Главная > Uncategorized > Нашъамандӣ: ҷиноят ё беморӣ?

Нашъамандӣ: ҷиноят ё беморӣ?

Мавзӯи нашъамандӣ солҳост, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҳам кормандони соҳаи тиб ва ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Барои пешгирӣ аз истеъмол ва истифодаи маводи мадҳушкунанда, бахусус нашъа, дар тамоми кишварҳои олам мубориза бурда мешавад, то фарзанди инсон гирифтори нашъамандӣ нагардад.

Шахсоне, ки бевосита ба истеъмоли ин маводи мадҳушкунанда машғуланд, ҳатман чанд нафари дигарро дар атрофии худ ҷамъ карда, сабабгори нашъаманд гаштани эшон мешаванд. Ин ҷиҳатро ба инобат гирифта, ҳуқуқшиносон нашъамандиро дар баъзе маворид ҷиноят меҳисобанд ва иддаояшонро бо он асоснок мекунанд, ки аз рӯи қонунгузории муайяншуда содир кардани ҷиноят дар ҳолати мастии майзадагӣ, мадҳушӣ аз маводи нашъаовар ё таҳти таъсири моддаҳои психотропӣ ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷазо эътироф шудааст.

Ин дар ҳолест, ки аксари мутахассисони соҳаи тиб нашъамандиро беморӣ маънидод мекунанд, на ҷиноят ва гуфта мешавад, ки дар сурати табобат накардан организм ба истеъмоли ин маводи мадҳушкунанда оҳиста — оҳиста мутобиқ мешавад ва ашхоси истеъмолкунандаро ба азоби ҷисмониву рӯҳӣ гирифтор месозад. Дар ин ҳолат эшон метавонанд ҷиноят содир кунанд. Вале «нашъаманд шудан ҳанӯз ҷиноят содир кардан нест»,- маънидод мекунанд дар соҳаи тандурустӣ.

Агар ба умқи мавзӯъ назар кунем, ду паҳлӯи он баҳснок боқӣ мемонад. Яке он, ки нашъамандӣ ҳанӯз ҷиноят содир кардан нест ва дигар он, ки вақте шахс ба истеъмоли нашъа одат кард ва баъдан рӯҳаш ба азият дучор шуд, метавонад ба ҳар гуна ҷиноят даст занад. Бахусус дар мавриде, ки ба дарёфти нашъа дастрасӣ надорад ё маблағаш кифоят намекунад. Ҳамзамон афроди дигарро ба истеъмоли ин мавод талқин мекунад ва сабабгори зиёд шудани сафи нашъамандон дар ҷомеа мегардад, ки дар ин сурат низ эҳтимол аст сафи ҷинояткорон афзояд.

Агар андешаи мутахассисони тибро ба инобат гирем, пас барои табобати як нафар ҳудуди 30 ҳазор доллар харҷ мешавад, ки дар шароити кунунӣ на ҳама беморонро бо ин нарх муолиҷа кардан имкон дорад.

Аз сӯи дигар, ҷиноятро на танҳо шахсони гирифтори ин ё он беморӣ, балки афроди солим низ содир мекунанд. Аммо дар баробари ҷиноят ҳисоб кардан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчунин чораҳои дорои хусусияти тиббидоштаро дар шакли назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобат дар назди духтурони бемориҳои рӯҳӣ таъин карда метавонанд.

Шарафи инсон аз ҳама болотар қадр карда мешавад ва аз ин хотир набояд дар ду мавриде, ки зикр карда шуд, нисбати ҳаёти инсон пурра носанҷида тасмими зарурӣ андешида шавад. Дар ин ҳол, мавзӯи нашъамандӣ ҷиноят ё беморист, ҳанӯз баҳси ҷиддӣ ва актуалӣ дар ҷомеаи инсонӣ матраҳ аст…

Мирзосӯҳроб МУИНОВ, донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии ДДМТ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: