Главная > Uncategorized > Дар вилояти Суғд судяҳо «мустақиланд», вале ба чӣ итоат мекунанд?!

Дар вилояти Суғд судяҳо «мустақиланд», вале ба чӣ итоат мекунанд?!

Боз ҳамон «бозӣ»-и бузу «ханда»-и хар

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чанде қабл, аниқтараш дар санаи 22-юми июли соли 2009 дар «Пайкон» бо номи «Дар Ҷаббор Расулов қонун амал мекунад?» мақолае нашр намуда, ба ҳамаи он масъулоне, ки боз имрӯз ба таваҷҷӯҳашон навиштаҳои зер пешниҳод карда мешавад, муроҷиат намуда будем. Намедонем, он навиштаро мавриди омӯзиш қарор доданд ё не? Бори дигар хотиррасон мекунем, ки тибқи Фармони президенти ҷумҳурӣ ба баромадҳои танқидии воситаҳои ахбори омма вокуниш намудан ҳатмӣ мебошад. Вале аз нашри мақола зиёда аз ду моҳ гузашту то ҳол аз ягон мақомоти номбурда оид ба масъалаи зикршуда посух нагирифтем.

Ҷавоб нагирифта бошем ҳам, пас аз нашри мақола нусхаи таъиноти судяи Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов А. Аминовро баъди 42 рӯзи таъинот бароварданаш, бо дахолати  раиси Шӯрои адлия  Шермуҳаммади Шоҳиён гирифтем. Матлаби асосии мо танҳо дар атрофи ҳамин санади судӣ ҳарф задан аст. Аниқтараш, оид ба ҷиноят содир намудан ё нанамудани Насим Шукуров андеша намеронем. Фақат таъкид намуданием, ки дар асоси ҳамин таъинот нисбат ба Насим Шукуров бо аломатҳои моддаи 135, қисми 3-и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тадқиқоти ибтидоиро ба итмом расонда, бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои баррасии судӣ ба суд ирсол намудаанд.

Судяи Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов А. Амонов санаи 12-уми июни соли 2009 маводҳои ҷамъовардашударо бо аризаҳои Ҳ. Собиров, М. Ҷӯраева, З. Муртазамова, Р. Шермирзоева мавриди баррасӣ қарор дода, муайян мекунад: « Н. Р. Шукуров тахминан солҳои 2008-2009 дидаву дониста  ба тӯҳмате, ки  ба гунаҳкор донистани шахс дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин дар ҳолатҳои зерин даст задаст.

ӯ нисбати худ ва ҷамъият беҳурматӣ зоҳир карда, бо аризаҳои мантиқан нодурусти худ ба Раёсати Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубораза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муроҷиат карда, Собиров Х. Т. ва дигаронро дар содир кардани ҷинояти махсусан вазнин тӯҳмат кардааст, ки дар натиҷа мақомоти мазкур санаи 27-уми августи соли 2008 нисбати Собиров Х. Т. парвандаи ҷиноӣ бо аломатҳои таркиби ҷинояти моддаҳои 262, қисми 2, банди в, 340, қисми 2, бандҳои а, б. КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда оғоз намудаанд. Тибқи талаботи моддаи 18-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои  пешбинишуда ба категорияҳои ҷиноятҳои дараҷаи вазнин ва миёна мансуб аст.

Зимни тафтишоти пешакӣ оиди парвандаи ҷиноии дар боло зикршуда таҳти № 2554 аз сабаби дар ҳаракатҳои Собиров Х. Т. мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷинояти моддаҳои 262, қисми 2, банди в, 340, қисми 2, бандҳои а, б.  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуда, як қисми маводҳои кори ҷиноӣ таҳти № 2554 санаи 25-уми октябри соли 2008 қатъ карда шудааст. Ба ғайр аз ин, тафтишоти пешакӣ то моҳи январи соли 2009 нисбати Собиров Х. Т. ва дигарон бо аломатҳои таркибии ҷинояти моддаи 295, қисми 1-и КҶ Тоҷикистон пешбинишуда идома ёфта, санаи 12-уми феврали соли 2009 аз сабаби он, ки дар ҳаракатҳои ӯ аломати таркиби ҷиноят мавҷуд набудааст, кори ҷиноятӣ бо татбиқи банди 2, моддаи 5-и КМҶ Тоҷикистон қатъ карда шудааст.

Инчунин, Шукуров Насим дар газетаҳои «Фараж» якчанд маротиба ба хилофи талаботи моддаи 20, қисми 1-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада, «Эҳтимоли бегуноҳӣ» мақолаҳои мантиқан нодуруст, тӯҳматҳои зиёде намуд, ки обрӯву эътибори Собиров Х. Т.-ро паст зада, номи неки ӯро дар ҷамъият бад намудааст.

Боз Шукуров Н. Р. дар рӯзномаи «Фараж» мақолаи «Бозӣ»-и бузу «ханда»-и хар» нисбати Собиров Х. тӯҳмате, ки бо гунаҳгор донистани шахс дар содир кардани ҷинояти вазнин ё ҷинояти махсусан вазнин алоқаманд аст, чоп карда, ба обрӯву эътибори ӯ ва номи некаш нанг овардааст.

Ба ғайр аз ин, ҳаракаҳои ҷинояткоронаи худро Шукуров Н. Р. идома дода,  бори дуюм дар газетаи «Фараж» мақолаи «Моҷарои Кварс дар Суғд», бори сеюм мақолаи «Найрангбозӣ дар атрофи «Кварс», дар газетаи Тонг «Бедодлик қурбони булдим» мақолаи тӯҳматангезонаро бо ҳамроҳи рӯзноманигорон ба чоп дода, тӯҳматҳои мантиқан нодурустро ба таври оммавӣ паҳн кардааст.

Ба ғайр аз ин, ба Раёсати Агентии назоратии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо аризаи хеш нисбати Собиров Х. Т. ба таври хаттӣ муроҷиат карда, ӯро дар содир намудани ҷиноятҳо гунаҳкор бо моддаҳои 262, қисми 3, 340, қисмҳои 2 ва 3, 245, 247, 295, 317, 322, 323, 324, 253, 268, 292, 314, ва 316 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуда беасос маълумоти бардурӯғ паҳн намуда, нисбати номи неки Собиров Х. Т. нанг овардааст.

Судя ба хулоса омад, ки аз қисми маводҳои ҷамъоврдашуда дар ҳаракатҳои Шукуров Н. Р. таркиби ҷинояти моддаи 135, қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аломатҳои тӯҳмат, яъне дидаю дониста паҳн кардани маълумотҳои бардурӯғ, ки обрӯю эътибори шахси дигарро паст мезанад ё ба номи некаш нанг меорад, тӯҳмате, ки бо асарҳои оммавӣ намоиш додашуда ё дар воситаҳои ахбори умум инъикос ёфтааст, тӯҳмате, ки бо гунаҳкор донистани шахс дар содир намудани ҷинояти вазнин ё ҷинояти махсусан вазнин алоқаманд аст, мавҷуд аст.

Бо дастрасии моддаҳои 103-104, 105, 106, 108, 110, 111-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон судя: таъин кард:

Нисбати шукуров Насим Райимович бо қисми 3-и моддаи 135-и ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ҷиноӣ оғоз карда шавад.

Маводҳо барои гузоронидани тафтиш ба Прокурори ноҳияи Ҷаббор Расулов ирсол карда шавад».

Акнун биёед сари он андешем, ки то кадом андоза ин санади судӣ ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқат мекунад. Судя А. Амонов барои нисбат ба Н. Шукуров оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ таъинот баровардааст.Тибқи талаботи моддаи 108-и КМҶ ҶТ, сархати 2 «Прокурор, муфаттиш, органи таҳқиқи ибтидоӣ ва судя дар бораи сар кардани парвандаи ҷиноӣ қарор ва суд таъинот мебароранд». Аммо таъинот на аз номи суди Ҷаббор Расулов, балки аз номи судя А. Амонов бароварда шудааст. Модоме судя моҳияти қарорро аз таъинот фарқ намекунад, чӣ гуфтан мумкин аст?

Далеле, ки дар ин таъинот Н. Шукуровро дар содир намудани ҷиноят муттаҳам мекунанд, ин муроҷиаташ ба Раёсати Агентӣ мебошад. Дар куҷо дидаед, ки шаҳрванд барои барқарор намудани ҳуқуқаш ба мақомоти давлатӣ муроҷиат кунаду дар асоси муроҷиаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунанду боз ӯ тӯҳматчӣ бошад? Магар он моддаҳои қонунро, ки дар асоси онҳо нисбат ба Ҳ. Собиров парвандаи ҷиноӣ оғоз мекунанду сипас ҳаракатҳои ӯро аз талаботи як моддаи Кодекси Ҷиноятӣ ба моддаи дигараш банду баст мекунанд, Н. Шукуров пешниҳод карда буд? Агар Ҳ. Собиров ягон амали хилофи қонун намекард, чаро барои пушаймонӣ аз кирдораш ариза менавишту дар асоси ҳамин ариза парвандаи ҷиноӣ қатъ карда шуд?

Бо аризаи муроҷиаткунандагон нусхаи тамоми мақолаҳои нашршуда пешниҳод карда шудааст. Наход барои судя мутолиа намудани онҳо ин қадар мушкил бошад? Дар зери мақолаҳо имзои рӯзноманигорон истодааст, на ин ки имзои Н. Шукуров. Пас барои чӣ дар ин амал Н. Шукуров гунаҳкор бошад? Аз кадом вақт боз барои имдод ба рӯзноманигорон муроҷиат намудани нафареву барои ҳақиқатро инъикос намудани журналист, муроҷиаткунанда тӯҳматчӣ мешудааст?! Н. Шукуров «ҳамроҳи рӯзноманигорон» ягон мақола чоп накардааст. Чунки дар ягон мақола ҳаммуаллиф намебошад ва ягон «тӯҳмати мантиқан нодуруст» накардааст. Магар тӯҳмат мантиқан дурусту нодуруст мешавад?! Агар Н. Шукуров «нисбати худ ва ҷамъият беҳурматӣ зоҳир карда» бошад, пас ба мақомоти давлатӣ муроҷиат менамояд? Куҷост мантиқ?

Фарз кардем, ки дар ин маврид қонуншикание ба амал омад. Пас ҷабрдидагон бояд ба куҷо муроҷиат мекарданд? Он рӯзномаҳое, ки дар таъинот зикрашон меравад, дар шаҳри Душанбе нашр мешаванд. Барои чӣ «ҷабрдидагон» ба Суди шаҳри Душанбе муроҷиат накарданд? Охир, тибқи талаботи қонунгузорӣ парвандаи ҷиноятӣ дар маҳалли ба амал омадани ҷиноят оғоз карда мешавад-ку!

Аз аввал то ба охири таъинот ба тариқи умумӣ дар бораи тӯҳмат сухан мераваду дар ягон ҷой ба тариқи мушаххас зикр карда нашудааст, ки дар кадом маврид Н. Шукуров Ҳ. Собиров ва дигаронро тӯҳмат кардааст.

Бисёр ҷумлаҳои таъинот аз талабномаи ба унвони прокурори ноҳияи Ҷаббор Расулов ирсол намудаи кормандони ҶДММ «Поверфил» бо ҳамон хатогиҳои услубиву имловӣ аз як компютер рӯйбардор карда шудааст.

Дар бораи ҳамин таъинот Н. Шукуров ба коллегияи ҷиноӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Суғд шикояти хусусӣ менависад. Аз суди вилоят аризаи Н. Шукуровро ба сардори ШКД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов мефиристанд: «Суди вилояти Суғд ба Шумо шикояти хусусии Шукуров Н. оиди ғайриқонунӣ оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шукуров Н. Р. тибқи таъиноти судяи Суди ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 12 июни соли 2009 барои санҷиши ваҷҳҳои дар шикоятҳо овардашуда ирсол карда мешавад».

Ин навовариро ғайр аз Суди вилояти Суғд дар дигар ҷой дидан мумкин нест. Дар куҷо дидаед, ки ариза аз болои санади қабулнамудаи судяи суди поёнӣ ба суди зинаи болоӣ ворид гардаду онро «барои санҷиши ваҷҳҳои дар шикоят» овардашуда ба мақомоти таҳқиқ ирсол намоянд? Магар бемасъулиятию масхарабозӣ аз ин зиёд мешавад? Ба дафтархонаи Суди вилояти Суғд рафтему аризаи хусусии Н. Шукуровро пурсон шудем. Маълум гардид, ки барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судяи Суди вилояти Суғд Ҳ. Асроров вобаста карда шудааст.

Ба ҳуҷраи кории Ҳ. Асроров рафта, худро шиносонда, суол намудем, ки дар куҷои қонунгузорӣ навишта шудааст, ки аризаи аз болои санади судяи суди зинаи поёнӣ фиристодаро ба милиса фиристӣ.

— Ба ту лозим бошад, рафта ёфта хон!- гуфт бо як кибру ғурури хоса Асроров.

Барои ёфта хондан ба мо ягон зарурият нест. Чунки  қонунгузор чунин тартибро муқаррар накардааст. Танҳо таъкид намуданием, ки чунин «навоварон» ба монанди Ҳ. Асроров то ба кай шаҳрвандонро сарсону саргардон мекунанд? Наход системаи судии мо ба чунин ҳол гирифтор шуда бошад, ки аз надонистани одитарин нишондоди қонун хандахариш шавем? Магар ба як шохаи Ҳокимияти давлатӣ — Ҳокимияти судӣ беҳурматӣ нест, ки санади  қабулнамудаи онро ба мақомоти барои баррасӣ тамоман ваколатнадошта мефиристанд? Оё ин амалҳо боиси коста гардидани обрӯи мақомоти судӣ намегардад? Кӣ ба ин амали Ҳ. Асроров баҳои сазовор медиҳад?

Нисбат ба ин масъала бо раиси Суди вилояти Суғд Н.М. Мансуров сӯҳбате доштем. Гуфтанд, ки камбудиҳо бартараф карда мешавад. Воқеан аризаи назоратии Н. Шукуров вобаста ба ин масъала пешниҳод карда шуд. Намедонем, масъала то кадом андоза роҳи ҳалли худашро меёбад. Ҳар чӣ ҳам бошад, дунё ба умед гуфтаанд.

Ҳодисаи дар боло номбаркарда ягона нест. Н. Шукуров қайд намуд, ки аз болои таъиноти коллегия оид ба баррасии парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд аз 16-уми апрели соли 2009 оиди барқарор намудани мӯҳлати мурофиавии гузарондашуда ба Суди олӣ муроҷиат кардаасту бо сабабҳои номаълум парвандаро ирсол намекунанд. Дар ин таъинот, ки судяи Суди вилояти Суғд Ҷ. С. Шеров баровардааст, зикр мегардад: «Аризаи Шукуров Насим Раҳимович оиди барқарор кардани мӯҳлати мурофиавии гузаронидашуда барои овардани шикоят ба тариқи назоратӣ рад карда шавад.

Аз болои таъинот дар мӯҳлати 10 рӯз аз рӯзи қабул кардани он ба Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамин суд шикояти хусусӣ овардан мумкин аст».

Дар таърихи 30-юми апрели соли 2009 судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Н. Носиров оид ба ҳамин масъала ба Н. Шукуров чунин посух медиҳад: «Мувофиқи қисми 6, моддаи 144-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба таъинот оид ба барқарор ё рад намудани барқарор кардани мӯҳлати мурофиавӣ шахсони иштирокчии парванда метавонанд шикояти хусусӣ пешниҳод намоянд».

Санаи 4-уми августи соли 2009 бо таъиноти худ «Дар бораи бе баррасӣ мондани шикояти назоратӣ» судяи Суди олии ҶТ М. М. Саидов таъкид мекунад: «Тавре аз маводи шикояти назоратии пешниҳоднамудаи Шукуров Н. Р. дида мешавад, шикоят бе риояи талаботи моддаи 266-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне шикояти назоратӣ бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ (Раёсати Суди вилояти Суғд) пешниҳод карда мешавад».

Ҳамин тавр, аризаҳои Н. Шукуровро чун тӯби футбол ба ҳар тараф мепартоянд. Иқтибосҳои оварда далели гуфтаҳоянду кас намедонад, ки ба ҳамаи ин амалҳо кӣ хотима мегузорад?

Воқеан, санаи 14-уми сентябри соли равон дар Суди иқтисодии вилояти Суғд  баррасии парванда бо даъвои Н. Шукуров бо ҷавобгарии ҶДММ «Поверфил» таҳти раисии судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд М. Кенҷаева доир гардид. Дар асоси ҳалномаи судя Н. Шукуров ва чанд нафари дигари муроҷиаткунанда саҳмдори ҶДМ «Квартс» эътироф намуда, қарори маҷлиси саҳмдорон аз 04.08.2007 бекор карда шуд. Қайди давлатии ҶДММ «Поверфил» дар Раёсати адлияи вилоят бекор гардид. Хотиррасон мекунем, ки Прокуратураи вилояти Суғд парвандаи ҷиноятии нисбат ба Ҳ. Собиров оғоз намудаи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсияро танҳо дар асоси он ки муроҷиаткунандагон саҳмдор нестанд, қатъ карда буд. Саҳмдории онҳоро санади судӣ собит месозад. Боз чӣ мегуфта бошанд?

Ҷумъаи ТОЛИБ, Душанбе — Хуҷанд — Душанбе

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: