Главная > Uncategorized > «Пробка»

«Пробка»

Рӯзе нест, ки ронандаҳо байни ҳам барои пеш аз якдигар гузаштан ҷангу хархаша надошта бошанд

Касе зидди сохтмони роҳҳои ободу зебо нест, вале сохтмони дурудароз дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ва банд кардани онҳо ҷони мардумро ба лаб овардааст. Масалан, сохтмони роҳи кӯчаи Н. Қарабоев ва кӯчаи Титова муддати тӯлонист, ки давом дорад. Вале он қадаре, ки сохтмони кӯчаи Титова барои мардум мушкил эҷод кардааст, кӯчаи Н. Қарабоев накардааст. Зеро дар кӯчаи Н. Қарабоев танҳо як тарафи роҳ банд шудаасту роҳҳо барои равуои маршруткаҳо зиёд аст.

Дар кӯчати Титова бошад, ронандаҳо аз тангкӯчаҳои даруни маҳаллаҳо, хусусан кӯчаҳои Менжинский  истифода мебаранд, ки аз он танҳо як мошин базур мегузарад.

Акнун тасаввур кунед, ки давоми чор моҳ мешавад ин кӯча дар чӣ аҳвол аст. Ҳаракати мошинҳои хурду калон аз ду тараф роҳро банд мекунанд, ки ҳатто гузаштани пиёдагардон тамоман номумкин шудааст. Яъне, мошинҳо  аз як тараф меистанду ҷониби дигар мегузарад ва баъд ҷониби дигар, ки ин ҳолат пиёдагардон ва мардуми маҳалларо тамоман дар ҳолати ногувор мемонад. Аз ҷониби дигар, аз сабаби ҳаракати зиёди мошинҳо ва мошинҳои боркаш роҳи ин кӯча аллакай вайрону валангор шудааст

Чеҳраи хазони бобоён

Бо мақсади фаҳмидани мӯҳлати ба анҷомрасонии сохтмони кӯчаи Титова, рафтем сӯйи иншооти номбурда. Дар нигоҳи аввал чунин ба назар мерасад, ки гурӯҳи корӣ воқеъан таъҷилӣ кор карда истодаанд. Вале чун бо чанд гурӯҳи корӣ аз наздик сӯҳбат кардем, дидем, ки аксари онҳо мӯйсафедонанд. Кас бо дидани чеҳраи хазону тани лоғари ин бобоён ҳайрон мешавад, ки наход бо қувваи онҳо роҳ сохта шавад? Вале боз ба саволам худам ҷавоб медиҳам, ки агар ҷавонону мардони қавибозуе, ки бо сабаби бӯҳрон аз ҳоҷатхонатозакунии русҳо озод шудаву баргаштаанд, нахоҳанд дар ободонии ватани худ саҳм гузоранд, ин мӯсафедон маҷбуранд ҷойи онҳо дар сохтмони роҳҳо кор кунанд. Вагарна, то ҷое аз сӯҳбат бо коргарҳои ин иншоот маълум гашт, ҳар рӯзи корӣ 50 сомонӣ арзиш доштааст ва ҳар яки инҳо дар ин ҷо аз 500 то 1500 сомонӣ маош мегиранд. Пас, ҷойи дар мулки бегона таги пой ва ҳоҷатхонаи русро тоза кардан, роҳҳои ватани худро обод сохтан беҳтар нест?

 Роҳи президентгузар месозем?

Ахиран Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст барои пешвоз ва қабули меҳмонҳои ОЛИМАҚОМ роҳи дигаре созад. Зеро ҳангоми сафари президенти кишвар ва ё қабули дигар президентҳо роҳи асосии истифодабарии нақлиёт ва мардумро банд мекарданд. Бо ин мақсад аз 23-юми июни соли равон азнавсозии кӯчаи Титова аз буриши кӯчаи А. Дониш то буриши кӯчаи Фучик, бо дарозии 2460 метр ва бари 16 метр қарор қабул гардид.

Тавре Негматов Исматулло — сармуҳандиси сохтмони роҳи мазкур ҳини сӯҳбат иброз дошт, корҳои сохтмонӣ қафо намонда, балки мӯҳлати ба истифода додани он моҳи декабр муқаррар гардидааст.

Чунин менамояд, ки бо ин мӯҳлати тӯлонӣ кӯҳро ҳамвор карда, роҳ месохта бошанд. Пас, мардумро месазад, ки боз се моҳи дигар кӯчаи Титоваро пиёда убур кунанд ва онҳое, ки аз кӯчаи Менжинский истифода мебаранд, интизор шаванд, ки кай кӯча аз «пробка»-и мошинҳо холӣ мешавад, то пиёда гузаранд. Ҳамин аст, ки қариб рӯзе нест ронандаҳои аз ин кӯча истифодамекарда байни ҳам барои яке пеш аз дигаре гузаштан ҷангу хархаша надошта бошанд. Аксар вақт дашномҳои қабеҳи ронандаҳоро шунида, дар ин моҳи Рамазон, ки забонро аз ҳар гуна суханҳои дурушт бояд пок нигаҳ дошт, ҳайрон мешавӣ. Онҳо албатта аз косаи сабру таҳаммулашон лабрез шудан, суханҳои қабеҳро ба забон меоранд. Вале онҳо маҷбур мешаванд. Зеро барои рафтан ба ҷойи кор дер мекунанд, вақташон беҳуда сарф мешавад, баъзан мошинашон ба мошини дигар бархӯрда, зарар мебинад. Ин ҳам бо айби кӣ?

 

«Рақамҳои мошинамро канда партофтанд»

Баъди чунин суолгузорӣ шояд ҳамсӯҳбатам аҳволи мардумро дарк кард, ки ваъда дод: «Ба мӯҳлати анҷоми сохтмон нигоҳ накарда, кӯшиш карда истодаем якуми октябр қисмати роҳи фурӯдгоҳи кӯҳнаро кушоем».

Дар ин сурат вазъ каме беҳтар хоҳад шуд. Аммо ӯ низ аз мардум изҳори нигаронӣ карда, чунин гуфт: «Мардум низ моро ғам дода истодаанд. Шабона кор кардан намегузоранд, ки садои техникаҳои мо онҳоро хобкунӣ намемонад. Як маротиба ҳатто рақамҳои мошинамро канда партофта буданд».

Дар мавриди банд шудани мошинҳо дар кӯчаҳо номбурда афзуд, ки инҷо айби аҳолист, ки дар вақташ хонаҳояшонро ба роҳ наздик сохтаанд.

Дар воқеъ, тибқи меъёрҳои стандартӣ, кӯчаҳои даруни маҳаллаҳо бояд ғунҷоиши ду мошинро дошта бошанд. Вале чунин маҳаллаҳо дар шаҳри Душанбе кам нестанд, ки дар роҳҳояшон танҳо як мошин базӯр мегузарад. Пас, чаро масъулин ба ин гуна қонунвайронкунӣ роҳ додаанд?

Имрӯз ҷуброни ин ҳамаро кӣ бояд пардохт кунад? Раисони маҳаллаҳо? Мақомоти марбута? Ё ин ки шаҳрдорӣ?

 Фармони шаҳрдорӣ ва пирони барҷомонда

Дар мавриди ҳаракати маршруткаҳо тавассути маҳаллаҳо ҳамсӯҳбатам иброз дошт, ки онҳо тибқи як фармон ҳаракати автобуси 8, маршрути 16-ро то истгоҳи фурӯдгоҳ муаяйн кардаанд. Аммо ин фармон аз ҷониби ронандаҳо кам иҷро мешавад. Вақте сабаби иҷро нашудани ин фармонро аз як ронандаи маршрути 16 пурсидам, гуфт, ки чун истгоҳи охиринашон фурӯдгоҳи кӯҳна аст, маҷбуранд мусофиронро то он ҷо баранд. Ва ҳам саволам доданд, ки «Агар мо мусофиронро дар фурӯдгоҳ фарорем, бархеашон пирони барҷомонда ҳастанд, то фурӯдгоҳи кӯҳна чӣ хел раванд?».

Вобаста ба ин, Негматов Исматулло фикри ронандаро ҷонибдорӣ намуда, илова кард, ки фармонашон танҳо ба автобуси 8 ва маршураткаҳо дахл дорад. «Тангем»-ҳо, ки хусусӣ ҳастанд, барои ҳаракаташон ба даруни маҳаллаҳо монеа шуда наметавонанд.

Аммо ба қавли сармуҳандис, сабабҳои безобита шудани мардум дар он аст, ки якбора чанд роҳи мошингарди шаҳр баста асту сохтмон рафта истодааст.

Дар сохтмони иншооти мазкур бошад, Корхонаи сохтмонии «Фармоишгар» ва Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе айни замон кор карда истодаанд. Шумораи коргарҳо 80 нафар ва 30 механизаторҳо буда, дар ду баст корҳои сохтмонӣ идома дорад. Шояд сабаб дар ҳамин бошад, ки мӯҳлати сохтмони роҳро шаш моҳ муқаррар кардаанд. Намешуд, ки аввал сохтмони як роҳро тезтар анҷом дода, сипас аз пайи дигараш мешуданд? Зеро агар ҳама коргарон ва техникаҳои зарурӣ якҷо мебуданд, кор таъҷилан ба итмом расонида мешуд.

 Саида ҚУРБОНОВА,  БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: