Главная > Uncategorized > Аз «тройка»-и сталинӣ то «тройка»-и раҳмоновӣ

Аз «тройка»-и сталинӣ то «тройка»-и раҳмоновӣ

Шахсияти И. В. Сталин ва замони сталинӣ аз сертазодтарин айёми таърихи башар аст. Назари ҷомеа ба Сталин ва сиёсати ӯ мухталиф аст. Иддае ӯро то ҳол дӯст медоранд ва замони ӯро замони тантанаи адолат ва риояи қонуну қонуният медонанд. Асоси иддаои ин мардум ба чист? Ба он, ки дар замони Сталин:

— ҳама аз қонун метарсид;

— дуздӣ ва ғорати амволи ҷамъиятӣ пурра аз байн рафта буд;

— Сталин таклифи Гитлерро дар бораи иваз намудани генерал Паулюс ба писараш, ки ҳарду асир буданд, қабул накард ва гуфт: Дар ҷанг аскари қаториро ба генерал иваз намекунанд.

— Сталин ба ҷуз гимнастёркаи баданаш ва хонаи «казённый» молу пул ва дороии дигар надошт;

Бадбинони Сталин ӯро ба ин айб маломат мекунанд:

— шахспарастӣ ва танҳо.

Дарвоқеъ, зери мафҳуми шахспарастӣ он қадар асрор нуҳуфта аст, ки онро қаламдод намудан бисёр мушкил аст.

Як асрори шахспарастӣ ин буд, ки Сталин қабул карда наметавонист, ки имкон дорад ӯ дар ин ё он масъала хато кунад. Низ, агар ӯ ба касе бовар мекард, ҳамин боварии худро бисёр муқаддас ва таҳлилнашаванда мепиндошт. Сталин ба марксизм — ленинизм аз Ленин дида содиқтар буд. Ба қавле, ҳатто Ленин қурбони садоқати Сталин ба марксизм гашт. Яъне, Сталин рафтори моҳҳои охири Ленинро «заифӣ» ва камҷуръатӣ дар кори револютсия баҳо дод ва якҷоя бо «ВЧК» барои «наҷот»-и револютсия дар пайи чора шуданд ва ниҳоят эсерзан Каплан «эҷод» шуд.

Ҳамин хислатҳои Сталин дар мамлакат «тройка»-ро ба вуҷуд овард. «Тройка» барои «наҷот»-и сотсиализм аз чанги «душманони халқ». Натиҷаҳои «тройка»-и сталинӣ «маъруф» ва «шинохта» аст. Ҳатто бисёр ботлоқҳои Сибир аз ҳисоби «бадарғашудагон» пур шуданд ва дигар дар онҳо хатари «фурӯравӣ» намонд. «Тройка», ки як навъи неофашизм буд, дар кишвар ҷойи ҳама қонунҳоро гирифт. Падари як дӯстам барои он тавассути «тройка» бадарға шудааст, ки раиси колхоз ба занаш ошиқ шудааст. Вақте он кас аз бадарға бармегарданд, аллакай зани ӯ зани раиси колхоз аст. Ва раис мегӯяд: «Нонатро бисёр хӯрда будам. Барои ҳамин ба андозаи бадарға айбат задам. Агар барои занат овоз барорӣ, ин дафъа барнамегардӣ». Он кас хомӯш монда, аз баҳри занашон гузаштанд…

Худи «тройка» чист? Тройка ин дар як масъала қавли якхела кардани се ходими идораи давлатӣ дар замони Сталин будааст. Тройка суди бемуҳокима, бе ҳимоя, бе санҷишу тафтиш. Агар тафтише шавад, натиҷаи онро касе муҳокима намекардааст. Мардум танҳо аз қарори дар асоси ин санҷиш қабулшуда огоҳ мешудаасту халос. Қарорро шикоят кардан иҷозат набуд. Каси шикояткунанда «душмани халқ» дониста мешуд. «Тройка» «гуноҳ»-и «душманони халқ»-ро бо қонунҳо «асоснок» мекард. Чӣ хел асоснок? Асосҳое, ки «дар рӯи нон монӣ, саг қабул намекард». Аммо ин аҳамият надошт. Муҳимаш ин буд, ки қарор аз тарафи се нафар ходими давлатие қабул мешуд, ки онҳо ба сталинизм содиқ буданд ва Сталин ҳам ба «ин табақа» «сахт» бовар дошт. Худи Сталин аз қасду маром, роҳу равиш ва ботину андешаи ниҳоии «содиқонаш» огоҳ набуд. Агар медонист, ки онҳо чи тоифаанд ва чи қасде доранд, табиист, ки бо ангуштони худ онҳоро буғӣ мекард. Аммо гуноҳи таърихӣ ва нобахшидании Сталин ҳам дар ҳамин аст, ки чунин шароити сиёсиро ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, Заҳҳокро бо моронаш ёд мекунанду Сталинро бо «тройка»-аш.

Файласуфон чунин ақида доранд, ки: «Таърих такрор намешавад». Аз нигоҳи «майдабозӣ» онҳо ҳақ ҳастанд. Аммо, ба назари мо, аз нигоҳи моҳият не. Дар таърих воқеаҳои ҳаммонанд ва ҳаммоҳият хеле батакроранд.

Ҳамин рӯзҳо дар Тоҷикистон намунаи «тройка»-и Сталинро дар «тройка»-и Раҳмонов пайдо кардан мумкин аст. Зоҳири ин ҳодиса дар як муносибати ба тозагӣ рухдодаи байни Вазорати маориф ва Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон пурра инъикоси худро ёфтааст. Фарқи ягонаи «тройка»-и сталинӣ аз «тройка»-и раҳмоновӣ ҳамин аст, ки: Шукри Худо, «тройка»-и раҳмоновӣ дар муҳити «ҷомеаи демократӣ»-и Тоҷикистон, ки он ба василаи Конститутсия ва Президени Тоҷикистон ҳимоя мешавад ва шуда истодааст ва «тройка»-и сталинӣ дар муҳити ҳукумати мутлақи Сталин қарор дошт ва онро касе маҳдуд карда наметавонист.

Чаро «тройка»-и Раҳмоновӣ? Чуноне дар оғоз ишора кардем, «тройка»-и сталинӣ бо се аломати худ шинохта мешуд:

— як: иродаи мансабдори давлатӣ бар сари қонун бор буд. Яъне, дидаву дониста бо роҳи тӯҳмат шахси бегуноҳро гунаҳкор кардан имконпазир гашта буд;

— ду: ҳар кӣ аз ходими давлатӣ шикоят мекард, «душмани халқ» ҳукм мешуд;

— се: судҳо дар утоқҳои хурд баргузор мешуд ва зери шиори «сирри давлатӣ» бештари амалиёти айбдоркунӣ паси парда сурат мегирифт.

Инак, моҷарои ба сари Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон овардаи Вазорати маорифи Тоҷикистонро бо қолаби «тройка»-и сталинӣ қиёс мекунем ва хулоса хоҳем баровард, ки: амалҳои Вазорати маориф ба аломатҳои «тройка»-и сталинӣ чӣ таносубе доранд.

Агар таҳлили воқеаҳо собит намояд, ки Вазорати маориф дар кори ДТИКТ «тройка»-ро воқеан ба кор бурдааст, он вақт ҷомеаро ҳушдор хоҳем дод, ки барои пешгирии ин вабо коре кунанд ва агар собит нашуд, ҷониби нуқтаи назар омода аст чун «душмани халқ» масъулият ба дӯш дошта бошад.

Инак, ба таври тезис чанд амали Вазорати маорифро ном мебарем, ки шарҳи онҳоро ба таври возеҳ баъдтар хоҳем овард.

Як: Ҳайати «тройка»-и Вазорат: вазири маориф Раҳмонов А. А., ҷонишини аввали вазири маориф Раҳимов Ф. Қ., Сардори хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Х. Зиёев.

Ду: Масъалаи ихтилоф: Аз тарафи муассиси ДТИКТ ранҷонидани ҷӯраи вазири маориф Бобоев Х. Ю., яъне барои иҷро накардани санадҳои локалии муассиса аз вазифаи ректорӣ озод намудан. Бобоев пеш аз кор рафтан дар як ҷаласаи кормандони Донишкада қавл дода буд, ки: «Агар ман аз ректорӣ равам, ин Донишкада аз 2 ҳафта зиёд кор намекунад. Шумо медонед, ки вазири маориф наздиктарин ҷӯраи ман аст».

Се: Амалиёти «трой»-кистӣ: Аз тарафи «тройка» кор карда баромадани «нақшаи чорабиниҳо» дар муқобили «душманони халқ», иборат аз:

Ташкили кор (дарс): (Чун нақашаи тайёрии дарс дар Вазорат ба арзонӣ ёфт мешавад, аз ин неъмати муфт истифода шудааст.) Аз ҷониби Бобоев Х. Ю. ба номи вазири маориф навиштани шикоятнома (кушодани мӯрӣ).

Пурсиш (-и вазифаи хонагӣ)-номаҳои вазорат аз муттаҳамшудагон:

— фиристодани намояндаи (Искандаров) мақоми вазорат — ҳафтавори «Омӯзгор» ба санҷиши генералии ДТИКТ;

— фиристодани намояндагии вазорат дар ҳайати: Исмонов Ф., Ҳайдаров А., Ризоев Р., Сангов Р., Ҳомидова М. (комиссияи мазкур «вазифа»-и таърихии худро иҷро накарда, дар хулоса «бадтарин элементи замони тройка-ҳақ»-ро навишт ва корро «чатоқ» кард;

— фиристодани мактуби вазир ба унвони Президент аз 3 июни соли 2009 №03/1-21 бо мақсади «ноогоҳона ба дӯши Ҳукумат гузоштани масъулияти таърихии амалиёти «тройка»-гии Вазорат. Воқеан, ба ин «сиёсатмадории оқилона»-и «тройка»-и Вазорат қоил бояд шуд. Яъне, бо ҳар роҳе набошад (тӯҳмат, ғалатандозӣ, фиреб додан, тамаллуқ ва…ва…) ба даст овардани ризоияти Ҳукумат барои амалӣ кардани мақсадҳои «тройка». Чун, агар ин кор шуд, Ҳукумат маҷбур аст барои нигоҳ доштани «авторитет»-и худ ҳама гуна амалиёти қонунӣ ва ғайриқонунии «тройка»-и Вазоратро дастгирӣ намояд. Ин амалиёт натиҷаи хуб дод. Яъне, дар ин асос бо ном гурӯҳи кории ҳукуматӣ ба «омӯзиш»-и ДТИКТ даст зад ва… Ва бори номуси «тройка»-и Вазорати маорифро ба сари худ партофт.

— Баёни хулосаҳои (мавзӯи) нав:

— ба хулосаи гурӯҳи кории вазорати худ чашм пӯшидани «тройка»;

— новобаста аз хулосаи инфиродии аъзои гурӯҳи кории Ҳукуматӣ дигар хел Хулоса навиштан барои натиҷаи «омӯзиш». Мабодо «санҷиш» ё «тафтиш» набояд гуфт, пардадарӣ хуб нест…

— ифшои мактуби Х. Зиёев аз 17.07.2009 №319/06 барои «сопровождений»-и мактуби Р. Қурбонова аз таърихи 08.07.2009 №16.1/4-13 ба ДТИКТ;

— Мустаҳкамкунии (дарс) чорабинӣ:

— Протоколи №1-и маҷлиси гурӯҳи кори Вазорат аз таърихи бетаърих.

Супориши вазифа (-и хонагӣ):

— Фармони Вазири маориф аз 23.07.2009 №1450 бо мазмуни: «…фавран қатъ карда шавад».

Нақша — чорабиниҳои «дарсӣ»-и «тройка»-и вазорат самари хуб надод. Зеро ДТИКТ дар зери партав ва паноҳи Конститутсияи Тоҷикистон, сиёсати Президенти кишвар дар боби мубориза алайҳи коррупсия, умед ба тағйироти ниҳоии Конститутсия дар боби ҳокимияти судӣ («Ҳар шахс  ҳақ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият ва беғараз баррасӣ намояд», моддаи 19-и Конститутсия), имконияти паноҳ ҷӯстан дар зери дасти тавонои Президент ҳамчун кафили ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ супоришҳои тройка»-ро ба суд дод.

Судяи суди иқтисодӣ Муҳаммадиева босалоҳиятӣ ва беғаразӣ нишон дода натавонист. ӯ дар мавриди талаби аризаи ДТИКТ оид ба дидани тадбирҳои таъминотӣ аввал барои машварат ба назди Собиров — иҷрокунандаи вазифаи раиси Суди иктисодии шаҳр, баъд ҳамроҳи даъвогарони ДТИКТ барои машварат ба назди Абдураҳмонов Ватан Неъматович — сардори таъминоти ёрии ҳуқуқии омма, собиқ судя, беҳтарин сивилисти ҷумҳурӣ рафта, танҳо баъд аз ин қонунӣ будани талаби ДТИКТ-ро дар бораи қонунӣ будани талаби қабули тадбирҳои таъминотӣ бовар кард ва аз таърихи 30.07.2009 таъинот қабул намуд. Аммо ҳамин ки Муҳаммадиева аз он хабардор шуд, ки ин даъво ба номи киҳо «мустаҳкам карда шудааст», ҳамоно рӯзи 31.07.2009 «бонги хатар» зад ва бе ширкати намояндаи ДТИКТ таъиноти дирӯзаи худро бо таъиноти нав аз 31.07.2009 (яъне баъди 12 соат) бекор кард. Давоми ин қиссаро барои дарсҳои оянда мавқуф мегузорем.

«Тройка»-и Вазорати маориф дарк кард, ки «мустаҳкамкунӣ» (-и дарс) хуб ба ҷо оварда нашудааст. Бинобар, аз нав сари ин масъала баргашт ва корҳои зеринро анҷом дод:

— қабули Протоколи №3-и гурӯҳи корӣ аз таърихи бетаърих.

— Пешниҳоди Сардори хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Х. Зиёев.

Ва инак аз нав супориш (-и вазифаи хонагӣ) ба ин тариқ муқаррар шуд:

— қарори мушовараи Вазорати маориф аз 20.08.2009 №12/2 дар бораи ба мӯҳлати 3 моҳ боз доштани амали Иҷозатномаи фаъолияти ДТИКТ;

— фармони Вазири маориф аз 21.08.2009 №1761 дар татбиқи қарори мушовараи зикргашта.

Ва боз ҳам ДТИКТ-и «душмани халқ» супоришҳои «тройка»-ро ғайриқонунӣ донист ва онҳоро ба Суди иқтисодӣ шикоят намуд. Дар Суди иқтисодии шаҳр ин кор кори «занона» нест гуфта, бо роҳи якҷоякунии даъвоҳо баррасии онҳоро ба судяи ҷавон ва боғайрат И. Мирмахсумов доданд.

«Тройка» Муҳаммадиеваро дар 12 соат таслим намуд, кораш бо И. Мирмахсумов то куҷо мерасида бошад, фақат Худо медонад.

Аз нигоҳи он ки раванди риояи қонунҳо дар мақомоти судӣ аз куҷо то куҷост, он ки суд мустақилияти муқарраркардаи қонунро нисбат ба худ риоя мекунад ё не, он ки суд ҳангоми баррасии парвандаҳо иродаи «тройка»-ҳоро асоси кори худ мекунад ё иродаи қонунро, ДТИКТ тасмим гирифт, ки тамоми раванди баҳси бавуҷудомадаи байни худ ва Вазорати маорифро ба таври мутаносиб дар таносуби тадқиқоти судӣ ба тадқиқоти мурофиавии матбуотӣ табдил диҳад. Яъне, ДТИКТ тамоми санадҳои моҳиятӣ, мавқеи ҳуқуқии ишғолкардаи худ ва ҷониби мухолиф — Вазорати маориф, раванди маҷлисҳои судиро дар Суди иқтисодӣ пурра ба муҳокимаи умумиҷамъиятӣ тавассути матбуот дастрас менамояд ва аз мутахассисони соҳаи ҳуқуқ ва ахлоқ (этика) хоҳиш менамояд ба сифати экспертҳои ҷамъиятӣ дар қазовати масъала фикру мулоҳизаи худро баён намоянд.

Шукри ҷомеаи демократии Тоҷикистон, шукри сиёсати Президенти кишвар, ки ҳадди ақал аз тариқи таъмини озодии сухан хатари танатанаи «говсуд»-ҳоро маҳдуд кардааст.

С. АКРАМОВ, ректори ДТИКТ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: