Главная > Uncategorized > «Тире ба сина»-и ӯзбекистон

«Тире ба сина»-и ӯзбекистон

Ҳафтаи охири моҳи равон барои мардуми мо ҳафтаи таърихист. Ҳафтаи таърихӣ дар симои сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон. Зеро ӯ тавонист дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи умумии СММ баҳсҳоеро сари масоиле роҳандозӣ намояд, ки шояд қисми аршади аҳолӣ онро интизорӣ доштанд. Суханронии Президенти Тоҷикистонро бо забони тоҷикӣ аз ин минбари баланд коршиносону таҳлилгарон намунаи барҷастаи ҷасорати сиёсӣ дар қиболи сиёсати минтақавӣ арзёбӣ карданд.
Тайи чанд рӯз Президент Эмомалӣ Раҳмон дар хориҷи кишвар бо намояндагони баландпояи давлатҳои дӯст мулоқоту вохӯрӣ дошт ва масоилеро матраҳ намуд, ки на танҳо барои Тоҷикисон, балки барои соири давлатҳои минтақи Осиёи Марказӣ манфиатовар буданд. Бахусус даъвати ӯ барои таъмини субот дар Афғонистон бо роҳи иқтисодӣ. Вале на ин ва на масоили дигар натавонистанд гумагуҳои зиёдеро ба бор оранд, ба ғайр аз пешниҳоди сарвари тоҷикон дар мавриди бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ, ки вокунишоте низ бархезонд.
Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СММ иброз дошт, ки талош барои бартараф кардани мушкилоти муртабит ба бӯҳрони энергетикӣ муваффақона нест ва ин масъала бояд дар қатори ҳадафҳои дигари рушди ҳазорсола ба яке аз афзалиятҳои муҳим мубаддал гардад. Шояд ин пешниҳод «тир»-е буд ба «қафаси сина»-и Ҳукумати ӯзбекистон, ки дақиқан, чунин тасмим барояш нохушоянд аст. Бар ин далел, ки давоми мантиқии ин нутқи пурмӯҳтаво ба масоили бунёди НБО-и «Роғун» низ мерасад. «Роғун»-е, ки ба хотири бунёдаш қарор аст охири сол маҷрои дарёи «Вахш» баста шавад. «Роғун»-е, ки бародарони ӯзбек кӯшиши ба таъхир афтондани сохтмонашро доштанд. Ҳатто Президенти ӯзбекистон Ислом Каримов дар як сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, аз ӯ хоста буд, ки ба сохтмони нерӯгоҳҳои «Роғун» ва «Қамбарота»-и Қирғизистон мухолифат варзад. Ва ҳатто як коршиноси муқими Тошканд — Виктор Ивонин ин тасмимро дастгирӣ карда, гуфта буд, ки ба ӯзбекҳо оби ошомиданӣ намерасаду Қирғизистону Тоҷикистон мехоҳанд аз об нерӯи барқ тавлид намоянд. Ва ҳатто ӯ бо оҳанги таҳдид нидое ҳам дардода буд, ки «агар ҷанг ҳам шавад, ӯзбекистон мавқеашро дигар намекунад». Дар ҳоле, ки, тибқи иттилои дастрас, 50 фоизи оби Сирдарё ва 43 фоизи оби дарёи Омӯро ӯзбекистон бебаркаш истифода мебарад. ӯ худ инро хуб медонад ва пай бурдагист, ки Тоҷикистон танҳо 12 фоизро аз меъёри обе, ки Комиссияи байналмилалии ҳамоҳангсозии хоҷагии об барои кишвари мо ҷудо карда буд, истифода мебараду халос. Ҳукумати ӯзбекистон то ҷое дар сатҳи давлативу байналмилалӣ низ «номардии сиёсӣ» зоҳир менамояд ва аз ҳар роҳ истифода мебарад, то давлати манфиатдореро ҳарчи зудтар ба худ моил кунад. Аммо ин ҳанӯз кам аст. Биёед боре амиқтар ба андеша фурӯ шавем! Ин ҷониб, яъне ӯзбекистон бо қатъ кардану сар додани газаш ба Тоҷикистон ва боз қатъ кардану сар додан, қатъ намудани иртиботи ҳавоӣ байни Душанбеву Тошканд, ахиран, бо муттаҳам кардани мақомоти низомии Тоҷикистон дар он маврид, ки гӯё ба ӯзбектаборҳои сокини кишвари мо фишор овардаанд, чӣ мехоҳад? Дуруст аст, ки дар баъзе маврид хатоҳо аз ҷониби мо низ сар мезанад. Вале гунаҳкоркунӣ ҳам ба эбаш! Мардуми тоҷик гуноҳҳои худро равшантар аз намояндагони миллати дӯсту бародарамон — ӯзбекҳо медонанд. Фақат бадбахтиямон дар ҳамин аст, ки аз лиҳози дастрасӣ ба чизе мӯҳтоҷем. Аммо он рӯз дур нест, ки садди мӯҳтоҷиро шиканем ва бар садади бурдбориҳо нумӯъ кунем. Он рӯз дур нест, ки пешниҳоди сарвари мо — тоҷикон ҷомаи амал пӯшаду вазнамон бо вазни кишварҳои ҳамсоя, минҷумла ӯзбекистон ба мувозинат ояд. ӯзбекистон низ аз ҳамин ҳарос дорад. Бим дорад, ки баробари соҳиб шуданамон ба истиқлоли куллии энергетикӣ, зиёд чизеро аз даст медиҳад, ки баргардонданаш муҳол аст. Аз ҳама муҳим ин ки, дигар ӯ наметавонад баҳонаҳои лак — лакашро ҳамчун фишанги таъсиррасон болои мо партояд. Ба мисле, ки сарҳадҳоро ба рӯямон бастанд, вале кӯҳу теппаҳоро шикофта, нақб баровардему онҳоро ба андозае музтар кардем. Аммо ниёзи як қавмро таҳлил кардан танҳо ба хотири истифода бурдани ҳамон ниёз муқобили ҳамон қавм кори носавоб ва нобахшиданист. Роҳи солиму боадолатонаи ҳалли мушкилро дар асоси ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бояд ҷуст, на бо усулу нағма ва иғвою айбдоркунӣ!

Фозили ФАРРУХ, шаҳрванди Тоҷикистон

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: