Главная > Азимҷон БАДАЛОВ > Маҳдудият дар «Анзоб»

Маҳдудият дар «Анзоб»

Ё чаро партовҳои корхонаи саноатиро ба ҳавзи «Работ» мепартоянд?

Пас аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон дар кишвари мо теъдоди корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ рӯз то рӯз меафзояд. Соли 2003 корхонаҳои маъдани «Адрасмон» ва «Южнополитметал» дар вилояти Суғд кушода шуда буд. Соли 2004 дар шаҳри Чкаловск корхонаи муштараки Тоҷикистону Иёлоти Мутаҳидаи Амрико бо номи «Тамеко» ба кор оғоз кард. Метавон боз чандин корхонаҳои ба ин монандро номбар кард. Аммо гап сари сифатнокӣ ва фаъолияти пурсамар меравад, на шумораи корхонаҳо.

Ош, борш ва манту барои коргарҳо

Корхонаи муштараки Тоҷикистону ИМА — «Анзоб» яке аз корхонаҳои бузурги саноатӣ ба шумор рафта, дар шимоли кишвар, дар ноҳияи Айнӣ ҷойгир шудааст. Чанд сол қабл ин корхона аз шаҳрванди ИМА харидорӣ гардид. Айни ҳол сарвари корхонаи зикргардида Маслов Василий Михайлович мебошад.

Пештар миёни мардум ҳар хел миш — миш дар бораи муваққатан қатъ гардидани фаъолияти корхонаи мазкур шунида мешуд. Барои дақиқ намудани ин овозаҳо ба корхонаи мазкур раҳсипор шудам. Ба назди корхона рафтаму назарам ба шумораи ками коргарон афтод, ки сӯи ошхона мерафтанд. Бо пешхизмату ошпазҳо сӯҳбат кардам.

— 16 сол боз дар ин ошхона кор мекунам. Солҳои аввали кориям шароит он қадар хуб набуд. Ҳоло бошад, шароит нағз. Сарвари корхонаи муштарак кам — кам аз ҳоли мо хабар мегиранд. Барои коргарҳо ош, борш, манту, хӯрокҳои гӯштӣ мепазем. Бебарқиро ба назар гирифта, дар печка хӯрок тайёр мекунем,- гуфт ошпаз Диловар Ҳасанова.

50 фоиз аз кор озод!

Албатта, вақте қувваи барқ нест, қисми зиёди дастгоҳҳо аз кор мемонанд ва коргарони одӣ ҳаргиз наметавонанд норасоиеро бартараф намоянд, ки масъулияти аз байн бурданаш бар дӯши роҳбарон аст. Бо набудани қувваи барқ дар ин корхона коргарон аз рӯи ихтисосҳои худ кор карда наметавонанд. Вақте дар дохили корхона будам, чунин ҳолат аз авзои чанд нафар, ки ин тарафу он тараф «сайр» мекарданд, аён мешуд. Ба ин нафарон муроҷиат кардам.

— Айни ҳол 50 фоиз коргарони моро аз кор озод кардаанд. Ба ҳар ҳол, коргарон бо вуҷуди набудани қувваи барқ рӯзона кор карда истодаанд. Ман аз соли 1979 то ин ҷониб дар ин корхона фаъолият дорам. Корхона аз соли 1945 фаъолият дошта, дар он тахминан 700 — 800 нафар кор мекунанд,- изҳор дошт танзимгари «Анзоб» Мурод Муродов.

ӯҳдадории роҳбарият

Корманди дигари «Анзоб» Баҳрулло Назиров шикоят аз он дорад, ки соҳиби 4 фарзанд, аз ҷумла 1 донишҷӯй ҳасту аз соли 1990 то ҳол ягон маротиба маоши хуб нагирифтааст. «300 сомонӣ маоше, ки ман мегирам, ба зиндагиям намерасад. Дар ин замона кас чи хел бо 300 сомонӣ зиндагӣ мекунад?»,- гуфт ӯ.

Воқеан, сухани Б. Назиров ҷон дорад. Зеро рӯзафзун мебинему мешунавем, ки чандин нафар аз болои кордеҳонашон ба мақомоти марбута оид ба вайрон шудани ҳуқуқҳояшон дар мавриди гирифтани музди меҳнат шикоят мебаранд. Дар ин ҳол, роҳбарияти корхонаи мазкур ӯҳдадоранд, ки шикояти кормандони худро баррасӣ намоянд ва пеш аз ҳама сабабҳои аслии норизоиро муайян кунанд.

Барои фаъолият монеа нест

Дар қисме аз корхонаҳои истеҳсолии кишвар аз ҷое ба ҷои дигар кашондани ашёи хом барои фаъолияти пурсамар ва фаврӣ монеа эҷод мекунад. Ба он хотир, ки гоҳ воситаи нақлиётӣ намерасад ва гоҳи дигар сӯзишворӣ. Аммо сарчашмаи ашёи хоми «Анзоб» воқеъ дар дохили худи корхона аст. Барои ёфтани огоҳии бештар ба мавзее рафтам, ки аз он ҷо ашёи хом мебароранд. Ба қаровул салом додаму худро шиносондам ва сабаби ба он ҷо рафтанамро фаҳмондам. Вазифаи асосии ӯ иборат аз шумурдани вагонҳое будааст, ки ашёи хом мекашонанд. Мавсуф худро Сулаймон Нуров муаррифӣ карду чунин гуфт: «Аслан коргарони корхонаи мо дар ду баст 24 соат, 12-соатӣ дар як шабонарӯз кор мекунанд. Аз вақте, ки дар ноҳия рӯзона қувваи барқро қатъ карданд, 50 фоиз коргарон шабона кор мекунанду халос. Дар як баст 13 вагон ашёи хом аз зери замин мебарорем. Вагонҳое, ки аз дарун ашёи хом мебароранд, хушкашро алоҳида мерезанду тарашро алоҳида. Вақте хокаи тар хушк шуд, онро ба дигар ҷо бурда, коркард мекунанд ва рӯда, симобу тиллояшро ҷудо карда мегиранд».

Ҳама гапҳо сафсатаанд?

То омадани роҳбарияти корхона интизор шудан хостем. Интизор ҳам шудем. Пас аз интизориҳои зиёд ҷонишини роҳбари корхона Толиб Қобилов омад. Умед доштем, ки посухи саволҳоямонро аз Қобилов мегирем, вале афсӯс. ӯ лабханде карду гуфт: «Ин корхонаи шахсӣ. Агар аз тамоми рӯномаву маҷаллаҳо рӯзноманигорон биёянд, танҳо бо иҷозати сарвари корхона мо «интервю» медиҳем. Шумо бояд ба роҳбарияти мо муроҷиат кунед. Агар  иҷозат диҳад, метавонем ба саволҳоятон ҷавоб диҳем. Ман ҳамчун ҷонишини роҳбари корхона  ҳаминро мегӯям, ки гапҳои шунидаатон сафсатаанд. Масалан, ҳозир барқ хомӯш мешавад, то бегоҳ. То шаб кор нест.  Боз аз шаб корро оғоз мекунем, то саҳар. Алҳол кори мо ҳамин хел аст. Тақрибан 20 фоизи коргарҳоямонро ба рухсатии бемӯҳлат фиристодагӣ. Лекин реҷаи корӣ ҳамин хел аст, ки метавонем пас аз як моҳ онҳоро боз ҷеғ зада биёрем. Онҳоро пурра аз корхона ҷавоб намедиҳем, зеро ваъда додаанд, ки ба наздикӣ бо барқ таъмин мекунанд. Корхонаи мо сурма истеҳсол мекунад». «Коргарон ва дигар шахсон мегӯянд, ки дар ин ҷо тилло низ коркард мешавад»,- муроҷиат намудем ба ӯ. Ҷавоб дод, ки ин гап дурӯғ аст ва гузашта рафт.

Мутаассифона, натавонистем бо роҳбари корхона В. Маслов ҳамсӯҳбат шавем.

Зарари «Анзоб»

Ҳанӯз соли 2005 дар Интернет хабаре бо номи «Тоҷикистон дар пайи безараргардонии партовҳои ҳастаӣ» нашр гардида буд, ки дар он омадааст: «Вазири саноат мегӯяд, ки солона Ҳукумати Тоҷикистон барои танҳо нигаҳдорӣ ва назорати ин партовгоҳҳо ҳудуди 150 ҳазор доллари амрикоӣ масраф мекунад ва тибқи қарордод бо ҷониби Русия, партовгоҳҳои Тоҷикистон бо саҳмияи панҷоҳ ба панҷоҳи ду кишвар то соли 2006 комилан безарар гардонида хоҳанд шуд». Вале то кунун ин масъала ҳалли худро наёфтаву партовҳои «Анзоб»-ро бо роҳи қубури обгузар ба ҳавзи «Работ» бурданд, ки ба сокинони деҳаи Ғаберӯд зарар мерасонад.

Азимҷон БАДАЛОВ, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: