Главная > Uncategorized > Сарчашмаи «эҳсон»-и РАҲМОНОВ, «зукоми беохир»-и Ортиқи ҚОДИР ва «телевизион»-и Асадулло САЪДУЛЛОЕВ

Сарчашмаи «эҳсон»-и РАҲМОНОВ, «зукоми беохир»-и Ортиқи ҚОДИР ва «телевизион»-и Асадулло САЪДУЛЛОЕВ

Имрӯзҳо агар ҷаҳонро бӯҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ  фатҳ карда бошад, шабакаҳои ТВ-и ҷумҳуриро реклама ба коми худ мекашад. Гарчанде асоси рекламаро бояд таблиғи моли тоза тавлидшуда ташкил намояд, айни ҳол дар зиёд шудани он пеш овардани чунин иддао хандахариш аст. Аммо андешае, ки шояд маҳсулоти аз таъсири бӯҳрон дар анборҳо хобидаро маҳз тавассути реклама то харидор расониданиянд, мантиқӣ менамояд.  Шояд афзоиши бебаркаши реклама дар шабакаҳои телевизиони тоҷик ба хотири «зинда мондан»-и худи онҳо аз вазъи бӯҳронист? 

Реклама — роҳи наҷот!

Андешаи банда сари он, ки реклама барои кормандони телевизион «роҳи наҷот» аст, нахуст аз мушоҳидаи рафти пахши барномаҳо ангеза гирифт. Борҳо мушоҳида кардаам, ки дар рафти барномае  хатои техникӣ рух медиҳаду дастандаркорон онро бо пахши реклама мепӯшонанд. Он, ки баранда гоҳе ахборро бошиддат мехонаду вақти монда бо реклама пур карда мешавад, чизи нав нест. Вале, дидани ҳолате, ки сабти видеоии ин ё он филм ҳангоми пахш дар мемонаду баъзан ба гунаи аз ҳад зиёд чашмрас  экрани телевизион саҳфаи  DVD-ии холиро нишон медиҳад, назари тамошогарро нисбати «технологияи навтарини симову чобукии танзимгар» дигар мекунад. Ана дар чунин ҳолатҳо реклама аст, ки ба «ДОД»-и кормандони телевизион мерасад. Вале, ин чанд ҳолати дар тангно монданро наметавон асоси зиёд гаштани реклама дар телевизион ҳисобид.

Ба ақидаи устоди журналистон Асадулло Саъдуллоев, азбаски телевизиони Тоҷикистон бисёр заиф асту пул намеёбад, чун маблағгузории давлатӣ бисёр каму маоши кормандон дар дараҷаи ниҳоят паст қарор дорад, роҳбарият маҷбур мешавад аз пахши барзиёди реклама истифода барад. Зеро, реклама пул меораду кормандро маоши хуб нигоҳ медорад.

 Эҳсон аз кисаи мардум?

Маълум аст, ки телевизиони тоҷик аз ҳисоби реклама даромади кам намегирад. Гувоҳ гуфтаҳои раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати ҶТ Асадулло Раҳмонов аст, ки ҳангоми ифтитоҳи манзилгоҳ манбаи асосии бунёд гаштани бинои истиқоматӣ барои зиёда аз 70 нафар кормандашонро ба даромадҳои тиҷоратии кумита рабт дод. Амали хайр! Вале метавон гуфт, ки ин даромад аз баромад, ё худ ин эҳсон ҳиссае аз кисаи мардум набуд? Бешак! Пас дар ин росто бояд ҳуқуқи тамошобине, ки ин сохтор аз ҳисоби андози пардохтааш амал мекунад, ҳифз гардад. Умуман, аз пахши паёпайи реклама тамошобин чӣ бардошт мекарда бошад?

 Тамъи «Шириниҳои Шарқ»-у рӯ ба Ғарб

Дигаронро намедонам, вале чун ҳамвора таблиғи дорувориҳои гуногунро тариқи телевизион мебинам, худ аз худ комам талх мешавад. Агар ба рекламаҳои телевизион дода шавӣ, чунин бармеояд, ки мо батамом мардуми «иллатием». Зимистону дар чиллаи тобистон бо қабои пӯшонидаи телевизион Ортиқи Қодир «зуком аст». Ин хуб. Акнун тасаввур кунед: барномаи фарҳангиву фароғатии дилхушкунандае ҷараён дораду баногаҳ дар миёна банду басти рекламае, ки Ташриф «шикамдард шуда, дору меҷӯяд». Аз барои савоб, бояд ҳангоми пахши ин ё он мавод дар баробари тиҷорату даромад замону ҳолат ва талаботи мардум ба инобат гирифта шавад! Асадулло Саъдуллоев дар робита ба ин ҷанбаи мавзӯъ мегӯяд: — Дар мо ҳанӯз ин идея, ки таблиғ ба хотири ҳаллу фасли ягон проблема нигаронида шуда бошад, вуҷуд надорад. Усулан бояд ҳамингуна бошад, ки вақте барнома дар мавзӯи сохтмонист, реклама ҳам мебоист мувофиқи соҳаву мундариҷаи матлаб пахш гардад ва беҳтарин аст агар барои ҳаллу фасли мушкилоти бахш кӯмак расонад. Ё худ, чун барнома вобаста ба таълим аст, бояд реклама мувофиқи мактабу маориф дода шавад. Вале, воқеист, ки ин мутобиқат дар телевизионҳои мо нест.

Шояд боз ҳам ба хотири пур кардани вақти барнома буд, ки шоми 14-уми сентябр баъд аз пахши ахбори русӣ тариқи телевизиони «Сафина» тӯли як дақиқа, аз 18:14 то 18:15 анвои меваҷоту сабзавоти тару тозаву ҳатто метавон гуфт аълосифатро мавриди назар қарор доданд. Ҳарчанд мӯҳтавои навори таблиғотӣ ба мавзӯоти бахши итилоотӣ муғойират дошт, шояд барои пахш муҳимияти моҳи мубораки «Рамазон»-ро ба инобат гирифтаанд? Вале дар қатори ман шояд барои тамошогарони дигар ҳам муаммо монд, ки ин навори бе шарҳу овоз барои чӣ буд? Ин растаҳои пур аз меваҳои назаррабо дар куҷо бошад? Аз ҳама муҳимаш, як килограмми ҳамон себи хубонӣ чӣ қадар арзиш дорад? Шояд, ин таблиғ барои мардум дар арафаи ид рамзӣ буд, ки «Дар Биҳишт дидан ҳасту хӯрдан не»?

Ба ҳар сурат, хушҳолкунанда буд, ки дар қатори ҳазорҳо молу маҳсулоти хориҷа истеҳсолоти дохилиро ҳам дар оинаи телевизион медидаем.

Ба қавли ҳамсӯҳбатам — Фирдавс Шарифов, ташаккур ба шабакаҳои хориҷӣ, ки ТВ-ҳои моро бо ахбор, шарҳи варзишӣ ва реклама таъмин мекунанд, вагарна сар ба кадом дар мезаданд!?

Воқеан, рекламаи «Шириниҳои Шарқ» ва чанд корхонаи қаннодии кишварро миёни молҳои хориҷа тариқи телевизион мебинему хаёлан сарамон ба осмон мерасад. Вале, чун дирӯз ба хотири харид барои иди шариф вориди бозори «Сафариён» шудам, «натиҷаи реклама»-ро дидаму тарбуз аз бағалам афтид. Ҷойи маҳсулоти дохилӣ рафҳои бозорро кулчақанду мармелодҳои ҶММ-ҳои «Северянин», «Руспродукт», «Нимет», «Русский кондитер» оро медоданд. Ба исрори фурӯшандаҳо, маҳсулоти қаннодиро аслан аз Эрон, Туркия, Русия ва дигар давлатҳои хориҷа ворид мекардаанду харидор лаззати онҳоро хуш дорад. Ана барои чӣ «Шириниҳои Шарқ» дорему рӯ ба Ғарб меорем!

 

Рекламаи «мамнӯъгашта» ва барномаҳои таблиғотӣ

Айни ҳол наметавон гуфт, ки мо дар соҳаи технология чӣ тавлидоти хубе дорем, то барои мардум таблиғ намоем. Ягона бахши тараққикарда дар соҳаи технология ва коммуникатсия бидуни тавлидоти дохилии телефонҳои мобилӣ таблиғи беҳудуди истифодабарии онҳост. Агарчи фармону дастурҳои Президент дар бораи ба дарс бе телефони мобилӣ рафтан ва кам кардани истифодаи бемақсаду бемайлон аз ин намуди  хизматрасонӣ барои тартиботу беҳбудии рӯзгори мардуми камбизоат талаб мегашт, мебинем, ки рекламаи ширкатҳои мобилӣ вусъат пайдо кардаанд. Акнун ин намуд рекламаи «мамнӯъгашта» як самти пешбурди барномае ҳам ҳаст. Бигирем, барономаи «Шоми шанбе»-ро. Ин барнома, ки таблиғгари чанд ширкат — «Сомон — Эйр», «Ориёнбонк», «Индиго» аст, дар миён сурудҳои каммазмуни «ситораҳои навбаромад»-ро низ пешкаши «мухлисон» мекунад, ки маҳз ҷанбаи рекламавӣ доранд. Чунин барномаҳои хусусияти таблиғотидошта кам нестанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Мирсаиди Султон, бояд ҳангоми таҳияи барномаҳо ва пахши таблиғот ба инобат гирифта шавад, ки реклама аз меъёр зиёд нагардад, вагарна тамошогари худро аз даст медиҳанд. Хатмкардаи Донишкадаи иқтисодии  Тоҷикистон  Давлат Ҷумъаев мегӯяд, «шаш моҳ боз ТВ-ро намондаам. Ҳатто фаромӯш кардам, ки  ровиёни барномаҳо киҳо буданд. Мешунавам, ки мегӯянд, касе, ки шабакаи аввалро тамошо накунад, аз фарҳангу маданият дур мемонад. Лекин намоишҳои тамошобоб ва ахбори таъҷиливу таҳлилии хуб набошад, чиро тамошо кунем? Реклама ва мадҳу ситоишро?».

 Қонунро бояд риоя кард!

Барои нигоҳ доштани аудитория, дар қатори таҳияи барномаҳои диданӣ риояи қонун «Дар бораи реклама» муҳим аст. Тавре аз банди талаботи умумӣ ва махсус ба рекламаи ин қонун бармеояд, барномаҳое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 дақиқа мебошад, бояд бо пахши реклама бурида нашаванд. Ҳамчунин:

— барномаҳои таълимӣ на бештар аз як маротиба дар муддати 15 дақиқа то 30 сония;

— гузоришҳои радио ва филмҳои бадеӣ бе розигии соҳибҳуқуқон;

— барномаҳое, ки давомнокии пахшашон камтар аз 15 дақиқа мебошад;

— барномаҳое, ки давомнокии пахшашон аз 15 то 60 дақиқа мебошанд, на бештар аз ду маротиба.

Вале на ҳамеша ҳама ин талаботҳо ба инобат гирифта мешаванд. Ба андешаи Асадулло Саъдуллоев, қонун тақозо мекунад, ки дар телевизион ҳамагӣ давоми тамоми барномаҳо 5 фоизаш реклама бошад. Вале ин талабот дар мо риоя намешавад. Умуман, шумо дар куҷо дидаед, ки ҳама қонунҳо риоя шаванд? Танҳо дар як ахбори 15-дақиқагии телевизиони «Сафина», ки сарпарасти бахши боду ҳавояш ширкати «Индиго» буда, зиёда аз 30 сония таблиғ мешавад, дар маҷмӯъ 3, 4 % реклама пахш мегардад. Тавре дар рафти омӯзиши мавзӯъ маълум кардам, дар барномаи «Ҳудуд»-и ҳамин шабака 3, 6 % реклама ҷой дода мешавад.

Пас, қабули пешниҳоди Асадулло Саъдуллоев, ки бояд барои реклама махсус канал кушоянд, бешубҳа саривақтист.

 Сайёдӣ ШАРИФОВ,  БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: