Главная > Uncategorized > Ҳадафи стратегии ҲНИТ: Таъсиси шабакаи РТВ

Ҳадафи стратегии ҲНИТ: Таъсиси шабакаи РТВ

Фаъолият кардани ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон зарурият дорад?! Дар ҳоле, ки баъзе маврид ҳатто мардум намедонанд вазифаашон аз чӣ иборат аст ва кадом корҳоро ба сомон мерасонанд. Шаҳр ба шаҳр, ноҳия ба ноҳия гаштану сафи аъзоёнро зиёд намудан маънои онро надорад, ки ҳизб нақшаву мақсадашро иҷро кардааст. Кори ҳизб танҳо ҷалб намудани мардум нест. Бояд мақсад ва аҳдофи нишонрасе дошта бошад, ки аҳли ҷомеа эътирофаш кунанд. На ин ки, чун сухан дар боби ҳизбҳои сиёсӣ равад, мардум даст афшонанду рӯ гардонанд.

«Пиар»-и роҳбарон ва мардуми раҳгумзада

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имрӯз баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ба ном фаъолият мекунанд. Ягон корро ба манфиати ҷомеа то ба ҳол анҷом надодаанд.

Ҳарчанд ҳизб низ як системаи кӯмакрасони ҷомеа ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, фаъолияти баъзе аҳзоби сиёсӣ дар кишвар ба ҷои он, ки инкишоф ёбад, дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳатто эътирофи онҳо аз ҷониби мардум кам шудааст. Як муддат дар тамоми нашрияҳои чӣ давлатӣ, чӣ хусусӣ, пай дар пай баҳси ба се фраксия тақсим шудани Ҳизби демократи Тоҷикистон пайдо шуд. Ҳар яке нишастҳои матбуотии худро дар алоҳидагӣ гузаронида, садо баланд мекарданд, ки роҳбари ҲДТ ҳастанд. Гӯё ба ҳамин восита мехостанд худро «пиар» кунанд, вале бо гузашти вақт диданд, ки ба ин сарусадоҳояшон касе аҳамият намедиҳад. Зеро дигар мардум ҳам раҳгум зада буданд. Намедонистанд, ки шомили Ҳизби демократи Тоҷикистон ҳастанд, ё Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон. Боре пурсише гузаронидем ва он ҳангом гуфта буданд, ки ҲДТ ҳизби президент аст. Ба кадом хотир ин далелро пеш овардам? Ба ин маънӣ, ки аз ҳисоби ҲХДТ Ҳизби демократи Тоҷикистон фоида ҳам гирифта буд. Яъне, сафи аъзоёнаш афзуд. Инро барои он мегӯям, ки то ягон воқеа ё маъракаи интихоботӣ ба миён наояд, будани аҳзоби сиёсиро эҳсос намекунем.

 Номзадҳо ҷабрдида мешаванд

Афроде, ки ба фаъолияти аҳзоби сиёсии кишвар аз нуқтаи назари танқидӣ менигаранд, чунин иддао доранд, ки пеш аз маъракаҳои интихоботӣ онҳо «зинда» мешаванд ва пешниҳодоташон ба ҳукумату парлумон рӯзафзун меафзояд. Сарфи назар аз он, ки ин пешниҳодҳо дастгирӣ меёбанд, ё не.

Чанде пеш Ҳукумати Тоҷикистон баъди омӯзиши панҷмоҳаи лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Қонуни итихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон аз ҷониби ҲКТ, ки барои баргузории як интихоботи шаффофу демократӣ ва барҳам додани гаравпулӣ буд, рад карда шуд. Рад шудани лоиҳаро бо чанд сабаб шарҳ медиҳанд. Раиси Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ба ин адеша аст, ки агар ин лоиҳаи тағйироту иловаҳо аз номи Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон ё аз ҷониби намояндаи ҳукумату парлумон пешниҳод мешуд, ҳатман қабул мегардид. Вай афзуд: «Вақте ки, ин лоиҳа аз номи Ҳизби коммунист меравад, ҳукумат ба ин чиз розӣ намешавад. Онҳо ҷонибдори таҳаммулпазирӣ, ё ин ки, тағйирот дар ҷомеа нестанд. Ин масъалаи якум аст. Масъалаи дуюм ин аст, ки худи Ҳизби халқӣ — демократӣ ва ҳукумат рақобатро чӣ тавре ки набошад, маҳдуд карданиянд. Дар лоиҳаи пешниҳодшудаи Ҳизби коммунист мавқеи дигар ҳизбҳо ҳам ҳаст, ки гарави интихоботӣ аз байн бурда шавад ва дар коммисияҳои участкавӣ намояндагони ҳизбҳоро ҳам шомил кунанд. Яъне интихобот шаффофу демократӣ гузаронида шавад. Вале ба ин чиз ҳукумат розӣ шуда наметавонад. Ба он хотир, ки инҷо рақобат пайдо мешавад, тақаллубкорӣ кам мешавад ва ҳукумат ҷонибдори ин нест. Сабаби сеюм ин аст, ки дар интихобот агар гарави интихоботӣ чӣ тавре ки ҳаст, ҳамин хел монад, Комиссияи марказии интихобот ва ҳукумат бевосита интихоботро аз буҷети давлатӣ нагузаронида, ҳамин чизро аз ҳисоби интихобшавандагон, ё ин ки номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ пур мекунанд. Яъне, дар ин ҳолат номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ албатта аз ҷиҳати молӣ  ҷабрдида мешаванд.

 Интихобот ё «маъракаи бозорӣ»?

Ҳарчанд се омили асосии рад шудани лоиҳаи Ҳизби коммунистро инҷо қайд карда бошанд ҳам, Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи иттилоотии КИМ ҲХДТ бар ин назар аст: «Дар ҷомеаи демократӣ ҳар як ҳизби сиёсӣ метавонад барои ворид намудани тағйироту иловаҳо пешниҳод дошта бошад. Лекин ташаббуси ҳуқуқи қонунгузорӣ надорад. Ин чиз истисност, ки Ҳизби коммунист дар парлумони мамлакат намоянда дорад ва ин ҳуқуқро дорад. Он лоиҳаи тағйиру иловаҳое, ки ҲКТ мехоҳад ба Қонун «Дар бораи интихобот» дохил кунад, фикр мекунам, айни замон барои ҷомеаи мо қобили қабул нест. 

Дар мавриди барҳам додани гаравпулии интихобот Усмон Солеҳ чунин қайд намуд, ки «мо як маротиба бе гаравпулӣ пешниҳод шудани номзадҳоро аз сар гузаронида будем. Интихобот ба як маъракаи бозорӣ табдил ёфта буд. Масалан, дар як ҳавзаи интихобтӣ мо баъзан медидем, ки аз 10-15 то 25 -30 нафар номзад пешбарӣ мешуданд ва он як бесарусомониро ҳам дар ҷомеа ба вуҷуд меовард. Ҳам ба устуворию суботи ҷомеа, ҳам ба ваҳдати миллӣ таъсири манфӣ мерасонд.

Дар мавриди поён фаровардани монеаҳо, гумон мекунам, ки ин як чизи қобили қабул аст. Дар ҳамин вазъият монеаи панҷфоизае, ки дар қонуни мавҷуда ҳаст. Монеаи панҷфоиза ҳамин маъниро дорад, ки як номзад дар интихобот то 12-15 ҳазор овозро касб кунад. Вақте ки номзади як ҳизби сиёсӣ ба ин миқдор кам овоз гирифта натавонад, дигар ҷои шарҳ ҳам нест.

 Аксуламал

Фикр намекунем, ки барҳам додани гаравпулии интихоботӣ ба бесарусомонӣ оварда расонад. Вақте гап сари маблағи ҳангуфт меравад, ҳукумат ҳам намехоҳад, ки аз ин чиз бебаҳра монад. Яъне аз он маблағе, ки номзадҳо месупоранд, фоизе ба буҷаи давлат мегузарад. Дар ин маврид раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Масъуд Собиров чунин зикр намуд, ки аз ҳама пешниҳоди ҷолиб ин буд, ки гаравпулии интихобот поён шавад. Зеро на ҳама имкони супоридани чунин гаравпулиро доранд. Аз ин рӯ, на ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар интихобот барои дарёфти мандати депутатӣ мубориза баранд. Ҳатто ҳамин чиз ба инобат гирифта нашуд. Ба ҷои он, ки гаравпулӣ поён равад, баръакс боло рафт. Имрӯз эълон гардид, ки гаравпулии интихобот ба ҷои 5 ҳазор сомонии пеш 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Тамоми намояндагони азҳоби сиёсӣ ва намояндагони созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ дархости ҳамин чизро доштанд, вале ба инобат гирифта нашуд.

Дар ҳамин ҳол Р. Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон мутмаин аст, ки намояндаи Ҳизби халқӣ — демократӣ аз округҳои якмандатӣ ҳатман мегузарад ва ҳукумат кӯшиш мекунад, ки ин корро амалӣ гардонад. Дар қонунгузорӣ муайян карда шудааст, ки гарави интихоботӣ баргардонида мешавад, танҳо ба номзаде, ки ғолиб омадааст. Агар дигар номзадҳо зиёд бошанд ва 40 — 48 фоизи овозҳоро касб кунанд ҳам, барои онҳо гарави интихоботӣ баргардонида намешавад. Аз ин рӯ, Ҳизби халқӣ — демократӣ ва ҳукумат медонанд, ки намояндаҳои онҳо мегузаранд. Барои он, ки дастгоҳи давлатӣ яктарафа амал намуда, демократияро пахш карда, намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва дигаронро  намегузорад ғолиб оянд. Вале Ҳизби халқӣ — демократӣ ҳатман ғолиб дониста мешавад. Лекин боз сабабҳои дигар ҳам дорад, аммо то ба ин дараҷа муҳим нестанд.

Усмон Солеҳ бошад дар идомаи сӯҳбат ба ҳизбҳои сиёсӣ ишора намуда гуфт, ки қабл аз он ки ба ин ё он қонун барои ворид намудани тағйироту иловаҳо пешниҳод мекунанд, сатҳи аъзои худро зиёд намоянд. Умуман, кӯшиш намоянд, ки дар ҷомеа як нуфуз пайдо кунанд. То ҷое мо медонем, баъзе ҳизбҳои сиёсӣ имрӯз даъво мекунанд, ки то 10-15 ҳазор аъзо доранд. Бо ин теъдод фикр мекунам, ба интихобот рафтани ҳизби сиёсӣ он қадар асос надорад.

 Таҳаммулпазирии давлатмардон

Давоми мантиқии ақидаи Усмон Солеҳ ҳамин мешавад, ки бояд аҳзоби сиёсӣ бо ҳар роҳе набошад, пеш аз ҳама фаъолияту нуфузи худро таблиғ намоянд. Имрӯз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст як шабакаи радио ва телевизиони шахсии худро таъсис диҳад, ки шояд чандин нафар ин падидаро низ ҳадафи бартараф кардани монеаҳо барои тарғиби як ҳизб шарҳ диҳанд. Дар мавриди таъсиси ин шабака Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, раиси бахши таҳлилии ҲНИТ чунин мегӯяд: «Дар мавриди таъсиси шабакаи радиою телевизионии ҲНИТ ҳаминро метавон гуфт, ки ин яке аз ҳадафҳои стротежии ҳизб аст, ки дар аввали сол муайян шудааст. Нуқтаи ниҳоии амалӣ гардидани ин гуна ҳадафҳо соли 2015 аст. Яъне то соли 2015 бояд ҳизб онро амалӣ созад».

Дар мавриди он, ки оё ба қайд гирифтани ин ду васоити ахбор бе мамоният роҳандозӣ мешавад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода қайд кард, ки «албатта, вақте мо як ҳадафро пеши худ қарор медиҳем, бештар чаҳорчӯбаи қонунро асос мешуморем. Дар заминаи қонунӣ ҳеҷ мушкилоте ба вуҷуд намеояд. Яъне, дар қонунгузорӣ роҳи амалӣ кардани чунин як кор нишон дода шудааст. Аммо, албатта дуруст аст, ки вақте суолро ба ин тарз матраҳ мекунед, аз нигоҳи воқеияти ҷомеаи мо, ин кор мушкил ба назар мерасад. Вале мо умед бар он мебандем, ки бо мурури вақт низоми давлатдорӣ ва давлатмардони мо нисбат ба ин масъала таҳаммулпазир хоҳанд шуд. Ва дигар роҳе бидуни усул ва услубҳои демократӣ барои ҷомеаи мо ҷой надорад. Ба ҳамин хотир, мо чунин як ҳадафро пешаи хеш қарор додем».

 «Тасмими ҲНИТ тасмими хуб аст»

Ба андешаи Раҳматилло Зойиров, чӣ гуна амалӣ гардидани барномаҳои ҲНИТ-ро вақт нишон медиҳад. Вале ба фикри раиси ҲДТ Масъуд Собиров бошад, агар аз рӯйи қонунҳои ҷорӣ амал кунанд, касе монеъ намешавад.

-Ҳамин чизро гуфта метавонам, ки таъсиси васоити ахбор, чӣ радио ва чӣ телевизион ё сомонаи интернетию дигару дигарҳо як амали хуб барои пешбурди ҷомеа мешавад. Бигузор ҷомеа аз ҳамаи дастовардҳои мақомоти давлатӣ ва хусусӣ баҳравар бошад. Яъне, ин тасмими хуб аст. Дар мавриди он, ки оё тасмими таъсис додани як шабакаи радио ва  телевизион дастгирӣ меёбад, ё не, ростӣ, намедонам. Вале бояд дастгирӣ ёбад,- мегӯяд ӯ.

Усмон Солеҳ ҳам бар ин назар аст, ки дар ҷомеаи демократӣ ташкил кардани васоити ахбори омма қобили қабул аст. «Бигузор ҳар як ҳизбу ҳаракати сиёсӣ як нашрия ё воситаи электронӣ дошта бошад, ин хуб аст. Ба ин васила метавонад нуфузи хуро дар ҷомеа зиёд кунад. Масалан, аксарияти ҳизбҳо нашрияҳои худро доранд, ҳам Ҳизби халқӣ — демократӣ, ҳам Ҳизби наҳзати ислом. Ҳизби халқӣ — демократӣ дар шабакаи Интернет рӯзномаи электронии худро дорад. Ягон монеае дар ҷомеа ба вуҷуд намеоварад. Баръакс, мардум бештар аз кору фаъолияти ҳизбҳо воқиф мешаванд. Ба шарте, ки ҳар як воситаи ахбори омма тибқи қонунҳои мавҷуда фаъолият кунад».

 Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: