Главная > Uncategorized > «Даъват ба тундгароӣ намекунем»

«Даъват ба тундгароӣ намекунем»

Мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаи «Пайкон» бо вакили Маҷлиси намояндагон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ ШАБДОЛОВ

— Мӯҳтарам Шодӣ Шабдолов, Комиссияи марказии интихобот омодагиро ба интихоботи парлумонии феврали соли 2010 оғоз бахшидаву аллакай асноди марбутаро ба комиссияҳои ҳавзавӣ ирсол медорад. Дар ин замина, баъзе аз коршиносон мегӯянд, ки акнун замони «бедоршавӣ»-и аҳзоби сиёсии кишвар фаро расида ва онҳо шояд таблиғи фаъолияту фаъолони худро ба роҳ монанд.

— Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот», ягон ҳизб ҳуқуқ надорад таблиғоти барномавияшро пеш аз муайян шудани маъракаи интихобот шурӯъ кунад. Дар дохили ҳизб албатта ҳар як ҳизб метавонад асноди  интихоботӣ ва тарҳи барномаи худро таҳия кунад. Барнома бояд аз ҷониби Анҷуман тасдиқ гардад. Дигарон шояд конференсия гузаронанд. Вале барномаи моро фақат Анҷумани Съезди Ҳизби коммунистӣ тасдиқ мекунад. Номзадҳо ба вакилӣ дар Съезд муайян карда мешаванд. Дар ҳолати ба таври расмӣ эълон шудани оғози маъракаи интихоботӣ интихоби вакилон ба воситаи маҷлисҳои минтақавӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ сурат мегирад. Дар акси ҳол, мо ҳак надорем таблиғот барем ва дигар ҳизбҳо низ ин корро намекунанд.

Дар дохили ҳизб албатта вазъи иҷтимоӣ, сиёсию иқтисодии ҷумҳуриро таҳлил мекунем. Барои он таҳлил мекунем, ки барномаамон мукаммалтар бошад. Ҳамаи ҳизбҳо медонанд, ки имрӯз ҷомеаи мо бо чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯст. Лекин ҳар як ҳизб тарҳи барномавии худашро дорад.

— Тарҳи барномавии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон чиро дар бар мегирад?

— Масалан, таъмин кардани амнияти озуқаворӣ яке аз масъалаҳоест, ки ҳар як ҳизб инро медонад. Лекин ҳизбҳо ҳар кадом бархӯрди худро доранд. Дар ҳаллу фасли ин масъала бархӯрди мо аз дигар ҳизбҳо фарқ мекунад. Ҳалли ин масъала чандон содда нест ва таҳаввулоти бисёр амиқ дар соҳаи агросаноатиро тақозо дорад. Вале барномаи мушаххасе дар ин маврид нест. Ҳама чиз хусусӣ шуд. Заминро пора — пора ба деҳқон тақсим карданд. Деҳқон ба ҳоли худ гузошта шудааст. На техника дорад, на имконияти қарз гирифтан. Ба соҳаи кишоварзӣ кӯмаки пурра намерасад. Барои ҳамин, агар мо имконияти дар интихоботи парлумонии оянда интихоб шудану таъсири муносиб гузоштанро дошта бошем, роҳи ҳалли ин масъаларо дар барномаи худ мушаххас менависем. Масъалаҳои зиёди иҷтимоиву сиёсии дигаре низ ҳастанд, ки мо онҳоро мушаххас мекунем.

— Барномаи ҲКТ аз барномаҳои дигар аҳзоб дақиқан бо чӣ фарқ мекунад? Вуҷуд дорад намунае, ки тавонад бартарияти дигарандешии ин ҳизбро маълум намояд?

— Дигар ҳизбҳои сиёсӣ асосан такя ба моликияти хусусӣ доранд. Ба воситаи такмили сармояи хусусӣ мехоҳанд масъалаҳои иҷтимоию сиёсиеро, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ҳаллу фасл намоянд. Лекин таҷрибаи дунё нишон медиҳад, ки асоси тамоми нобаробариҳо ҳамин моликияти хусусӣ аст. Яъне, нафаре, ки миллионер аст, миллиардер мешавад, шахси ғариб камбағал. Сарватмандро тамоми ҷамъият таблиғ мекунанду миллиону миллиардаш меафзояд ва ҳазорҳо коргар бенасиб мемонанд. Мо ошкоро мегӯем, ки ин роҳи ҳалли масъала нест. Роҳи ҳал иҷтимоӣ кардани ҷомеа, яъне сӯйи сотсиализм ҳаракат кардан аст. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани чунин ақидаҳоро иҷозат додааст ва мо дар барномаҳоямон ҷиддӣ будани ҳаракат ҷониби сотсиализмро қайд мекунем. Барои ба сохти сотсиализм гузаштан чандсолаҳо зарур аст, то ба ҳадаф расем. Аммо даъват ба тундгароӣ намекунем.

— Нақши теъдоди вакилон аз як ҳизб метавонад дар фаъолияти ҳамон ҳизб муассир бошад. Бовар доред, ки интихоботи ояндаи парлумонӣ чунин имкониятро бароятон фароҳам меорад?

— Ҳозир ба ин савол мушаххас ҷавоб дода наметавонам. Аъзоёни ҳизби мо ҳуқуқ доранд, ки дар ду шакл номзадияшонро пешниҳод кунанд. Якум, тариқи пленумҳои шаҳриву ноҳиявӣ. Дуюм, пешбарии номзад дар худи Анҷуман. Лекин шакли дуюм маҳдуд аст. Зеро ҳамаи ҳизбҳо ба пешниҳоди 22 вакил ҳуқуқ доранд. Аммо, ба фикрам, ягон ҳизб 22 нафар пешниҳод намекунад, чунки ягон ҳизб наметавонад аз ҷониби мардум ҳамагӣ 22 дар сад рой бигирад. Дар ҷомеа бисёрандешӣ ҳаст. Як қисми ҷомеа як андеша дорад, қисми дигар андешаи дигар.

Ҳангоми интихоб кардани номзадҳо барои вакилӣ аз ҲКТ сатҳи дониши сиёсии онҳо ба эътибор гирифта мешавад? Боз чӣ омилҳое вуҷуд дошта метавонанд, ки барои як нафар «чашму гӯш»-и мардум сарнавиштсоз бошанд?

— Мо вақте номзад интихоб мекунем, пеш аз ҳама мебинем, ки ӯ таҷриба дорад ё не. Аввалан, маълумоти олӣ, ки инро худи қонун талаб мекунад. Афроде, ки соҳиби маълумоти олӣ нестанд, наметавонанд ба парлумони касбӣ шомил шаванд. Таври маълум, синну соли номзадҳо бояд аз 18 боло бошад. Аммо, чун диплом бо ҳар роҳ гирифта мешавад, барои мо пеш аз ҳама таҷрибадориву нуфузи номзад муҳим аст. Бояд донем, ки оё мардум номзади пешниҳодкардаи моро мешиносанд ё не. Зеро номзади бенуфуз сабаби ноком шудани ин ё он ҳизб мегардад, аз ҷумла ҳизби мо. Ҳамчунин, бояд донист, ки номзад ба вакилӣ дар оила чи гуна аст, дар тарбияи фарзандон то чи андоза масъул аст. Масалан, агар мо фаҳмем, ки ӯ дузана аст, доктори илм чӣ, академик ҳам бошад, ҳеҷ вақт ӯро пешниҳод намекунем. Шарти дигари мо ин аст, ки на ҳамаи номзадҳо аз Душанбе интихоб мешаванд. Дар ҳар минтақа ҳастанд одамони барӯманд, одамоне, ки мардум онҳоро ҳурмат мекунанд, хизматашон ба ҷамъият расидааст.

— Ба назари Шумо, дар интихоботи навбатӣ метавонад интихоби номзадҳо ба вакилӣ шаффоф бошад?

— Ин савол бисёр васеъ аст. Ҳизби мо хеле фаъол буд. Бо иштироки намояндагони САҲА ва дигар мутахассисон аз давлатҳои хориҷа, бахусус Аврупо, ки ба масъалаи интихобот ворид ҳастанд, пешниҳодҳоро таҳлил кардем. Ба он хотир, ки пешниҳоди хубе дошта бошему интихобот шаффоф гузарад ва дар он «технологияи ифлос» такрор наёбад. Зеро чунин «технологияҳои ифлос» бисёранд. Дар вақти ҳисобкунии варақаҳои интихоботӣ, дар вақти тақсим кардани варақаҳо, дар ҷараёни овоздиҳӣ, дар вақти ба қайд гарифтани номзад кашолкорӣ содир кардан ва ҳоказо.

«Технологияҳои ифлос»-е ҳастанд, ки дар интихоботи пештар истифода шуданд ва мо эътироз ҳам кардем. Бо назардошти ҳамин гуна вазъият, ба хотири шаффофу мунсифона ва демократӣ гузаштани интихобот лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистонро пешниҳод кардем. Лекин баррасияш то имрӯз кашол ёфту аз ҷониби Ҳукумат ҷавоби манфӣ гирифтем.

— Манзури асосии лоиҳаи пешниҳодшуда чӣ буд?

— Мо пешниҳод мекунем, ки аввалан гаравпулӣ дар интихобот аз байн бурда шавад. Масалан дар 1 ҳавза 5-6 нафар пешниҳод мешаванд. Ҳар як нафар қариб 2000 доллар барои иштирокашон медиҳанд. Пулашонро кашида гирифта, ба буҷет месупорем ва онҳо дар интихобот фаъолона иштирок мекунанд, теъдоди зиёди шаҳрвандонро ҷалб месозанд. Аммо дар маъракаи интихобот ба ҷои раҳмат шунидан ҷарима мебинанд. Ба ҳамин хотир, мо пешниҳод кардем, ки масъалаи пулӣ аз байн бардошта шавад. Ё худ, агар монданӣ бошад, дар шакле монад, ки вақте номзад бой медиҳад, пулашро баргардонда гирад. Ин усул имкон медиҳад, ки номзад пеш аз мӯҳлат аз маъракаи интихоботӣ нагурезад, ё бозиҳои интихоботӣ ҷорӣ накунад. Ин гуна «технологияи ифлос» пештар ҳам буд. Номзадҳо ҳавзаро ишғол мекунанду дар охир ҳамаашон мегурезанд ва ҷой ба фоидаи як нафар мемонад. Дар натиҷа, ин нафар бе алтернатив мегузарад.

Аз ин усулитар масъалаи пешниҳод шудани аҳзоби сиёсӣ ба ҳавзаҳои интихоботист. Масалан, дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Русияву Белорусия умуман аз ҳавзаҳои интихоботӣ даст кашиданд. Онҳо маъракаи интихоботро фақат дар асоси рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ гузарониданд. Зеро аҳзоби сиёсӣ барнома доранд, мутобиқи барнома амал мекунанд. Аммо вақте 63 вакил бо 63 барнома меоянду барномаҳояшон амалӣ намешавад, чӣ нафъ аст барои ҷомеа!?

Ҳар як номзад меояду ваъдаи зиёди холию подарҳаво медиҳад ва дар парлумон 5 сол сокит мешинад. Лекин ҳизб сокит нишаста наметавонад, як бор ки ором нишаст, дафъаи дигар ӯро ҳеҷ кас интихоб намекунад. Сифр мегирад дар интихобот. Ҷумҳуриҳои номбурда ба ҳамин хотир аз ҳавзаҳои интихоботӣ даст кашиданд. Вале дар мо даст накашиданд. Ҳатто қабул ҳам надоштанд, ки сади панҷдарсадӣ то се дарсад поин бурда шавад. Ин мавзӯъ чандон содда нест, вале ягон пешниҳоди моро қабул накарданд.

— Бо кадом далел лоиҳаи пешниҳодшуда ҷавоби рад гирифт ва Шумо ин натиҷаро чи гуна қабул кардед?

— Гуфтанд, ки лоиҳа мухолифи моддаи 57-и Сарқонун аст. Барои рад кардани пешниҳодамон хулосаҳоеро баён намуданд, ки қотеъ ва мӯътамад нестанд. Баъдан талаб намудем, ки агар рад карданиянд, ҳавоякӣ накунанд. Чун лоиҳа рад шуд, онро ба муаллифонаш баргардонанд. Агар фақат ман мебудам, ҳеҷ гап не. Ин ҷо теъдоди зиёди  намояндагон ва ҳизбҳои сиёсии дигар низ буданд, ки то андозае дар ҳайрат ҳам шуданд.

Аслан шаффофият маънои озод гузаштанро дорад. Аммо кафолат нест, ки дар ҳавзаи интихоботӣ шумораи варақаҳо дуруст ҳисоб карда мешавад. Пешниҳоди мо метавонист шаффофиятро ҷорӣ намояд. Зеро, агар як ҳизб мехост, ки камбудии сари вақт дастрас накардани санадро ошкор намояд, зуд дар ҳавза шикоят мекард. Ва агар шикояташ намегузашт, дар мӯҳлати муайян метавонист ба судҳо муроҷеъ шавад.

Инҷо чунин ба назар мерасад, ки ҳизби ҳоким ба рақобати озод омода нест. Ҳоло ҳам тарси «боевик»-у «силоҳбадастон» боқӣ мондааст. Лекин он вақтҳо гузашт. Ягон ҳизб барои обрӯи худаш силоҳбадастро интихоб  намекунад. Мо афроди обрӯмандро пешниҳод мекунем.

Агар пешниҳодҳои мо қабул мешуд, воқеан ҳам заминае буд барои шаффоф гузаштани интихобот. Ва он вақт ба парлумон беҳтарин намояндаҳои халқ шомил мегардиданд. Чунки, парлумон набояд якҳизба бошад. Якҳизба будани парлумон ягон оқибати хуб надорад, зеро худ худашро ҳаргиз танқид намекунад, чунон ки «ҳеҷ кас дӯғи худро турш нагуфтааст».

Марҷонаи ҚОДИР, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: