Главная > Uncategorized > Мактуби «CC»

Мактуби «CC»

Баҳси байни ДТИКТ ва Вазорати маорифи ҶТ чанд моҳ боз идома дорад.Аз рӯи маводҳои дар даст доштаамон ин баҳс вобаста ба мактуби Вазири маорифи ҶТ ба унвони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.Мактуб аз ҷониби Вазири маориф А.Раҳмонов дар санаи 3 июни соли 2009 таҳти рақами 03/1-21 навишта шудааст.Ин мактуб танҳо дар санадҳои меъёрӣ қайд карда мешаваду халос.Борҳо кушиши роҳбарияти ДТИКТ барои ба ин мактуб шинос шудан барабас рафтааст. Онҳо барои дастрас намудани нусхаи мактуб ба Вазорати маорифи ҶТ, муовини сарвазири ҶТ Р.Қурбонова рӯй меоранду ба ягон натиҷа ноил намегарданд.
Инак, баҳси судӣ чандест, ки дар асоси даъвои ДТИКТ бо ҷавобгарии Вазорати маориф идома дорад. Асоси ин моҷаро ҳамон мактубе мебошад, ки дар боло номбар кардем.Аз рӯи гуфтаҳои ваколатдорони дифои ДТИКТ онҳо барои аз Вазорати маориф талаб карда гирифтани нусхаи мактуб ба таври расмӣ дархост пешниҳод кардаанд. Вале дархости онҳо беасос рад карда шудааст.
Мувофиқи гуфтаи вакилони дифои ДТИКТ онҳо ба тариқи такрорӣ барои дастрас намудани нусхаи мактуб ба судя муроҷиат мекунанд. Дар ҳолати рад карда шудани дархосташон, тибқи муқаррароти Сарқонун ба судя изҳори нобоварӣ изҳор менамоянд. Ба андешаи онҳо ин мактуб маводе мебошад, ки боиси инқадар сарсониву хараҷу мараҷ гардида истодааст ва онҳо наметавонанд бе шиносшудан ба он дар баҳси судӣ ширкат намоянд.
Дар мактуб чӣ навишта шуда буд ва барои чӣ ба ҷониби дигар пешниҳод карда намешавад. Инро дар тадқиқотҳои минбаъда ошкор менамоем.

Марҷонаи ҚОДИР,
БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: