Главная > Uncategorized > Посухи шабаҳ

Посухи шабаҳ

Аз ранҷҳои гиребонгир халосӣ меҷустам. Хаставу дилшикаста шудам. Барои оромиши хеш яккаву танҳо ба водии ашбоҳи валиён, он ҷое, ки равонҳои бузургони гузашта пинҳон гашта ва арвоҳи замони оянда орамидаанд, рафтам.   Баногоҳ чашмам ба шабаҳе уфтод, ки низ яккаву танҳо, ҷудо аз пораҳои сафед равон буд.

Аз ӯ пурсидам:

— Кистӣ ва исмат чист?

Гуфт:

— Ҳикмат.

Гуфтам:

— Эй Ҳикмати бисёр доно! В-эй муаллими ақлҳо!    Бар ман бигӯ, ки чаро ҳидоятгари тавоно дар ин замону макон пайдо нест? Чаро инсонҳо наметавонанд маънии зиндагиро дарёбанд? Чаро Худованд аз инсонҳо каҳр карда ва қалбаш аз одамон ба андозаи аъмоқи осмон дур шудааст?

Шабаҳ дидаи ғамборашро аз шаҳри пурғубор оҳиста канд ва ором ба сӯи ман дӯхту гуфт:

— Дӯсти ман, ҳакимон он чиро, ки бояд бигӯянд, гуфтанд. Диққат кун, ҳақиқат ҳамеша ошкор аст, фикри маро дуруст дарёб! Худованд дар ҳама ҷост. Дасташ низ ҳамеша ҳамроҳи ҷамоат аст. Доираи ҳастии ҳақ маҳдуд нест. Худованд дур нест, инсонҳоянд, ки ӯро аз худ рондаанд. Одамонанд, ки парастиши аслро аз ёд бурда, холиқи парастишҳои бешумор шудаанд. Одамонанд, ки гармои муҳаббатро табдил ба сармои хусумат кардаанд. Фаромӯш кардаанд, ки душмани ақл ҳавою ҳавас аст. Ба ҷои ин ки хостаҳояшонро дар миёни иродаву ақл, ҳиммату азми устувор банд кунанд, сиришташонро бандагии тамоюлоти ҳавас кардаанд. Одамонанд, ки шӯълаи маърифатро дар вуҷудашон хомӯш намуда, дар роҳи тираву тор пеш мераванд. Бале, одамонанд, ки дар зиндагии хеш пайваста ҷуз дурӯғу хиёнат чизе таҳвил намедиҳанд. Намехоҳанд бифаҳманд, ки дурӯғ офати зиндагӣ асту хиёнат вайронкунандаи шахсият.

Нигоҳе бар кори додгоҳҳо кун! Оё намебинӣ, ки қозиён шарафи хешро фурӯхта, бо кӯмаки сарват ва майли нафси худ кор мекунанд, бо калимоти муқаддас аҳкоме низ содир мекунанд, ки ба суди тавонгари бешаън аст. Аммо марди додгареро, ки пайи ёфтани худ ва ироаи Худост, аз шаҳр меронанд. Одамонанд, ки ба қотилон ва душманони ҳаёт тамҷид меоранду, бенавоёни мазлумро таҳқир мекунанд, заиферо, ки гуноҳе накардааст, маҳкум месозанд, вале табаҳкореро, ки зишттарин гуноҳҳоро муртакиб шудааст, шодбош мегӯянду подош медиҳанд. Мардум чашмони зоҳиру ботини хешро кӯр кардааст ва мегузорад, ки тавоно нони нотавонро бигирад ва зӯрон бо зӯру зар бозӣ кунанд!

Оре, одамонанд, ки ақвиёро тақвият медиҳанд, на Худоро! Дӯстам, Худованд қаҳр накардааст, балки одамонанд, ки асири ҷаҳл шудаанд!…

Шабаҳи ғамгин инро гуфту миёни пораҳои сафед ором — ором аз дидаам пинҳон шуд.

ЛУҚМОН

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: