Главная > Uncategorized > Ду низомии рус дар Тоҷикистон милисаро куштанд

Ду низомии рус дар Тоҷикистон милисаро куштанд

Дар нимаи дуввуми моҳи октябр як ронандаи таксӣ аз ҷониби шахсони номаълум ваҳшиёна кушта ва ҳамроҳи автомобилаш ба дарёи Вахш партофта шуда буд. Пас аз ҷустуҷӯҳо маълум гардид, ки шахсияти ҷасад собиқ афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, капитани милиса Амир Муродов буда, кушандагони ӯ ду нафар сарбози пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппаанд.

Куштор ба хотири қассос

Мувофиқи як хабаре, ки аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон пайдо намудем, дар марги собиқ афсари Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки бо нақлиёти шахсияш ба кашондани мусофирон машғул буду чанде пеш ваҳшиёна кушта шуда буд, ду нафар сарбози қисми низомии 201-уми Федератсияи Русия, воқеъ дар шақри Қӯрғонтеппа буда, гунаҳкор дониста мешаванд.

Бино ба иттилои ин сарчашма, қотилони собиқ капитани милиса Амир Муродови 37-сола Дмитрий Кучмани 20-сола ва Вячеслав Чернови 22-солаанд, ки ҳарду шаҳрвандони Федератсияи Русия буда, тибқи қарордод дар қисми ҳарбии №28804-и пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Қӯрғонтеппа хизмат мекардаанд. Онҳо агарчи нисбати ронандаи таксӣ ягон қасду ғарази шахсӣ надошта бошанд ҳам, ӯро бо зарбаи якчанд корд ба ҳалокат расонидаанд.

Ин иддаоро Офоқи Қодириён, нозири калони шӯъбаи иттилооти Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон зимни сӯҳбат бо мо тасдиқ намуда, гуфт, ки якчанд рӯз пеш дар деҳаи Сумбулаи ҷамоати Қизил — Қалъаи ноҳияи Хуросон, дар соҳили дарёи Вахш нақлиёти собиқ капитани милиса Амир Муродов пайдо шуда буд, ки дар дохили он ҷасади беҷони ӯ оғӯштаи хун мехобид.

Бино ба гуфтаи хонум Қодирова, сабаби кушта шудани Амир Муродов аз ҷониби низомиёни рус танҳо як амали авбошона мебошад. Чуноне худи ӯ бо такя аз нақли ин сарбозон қайд намуд, «… яке аз ин ду хизматчии ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия гӯё дар гузашта ба кадом як ронандаи таксӣ пул дода, аммо фиреб хӯрдааст. Аз ин рӯ, бо низомии дигар маслиҳат карда, хостаанд аз таксистҳо интиқом бигиранд. Ба ҳамин хотир, онҳо дар пеши худ мақсад мегузоранд, ки кадом таксистеро аввалин шуда вохӯранд, ӯро хоҳанд кушт. Ва ин якум ронандаи таксӣ Амир Муродов, собиқ капитани милиса буд. Низомиёни рус вайро танҳо аз рӯйи авбошӣ куштаанд. Онҳо гуфтанд, ки ӯро қаблан намешинохтанд. Ин якумин чунин ҳодисаи куштори ваҳшатнок аз ҷониби низомиёни пойгоҳи 201-ум аст, ки бо корд чанд маротиба зарба зада, дар дохили мошинаш кушта шуда, баъдан аз ҷойи ҳодиса чанд километр дур бурда, даруни оби дарёи Вахш андохта шудааст. Ҳатто ҳуҷҷатҳои вай, шаҳодатномаи нафақаи ин собиқадори милисаро низ сӯхтаанд…».           

13 сомонии сархӯр?

Нозири калони шӯъбаи иттилоотии Раёсати корҳои дохилии Хатлон ҳамчунин афзуд, ки ин ду сарбоз пас аз анҷом додани «корашон» кисаҳои ронандаро кофта, аз он ҳамагӣ 13 сомонӣ пайдо мекунанд ва ин 13 сомониро ҳамроҳи худ мегиранд. Айни замон шахсоне, ки дар қатли собиқ капитани милиса Амир Муродов гумонбар дониста мешуданд, аз ҷониби мақомот боздошт гардидаанд, ки ҳоло дар маҳкамаи мувақатӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Додситонии ноҳияи Хуросон дар иртибот ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба гуфтаи хонум қодирова, ин ду сарбози рус ба содир намудани ҷинояти мазкур қоил шудаанд.               
Аммо аз ҷониби масъулини қисми низомии 201-уми Федератсияи Русия, воқеъ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бошад, тамоми имконотро истифода мебаранд, то ҷузъиёти бештари ин ҳодисаро пӯшида нигоҳ доранд. Ин ҳама дар ҳолест, ки дар нимаи аввали соли равон мақомоти пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Қӯрғонтеппа аз афзоиши мавориди ҳамла ва латукӯб қарор гирифтани низомиёни рус дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ карда буданд.  

Дар ҳамон замон масъулини шӯъбаи корҳои дохилии Қӯрғонтеппа сурат гирифтани чунин ҳодисаҳоро танҳо як амали авбошона арзёбӣ менамуданд, аммо таҳлилгарону соҳибназарон бошанд, зери ҳамлаву латукӯб қарор гирифтани низомиёни русро зуҳуроти бегонаситезӣ ва бадбинӣ шарҳ дода буданд.          

«Номи Худоро ба забон меорем…»

Қисме аз коршиносон мегӯянд, ки ин гуна мисолҳои ҳамла ба низомиёни рус то имрӯз ҳам мушоҳида мешаванд. Лекин бо сабабҳои номаълум ҳам масъулони пойгоҳи низомӣ ва ҳам мақомоти интизомии маҳаллӣ намехоҳанд оид ба ин масъала сарусадо баланд кунанд. Коршиноси маҳаллӣ Азимҷон Ваҳҳобов бар он назар аст, ки ин ҳодисаҳо шояд бар интиқомҷӯии собиқ муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия мардикорӣ кардаанд, рабт дошта бошанд.            Бино ба гуфтаи ӯ, «…бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳамасола садҳо ҷасади тоҷикон аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, ҳуқуқи мардикорону муҳоҷирони моро натанҳо бегонаситезон, ҳатто худи кормандони мақомоти интизомӣ поймол мекунанд. Он тоҷиконе, ки ба ватан бармегарданд, дармеёбанд, ки низомиёни рус дар кӯчаю хиёбонҳои Қӯрғонтеппа бо такаббур ва бадмастона гаштугузор мекунанд, дар онҳо як навъ ҳисси интиқом бедор мешавад…».

Як тан собиқ муҳоҷири корӣ аз ноҳияи Бохтар, ки бо хоҳиши худаш аз ифшои номаш худдорӣ меварзем, зимни як сӯҳбати сарироҳӣ бо Азимҷон Ваҳҳобов ҳамақида буданашро иқрор шуд. Бино ба гуфтаи ӯ, дарднок аст, ки тоҷикон дар кишвари рус бидуни тарсу ҳарос кор ва гаштугузор карда наметавонанд, аммо сарбозони рус на. Чуноне худи ин муҳоҷири собиқ иброз дошт: «Дар Русия мо тоҷикон ҳангоми кор рафтан ва аз онҷо баргаштан чандин бор номи Худоро ба забон меорем, то зери таъқиб ва ҳамлаи тоссарҳои миллатгаро ва милисаҳои рус қарор нагирем. Вақте ки каноргирию бӯсобусӣ ва аксаран ширакайф будани сарбозони русро ҳамроҳи маъшуқаҳояшон дар кӯча ва тарабхонаҳои шаҳр мебинӣ, хоҳ нохоҳ он латукӯбу таъқиби пешин пеши назарат меояд, ки таҳамул кардани он хеле мушкил аст ва на ҳама метавонанд инро таҳаммул кунанд».       
Мақомоти милиса бо таваҷҷӯҳ ба ҷинояткории эҳтимолии сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми федератсияи Русия ва ҳодисаҳои авбошию зери латукӯби эҳтимолӣ қарор гирифтани онҳо, аз фармондеҳони пойгоҳи низомӣ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа мустақар мебошад, хостори ташдиди низоми гаштугузори афсарону аскарон дар берун аз ҳудудҳои воҳиди ҳарбӣ шудааст.

 С. САФАРЗОД, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: