Главная > Uncategorized > Вазири маориф 50000 сомонӣ медиҳад?

Вазири маориф 50000 сомонӣ медиҳад?

Муассис ва ректори ДТИКТ Садриддин Акрамов бо аризаи даъвогӣ дар бораи фишор овардани Вазорати маориф ба донишкадаи номбурда ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат намуд. Ҷавобгар вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонов мебошад. Дар аризаи даъвогӣ қайд карда мешавад, ки Вазири маорифи ҶТ А. Раҳмонов пас аз вазифаи ректорӣ озод карда шудани Х. Бобоев муносибати худро бо ДТИКТ ба куллӣ тағйир дода, дар як давраи кӯтоҳ мавриди санҷишҳои беасос қарор додааст.

Дар аризаи даъвогӣ омадааст, ки дар асоси фармони вазири маориф аз 12.05.09 №748 кормандони Вазорати маориф барои мавриди санҷиш қарор додани вазъи таълиму тарбия ва истифодаи мақсадноки маблағҳо  ба ДТИКТ омаданд. Ҳайат натиҷаи санҷиши худро ба ДТИКТ пешниҳод накард. Дар таърихи 18.06.2009 як гурӯҳи корӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сарварии Т. Маликов ба ДТИКТ ҳозир шуданд. Аввал эълон карданд, ки барои омӯзиши фаъолияти ДТИКТ омадаанд. Дар рафти омӯзиш иқрор шуданд, ки омадани онҳо ба шикояти вазири маориф алоқаманд аст. Яъне вазири маориф ба дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб навишта, хоҳиш кардааст, ки фаъолияти ДТИКТ қатъ карда шавад. Аз ишораҳои шифоҳии сардори гурӯҳ Маликов бармеояд, ки дар мактубаш вазири маориф ба сифати далели талабаш ин асосҳоро овардааст:

— иваз шудани чор ректор;

— бо Вазорати маориф мувофиқа нанамудани масъалаҳои идоракунии Донишкада;

— дар донишкада ба кор пазируфтани шахсоне, ки барои ҳокимияти сиёсии Тоҷикистон мувофиқ нестанд.

Дар асоси ин ва дигар далелҳое, ки дар аризаи даъвогӣ зикр карда шудааст, С. Акрамов аз Суди иқтисодии шаҳри Дущанбе хоҳиш намудааст:

Ба амалҳои вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Зарари маънавӣ ба миқдори 50000 сомонӣ аз вазири маориф барои даст задан ба тӯҳмат ва маълумоти бардурӯғ рӯёнида шавад.

Азимҷон БАДАЛОВ, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: