Главная > Uncategorized > «Ависенна»

«Ависенна»

«Агар Тоҷикистон мутахассисони варзида ва дастгоҳҳои пешрафта медошт, аслан ниёзе набуд ба кушодани чунин бемористон»,- мегӯяд А. Азизқулов.

Нахустин бемористони дил ва урологии муштараки Тоҷикистону Эрон аз ҷониби ширкати «Дили солим» дар шаҳри Душанбе таъсис ёфт. Бемористон «Ависенна» ном гирифта, ба гуфтаи роҳбарияти ширкат, муосиртарин таҷҳизотро дорост ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягона аст. Дар ин дармонгоҳ барои аввалин бор дар Тоҷикистон тамоми бемориҳои навъи дил ҷарроҳӣ ва табобат мешавад.

Кадрҳои хориҷӣ

ва дохилӣ

Рӯзи 8-уми сентябр бо Абдуқодир Азизқулов, мудири шӯъбаи кадрҳо дар ин бемористон ҳамсӯҳбат шудем. ӯ мегӯяд, ки таҷҳизоти бемористон истеҳсоли Олмон, Амрико ва Эрон буда, роҳандозии онро низ мутахассисон аз ин кишварҳо бар ӯҳда доранд. Аммо ба гуфтаи манбаъ, аз дохили кишвар танҳо навомӯзон ва парасторон ба кор қабул карда мешаванд. Мутахассисони хориҷӣ 40 дар сади кормандони ин дармонгоҳро ташкил мекунанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расонаҳо, мутахассисони хориҷӣ 30 фисад ва дохилӣ 70 дар сади кормандони ин бемористонро бояд ташкил медоданд. Аммо манбаъ мегӯяд, ки аз дохили кишвар ягон мутахассиси варзида қабул карда намешавад.

Дар робита ба ин мавзӯъ ӯ афзуд: «Мо дар Тоҷикистон як ҷарроҳи варзида дорем, ки Гулмуродов аст. Ҳоло ӯ директори Маркази ҷарроҳии дил аст. Ман дар Тоҷикистон дигар ҷарроҳи варзидаи дилро намешиносам. Агар Тоҷикистон мутахассисони варзида ва дастгоҳҳои пешрафта медошт, аслан ниёзе набуд ба кушодани чунин бемористон. Як худи Гулмуродов наметавонад ҳамаи беморонро ҷарроҳӣ кунад. На ин ки наметавонад, балки дастгоҳҳои лозимаро надорад. Кор бо дастгоҳҳои замонавиро бошад, мутахассисони маҳаллӣ балад нестанд».

Ба андешаи А. Азизқулов, бемористони «Авитсенна» ба ҷарроҳони варзидаи тоҷикистонӣ ниёз надорад. Зимни сӯҳбат ӯ иброз дошт, ки бемористон ҷарроҳони варзидаи хориҷӣ дорад, ки онҳо кори ҷарроҳиро анҷом медиҳанд. Дар канори онҳо коромӯзони ҷавони тоҷикистонӣ меистанд ва корро меомӯзанд. Талош хоҳанд кард, ки коромӯзони ҷавон пазируфта шаванд, то дар канори мутахассисони таҷрибадори хориҷӣ кор кунанд, то дар солҳои баъд тавонанд онҳоро иваз намоянд.

Мавсуф тафовути ин дармонгоҳро аз шӯъбаҳои кардеологии беморхонаҳои кишвар дар он медонад, ки дастгоҳҳои пештара кӯҳна ҳастанд ва сифати баланд надоранд. Ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ низ ҷавобгӯ нестанд. «Камбуди ҷарроҳони дил  дар Тоҷикистон шадидан эҳсос мешавад. Як — ду нафар ҷарроҳони хуб ҳастанд, аммо ин басанда нест»,- қайд кард ӯ.

Дар мавриди он ки, оё 40 фисади мутахассисони хориҷиро бо маош таъмин кардан имкон дорад, А. Азизқулов мегӯяд, ҷарроҳоне, ки аз хориҷа меоянд ва ҳар ҷарроҳие анҷом медиҳанд, як дар сади маблағи муайянро мегиранд. Боқимондаи маблағ барои бемористон ҷудо мешавад. Аз ин ҷиҳат мушкиле пеш намеояд. «Мо дар ҷумҳурӣ беморҳои зиёди қалб дорем. Рӯзҳои аввали фаъолияти бемористон нишон медиҳад, ки як тарҳи муваффақ мешавад, иброз дошт ӯ.

Ҷарроҳии дил чанд пул аст?

Дар посух ба суоли «арзиши ҷарроҳии дил барои як бемор чанд пул аст?» А. Азизқулов мегӯяд, ки аз нархи ҷарроҳие, ки дар кишвари Эрон сурат мегирад ва ҷарроҳӣ дар он ҷо аз ҳама арзиши паст дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, 30 фисад арзонтар барои шаҳрвандони Тоҷикистон муайян шудааст. — Аммо аз нархи ҷарроҳӣ ҳарф назанем ҳам,- мегӯяд ӯ, танҳо роҳкиро, харҷи хӯрокаву ҷойи истиқомати муваққатӣ дар хориҷа чи қадар гарон аст. Номбурда минбаъд зарурати ба кишварҳои дигар барои муолиҷаи дил рафтанро намебинад. Зеро ба гуфтаи ӯ, вақте ки беморони дил ба кишварҳои хориҷӣ мерафтанд, ҳатман ҳамроҳи бемор як нафар духтури тоҷик мерафт ё нафаре аз хешовандонаш ӯро ҳамроҳӣ мекард. Ҳоло қимати билет сарфаҷӯйӣ мешавад ва бо харҷи камтар ҳамон табобати сатҳи ҷахониро дар Тоҷикистон дарёфт мекунанд.

Дар бемористони Қарияи Боло шӯъбаи кордиологӣ мавҷуд аст, аммо пас аз муроҷиат маълум шуд, ки дар он ҷо дилро танҳо табобат мекардаанд, на ҷарроҳӣ. Ба ин хотир, баҳри муайян кардани нархи ҷарроҳии дил дар Тоҷикистон ба «Шаҳраки тиббӣ»-и Душанбе рафтем ва бо духтури масъул дар ин масъала сӯҳбат кардем. Духтур гуфт, ки «касалро биёред, баъд маълум мекунем». Хостем тақрибан чи қадар будани харҷи маблағро гӯяд. ӯ иброз дошт, ки кӯмаки худро дареғ нахоҳад дошт, фақат нархи ҷарроҳӣ ҳар хел аст ва наметавонад беморро муоина накарда, дар хусуси нарх ҳарф занад. Баъдан, аз назди духтур баромадем ва ба як ҷавоне муроҷиат намудем, ки   ҷарроҳӣ шудааст. ӯ гуфт, ки нарх гуногун аст, аммо вай ҳудуди 60 ҳазор доллар харҷ кардааст. Ҳарчанд ба суханони ӯ шубҳа доштем, аммо дубора ба саволи худ ҳамин посухро гирифтем.

Барои муайян кардани нархи 30 дар сад арзони ҷарроҳии дили бемористони «Авитсенна» арзиши беморхонаҳои Эронро дар хусуси ҷарроҳии дил бояд маълум кард. Вале аз рӯи маълумоти манобеи огоҳ, дар шаҳри Машҳади Эрон ҷарроҳии дил, бахусус навъи норасоии шараёни коронерӣ аз 7,5 то 10 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Теҳрон ин ҷарроҳӣ ва навъи модарзодии он то 30 ҳазор доллар арзиш дорад. Инчунин, навъҳои зиёди бемориҳои дил мавҷуд аст, ки бо нархи гуногун ҷарроҳӣ мешаванд. Магар метавон арзиши ҷарроҳии дилро дар бемористони «Ависенна» аз ин ҳам арзонтар баҳогузорӣ кард?

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: