Главная > Uncategorized > Ба мансаби cарвазирӣ Абдуллоҷонов меояд?!

Ба мансаби cарвазирӣ Абдуллоҷонов меояд?!

Духтуре дар утоқи кориаш ба ҳамшираи шафқат муроҷиат намуда, мегӯяд:

— Тез ҳароратсанҷро гирифта, ба палата рав. Бин, ки ручкаи ман дар таги каши кадом бемор мондааст…

Не, ҳадафи мо инҷо латифа гуфтан нест. Танҳо баробари қалам ба даст гирифтан ҳамин латифа ба хотир расид, ки ба фикри банда айнан ба ҳаёти имрӯзаи мо хеле шабоҳат дорад. Дар яке аз шумораи ҳафтаномаи «Пайкон» бо номи «Ҳукумати мӯйсафедон» мақолаеро мутолиа намудаму пас аз андешаҳои зиёд дар арафаи ҷашни 18-солагии Истиқлолият қалам ба даст гирифтам. Хусусан, дар он мақола ба ман фикри фиреби инсон аз кай оғоз шуданаш бениҳоят маъқул шуд. Муаллиф барҳақ таъкид намудааст, ки мо ҳамон тифлони фиребхӯрдаем, ки гаҳвораи моро на он тавре, ки лозим аст, меҷунбонанд.

 

Дар мақолаи «Ҳукумати мӯйсафедон» аз муовини сарвазир М. Алимардонову вазири кишоварзӣ Қ. Қосимов ҷонибдорӣ карда мешавад, ки ман ба фикри муаллиф ризо нестам. Ҳар як кадрро бо ҳазор умед барои ба нафъи Ватан хизмат кардан пешбарӣ мекунанд. Истеҳсолот бошад, танҳо бо «мӯзапушӣ»-ю «маҷлисгузаронӣ» пеш намеравад. Дар маҳалҳо кор кардан лозим аст. Барои дигар намудани кадрҳои хоҷагии қишлоқ, кӣ садди роҳи онҳо мегардад? Танҳо бепарвоӣ сабабгори ҳама чиз мешавад. Эҳтимол ин бепарвоӣ аз он манша гирад, ки сарвазири мӯҳтарам Оқил Оқилов аз «маданият»-и баланд аз зертобеонаш талаб намекунад.

Ҳар гоҳ, ки шабакаҳои телевизионии Русияро тамошо мекунаму ҷахду талоши сарвазири Русия Путинро мебинам, ба ростӣ ҳасад мебарам. Таманно мекунам, ки кай тоҷикон нисфи Путин ҳам бошад, сарвазир меёбанд, ки дар ҳалли масъалаҳо мусоидат кунад. Бовар кунед, ё шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аз фаъолияти сарвазир кам хабар медиҳанд, ё Оқил Оқилов камфаъолият аст. Ягон нафар чун О. Оқилов зиёдтар дар ин мансаб фаъолият накардааст. Дар давоми 18 соли Истиқлолият 10 солаш дар ин курсӣ ӯ нишастааст.

Дар солҳои истиқлолияти ҷумҳурӣ 6 сарвазир иваз карда шуд.

Сарвазири нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз 9-уми январ то 21-уми январи соли 1992 Акбар Мирзоев буд. Баъд аз ӯ ба ин вазифа ба таъбире «наҳанги ҷумҳурӣ» Абдумалик Абдуллоҷонов аз 21-уми сентябри соли 1992 то 18-уми декабри соли 1993 таъин карда шуд, ки ӯро яке аз шахсони сарватмандтарини ҷумҳурӣ ном мебурданд. Пас аз ин вазифа сафири Тоҷикистон дар Русия таъин карда шуду соли 1994 номзадиашро ба мансаби президентӣ монду бо ҳамин тарки Ватан кард. Абдуҷалил Самадов наздики як сол ин вазифаро адо намуда, курсии сарвазириро ба Ҷамшед Каримов гузошт. ӯ ин мансабро аз 02.12.1994 то 08.02.1996 адо кард. Ҷамшед Каримов сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Хитой таъин карда шуду Яҳё Азимов то декабри соли 1999 сарвазири ҷумҳурӣ буд.

Тавассути воситаҳои ахбори омма дар давоми ин солҳо, хусусан дар давраи сарвазирии О. Оқилов хеле зиёд гуфтанду номзадҳои зиёдеро чун «фолбин» пешгӯӣ намуданд. Вале гуфтаи ҳеҷ касе амалӣ нагардид. Баъди  се моҳ ба ин мансаб таъин шудани О. Оқиловро 10 сол пур мешавад. Шояд бахшида ба даҳсолагии дар як мансаб нишастан ягон тағйироте рӯй диҳад.

Ба мансаби сарвазирӣ номзадҳои зиёде пешниҳод карда буданд. Аз муовини аввали сарвазир Асадулло Ғуломов сар карда, то соҳибкорон. Дар рӯйхат ному насаби вазири рушди иқтисод ва савдо Ғулом Бобоев, вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайриниссо Юсуфӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва назорати амволи давлатӣ Шариф Рахимзода, Ҳасан Саъдуллаев — раиси «Оринёбонк», Ниёзмурод Саидмуродов — раиси «Агроинвестбонк», Нурулло Усмонов — раиси ширкати «Нур», Ҷамшед Абдулов — раиси ФПК «Олими Каримзод», Шералишо Кабиров —  директории «Талко» ва дигаронро дидан мумкин буд.

Вале ягон нафари онҳо ба ин мансаб пешниҳод нагардид. Аниқтараш О. Оқиловро ба дигар вазифа нагузаронданд. Дар ҳоле, тавассути ВАО овоза шуда буд, ки сарвазирро ба нафақа гусел мекунанд.

Мурод аз рӯи қоғаз овардани ин матлаб нисбат ба касе фикри баде доштан нест. Дар байни халқ мақоле ҳаст, ки «вақте ки дил сӯхт, аз чашми кӯр ҳам ашк меояд». Дилам ба Ватанам месӯзад. Аз ин лиҳоз, бетараф истода натавонистам. Корхонаҳои азими дохилӣ ба пуррагӣ  фаъолият накарда истодаанд. Бенизомӣ дар тамоми ҷабҳаҳои истеҳсолот ва бисёр масъалаҳои дигар ҳастанд, ки касро малулхотир менамоянд.

Бигзор мӯҳтарам О. Оқилов сарвазири беҳтарин бошад, вале мехоҳам дар ин мансаб нафареро бинам, ки ҷавон бошаду доною серҳаракат. Чаро ба ин мансаб аз ҳисоби он тоҷиконе, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ кору фаъолият доранд, ягон нафарро пешбарӣ накунем? Ҳастанд нафароне, ки барои миллат садоқатмандона ҷаҳд мекунанд. Дар мавриди пешниҳод кардану таъин намудани номзадҳо ҳам бояд манфиати мардум ба назар гирифта шавад, на ин ки монанди собиқ сарвазир Абдумалик Абдуллоҷонов «наҳанг» бошанд…

Ҳар чӣ ҳам бошад, имрӯз монанд ба ҳамон духтур ҳастем, ки ба ҷои ҳароратсанҷ ручкаро зери каши бемор гузоштаем.

 Т. ҶУМЪАЕВ,  сокини шаҳри Душанбе

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: