Главная > Uncategorized > «Алик — малик»

«Алик — малик»

Қиморбозони асри 21 ва таассуфи сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ

— Вақтҳои охир чунин ба назар мерасад, ки масъулин ба баъзе чизҳои дар назар одӣ, вале муҳим на он қадар аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд,- гӯён, рафиқам сухан оғоз карду афзуд: «Имрӯзҳо сари кӯчаю роҳҳо як гурӯҳ ҷавонон пайдо шудаанд, ки ба қиморбозӣ машғул гардида, мехоҳанд фоидаи муфт ба даст оранд ва меоранд. Аммо нафаре ба кори онҳо дахолат намекунад».

«Пуламро баргардонед!»

Бо рафиқам аз назди бозори «Корвон» мегузаштем. Гурӯҳе аз ҷавонон ҷое ҷамъ шуда, ғавғо мекарданд. Ҳангоми бо онҳо ошно шудан маълум гардид, ки ба қиморбозӣ, ки ба забони худашон «алик — малик» мегӯянд, машғул буданд. Ҳар яке аз онҳо бо мафҳумҳои ба худашон хос бо якдигар сӯҳбат мекарданд. Яке мегуфт: «Дар ин стакон аст». Якеи дигар мегуфт: «Не, дар ин стакон нест, бой додӣ». Мардум ба назди онҳо меомаданду мерафтанд. Нафаре ба онҳо халал намерасонд. Ногаҳон ҷавоне, ки баъдан ба мо маълум гардид, ки нав аз ноҳия омада, ба донишгоҳ дохил шудааст, садо баланд кард: «Пуламро баргардонед!». Аммо аллакай дер шуда буд. «Ҳе бародар, мо туро маҷбур кардем, ки ба бозӣ дароӣ!? Тез аз ин ҷо аробаатро ҳай кун!»,- гуён, ба ҷавон «ҳуҷум» карданд. Акнун ҳамааш маълум! 4 — 5 нафар як «мафия» шуда, ба хотири дарёфти пули бе дарди миён чунин навъи қиморбозиро роҳандозӣ мекардаанд. Ин тоифа аз чизе бим надоштанд. Ҳарчанд милисаҳо меомаданду онҳоро пеш карданӣ мешуданд, аҳамият намедоданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев назоратро аз пушти ин афрод ба раёсати тартиботи ҷамъиятӣ ва нозирони минтақавӣ вобаста медонад.

«Худкардаро даво нест»

Чун супориши редаксия низ буд, ки оид ба ин ашхос мавод таҳия намоям, фурсатро муносиб дониста, хостам дар бозӣ иштирок кунам. Нахуст бо диққат тамошо мекардам, ки бозӣ чӣ гуна шурӯъ мешавад. Ҷавони тақрибан 22-23-сола рӯи замин нишаста, «истакон»-ҳоро давр мегардонд. «Шогирдон»-и ҷавон овоз баланд карда мегуфтанд: «Бача биё, мебурӣ, дар инаш аст, не, дар он аст». Ҳамин лаҳза шахсе, ки «баранда»-и бозӣ буд, чашмонашро сӯйи ҷавоне ало карда, гуфт: «Дар кадомаш аст? Почата мон, мебурӣ! Чанд сум дорӣ?». Ҷавон худашро гум карда, гуфт, ки «бародар, ман бозӣ намекунам». «Бозӣ ҳам накунӣ, дастатро деҳ» гӯён, яке аз «шогирдон» зӯран дасти ҷавонро мехост ба дасти «устодаш» қапонад. Вале ӯ даст надод. «Ҳе, мардак набудай! Аз пулат метарсӣ? Набошад, барои чӣ омадӣ?! Тез аз инҷо рав!»,- гуён, санги маломатро ба сараш рехтанд. Ҷавон майдонро тарк намуд. Аммо нафари дигаре 40 сомонӣ дар даст ба «майдон» ворид гардид. Бисёр кӯшиш мекард, ки саққочаро ёфта, соҳиби маблағи «муфт» гардад. Вале баъд аз давр занондани истаконҳо пояшро ба рӯи яке аз онҳо монда, аз 40 сомонӣ маҳрум шуд. Чун дид, ки бурд карда наметавонад, шӯру ғавғо бардошта, ҷанҷолро оғоз намуд. Аммо шогирдони «паҳлавон» дар як лаҳза ӯро аз майдон дур карданд. Ба ҳамин монанд 4-5 нафари дигар бозӣ карда, фиреб хӯрданд, вале ба қавле «худкардаро даво нест» гуфта, ба касе муроҷиат намекарданд.

Ин дар ҳолест, ки сухангӯӣ Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асаддулоев ин намуди бозиро ғайриқонунӣ хонда, мутаассиф аз он аст, ки касе аз пушти ин афрод ба онҳо муроҷиат намекунад.

«Барандаҳои қиморбозӣ» психологанд…

Ба «қиморбозон» худро муаррифӣ намуда, хостам сӯҳбат кунаму расмашонро гирам. Аммо норозигӣ баён карда, сӯйям ба «ҳуҷум» гузаштанд. Ва баъди чанд лаҳза тарки макон намуданд.

Дар сӯҳбат бо мо нафаре худро Салим муаррифӣ карда, андешаашро чунин баён намуд: «Додар, саратро дар бало намон! Борҳо дидаам, ки милисаҳо омада, шарик ва стаконҳои ин одамонро гирифта, худашонро  ба шӯъбаи корҳои дохилӣ мебаранд. Вале рӯз то рӯз сафашон меафзояду кам намешавад».

Устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Алиаҳмад Ёраҳмадов сабаби сӯйистифодаи оммаро аз ҷониби ин ашхос ба дониши психологии онҳо рабт медиҳад. «Бояд гуфт, ки сабаби ба ин кор даст задани онҳо, албатта, барои маблағи «муфт» ба даст овардан аст. Аммо сабаби ба «дом» афтодани омма, ҳатто мардуми донишмандро дар он мебинам, ки ин ашхос (қиморбозон) донишҳои психологӣ доранд. Масалан, вақте нафаре аз деҳот меояд, хеле босавод аст, физика, химия, биология, адабиётро медонад. Вале аз донишҳои психологӣ бехабар аст. Ҳангоми ба бозӣ ворид шудан ба чеҳраи онҳо эътибор намедиҳанд. Танҳо тарафи «мусбат»-ро ба эътибор мегиранд. Ва дар натиҷа ба хатоӣ роҳ медиҳанд. Ягон нафар аз ин бозӣ фоида ба даст намеорад, баръакс  маблағҳои худро аз даст медиҳанд»,- мегӯяд ӯ.

Анҷоми беанҷом

«Ман донишҷӯ ҳастам. Хостам як маротиба бозӣ карда, фоида ба даст орам. Вале натавонистам. Ҳамаи инҳо фиребгаранд. Ба монанди ман донишҷӯёни сода бисёранд, ки омада иштирок менамоянд. Аз ин рӯ, ҳарчи зудтар сари роҳи ин дуздонро бояд гирифт!»,- гуфт дар сӯҳбат бо мо яке аз фиребхӯрдагони, ки худро Нозим муаррифӣ намуд.

Далер Саидов, донишҷӯйи курси 5-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сабаби ба ин кор даст задани ҷавононро ба содагии мардум рабт медиҳад. «Ин бозиҳо бештар мавсимиянд. Ҳангоми иду ҷашнҳо ва оғози соли хониш меафзоянд. Афроде, ки ба ин кор даст мезананд, медонанд, ки чӣ гуна «сайд»-ро ба даст оранд. Масалан, дар ноҳияи мо (Ваҳдат) ҳангоми иду ҷашн ва оғози соли хониш бештари мардум ба маркази ноҳия меоянд. Нахуст ин бозиро дида, фикр мекунанд, ки фоидаи «муфт» ба даст меоранд. Вале шахсони ба ин кор машғул аз содагии онҳо истифода бурда, оммаро ба «дом»-и худ мекашанд»,- иброз медорад ӯ.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки нафаре аз иштирокдорон боре ҳам аз иштирок дар ин бозӣ фоида ба даст наовардааст. Аз ин рӯ, хонандаи закӣ бояд навиштаро хонаду надомат аз анҷоми беанҷоми амали онҳое бар лаб орад, ки мехоҳанд як умр бо фиреби мардум шикам сер кунанд.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: