Главная > Uncategorized > Фаттоҳ САИДОВ: «Вақташ расад, вазирро ҳам…»

Фаттоҳ САИДОВ: «Вақташ расад, вазирро ҳам…»

Барои ба масъалае равшанӣ андохтан роҳи Сарраёсати мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидоштаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш гирифтем. Сӯҳбати мо бо сардори раёсат Ҷ. Сангов хеле тӯл кашид. Оид ба масъалае, ки мавриди тадқиқоти журналистӣ қарор дода шуда буд, суолу ҷавоб кардем. Барои гуфтаҳояшро асоснок намудан сардори раёсат чанд нафар мутахассисро, ки бевосита ба таҳқиқи масъалаи мавриди омӯзиши мо қарор гирифта, машғул буданд, даъват намуду онҳо оид ба паҳлӯҳои ҷудогонаи он қазия маъумот доданд. Ба тамоми саволҳоямон ҷавоб гирифтем. Сардори раёсат Ҷ. Сангов таъкид дошт, ки тибқи муқаррароти қонун тамоми санад ва факту рақамро метавонад ба мо пешниҳод намояд. Ғайр аз мавридҳое, ки ошкор намудани он ба рафти тафтишоти минбаъда халал ворид мекунад.

Чун барои ҳаматарафа ва объективона баҳо додан ба мавзӯи тадқиқотиамон бевосита нуқтаи назари директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Ғ. Саидов ҳам лозим буд, рӯзи дигар роҳи Агентиро пеш гирифтем.

Моро директори Агентӣ Ф. Ғ. Саидов бо чеҳраи кушод қабул намуда, байни ӯ ва директори Бюрои маслиҳатӣ сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ Ҷумъаи Толиб сӯҳбати ғайриодие доир гардид. Ҳарчанд он сӯҳбат барои матбуот набуд, онро сабт кардем. Пас аз андешаҳои зиёд ба хулосае омадем, ки ба омма расондани он аз манфиат холӣ нест. Танҳо аз зикри баъзе масъалаҳое, ки ба сирри тафтишот вобастагӣ доранд, худдорӣ намудем.

Дар як вақт барои қабул кардану дар тадқиқоти минбаъдаи мо мусоидат намудан ба Ф.Ғ. Саидов изҳори сипос менамоем.

Ф. С. — Дари Агентӣ барои ҳама кушода аст. Ман то ҳозир се — чор шаҳрвандро қабул кардам. Ҳатто аз намояндаҳои васоити ахбори омма, аз телевизиони «Сафина». Мо ягон шахсро инхел таҳдид намекунем. Хабарро ба ман расонда натавонистед, ақаллан ба шӯъбаи умумӣ одам барин мактубро оварда супоред. Ҳамаашро дида мебароем. Оид ба он масъалае, ки ту пурсон шуда истодаӣ, бо супориши ман санҷиш рафта истодааст. Санҷиш ҳамаашро ошкор мекунад. Якта — якта номбар кунед, ки чунин амалҳоро кӣ анҷом медиҳад. Гумон мекунед, ки аз тарзи корбарии Шумоён ман огаҳӣ надорам? «Муроҷиатнома»-ро оварда, дар назди дарвозаи Агентӣ партофта рафтаанд.

Ҷ. Т. — Мебахшед, мо ин хел амалро намекунем. Ба мо муроҷиат мекунанд, омӯзиш мегузаронем ва ба дасти чоп медиҳем. Дар ҳолати пешниҳод накардани мавод ва садди тадқиқот гардидан, онро нашр мекунем. Агар манзуратон «Муроҷиатнома»-и соҳибкорон бошад, барои равшанӣ андохтан, ба Агентӣ омадему посух доданд, ки ба тариқи хаттӣ муроҷиат кунем. Мо чунон кардем. Аз нусхаи муроҷиатномаро овардану дар назди идораатон партофтан, мо чӣ манфиат мебардорем? Дар рӯзнома нашр кардем, тамоми ҷумҳурӣ огоҳ гардид.

Ф. С. — Ман дар ин система одами тасодуфӣ ва навкор нестам. Медонам, ки кӣ чӣ хел «нафас» мекашад. Бо тамоми табақаи одамон сару кор гирифтагӣ ҳастам. Дар давоми дувуним соли сардори раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе буданам бо тамоми дузду ғоратгар ва ғайра вохӯрдам. Ман ягон вақт аз мардум рӯ намегардонам.

Ҷ. Т. — Дузду ғоратгар дигар аст. Аммо имрӯз дар вазифае ҳастед, ки метавонад даҳҳо дузду ғоратгар зери итоати нафаре бошад. Эҳтимол, роҳбарашон соҳибмансаби баландпояест.

Ф. С. — Шумоён рӯзноманигорон ёфтед як гапро. Чаро соҳибмансаби баландпоя дастгир намешавад? Охир, ҷиноят содир карда бошад, чаро ӯ боздошт нашавад? Марҳамат, ҳодисаеро номбар намо, ки дар он ҷо ҷинояти хусусияти коррупсионӣ дошта бошаду мо онро рӯйпӯш намудем! Ҳама дар назди қонун баробаранд ва подоши амали худро мегиранд. Агентӣ ҳоло ҷавон аст. Ман нав ба ин вазифа шурӯъ намудам. Ҳоло ба пуррагӣ ҳайати шахсиро наомӯхтаам. Ҳарчанд дар системаи кадрӣ аллакай баъзе тағйиротҳо ворид намудем. Тасаввур кун, ки дар тамоми ҷумҳурӣ ба таври умумӣ 500 нафар коргар дорем. Ҳаракатҳои хусусияти коррупсионӣ дошта якбора пайдо намешаванд. Онҳо монанди занҷир ба ҳам пайваста мебошанд. Худат ҳам гуфтӣ — ку! Зери итоаташон нафарони зиёде ҳастанд. Барои онро омӯхтану санҷидану дастгир кардан вақти зиёде лозим аст. Дар мӯҳлати дар ин вазифа буданам, кори назаррасро ба иҷро расондем. Дар асоси як амалиёт 8 халта пул оварданд. 1 млн. 582 ҳазор сомонӣ. Қарори суд мебарояд ва ба буҷети давлат мегузаронанд. Ин дар ду моҳи фаъолияти кории ман аст. Ҳоло он парванда дар арафаи тафтишот аст. Ба охир расид, марҳамат онро дар матбуот нашр кунед, ки тамоми ҷумҳурӣ огоҳ гарданд. Мо барои амалӣ гардондани сиёсати Ҷаноби Олӣ дар самти пешгирии ҳаракатҳои хусусияти коррупсионӣ дошта ва мубориза алайҳи он тамоми тадбирҳоро меандешем.

Ҷ. Т. — Ҳама аз номи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сухан мегӯянд. Вале дар амал акси онро мебинед. Шумо мегӯед, ки ҳодисаеро номбар кун, ки аз мадди назар дур мондааст. Метавонам мисолҳои зиёде орам, ки ба воситаи матбуот нашр карда шуду Агентӣ ягон вокунише зоҳир накард. Вале ин ҷо мехоҳам аз масъалаеро ёдовар шавам, ки ба гуфте ба авҷи аълояш расидааст. Моҷарои ҶСП «Кварс»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд 3 сол боз аз саҳифаҳои рӯзномаҳо дур намешавад. Вобаста ба ин масъала раёсати вилоятии Агентӣ парвандаи ҷиноятӣ ҳам оғоз карда буду бо сабаби пушаймонӣ аз кирдор қатъ кард. Вале ҳанӯз нависонавис басанда нашудааст.

Ф. С. — Гузашти вақт ҳамаашро ошкор мекунад. Ҳодисае ки номбар кардӣ, то ба ин вазифа таъин шудани ман ба амал омада буд. Нафаре вобаста ба ҳамин масъала ба қабули ман даромада буд. Ман аризаи ӯро зери назорати худ гирифтам, меомӯзем. Танҳо як чиз аст, ки аз сабаби нарасидани мутахассисони ботаҷриба корамон суст ҷараён гирифта истодааст. Чизи дигараш он аст, ки мо ҳам мехоҳем аз «таъна»-и журналистон халос шавем. Доимо мегӯянд, ки чаро мудом муаллиму духтурон боздошт мешаванд?

Ҷ. Т. — Медонам, ба саволҳои мо киноя карда истодаед…

Ф. С. — Ба саволҳои Шумоён не. Доимо дар нишастҳои матбуотӣ аз ман чунин суол мекунанду мепурсанд, ки барои чӣ муаллимонро дастгир мекунед. Директори мактабе барои аз як мактаб ба мактаби дигар гузаронидани як мактаббача, ки волидонаш барои шароит надоштанашон ва ба мактаби назди хонаашон овардан илтиҷо кардаанд, 1500 сомонӣ талаб мекунад. Бо 1300 сомонӣ дастгир кардем. Дилам месӯхт, вале барои ба дигарон сабақ шудан ҳабс кардем. Пулро кӣ мегирад? Ҳамон нафаре, ки дар поён нишастааст. Охир, вазир рӯи рост маблағ намегирад — ку! Агар гирад ҳам, ба воситаи чунин касон мегирад.  Ё ин ки духтурро надоред! Ба наздикӣ дар беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи Боло барои ҷарроҳии беморе, ки дар ҳолати вазнин буд, барои ҷарроҳӣ 800 доллар талаб мекунанд. То маблағро набурданд, ҷарроҳӣ накарданд. Вазири тандурустӣ худаш аз касалӣ пул мегирад? Ҳаргиз! Боз баъзе чизҳое ҳастанд, ки бо ақл тасаввур кардан даркор. Барои чӣ вазирро намедоранд?! Ман медонам, вақташ расад, вазир ҳам гуноҳ карда бошад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад.

Ҷ. Т. — Ҳама интизоранд, ки кай он рӯз фаро мерасад. Зеро бо ин қадар кӯмакҳои башардӯстона, ҳеҷ не, ки рӯзгори мардум ба куллӣ тағйир ёбад.

Ф. С. — Бо кӯмаки башардӯстона Ватанро обод карда намешавад. Роҳҳои дигарро бояд ҷустуҷӯ намоем. Агар мо истеҳсолоти худиро пурра ба роҳ намонем, ба ягон пешравӣ умед бастан ғайриимкон аст. Бояд ҳамин механизмро ҷӯстуҷӯ намоем. Воридоти маводи ниёзи мардумро зиёд кунем. Ба равнақи соҳибкорӣ мусоидат намоем.

Ҷ. Т. — Мегӯед, ки ба ривоҷу равнақи соҳибкорӣ кӯмак расонем. Дар як маҷлиси Ҳукумат Президенти мамлакат ба собиқ директори Агентӣ супориш дода буд, ки ба фаъолияти соҳибкорон халал нарасонанд. Аз рӯи маълумотҳои мо, кормандони Агентӣ соҳибкоронро даъват намуда, пурсида истодаанд.

Ф. С. — Фаъолияти соҳибкорӣ дигар асту парвандаи ҷиноятӣ дигар аст. Худат ҳуқуқшинос ҳам ҳастӣ, бояд онро дарк намоӣ. Вақте ки парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, хоҳу нохоҳ нафарони ба он парванда алоқаманд, даъват карда пурсида мешаванд. Кормандони Агентӣ вобаста ба парвандаи ҷиноятии мушаххас чанд нафар соҳибкорро даъват карда пурсиданд ва ин маънои ба фаъолияти онҳо халал расонданро надорад. Агар мо ба ҷои кори онҳо рафта, бевосита ба фаъолияти кориашон дахолат намоем, он вақт чизи дигар аст. Супоришу Фармонҳои Президент ҳеҷ гоҳ маънои онро надорад, ки нафаре ҷиноят содир кунаду мо интизор шуда истем. Дар мавриди ошкори қонуншиканӣ ҳатман тибқи талаботи қонун беғаразона чора меандешем.

Аз кашокашӣ ягон муроде ҳосил намешавад. Бояд тамоми кор софдилонаю аз рӯи виҷдон бошад. Боз таъкид мекунам, ки мо бо шаҳрвандон, мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, хусусан журналистон омодаи ҳамкорӣ ҳастем. Агар якҷоя фаъолият накунем, теша бар решаи порадиҳию порагирӣ зада наметавонем.

Китобати Фарангиси МУЗАФФАР

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: