Главная > Uncategorized > Дарди модарбуз

Дарди модарбуз

Модабуз дарди ҷонкоҳеро дар батнаш ҳис кард. ӯ беҳолу бемадор худро ба сояи хучхор кашид. Баъди дандон ба дандон мондану дарди ҷонкоҳеро аз сар гузаронидан, сабукиеро дар батнаш ҳис намуд. Ба димоғи буз ғайр аз бӯи гули хор ким — кадом як бӯе мерасид. Дар рӯи сабза бузғолачаи навзодашро диду яку якбора ҳамаро чиро фаромӯш кард. ӯ бузғолаашро мелесиду ҳаловат мебурд.

Офтоб ба уфуқ мерафт. Ба хотири буз рама расиду ба гирду атроф чашм дӯхт. Рама наменамуд. Ҳарчанд овоз дод, ҷавобе аз ҳамҷинсонаш нашунид. Аз пагоҳӣ чизе нахӯрда буд  ва бо хӯрдани каме алафу гули хор шикамашро таскин дод.

Буз ба даруни хорҳо даромада, бо дастонаш заминро харошида, онҷоро аз хор, сангу сангреза тоза кард. Буғзолача аз қафои модараш омада байни дасту пойҳояш ҷой гирифт. ӯ тез — тез гурӯсна мешуду фукашро ба пистони модараш ҷафс карда, аз шири болаззаташ баҳра мебардошт. Буз пинак рафта, гоҳ — гоҳ хобҳои ботарсе, ки бузҳоро хос аст, дида, бедор мешуд. Бузғолааш ба ёдаш мерасид. ӯро мелесиду мелесид. Боз хоб ғалаба мекард.

Саҳар. Буз бо бузғолааш аз зери хор ба ҳавои кушод баромаданд. Бузғола фукашро ба оби сарди чашма расонд, ба ӯ оби сарди чашма писанд наомад. Бо ду ҷаҳиш ба модараш наздик шуда, аз шири гармаш баҳравар шуд.

Офтоб ҷониби уфуқ тулӯъ мекард. Модабуз мечарид. Рӯбоҳ аз паси хорҳои ҷафс бизичаро диду оби даҳонаш шорид. Бузғолача ба сӯи рӯбоҳ давид. Аз чашмони ялаққосии рӯбоҳ ваҳмид ва хост ба модараш расида гирад, вале дарди сӯзонеро аз паси гарданаш ҳис намуд. Садои буттаҳо бузро ба худ овард. ӯ дид, ки бузғолаашро рӯбоҳ кашолакунон мегурезад. Буз бо тамоми қувва метохт, то бузғолаашро аз чанги марг раҳо намояд. Рӯбоҳ ба хонааш наздик шуда, аввал бузғоларо бо фукаш тела дода, баъд худашро пеш кард. Буз мехост аз қафои рӯбоҳ вориди хонаи рӯбоҳ шавад, вале ҳарчанд зӯр зад, натавонист. ӯ бо дастонаш хокҳои назди хонаи рӯбоҳро ба қафо пош медод. Садо мекард, вале посухе намегирифт. Буз худашро лаънат мекард, ки бо умеди нафси саркаш ҷигарбандашро аз назар дур гузошт. Соатҳо назди хонаи рӯбоҳ мижа таҳ накарда, ҷигарбандашро садо намуд, интизорӣ кашид.

Рӯбоҳ бузғоларо ба дарунтари хонааш бурда, пӯсти мулоими ӯро даронда, гӯшти мулоиму устухонҳояшро хоида — хоида фурӯ бурд. ӯ фукашро бо забони дарозаш аз гӯшту хуни часпида тоза менамуд. Ташнагӣ рӯбоҳро маҷбур сохт, ки аз хонааш берун барояд. Сарашро аз хонааш набароварда буд, ки буз бо шохҳои тезаш ба фуки равғанолуди рӯбоҳ зад. Рӯбоҳ худро ба қафо кашид. Шох лабону бинии рӯбоҳро бурида буд. Рӯбоҳ бо забони дарозаш хуни худашро мелесиду ташнагияш боз ҳам бештар мешуд.

Рӯбоҳ хун мелесид, вале буз аз ғояти дарди пистонаш, ки шир дар он лах баста буд, дандон ба дандон месоид. Баос мезад. Гоҳ ба само менигарист, гоҳ ба дуриҳои дур. Ҷигарбандашро фарёд мекард. ӯ ба он сарфаҳм намерафт, ки рӯбоҳ дар ин муддати тӯлонӣ бузғолаашро хӯрдааст. Рӯбоҳи ҳиллагар тоқати интизорӣ надошт. ӯ хокро бо фуку дастонаш  канда ба қафо тела медод. Аз гӯшаи дигари хонааш роҳи баромад кушоду ғайб зад. Буз болои хоки нам баос мезад, пинак мерафт, ҷигарбандашро интизорӣ мекашид ва огаҳ аз он набуд, ки дар хонаи рӯбоҳ чизе нест, ғайр аз устухони каллаи бузғола.

Садои ҳамҷинсон бузро ба худ овард. ӯ бо овози гирифтааш баос мезад, аз ҳастияш дарак медод. Садои гирифтаи буз ба гӯши даҳмарда расид. Даҳмарда ҷониби садо ҳаракат мекард. Бо наздик шудани даҳмарда буз ғофил аз дарди пистон сӯи ӯ медавид. Ба даҳмарда менигарист ва ҷониби хонаи рӯбоҳ садои ҷонхарош мебаровард. Даҳмарда аз шохи буз гирифта, ӯро кашолакунон ба назди хайма овард ва ба ёрдамчияш гуфт, ки ин буз аз кадом як рамма қафо задааст. Бузғолаашро ким — кадом ҷондор хӯрдааст. ӯ бузро кашолакунон ба назди дарахти дӯлона буд. Аз як пои пешу як пои қафояш дошта, ӯро ба замин ғелонду бо чилбур дасту пояшро баст. Буз чашм аз теппа намеканд. Баос мезад, садояш гирифта буд. Корд ба гӯлуи модарбуз расид. Хун фаввора мезад, вале буз чашм аз теппа намеканд…

Давлати АБРОР

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: