Главная > Uncategorized > «Мактаби истеъдод» рӯи кор омад

«Мактаби истеъдод» рӯи кор омад

Отахон Латифӣ 18-уми марти соли 1938 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Падараш Маҳмадқулов Латиф (1901-1961) дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кардааст. Модари Латифӣ Қирғизова Ойтилло ном дошт. Отахон мактаби миёнаи шаҳри Панҷакентро  хатм карда, таҳсилро то соли 1957 дар Техникуми электротехникии шаҳри Тошкент идома медиҳад.

Соли 1958 дар колхози ба номи Карл Маркси Панҷакент кор мекунад. Баъдан ба факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград дохил шуда, то соли 1963 дар он ҷо мехонад.

Соли 1962 бо Манзура Яъқубова оиладор мешавад ва баъди як сол соҳиби писар мешаванд, ки номашро Алихон мегузоранд ва дар соли 1966 писари дигараш таваллуд мешавад, ки ӯро Латиф номгузорӣ мекунанд.

Аз соли 1963 то 1967 дар нашриёти «Ирфон» ва рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» кор кардааст.

Аз соли 1967 ба соли 1973 мухбири махсуси рӯзномаи «Комсомолская правда» дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ буд.

Аз соли 1973 то 1989 мухбири махсуси «Правда» дар Тоҷикистон мебошад. Роҳбарии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро 3 сол (88-91) бар ӯҳда доштааст.

Аз соли 1989 то 1991 муовини сарвазир шуда, кор кардааст. Соли 1991 мухбири махсуси рӯзномаи «Известия», ҳафтаномаҳои «Союз» ва «Жизнь» буд.

Аз соли 1991 ба 1997 дар муҳоҷират ба кишварҳои Эрон ва Русия буд. Инчунин дар ин солҳо яке аз ташаббускорон ва роҳбари музокироти сулҳи байни тоҷикон дар ин кишвар будааст.

Соли 1997 ба 1998 райиси комиссияи поёнӣ оид ба масъалаи ҳуқуқӣ дар Комиссияи оштии миллӣ буд.

22-юми сентябри соли 1998 дар Душанбе ба қатл расидааст.

Маҷмӯи мақолаҳои журналисти машҳури замони шӯравии тоҷик Отахон Латифӣ дар шакли китоб нашр шуд, ки «Школа мастерства» номгузорӣ шудааст. Рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори Иттифоқи журналистон муаррифии ин китоб сурат гирифт. Ба гуфтаи Хуршед Ниёзов, раиси Маркази тадқиқоти журналистӣ, Лоиҳаи китоб аз ҷониби Сангин Гулов таҳия шуда, бо дастгирии Институти тоҷикистонии Ҷомеаи Кушода ба табъ расидааст. Забони китоб русӣ буда, устодони факултаи журналистика онро аз нигоҳи жанрӣ ба қисматҳо ҷудо кардаанд. Аз ҷумла, жанрҳои очерк, мақола, гузориш, мусоҳиба ва лавҳа дар шакли алоҳида оварда шудааст.

Паҳлӯҳои мусбат

Ҳангоми муаррифии китоб аҳли маҷлис паҳлӯҳои мусбат ва манфии онро баррасӣ карда, аз ҷиҳате қаноатманд бошанд, аз сӯи дигар эродҳо низ доштанд.

Мақолаҳои Отахон Латифиро, ки бо забони русӣ навишта шудааст, Рухшона Олимова, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Институти тоҷикистонии Ҷомеаи Кушода як забони ноб ва бемисл хонд ва гуфт, ки ӯ низ журналисти русзабон аст ва дар давоми чор — панҷ соли наздик китоберо ёд надорад, ки аз хонданаш чунин тассуроти хуб бардошта бошад.

Иброҳим Усмонов, профессор, доктори илми таърих бар сари ин андеша аст, ки Латифӣ дар навишти русӣ услуби хосе дорад ва аксарияти русҳо ба чунин услуб навишта наметавонанд. ӯ мегӯяд: «Забони мақолаҳоеро, ки ӯ дар «Журналист» навиштааст, агар бо навиштаҳои дигарон муқоиса кунем, тамоман дигар аст. Зеро русии вай забони адабии обурангдор аст. Публитсистикаи тоҷик ба мисли Латифӣ мактаб надорад, мактаби навиштан дар бораи ҳақиқати зиндагӣ, мактаби навиштан бо забони дигар ва барои аудиторияи дигар».

Эродҳо

Сангин Гулов, дотсент, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нашри китобро амри муҳим ва зарурӣ шуморид. Аммо аз нуқсонҳо орӣ набудани онро низ қайд кард ва гуфт: «Ин ҷо як эроде ҳам ҳаст, ки мо санаи чопи мақолаҳоро нишон надодем. Воқеан ҳамин эродро мо қабул мекунем. Боз як чизи дигар, ки вақти гуфта шуданаш ҳам муҳим аст. Кадом сол ва чаро маҳз ҳамон сол ба чунин масъала устод Латифӣ даст задааст? Ин ҳам бисёр зарур аст. Вале ин ҳоло қадамҳои аввалин аст ва аз камбудиҳо орӣ нест».

Дар робита Давлат Давронов, устоди факултаи журналистика иброз дошт, ки мақолаҳои Отахон Латифӣ хеле кам ҷамъоварӣ шудааст. ӯ мегӯяд: «Гумон накунед, ки навиштаҳои Латифӣ танҳо як китоби хурд мешавад, балки, агар пурра ҷамъоварӣ гардад, аз 10 то 20 нусхаи чунин китобҳоро ташкил хоҳад дод».

Ин дар ҳолест, ки Фарангис Набиева мегӯяд, ҷустуҷӯ ва пайдо кардани навиштаҳои Латифӣ аз миёни бастаҳои рӯзномаҳои зиёд ва ҷамъоварию ҳуруфчинӣ кардани он чандон кори осон набуда, заҳмати бештарро талаб мекунад.

Дар мавриди бо забони русӣ нашр шудани «Мактаби истеъдод»-и Латифӣ Хуршед Ниёзов изҳори назар карда, гуфт, ки дар сурати тарҷума ва баргардон ба забони тоҷикӣ услуб ва тарзи махсуси баёни муаллиф шояд аз байн мерафт. Аз ин рӯ, маҷмӯа бо русӣ, ки забони навишти муаллиф аст, ба табъ расид. Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки дар оянда ният доранд бо ҷалби тарҷумонҳои касбӣ маҷмӯа ба забони тоҷикӣ баргардон шавад.

«Афғон ё эронӣ бошад — мӣ?»

Дар шинохти Латифӣ Иброҳим Усмонов чунин қайд кард: «Латифӣ ду ҷиҳат дошт ва барои ҳамин ӯ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Маскав бо ҳамин имзои О. Латифӣ эътибор дошт. Аввалан, вай журналисти советӣ буд. Дуввум, вай журналисти тоҷик буд. Аз ҳамин ду чиз Латифӣ берун нарафтааст. Ҳатто дар замоне, ки ақидааш нисбат ба Ҳизби коммунист тағйир ёфт».

Аммо дар ҳамин ҳол Бахтиёр Муртазоев, ки замоне бо Латифӣ ҳамкор будааст, мегӯяд: «Соли 1966 мо дар як бино кор мекардем ва он вақт Отахон Латифӣ дар рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» фаъолият мекард. Ҳар рӯз хабару мақолааш чоп мешуд. Мо бо ӯ ҳанӯз шинос набудем. «Отахон Латифӣ кӣ бошад?», «афғон ё эронӣ бошад — мӣ?» мегуфтем. Он вақтҳо ҳеҷ кас тахаллуси «ӣ»-дор намегирифт. Ҳама «ев»-у «ов» буданд. Чи хеле ки мегуфтанд, мо побанду гулӯбанд ва ҳаматарафа банди коммунистӣ будем. Ягон ҷои мо озод набуд. Отахон дар ҳамон вақт ин қолабро шикаста буд».

Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Латифиро журналисти машҳур ва фахри Тоҷикистон арзёбӣ кард ва афзуд: «Гап дар бораи як шахсияте меравад, ки кам дар кам чунин бузургон ба воя мерасанд. Замоне, ки мо донишҷӯ будем, яке аз аввалин журналистоне, ки ҳама ба он нигоҳ карда кор мекарданд, ҳамин устод Отахон Латифӣ буданд. Дар он вақт орзу мекардем, ки ҳамин хел як журналисти қавӣ шавем. Барои мо устод як шахсияти дастнораси бисёр як андешаҳои қавидошта буд. Ман бисёр хурсандам, ки ҳамин хел як китоб рӯи кор омадааст. Мо бояд дар ҳамдастии якдигар ҳамин хел шахсиятҳоеро, ки дар соҳаи мо хизматҳои арзанда кардаанд, ҳар вақт ба ёд орем».

Музокироти сулҳи тоҷикон ва Отахон

Ҳамзамон, дар мавриди саҳми Латифӣ дар музокироти сулҳи тоҷикон ибрози назар карда шуд. Иброҳим Усмонов мегӯяд, ки агар соли 1990 Латифӣ дар Ҳукумат намебуд, теъдоди зиёди шаҳрвандони мо аз зиндагӣ ё аз Тоҷикистон маҳрум мешуданд. Дар тайёр кардани ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон ба вуҷуд омад, онҳоро аз тарафи мухолифон Отахон Латифӣ ва Абдунабӣ Сатторзода муаррифӣ мекарданд.

Нақши Латифӣ дар таблиғи оғоз кардани кори нақби «Уштур» хеле калон арзёбӣ шуд. ӯ яке аз аввалинҳо будааст, ки барои халқ муҳимияти кушода шудани ин нақбро дарк кардааст. Тавре гуфта шуд, аз оғози лоиҳаи нақб то охири он Латифӣ дар ин бора навиштааст.

Журналисти байналхалқӣ надорем…

Ба андешаи И. Усмонов, Латифӣ журналисте буд, ки барои муҳити Тоҷикистон навиштааст, муҳите, ки хонанда ва аудиторияи вай умумииттифоқӣ буд. — Ба истилоҳи имрӯза, умумииттифоқ хусусияти байналхалқӣ пайдо мекунад,- мегӯяд ӯ,- аммо имрӯз мо журналисти умумииттифоқӣ надорем. «Воқеияте, ки аудиторияи доимии зери тасарруфи як минтақаи томро дошта бошад ва ба воситаи ҳамин одамон дар бораи журналисти мо фикр кунанд, нест. Ман онҳоеро, ки бо забони мо дар радиоҳои хориҷӣ мегӯянду мешунавонанд, дар назар надорам. Гап дар бораи бо забони дигарҳо гуфтану навиштан меравад. Агар мо фақат ба забони тоҷикӣ нависем, аз хонаи тоҷик берун намебароем. Ғамҳоямон ғами тоҷикӣ, шодиямон ҳам шодии тоҷикӣ, муваффақият ва ақибмонии мо ҳама тоҷикӣ мешавад. Агар мо бо забони дигаре нависем, ки аудиторияи умумии он зиёда аз садҳо миллион одамро дар бар мегирад, мо ҳам хушбахтӣ ва ҳам мушкили миллати худро ба берун бароварда метавонем. Гуфта метавонем, тарафдор пайдо карда метавонем»,- афзуд ӯ.

Рухшона Толибова, ҳамоҳангсози тоҷикистонии Институти Ҷомеаи Кушода ҳини суханронияш зикр кард, ки имрӯз на фақат муаррифии китоб, балки масъалаи вуҷуд надоштани журналистони байналмилалӣ низ ба миён гузошта шуд. ӯ мегӯяд: «Ба ман ҳамчун намояндаи созмони байналмилалӣ ҳар ҳафта як ё ду ташкилоти хориҷӣ муроҷиат мекунад, ки барои мо як нафар журналисти тоҷики англисзабон, немисзабон, ё арабзабон пешниҳод кунед. Бисёр таассуф мехӯрам, ки чунин журналистон дар мо кам андар каманд».

Акбаралӣ Сатторов низ аз ин ҳолат изҳори нигаронӣ кард ва афзуд, ки вақте дар хориҷа курсҳои махсус мегузарад ва ба мо муроҷиат мекунанд, ки журналисти хуб фиристем, намеёбем.

Аммо Иброҳим Усмонов гуфт, шояд ҳоло шахсоне ҳастанд, ки аз ягон ҷиҳат беҳтар аз Латифӣ менависанд. Вале ба он дараҷае, ки барои фоидаи умум гуфтан мумкин бошад, хеле кам аст. — Зеро,- мегӯяд ӯ,-  як бор худатон хубтар фикр кунед, ки баъди 50 сол агар матолиби Шуморо ҷамъоварӣ карданӣ бошанд, кадомашро чоп кардан даркор аст? Баъдан, кӣ будани Латифиро бештар дарк мекунед!

Хизмати асосии корманди «Пайкон»

Дар ҷамъоварӣ ва ҳуруфчинии мақолаҳои Отахон Латифӣ, ки дар рӯзномаҳои «Комсомольская правда», «Известий» ва «Правда» ба табъ расидаанд, нақши корманди ҳафтаномаи «Пайкон» Фарангис Набиева зиёд будааст. Матлабҳои чопшударо як — як аз китобхонаи Фирдавсӣ ҷустуҷӯ ва пайдо кардан меҳнати чандон осон нест ва ба андешаи раиси Маркази тадқиқоти журналистӣ Хуршед Ниёзов кори аз ҳама асосии китоб ҷамъ кардан ва ҳуруфчинӣ кардан аст, ки ба дӯши Фарангис гузошта шуда буд. Ҳамчунин, Сангин Гулов аз Нилуфар Собирова ва Фарангис Набиева изҳори сипос кард, ки дар ин самт нақши босазо доштанд.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: