Главная > Азимҷон БАДАЛОВ > Чаро ба ДТИКТ хобгоҳ намедиҳанд?

Чаро ба ДТИКТ хобгоҳ намедиҳанд?

Баъди аз вазифа рафтани Хаёл Бобоев — собиқ ректори Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон, донишкадаи мазкур зери фишори Вазорати маориф монд. Миёни мардум низ суханҳои зиёде пайдо шуд, ки «ДТИКТ аз байн меравад, фаъолияти донишкадаро Вазорати маориф боздоштааст». Донишҷӯён аз ин ҳангомаҳои нохуш огоҳ гардида, баъзеяшон тайёр буданд ба дигар донишкада ё донишгоҳ гузаранду қисме фикри дарёфти маблағ мекарданд.

Оид ба масоили марбут ба ДТИКТ дар расонаҳои ахборӣ низ мақолаҳо нашр гардид. Баъдан, дар ҷомеа суханҳои росту бардурӯғ доир ба ин муассиса зиёд шунида мешуд. Фармони вазири маориф низ аз 23-юми июли соли равон дар бораи муваққатан қатъ кардани донишкада баромада, дар баъзе сомонаҳои интернетӣ ҷой ёфт. Нафароне, ки фаъолият кардани донишкадаро намехостанд, аз ин фармони вазири маориф хушҳолӣ карданд.

Дар нишасти матбуотие, ки санаи 23-юми июли соли равон дар донишкадаи зикршуда баргузор гардида буд, муассис ва ректори ДТИКТ Садриддин Акрамов изҳорот баён карда, қайд намуд, ки ба хотири дониш омӯхтани донишҷӯи тоҷик аз Амрико ҳазорҳо китоби илмию соҳавӣ овардааст. То баромадани фармони вазири маориф низ довталабон ҳуҷҷатҳои худро ба  донишкада супорида буданд. Аммо баъзеяшон омада ҳуҷҷатҳояшонро аз ин даргоҳи таълимӣ гирифтанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, имсол ба донишкада 400 нафар донишҷӯ қабул карда шуд.

2-юми сентябри соли равон аз назди ДТИКТ мегузаштам, ки донишҷӯён гурӯҳ — гурӯҳ нишаста, бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Аз фурӯшгоҳе, ки дар он рӯзномаву маҷалла мефурӯшанд, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-ро харидорӣ карданӣ будам. Ду донишҷӯ омада дар назди ҳамин нуқта қарор гирифтанд. Онҳо дар бораи надодани хобгоҳ ба ДТИКТ аз тарафи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода сухан меронданд. Донистан мехостам, ки чаро ДДЗТ ба номи  Сотии Улуғзода ба ДТИКТ хобгоҳ намедиҳад? Оё миёни ин ду донишкада шартнома баста шудааст, ё на? Назди муассис ва ректори ДТИКТ Садриддин Акрамов рафта, дар ин масъала ҳамсӯҳбат гардидам. С. Акрамов аз ин амали Марҳабо Ҷабборова дар ҳайрат монда, «сабаби надодани хобгоҳро ман худам намедонам» гуфт. ӯ маро назди раиси иттифоқи касабаи донишкада Ш. Гуламадшоев фиристод, то аз асли воқеа огоҳ гардам. Дар ин масъала Ш. Гуламадшоев чунин гуфт: «Дар таърихи 28-уми августи соли равон  назди ноиби ректори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода Рустам Ахмедов рафта, дар масъалаи хобгоҳ сӯҳбат кардем. Ҳамин тавр маслиҳат шуд, ки бояд донишҷӯёни мо чормоҳа пули хобгоҳро супоранд. Ба шумо маълум менамоям, ки якмоҳа пули хобгоҳ барои як нафар донишҷӯ 54 сомониву 13 дирам муқаррар гардидааст. Рустам Ахмедов бошад, ба ман гуфт, ки «6 нафар донишҷӯи донишкадаи шумо пули хобгоҳро пардохт накардаанд. Ба вай гуфтам, ки номи 6 нафарро навишта диҳад, мо ин проблемаро ҳал мекунем. Айни ҳол ба донишкадаи мо хобгоҳ надода истодаанду фармони вазирро талаб мекунанд. Ҳол он ки, мо бо ин донишкада шартнома бастаем».

Нусхаи шартномаро аз Ш. Гуламадшоев дастрас карда, хостем аз ҳақиқати ҳол огоҳ гардем. Ба ректори ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода Марҳабо Ҷабборова занг задем, ки гӯширо Файёз Турсунов бардошт. ӯ «муаллима дар маҷлисанд» гуфта, рақамҳои телефони Идигул Қосимоваро ба мо дод. Ба Идигул Қосимова низ занг зада, сабаби надодани хобгоҳ ба ДТИКТ-ро пурсон шудем. Дар ҷавоб Қосимова гуфт: «Ин гуфтаҳо дурӯғ аст, мо ба ин донишкада барои 53 нафар донишҷӯ ҷои хоб додем. Бо ин донишкада шартнома дорем. Чанд нафаре, ки ба мо муроҷиат кунад, ба ӯ хобгоҳ медиҳем».

Пас аз як рӯз шунидем, ки ин суханҳои Идигул Қосимова асосе надоштааст. Бо Марҳабо Ҷабборова дар тамос шудему боз аз боби надодани хобгоҳ ба ДТИКТ сухан кушодем. М. Ҷабборова пеш аз ҳама дар бораи қарздор будани донишкада шикоят кард, ки гӯё донишҷӯёни ДТИКТ шабона қувваи барқро хомӯш намекарда бошанд. Ва асоси дигар ин ки, гӯё хобгоҳи онҳо барои духтарони тариқи квота омада сохта шудаву ДТИКТ квота надорад.

Бояд зикр намуд, ки дар бораи зиндагӣ кардани донишҷӯёни донишкадаи байналмилалӣ бо донишҷӯёни ДДЗТ ба номи С. Улуғзода аз 1-уми феврали соли 2009 то 31-уми августи соли 2011 шартнома баста шудааст. Аммо ба андешаи М. Ҷабборова, гӯё шартнома ягон нақш намебозидааст. Дар ҳоле, ки шартномаи мазкур то ҳол бекор карда нашудааст. М. Ҷабборова бошад, гуфтаҳои худро бо он асоснок карданӣ мешавад, ки ҳар сол пули хобгоҳ боло меравад ва шартномаи онҳо мутобиқат намекунад. Мавсуф боз иброз медорад, ки гуё донишҷӯёни ДТИКТ ба қонуну қоидаҳо хобгоҳ риоя накардаанд ва коменданти хобгоҳ шикоят намудааст.

Аҷабо! Наход дар байни чор донишгоҳу донишкада танҳо қонуну қоидаҳои хобгоҳро донишҷӯёни ин донишкада риоя нарда бошанду халос. Худ бубинед, ҳатто дар хобгоҳ мехоҳанд бе асос номи ин донишкадаро бад кунанд! Ба қавли Камоли Хуҷандӣ:

Карда аз ҳар тарафе дарду балоқасди Камол,

Дар миёни ҳама танҳо тани танҳочӣ кунам?

Азимҷон БАДАЛОВ, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: