Главная > Uncategorized > 18 соли Истиқлолият чӣ бурд дошт, чӣ бохт?

18 соли Истиқлолият чӣ бурд дошт, чӣ бохт?

Ҳикматуллоҳ САЙФУЛЛОҲЗОДА:

— Истиқлолият воқеан ҳам як мафҳуму арзишест барои як aмиллат, агар ин миллат дар зеҳнияти хеш ба дарки он расида бошад. Агар ин миллат назди худ ҳадаф гузошта бошад, ки ҳамин мафҳумро дар амал татбиқ менамояд. Албатта, метавон гуфт, ки миллати тоҷик тӯли садсолаҳо дар орзуи чунин як ҳадаф буд. Вале он танҳо дар марҳилае ба вуҷуд омад, ки бо пош хӯрдани як императури коммунистӣ, ё импературие, ки комилан ба арзишҳои миллатҳои мухталиф мухолифат дошт, мо тавонистем гӯё ба истиқлолият бирасем. Аз нигоҳи имрӯз мушкил аст арзёбӣ кардани бурду бохте, ки тӯли чандин сол доштем. Вале метавон гуфт, мо дар марҳилае қарор дорем, ки он гуна арзишҳо ва он гуна мафҳумҳое, ки дар зеҳнияти инсон арзиши истиқлолиятхоҳиро такмил ё тақвият медиҳанд, нав оғоз шудаанд. Ҷомеаи мо ба истиқлолият зоҳирӣ муносибат дорад, на дар асоси қалб. Ба ҳамин хотир, агар дар ин марҳила қарор дорем, ана ҳаминро метавон бурд арзёбӣ кард. Аммо ҳамин бурд ҳам мутаассифона дар иқдомҳои сарвари давлат эҳсос мешавад. Дар амалисозии иқдомҳои ниҳодҳои марбутаи давлат ман инро эҳсос намекунам. То вақте, ки ҳар як масъул ва дар умум ҳар як узви ҷомеа дар замири хеш андешаи миллиро тақвият набахшад, гумон аст, ки мо ба ҳамон асли истиқлолият бирасем. Бахусус дар ин гуна марҳилаҳои ҳассоси фишорҳои мухталиф аз ҷониби ҳамсояҳо ва аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ.

Танҳо умед ба давлатмардон ва масъулини кишвар мебандем, ки дар ин масъала масъулияти бештар доранд. Бигзор онҳо ба зеҳнияти қишри ҷомеа бо амалҳои хеш ва бо дастовардҳои мухталифи давлатдорӣ таъсир расонанд ва моро ба сӯи орзуҳои ниҳоӣ бубаранд.

 

Саидҷаъфар ИСМОНОВ:

— 18 соли истиқлолият барои Тоҷикистон бурдҳои зиёд дошт. Набояд мо инро инкор кунем. Ба ҳама маълум аст, ки дар 18 сол Тоҷикистонро ҳамчун миллат ва ҳамчун давлат дар рӯйи дунё шинохтанд. Чӣ аз ҷиҳати сиёсӣ ва чӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ корҳои зиёд ҳам ба анҷом расид. Яъне, муносибат бо давлатҳои мутараққӣ ва дар ин асос истифода аз технологияи пешрафтаи ҷаҳон ва дигар бурдҳое, ки барои Тоҷикистон замина гузошт, пеш гузашт. Инҷо бисёр чизҳоро қайд кардан мумкин аст, новобаста аз он ки ҷамъият пеш мераваду талабот бештар мешавад.

 

Султони ҲАМАД:

— Пеш аз ҳама сохтори давлатдориямонро ба низом даровардем. Дар миқёси ҷаҳон ҳамчун як давлати соҳибистиқлол моро на танҳо кишварҳои зиёд, балки созмонҳои байналмилалии бонуфуз ба расмият шинохтанд. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъ ва манзалати худро пайдо кардем. Пули миллии худро таъсис додем. Ихтиёри марзро ба дасти худ гирифтем, ки ин ҳам як нишонаи соҳибистиқлолӣ мебошад. Як бурди хеле калон ин кушодани роҳҳо ба чор тарафи ҷумҳурӣ дар чор фасли сол мебошад. Бадахшону Суғди мо дигар дар зимистон мушкили роҳро камтар хоҳанд дошт, зеро роҳҳо боз гардиданд. Нақбҳое канда шуданд, ки мардум асрҳо дар орзуяшон буданд. Чандин кӯпрукҳои хеле муҳим ҳам барои мо ва ҳам барои кишвари ҳамсояамон Афғонистон дар дарёи Панҷ бунёд гардиданд. Дар ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ низ баъзе воқеаҳои хотирмони таърихӣ рух дод. Масалан, бунёди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз ҳамин қабил рухдодҳои таърихӣ мебошад.

Дар баробари ин, дар 18 соли истиқлолият бохтҳое низ доштем. Яке аз бохтҳои бузурги мо ин ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ҳарчанд ин ҷанг болои мо таҳмил шуда буд, вале ҳар як фарди кишвар набояд эҳсоси масъулиятро имрӯз фаромӯш кунад. Ин бохте буд, ки оқибати ногувораш, хисороти ҷониву молии онро садсолаҳо хоҳем ба талхӣ ёд кард. Мушкили барқ ва набудани ҷои коре, ки маошаш барои таъмини рӯзгори хонавода бирасад, низ аз ҷумлаи бохтҳои даврони истиқлол буда метавонад. Раванди муҳоҷирати иқтисодӣ, ки танзими он ҳанӯз ҳам аз таҳти контроли ҳукуматдорон қариб ки берун аст, як бохти сиёсати иқтисодии ҳукумат аст. Кор то ба дараҷае расидааст, ки баъзе аз кишварҳо муҳоҷирони иқтисодии моро дар муносибатҳои сиёсӣ бо мо мехоҳанд ҳамчун аҳроми фишор истифода баранд. Беҳбуд наёфтани муносибатҳои байни Тоҷикистону ӯзбекистон дар ин 18 соли истиқлолият низ аз ҷумлаи бохтҳои ин давра аст.

 

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ:

— Аз истиқлолият истифода бурдан ҳунар аст. Онҳое, ки моҳияти истиқлолиятро хуб дарк мекунанд, барои пешрафти ҷомеа иқдом карда метавонанд ва албатта дар роҳи таҳкими истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гирифта метавонанд.

Дар солҳои истиқлолият барои рушди матбуот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои хуб фароҳам омад. Онҳое, ки дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин имконот истифода бурда бошанд, тавонистанд ҷои худро пайдо кунанд ва барои пешрафти ҷомеа бо таъмини иттилоъ саҳм гузоранд.

 Парвиз МУЛЛОҶОНОВ:

Дастоварди асосии дар он аст, ки истиқлолияти Тоҷикистон нигаҳ дошта шудааст. Мо тавонистем, ки давлати худро мустаҳкам намоем ва ҳукумати марказӣ ҳам мавқеи худро мустаҳкам гардонид. Ин як дастоварди хеле бузург аст. Лекин нисбати нобарориҳо норасоиҳо камбудии асоси дар он аст, ки масъалаҳои иқтисодӣ- иҷтимоӣ ҳалли худро наёфтанд ва сатҳи зиндагии мардум ба андозаи зарурӣ боло нарафт ва дар сатҳи паст қарор дорад. Ин албатта камбудии хеле ҷиддӣ. Чунки суботи сиёсӣ ба сатҳи зиндагии мардум ва сатҳи вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ хеле вобаста аст.

 Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ   

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: