Главная > Uncategorized > Зарбаи ӯзбекистон ба тоҷикон

Зарбаи ӯзбекистон ба тоҷикон

Ё «чаппакзанӣ»-и навбатии Ислом Каримов

Ҳафтаи гузашта дар сомонаи интернетии ӯз-Нюз хабаре пахш шуд, ки дар он оид ба тахрибкории Хона — музейи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд сухан мерафт. Гуфта мешуд, ки аллакай зиёрати хоҳишмандон ба ин осорхона қатъ гардида, касеро вориди бино шудан намемонанд ва ҳама асбобу анҷоми онро берун баровардаанд. Чунин тасмими ҳукуматдорони ӯзбекистон дар ҳоле сурат мегирад, ки коршиносон вазъи муносиботи ин кишварро дар баъзе самтҳо бо Тоҷикистон сард унвон мекунанд. Ва ҳам, ин амали ҳамсоякишвар замоне роҳандозӣ мешавад, ки сафири ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоҳислом Шоҳосимов дар боби ҳаллу фасли мушкилоти миёни ду кишвар ва таҳкими равобити дӯстонаву ҳасана сухан мегӯяд.

 

Тиби иттиллое, ки дар расонаҳо пахш гардидааст, яке аз ноибони сарвазири ӯзбекистон дар ҳузури ҳокимони шаҳру вилояти Самарқанд Зоҳир Мирзоев ва Уктам Барноев фармон медиҳад, то осорхонаи Айниро баставу бинояшро ба хок яксон кунанд. Фармони ноиби сарвазир рӯшанфикрони Самарқандро ба хашм овардааст. Бисёриҳо адами дигари бемасъулиятонаи мақомоти давлатии ӯзбекистонро зарба ба муносибатҳои мардуми ӯзбеку тоҷик ва озурда гаштани тоҷикони ин кишвар арзёбӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон низ нисбати қазияи мавриди назар бетафовут нестанд. Нависандаи маҳбуби мо Абдулҳамид Самад мегӯяд, ки хабари нохуши аз байн бурдани осорхонаи устод Айнӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд тамоми адибони тоҷикро дар ҳайрат гузоштааст. «Инро метавон як амали носавоб ва бехирадона арзёбӣ кард. Устод Айнӣ чун шахсияти бузурги илму фарҳанг чеҳраи як миллати соҳибтамаддунро бо номи тоҷик ифода мекунад, ки ҳам барои рушди адабиёти навини тоҷик ва ҳам адабиёти навини ӯзбек хизмати зиёд кардааст. Аз байн бардоштани осорхонаи Айнӣ таҳқири шахсияти эшон ва беэҳтиромӣ ба миллати тоҷик аст. Ин амали носавоб, хоҳ бо дасти Ҳукумати ӯзбекистон амалӣ шуда бошад, хоҳ бо дасти сарварони Самарқанд, танҳо камоли ҷаҳолат ва бефарҳангист. Ин сиёсатмадорони кӯрдил ва кӯтоҳандеш фаромӯш кардаанд, халқи тоҷику ӯзбек аз қадим бо шарофати чунин инсонҳои бузург дӯсту бародар буданд ва ин кирдори ношоями онҳо теша ба решаи ниҳоли дӯстӣ мезанад. Сад ҳайф!»,- гуфт ӯ.

Бархе шикастани ҳайкалу бастани осорхонаҳои намояндагони халқи тоҷикро дар ӯзбекистон ба ҷанбаҳои сиёсии ҳукумати ин кишвар марбут медонанд. Ба андешаи онҳо, ӯзбекистон мехоҳад бо ин роҳ нуфузи фарҳанги тоҷикиро дар қаламраваш коҳиш диҳад.

Раиси Бунёди фарҳанги Тоҷикистон Ҳамза Камол мегӯяд, ки ин иқдом аз ангезаҳои сиёсӣ холӣ нест ва он баъди ба унвони нахустин қаҳрамони Тоҷикистон эълон шудани устод Айнӣ аз ҷониби давлати ин кишвар оғоз шудааст. Дар пайи ин нигаронӣ мавсуф созмонҳои байналмилалиро ба кӯмак фаро хондааст, то кӯшиши мақомоти ӯзбекистонро барои вайрон кардани осорхонаи Айнӣ пешгирӣ намоянд.

Маъмурияти осорхона низ ба унвони ҳокими вилояти Самарқанд номае ирсол кардаанд, то ки осорхонаи нависанда ва мутафаккири машҳури тоҷик ҳифз гардад, аммо то ҳол посухе нест.
Ниҳоят, вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ мегӯяд, ки ин масъала дар наздиктарин ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Аммо ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати ӯзбекистон иброз доштааст, ки баръакс, осорхонаро тармим хоҳанд кард.

 Фахриддин ТАҒОЙМУРОДОВ, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: