Главная > Uncategorized > «Пирамида»-и ширкатҳои муҳоҷирати корӣ

«Пирамида»-и ширкатҳои муҳоҷирати корӣ

Ба ноҳияи Ваҳдат, деҳаи Тангаӣ сафари хидматӣ доштам. Ин деҳаи сабзи хушобу ҳаво имрӯз олами хомӯшонро мемонад. Аз ҳар як хонавода се -чор нафарӣ мардҳо ба Русия барои мардикорӣ рафтаанд. Ҳатто занҳои қобилияти корӣ дошта ҳам муҳоҷиратро ихтиёр кардаанд. Дар заминҳои колхоз аҳён — аҳён мӯйсафедҳою хонандагони ноболиғи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба назар мерасиданд. Мисли солҳои пешин ин деҳаро сермағал надидам. Дар чеҳраи ҳамагон муҳоҷирати наздикон нақши ғамангези хешро гузошта буд.

Ку беғаразон!?

Дар оилаи бобои Сафар фақат садои фиғону навҳа ба гӯш мерасид. Яку якбора ба ӯ писари калонӣ аз Русия занг зада гуфт, ки барои овардани тобути ду бародари хурдӣ пул лозим аст. Бобои Сафар ягона дороии хонавода ду гови ҷӯшоиашонро арзон фурӯхту ба ӯ фиристод. Вақте ки ба деҳа ду тобути ин ду ҷавонмарди ғӯрамаргро оварданд, гуё он лаҳза осмон ҳам ба фиғон омаду сели бошиддат боридан гирифт. Бародарон баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ орзу доштанд, ки ба факултаи забонҳои хориҷӣ ҳуҷҷат супоранд, вале камбизоатӣ, бепулӣ нагузошт, ки онҳо ин орзуи хешро амалӣ созанд. Мақсад дар Русия кор кардану қадре пул ҷамъ овардан буд.

— Агар барои бачаҳои ҷавонмарггаштаи ман дар ҳамин ватан кор мебуд, магар имрӯз мани 93-сола ба ҷойи роҳати фарзандро дидан сари турбати онҳо нола карда менишастам?,- мегӯяд Бобои Сафар.

Дар оилаи Насибовҳо бошад, то ҳанӯз саломатии писари ягонаашон беҳтар нашудаасту модару падар рӯ ба кори саҳро оварда, бо музди ночизи гирифтаашон писарашонро табобат менамоянд.

— Панҷ сол пеш писари ягонаамон барои муҳоҷират ба Русия рафту аз он ҷо маъюб шуда баргашт. То имрӯз бистарӣ асту мо хуни ҷигар шуда, ӯро табобат карда наметавонем.

Ба хонаводаи холаи Фотима роҳ пеш гирифтам. Сарвари хонавода тӯли 7 сол боз ба муҳоҷират рафта буду на нома менавишту на занг мезад. Мурдаву зинда буданаш номаълум аст. Холаи Фотима дар полезчаи наздиҳавлигиаш сабзавоту кабудӣ кошта, аз ҳамон ҳисоб кам — кам хӯрока мехарид. Дар ин ҳавличаи сеҳуҷрагии бе шишаву бе таъмир се духтари холаи Фотима бо фарзандони кӯчакашон мезистанд. Шавҳарони ин ҷавонзанҳои аз 22 то 28-сола ҳам дар муҳоҷират буданду онҳоро хушдоману падарарӯс бо сабаби камбизоатӣ ба хонаи падарашон фиристода буданд. Холаи Фотима бо духтарону набераҳояш дар ҳуҷраи тирезаҳояш шикаста, ки бахусус дар фасли зимистон зарарнок аст, мехобанду рӯзона дар ҳамин ҷо мешинанду хӯрок мехӯранд. Холаи Фотима нақл кард, ки онҳо дар як рӯз як бор хӯроки сабук мепазанду халос. Ба кӯдакон бурда — бурда нонро медод, то ба бегоҳашон захира монад. Дар ду моҳ як бор оши палав мепазанду халос.

— Духтари калониам хоҳиши ҳунари дӯзандагиро ёд гирифтан дорад. Вале, канӣ маблағ, ки ӯро хононаму соҳиби мошинаи дарздӯзӣ гардонам.

Аз падарашон дараке нест.

Дар ҷумҳурии мо ташкилоту созмонҳои ғайридавлатие зиёд фаъолият мебаранд, ки ҳадафашон гӯё кӯмаки бебозгашт ба оилаҳои камбизоат мебошад. Пас, чаро дар чунин рӯзҳои вазнин ба деҳот рафта, ба чунин нафарони ниёзманд кӯмаки беғаразона намерасонанд.

«Домодам русиян аст…»

Солҳои пешин ҳар як наврас ҳангоми иншо навиштан дар мавзӯи озод «касби ояндаи ман»-ро интихоб мекарду бо орзуҳои зиёд менавишт, ки духтур мешавад ва ё омӯзгор. Вале имрӯз пас аз санҷиши афкори умумӣ байни наврасони 14-15-сола коршиносон муайян карданд, ки қисми зиёди онҳо бо ифтихор мегӯянд: «Русиян мешавам!».

Аллакай наврас ба худ кашф мекунад, ки ӯ бояд ба муҳоҷирати корӣ ба Русия биравад. Касби дӯстдоштаи навраси тоҷик муҳоҷирати корӣ аст. Магар ин дарди миллати тоҷик нест?

Муҳоҷират — ҷудоӣ аз наздикон.

Муҳоҷират — бегонагӣ аз миллату расму ойин.

Муҳоҷират — бемеҳрӣ, бетарбия мондани фарзанд.

Бо сокини Ҳаёти Нави пойтахт Салимова Меҳринисо ҳамсӯҳбат гардидам.

— Се писари Шумо дар муҳоҷиратанд. Магар намеҳаросед, ки фарзандонатон бесавод монда, соҳиби касбе намегарданд?

— Аз хонданаш чӣ фоида, ки дар ҷумҳурӣ кор нест. Барои дохил шуданашон бошад, ман пул надорам. Дипломи олӣ имрӯзҳо ба чизе кор намеояд. Духтарамро ҳам ба шавҳар дода истодаам. Писаронам каму беш ёрдам карда истодаанд.

— Домодшаванда соҳиби маълумоти олӣ аст?

— Аз куҷо? ӯ ҳам русиян аст.

Таасуфовараш он аст, ки мусоҳиби мо бо як ифтихор «русиян» мегӯяд. Магар ин бадбахтии миллати тоҷик нест?

Дилхунукӣ аз созмони муҳоҷират

Шаҳрванди ноҳияи Турсунзода Раҷаб Ҳафизов дар ҳафтаномаи таблиғотии «Рекламная газета» эълони ҷойи корро дар Маскав диду зуд рақам чинд. Рӯзи дигар ӯ ба нишонии ин созмон омад. Раиси созмони муҳоҷират ваъдаи зиёде доду гуфт, ки Раҷаб бояд боз се — чор нафари ба кор эҳтиёҷмандро ба созмон биёрад. Ҳамин тавр байни як ҳафта онҳо зиёда аз 300 нафар ҷавонмардҳои синну соли гуногунро ҷамъ оварда, моҳи дигараш аз ҳисоби худ чипта харида, ба шаҳри Маскав неву ба шаҳраки Челябински ФР фиристоданд. Онҳоро марди тоторнамое пешвоз гирифту ба хобгоҳи фарсудае бурд. Корҷӯён дар заводи чуббарорӣ ба кор сар карданд. Меҳнати тоқатфарсо, музди ночиз, шароити ғайрисанитарӣ, ба замми ин қарз барои пули чипта муҳоҷиронро дилхунук карду онҳо ба дигар шаҳрҳои Русия фирор намуданд.

— Вақте ки бо ду дасти холӣ ба ватан омадам, кормандони ин созмони муҳоҷиратро наёфтам.

Барои ҳамин қисми зиёди корҷуён таваккалан роҳи Русияро пеш мегиранд. Чунки, ба фаъолияти ташкилоту созмонҳои муҳоҷират бовар надоранд. Вобаста ба ин директори Корхонаи давлатии муҳоҷирати меҳнатии «Тоҷикхориҷакор» Ҳалимҷон Раҳимов чунин гуфт: «Айби асосӣ дар муҳоҷирони мост. Онҳо маърифати ҳуқуқӣ надоранд.

Охир тавре мушоҳида намудам, ҳангоме ки шартномаи муҳоҷиратиро имзо мегузоранд, онро ҳатто якборакак намехонанд. Ҳол он ки, бояд пеш аз ба ҳуҷҷате имзои худро гузоштан одам бояд онро бодиққат мутолиа кунаду баъд розигии худро диҳад. Дар натиҷа, қисми зиёди ҳамватанон баъди ба Русия рафтан шикоят мекунанд, ки онҳоро ҳамчун таҷрибаомӯз як моҳи аввал истифода мебаранд. Ҳангоме ки дар қарордод бо ҳарфи хоно навишта шудааст: пеш аз кор ба онҳо таҷриба меомӯзанд. Ин аз бесаводии бисёре аз муҳоҷирон дарак медиҳад. Барои ҳамин дар Русия аз ҳама бештар миллати тоҷик азоб мекашад».

Аз ин хотир, то масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирони Тоҷикистон дар сатҳи байналхалқӣ ҳаллу фасл нагардад, пас овардани тобути ғӯрамарги тоҷик боз ҳам бештар хоҳад шуд…

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: