > «Трансформатор» харидор надорад

«Трансформатор» харидор надорад

Бӯҳрони шадиди молиявие, ки як қатор давлатҳои дунё, аз ҷумла кишвари моро фаро гирифт, ба рушди иқтисодиёт бетаъсир намонд. Қисме аз мутахассисони соҳоти мухталиф тарки касбу кор карданд, қисмеро «хоҷаҳо»-яшон бо ин баҳона ба «истироҳат» «гусел» намуданд. Дар ин марҳала шумораи зиёди кормандони Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Трансформатор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа низ бо сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулоти истеҳсолкардаашон як муддат ба рухсатии бемузд фиристода шуда буданд, ки алҳол боз ба кор шурӯъ намудаанд.

 

Фиреби «Барқи тоҷик»?

Директори заводи «Трансформатор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Зикрулло Бекматов мегӯяд, ки харидори асосии завод ширкати «Барқи тоҷик» мебошад ва имрӯз бо сабаби аз ҷониби ширкат харидорӣ нашудани маҳсулоти тайёрнамуда, дар завод зиёда аз 80 адад трансформатор нигоҳ дошта мешавад.

Бино ба иттилои З. Бекматов, дар солҳои 2000 — 2006 аз ҷониби «Барқи тоҷик» қариб 300 адад трансформатори гуногунтамғаи аз 100 то 630-киловата  харидорӣ гардидааст. Ҳамзамон, ӯ қайд кард, ки солҳои 2007 — 2008 «Барқи тоҷик» бинобар сабаби кӯҳнаю фарсуда шудани трансформаторҳо хоҳишу дархост намуда, аз завод ба маблағи 1 миллиону 350 ҳазор сомонӣ, бе пешпардохт маҳсулот харидорӣ намудааст. Ин маблағ бояд дар муддати ду моҳ пардохт мешуд, вале  то ҳол ба суратҳисоби завод  маблағ ворид нагардидааст.

 

«Ҳеҷ намефаҳмам…»

Дар ҷамъбасти ҳафтмоҳаи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон раиси вилоят Ғ. Авзал аз кори сусти андозситонӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ намуда, сардорҳои нозироти андози шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки самти кори хешро дигар намуда, дар ҳамкори бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи талаботи амалкунанда ба иҷроиши нақшаи андозсупорӣ мусоидат намоянд.

Ба иттилои иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи Хатлонии нозироти андози андозсупорандагони азим Ҳасан Ҳаитов, то 1-уми августи соли ҷорӣ бақияи қарзи андози Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди «Трансформатор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа 299 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Мувофиқи ҳалномаи Суди иқтисодӣ, суратҳисоби корхона ба маблағи 2250403 сомонӣ баста шудааст. Ин маблағ ҳармоҳа аз ҷониби завод 40-50 ҳазор сомонӣ пардохт шуда истодааст.

«Имрӯз ширкати «Барқи тоҷик» пешпардохт карда, аз ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон трансформатор мехарад. Агар аз мо пешпардохт накарда маҳсулот гирад ва баъди ду моҳ ҳам маблағгузорӣ намояд, розӣ ҳастем. Лекин, ҳеҷ намефаҳмам, ки барои чӣ маҳсулоти моро бепул гирифтан мехоҳанд ва аз ҷумҳурии дигар пешпардохт карда меоранд? Ҳол он ки, нархи маҳсулоти тайёрнамудаи мо аз 15 то 25 % нисбат ба дигар давлатҳо арзонтар аст»,- мегӯяд З. Бекматов.

 

Норизоӣ, боварӣ ва таассуф

Дар як нишасти матбуотӣ директори Шабакаҳои барқи ҷануби Қӯрғонтеппа Маҳмад Самадов ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҶСШК «Трансформатор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бепул маҳсулот намедиҳад. — Тасаввур кунед, ки 12 шаҳру ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппа аз барқ зиёда аз 51 миллион сомонӣ  қарздоранд. Миқдори зиёди қарз аз хоҷагии об мебошад, ки умуман маблағро пардохт намекунад. Трансформаторҳоро бошад, барои мо «Барқи тоҷик» таъмин  мекунад. Ҳоло «Барқи тоҷик» пул надорад, ки моро бо трансформатор таъмин намояд. Ҳатто дар вақти рух додани офати табиӣ дар деҳоти «Чорбоғ» ва «Офтобак»-и ноҳияи Хуросон, супориш шуд, ки зарадидагон бо трансформатор таъмин  карда шаванд. Мо  маҷбур шудем аз маҳсулоте, ки дар амбор як ширкат гузошта буд, бе пешпардохт истифода барем. Ҳатто симчӯбҳое, ки мо гирифта, бе пардохти маблағ кор фармуда истодаем, аз корхонаи хусусии «Аминҷон»-анд,- зикр намуд ӯ.

Дар рафти корҳои сохтмонии НОБ-и «Сангтӯда -1» аз ҷониби директори генералии сохтмон Р. Алҷонов қариб ба маблағи 3 миллион сомонӣ маҳсулоти завод харидорӣ шудааст. «Вақте маҳсулоти ба мо лозим дар ҳудуди ҷумҳурӣ тайёр мешавад, ҳоҷат барои аз дигар мамлакат маҳсулот овардан нест»,- иброз доштааст Р. Алҷонов.

З. Бекматов бошад, таассуф хӯрда, мегӯяд, ки вақте маҳсулоти мо берун аз ҷумҳурӣ баҳои баланд гирифта, харидорӣ мегардад, чаро дар ҳудуди ҷумҳурӣ харидори худро надорад?

Шукри беҳад…

Бинои заводи «Трансформатор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа соли 1937 сохта шуда, дар аввал ҳамчун идораи таъмири мошинҳо фаъолият мекард. Танҳо соли 1959 дар ин манзил фаъолияти заводи тарнсформаторбарорӣ ба роҳ монда шуд.

ҶСШК «Трансформатор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа то соли 2000-ум 2 намуди трансформатор — тамғаи ТМ 250 ва 400 истеҳсол мекард. Дар давоми солҳои 2001 — 2005 завод истеҳсоли трансформаторҳои тамғаи ТМ100 — 6/10, ТМ630 — 6/10, ТМ1000 — 6/10 ва соли 2004 қуттиҳои пайвандкунандаи трансформаторро ба роҳ монда, аз соли 2007 инҷониб бо дархости соҳибкорони маҳаллӣ трансформаторҳои хурди 25 — 6/10, 40 — 6/10 ва 63 — 6/10 истеҳсол намуда, пешкаши мизоҷон мегардонад. 

Ба гуфтаи З. Бекматов, дар даврони шӯравӣ маҳсулоти истеҳсолнамудаи заводро 54 давлати дунё харидорӣ мекард. Дар ҳамон солҳо 7500 дона трансформатори баландшиддат, 14 ҳазор адад трансформатори баландшиддати ҳисобкунанда ва 130 ҳазор дона трансформатори камқувват барои дастгоҳҳо ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Баъди пош хӯрдани давлати шӯравӣ завод мизоҷони худро аз даст дод. Имрӯз завод ба тариқи худмаблағгузорӣ фаъолият карда, 9 намуди трансформатори гуногунтамғаи аз 25 то 1000-киловата истеҳсол менамояд.

Чуноне маълум гардид, имрӯз дар завод 180 нафар мутахассисон фаъолият доранд. Дар се моҳе, ки завод 30% коргаронро ба рухсатии бемузд фиристод, қариб буд як қисми мутахассисонро аз даст диҳад.

 Рокия АБДУЛЛОЕВА, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: