Главная > Uncategorized > Парчам сари дасту кор бӯсу канор

Парчам сари дасту кор бӯсу канор

22-юми сентябр Рӯзи Рӯдакист. Гумон меравад, ки имрӯз аксарияти одамон, хоса ҷавонон дар Боғи устод Рӯдакӣ ҷамъ меоянду аз абёти шоир шеърхонон баҳсу мунозира мекунанд ва дар гулгаштҳо сайру тамошо. Чаро гумон? Бовариям комил мебуд, агар дар ҷашни бошукӯҳу шаҳоматамон — Рӯзи истиқлолият шоҳиди манзараи риққатовар намегаштам.

Не, инҷо Боғи Рӯдакӣ нест. Ин макон сайргоҳи «ошиқон», бубахшед, маркази фарҳангиву фароғатӣ — Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсист. Субҳи барвақти 9-уми сентябр дар ин боғи босафо Истиқлолияти давлатӣ пешвоз гирифта шуд. Ҷашнро, аниқтараш базмро ду ҳофизи ношинос, ки синнашон ба мактабача монанд буд, оғоз карда, зери пояи ҳайкал чанд суруде дар васфи ватан хонданд. Ана баъд «истиқлоли тамом» сар шуд… Сабти суруди В. Азизро пахш карданду маҳфил ба куллӣ озод. Акнун, ҳам сайру ҳам шунидани садои суруд. Ҳамааш хуб мегузашт, агар ҷомаи озодиро намедариданд. Ҳанӯз чанд соат нагузашту ҷашнгоҳи Истиқлолият макони ишқварзии ҷавонон гашт. Чунин менамуд, ки шаб асту ин тоифа дар хонаи худ қарор доранд, на дар макони ҷамъиятӣ. Ба Худо, ин гуна бетамизиҳоро дар ягон гӯшаву канор надида будам. Намедонам, ки дар ноҳияҳо ҷашни истиқлолият чӣ гуна гузашт, вале бовар дорам, мардуми деҳот чунин «айшу нӯши идона»-ро бинанд, даҳшаташон фаро мегирад. Наход эҳтироми шоҳномасарое, ки худро бо номаш муаррифӣ менамоему дар тамоми ҷаҳон аз пушти ӯ «дағдаға» мекунем, ба ин ҳад бошад? Дарднок аст, вақте мафҳуми истиқлолият барои ин гуна афроди беандеша арзише пайдо накард. Аз ҳама аламовар он аст, ки чанде аз ин ҷавонон барои намоиш дар даст парчами давлатӣ доштанду тавре рафторашон маълум кард, нишони ҳастии миллат барояшон беқадру қимат. Магар ин ҳисси пасти ватандорӣ нест, ки парчами давлатӣ сари даст бошаду кор бӯсу канор? Магар айб нест, ки дар асри 21 ба гӯши касе насиҳат хонем? Чӣ гуна метавон гуфт, ки мо ҳама насли огоҳем? Наход «пешрафти илму техника» гуфта, то ин дараҷа маънавиёту ахлоқамонро аз даст дода бошем? Мутмаинам, ки агар ин гуна ашхос сар карда аз пандномаҳои Рӯдакиро то насли баъдӣ мехонданду тафаккур мекарданд, ба чунин беахлоқӣ намегаравиданд. Пас, ҷойи ин тоифа даври ҳайкали Рӯдакиву Фирдавсиву Сино барин бузургворҳо нест! Бигузор шаҳрдорӣ гӯши чунин ҷавононро нағзакак тобад!

Сайёдӣ ШАРИФОВ, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: