Главная > Uncategorized > АЗ «ТРОЙКА»-И СТАЛИНӣ ТО «ТРОЙКА»-И РАҲМОНОВӣ-2

АЗ «ТРОЙКА»-И СТАЛИНӣ ТО «ТРОЙКА»-И РАҲМОНОВӣ-2

(Идомаи шарҳи масъала ҷиҳати қазовати ҷамъиятӣ)
Дар мақолаи аввал ба ин қавл расидем, ки бо иллати рӯ ба рӯ шудан ба «тройка»-и раҳмоновӣ ва дар раванди қазоват ба таври шубҳаовар рафтор намудани мақомоти судии Cуди иқтисодии шаҳри Душанбе аз рӯйи парванда бо баҳси байни Вазорати маориф ва ДТИКТ тамоми мундариҷаи сар задан ва боло рафтани моҷароро барои ҳукми ҷомеа «нарезондаву начаконда» ба самъи ҳакамони ҷамъиятии ҳақшинос баён месозем. Умедворем, ки ҷомеашиносон, ҳуқуқдонҳо, маорифчиён ва мантиқиён ҳукми худро сари ин моҷаро баён хоҳанд кард. Танҳо шарт ҳамин аст, ки сухангӯ сухани худро на дар асоси гумон, андеша, хаёл, балки дар асоси далелҳои қонунӣ ва ахлоқӣ баён намуда бошад. Ва агар аҳли имон бошанд, аз ин ҳукми Аллоҳ андеша кунанд: «Эй а?ли имон! Дар ро?и Худо пойдор ва устувор буда, шумо гуво?и адолат ва ростӣ ва дурустӣ бошед. Ва албатта шуморо набояд адовати гурӯ?е бар он бидорад, ки аз тари?и адл берун равед. Адолат кунед, ки адл ба та?во наздиктар аз ?ар амал аст. Ва аз Худо битарсед, ки Худо ба ?ар чи мекунед, ого? аст» («Қуръон», сураи «Моъида», ояти 8).
Дар мақолаи қаблӣ баён дошта будем, ки чун чаҳорчӯбаи аз ҳама маъмули маориф дарс ва чаҳорчӯбаи дарс лаҳзаҳои дарсӣ ҳастанд, масъалагузориро аз рӯи ин мизон пешниҳод хоҳем кард. Ва ҳар дарс аз ташкилии дарс шурӯъ шавад. Ва инак:
Ташкилии дарс, ё худ заминаҳои баҳс
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи ба садри вазорат омадани Раҳмонов А. А. нотавонбинии худро ба муассисаҳои ғайридавлатӣ (алалхусус, дар ҷодаи таҳсилоти олӣ) сари кор овард. Аввалин заминае, ки Вазорати маориф барои татбиқи ин амали «маорифпарварона»-и худ муҳайё сохт, табдили «Меъёрҳо…» буд. «Меъёрҳо»-е, ки то омадани вазири нав амал мекард, бо қарори мушовараи Вазорати маориф аз 3-юми сентябри соли 2004 таҳти №18/6 қабул шуда буд. Ин меъёрҳо 25 талаботро дар бар мегирифт, ки онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешуданд. Гурӯҳи аввал меъёрҳо таҳти аломати «х» (меъёрҳои ҳатмӣ), гурӯҳи дуввум меъёрҳо таҳти аломати «хх»-меъёрҳои шартӣ (иҷрояшон аз рӯи имкон). Воқеан, меъёрҳои соли 2004 ба ҳама талаботи адолат ва мантиқ ҷавобгӯ буданд. Зеро дар онҳо талабот вобаста ба собиқаи ташкили муассисаи таълимӣ ба миён гузошта шуда буд. Меъёрҳо бо фосилаи ҳар 5 соли собиқаи фаъолияти муассисаи таълимӣ фарқ карда истода, меъёрҳои ҳатмӣ воқеӣ (реалӣ, иҷрошаванда) ва меъёрҳои шартӣ ҳавасмандкунанда буданд.
Баробари ба сари қудрат омадани Раҳмонов бо қарори мушовараи Вазорати маориф аз 8-уми феврали соли 2006 таҳти №3/1 «Меъёрҳо…» дар таҳияи нав тасдиқ шуданд. Ин меъёрҳо ҳам аз 25 талабот иборатанд. Аммо таҳияи нави онҳо беадолатона, ғайримантиқӣ ва қисмате аз онҳо ғайривоқеиву хандахаришона мебошанд. Масалан, дар асоси талаботи қарори Ҳукумати ҶТ аз 5-уми феврали соли 2003 №54 «Дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии ҶТ» (банди 12), Низомнома «Дар бораи аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҶТ», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф аз 3-юми сентябри соли 2004 №18/8 тасдиқ шудааст (бандҳои 1.9, 1.11, 3.4, 4.3) аттестатсияи муассисаи таълимӣ дар давоми панҷ сол як маротиба аз рӯйи тартиботи махсус гузаронида мешавад. Аттестатсияи нахустини муассисаҳои таълимӣ баъди хатми аввалин хатмкунандагон доир мегардад. Комиссияи аттестатсионӣ ба натиҷаи аттестатсия чунин баҳо мегузорад: аттестатсия шуд; аз нав аттестатсия шавад; аз аттестатсия нагузашт. Агар муассиса аз аттестатсия нагузарад, камбудиҳои вай ошкор карда шуда, баъди 2 сол аз нав аттестатсия мешавад. Дар сурати ин навбат ҳам аз аттестатсия нагузаштан, Вазорати маориф дар бораи табдилдиҳӣ, тағйир додани номгӯи ихтисосҳо ё барҳам додани муассиса қарор қабул мекунад ё ба Ҳукумати ҶТ таклиф пешниҳод менамояд. Аккредитатсия баъд аз аттестатсия шудан доир карда мешавад. Ногуфта намонад, ки дар чунин ҳолат низ Вазорати маориф наметавонад қарор дар бораи қатъ намудани фаъолияти муассисаи ғайридавлатӣ қабул кунад. Ин аз ваколатҳои Ҳукумати ҶТ нест. Балки Вазорати маориф дар чунин ҳолат танҳо дар бораи бекор кардани амали Иҷозатномаи фаъолияти муассисаи таълимӣ ба суд ҳуқуқи муроҷиат кардан дораду халос (қ. 2, м. 14-и Қонуни ҶТ «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият).
Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон соли хониши 2003-2004 дар шакли Донишгоҳ ташкил шуда буд ва бояд аттестатсияи аввалини он соли хониши 2008-2009 баргузор мегашт. Агар дар ин соли хониш вай аз аттестатсия намегузашт, аттестатсияи навбатии он бояд соли хониши 2010-2011 сурат мегирифт. Аммо вазорати вазир Раҳмонов А. А. ҳамоно баробари ба сари қудрат омадан корро аз бӯғӣ кардани муассисаҳои таҳсилоти олии ғайридавлатӣ шурӯъ кард. Соли хониши 2005-2006 (яъне, 3 сол пеш аз таъиноти қарори №54-и Ҳукумати ҶТ) ва қарори мушовараи Вазорати маориф аз соли 2004 №18/8 бидуни риояи қоидаҳои аттестатсиякунонӣ тавассути як комиссияи ғайриқонунӣ таъсисшуда фаъолияти Донишгоҳро «тафтиш» кард ва бо қарори мушовараи Вазорати маориф аз 2-юи августи соли 2006 таҳти №10/3 мақоми Донишгоҳи гуманитарии байналмилалиро ба Донишкада табдил дод. Вазири маориф хуб медонист, ки мақоми муассисаи таълимӣ на танҳо баъд аз аттестатсия, балки баъд аз аккредитатсия метавонад тағйир дода шавад. Ҳофизи лисонулғайб беасос фиғон набардоштааст, ки: «Тавбафармоён, чаро худ тавба камтар мекунанд». Ва маълум аст, ки Абулқосим Лоҳутӣ мазмуни шеъри «Ё ҳарду»-и худро аз воқеияти талхи ҳаёти ҷамъиятӣ бардоштааст.
Вазири маориф ҳамеша дар амалҳои ғайриқонунии худ зиракона мақомот ва мансабдорони бонуфузи ҳукуматӣ ва давлатиро шарик месозад. Ба он хотир, ки чун «нанг дар гардани онҳо афтад», албатта маҷбуранд ба хотири дифоъ аз «нуфуз»-и худ амали хатои ӯро дифоъ кунанд. Чунончи, Ф. Раҳимов ба хабарнигори «Фараж» («Фараж», 9.09.2009, №38 (145)) гуфтааст: «Вазорат тафтиши мазкурро (мурод тафтиши ҳаминсолаи ДТИКТ аст) бо дастури Президент дар бораи санҷида шудани фаъолияти тамоми муассисаҳои таълимӣ аз 22.02.2009 оғоз кард». Аммо чунин фармони Президент барои ДТИКТ пешниҳод нашудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки дар асоси таъиноти моддаи 25-и Конститутсияи Тоҷикистон: «Мақомоти давлатӣ … ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, …». Вазири маориф бошад ба дархости ДТИКТ аз 19-уми августи соли 2009 №518/1 оид ба пешниҳоди ҳамчунин ҳуҷҷатҳо ҷавоб гардонидааст, ки: «… ба маълумотатон мерасонем, ки 1) мукотибаи вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти кишвар бо салоҳдиди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад». (Ҷавобияи Вазорат аз 26.08.2009 №01/1-260). Ин нисбати Президент тӯҳмат аст ва беҳурматӣ нисбати Президент дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Тоҷикистон» (моддаи 1), Қонуни ҶТ «Дар бораи таъминот, адои хизмат ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 1) ҷиноят аст.
Ба ҳар навъе, бо истифода аз ҳамин усул, ба вазири маориф муяссар шуд, ки дар асоси Протоколи маҷлиси машваратии назди муовини Сарвазири Ҳукумати Тоҷикистон Мавлонова аз 20-уми июли соли 2006 №314/4-14.1 масъалаи боз доштани қабул дар муассисаҳои ғайридавлатии таҳсилоти олии Тоҷикистон: Донишгоҳи муосири Тоҷикистону Русия дар Душанбе, Донишкадаи Исмоили Сомонӣ, Донишгоҳи гуманитарии муосири Русия — Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Муассисаи таълимии филиали осиёимимарказии Донишгоҳи нави Русия дар шаҳри Хуҷандро ба миён гузорад. Ин аввалин натиҷаи «саҳмгузорӣ»-и Раҳмонов дар ҷодаи маориф ҳамчун Вазир буд. Ба назар мерасад, ки он чи ба Раҳмонов хуш намеояд, ин як андоза мустақилияти муассисаҳои таҳсилоти олии ғайридавлатӣ аст. Яъне, монополияи маориф аз аввалин ва охирин нуқтаи орзуҳои Раҳмонов буд ва ҳаст. Раҳмонов дар бораи буҷети муассисаҳои соҳаи маорифи ғайридавлатӣ ҳамеша бо ҳасрат андеша мекунад. Хаёл мекунад, ки ҳама дороии ҷаҳон дар буҷаи ин муассисаҳост ва ӯ бебаҳра аз онҳо. Ин мавзӯъ танҳо боиси нигаронии вазир нест. Муовини аввали ӯ Раҳимов Ф. Қ. дар ин боб зиёдтар рағбат дорад. Чунончи, ӯ дар муҳовара бо хабарнигори «Миллат» («Миллат», 9.09.2009, №36) бо ҳасрат гуфтааст, ки: Буҷаи Донишкада беш аз 1,5 млн долларро ташкил мекунад ва дар сурати идома ёфтани баҳси судӣ имкон дорад, ки муассиси Донишкада, ки шаҳрванди ИМА аст, маблағро ҷамъ карда гираду худро муфлис эълон кунад. Аз мантиқи сухани Раҳимов бармеояд, ки муассис маблағҳои ҷамъкардаро азони худ мекунаду худро муфлис эълон мекунад ва дар он сурат «умедворӣ»-и онҳо бефоида мешавад.
Худоё, кош ин гуна бадгумониро намояндаи як касби дигар мекард, на «пешвои муаллимон». Охир, буҷаи Донишкада на беш аз 1,5 млн, балки 2283514 сомонӣ, ё 507447,5 доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дигар ин ки, дар асоси муқаррароти моддаҳои 66-69-и КГҶТ ва Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» аз ҳисоби воситаҳои асосии (активҳо) шахси ҳуқуқии муфлисшуда рақами аввал қарзи кредиторон (хоҳ шахси ҳуқуқӣ бошад, хоҳ шахси воқеӣ) рӯёнида дода шуда, баъдан пул ва амволи боқимонда ба муассис мемонад. Аз ин нигоҳ, Ф. Қодирович мутмаин бошанд, ки дар сурати бо ташаббуси «тройка» қатъ гаштани фаъолияти ДТИКТ ва муфлис эълон шудани вай, онҳо «бебаҳра» намемонанд. Барои ин ноумед набояд шуд ва қонуншиканиро ҷоннок бояд кард… Аз тарафи ахлоқӣ, Ф. Қодирович бояд донанд, ки муассис фарзанди ҳамин миллат, зода ва тарбиятдидаи дастархони муаллим аст ва дар ИМА зиндагӣ кардани вай маънои дар ивази пул фурӯхтани иззати Ватан ва миллатро надорад. Ба ин хотир, эшон набояд дигаронро бо «ченак»-и худ андоза кунанд… Агар муассис дунболагирии пулро аз Ватану миллат афзал медонист, дар Тоҷикистон «заправка» ё «шаробхона»-е месохт ва ё ҳеҷ набошад муассисаи худро дар як кишвари дигар бунёд мекард, то агар «пули донишҷӯро гирифта гурезад», ҳадди ақал модару бародарон ва дигар аҳли байташ ангуштнамои ҷомеа набошад.
Ва бо ҳамин назару андешаҳо вазир — Раҳмонов бо роҳи бастани шартнома ин муассисаҳоро муваззаф кардааст, ки як фисади даромади худро ба Вазорати маориф «ҳадя» кунанд. Чунончи, ҳамин гуна шартномаро Вазир бо собиқ ректори ДТИКТ П. Ҷамшедов аз таърихи 10-уми ноябри соли 2006 ба имзо расонидааст. Аммо, аз афташ як фисад дарбори вазири кабирро қаноат накард…
Хуб, гап ки сари «Меъёрҳо…» буд. Раҳмонов бо роҳи аз нав таҳия кардани «Меъёрҳо…» заминаҳои хандахаришонаи бӯғӣ кардани муассисаҳои ғайридавлатиро ба вуҷуд овард. Масалан, дар «Меъёрҳо…»-и раҳмоновӣ чунин талабот мавҷуд аст:
— шумораи соҳаҳои илм, ки аз рӯи онҳо аспирантура фаъолият мекунад (10);
— миқдори соҳаҳои илм, ки доир ба онҳо Шӯроҳои ҳимояи рисолаҳои илмӣ мавҷуд аст (14);
— сохтор (дар ҳайати муассиса будани гимназия, коллеҷ, литсей, донишкада, аспирантура, докторантура, донишкадаи такмили ихтисос ва ғайра) (21);
— таҳияи китобҳои дарсӣ… (13) ва ғайра.
Харобии мантиқро бинед. Дар қисми 3-и қарори мушовараи Вазорати маориф аз 30-юми марти соли 2006 №36/4 оид ба тасдиқи «Низомномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ…» (дар боби аспирантура) омадааст, ки: «Аспирантура дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва … олии таълиме ташкил дода мешавад, ки ба талаботи зерин мувофиқат намояд:
— аз аккредитатсияи давлатӣ гузашта бошад».
Ва шарти мавҷудияти шӯрои ҳимоя аз ин ҳам сахттар аст. Ошкор аст, ки Шӯрои ҳимоя дар асоси хулосаи Комиссияи олии аттестатсионӣ (ВАК) ташкил мешавад. «ВАК» бошад, танҳо муассисаи таҳсилоти олиеро эътироф мекунад, ки вай аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштааст. Муассисаи навтаъсис бошад, баъди 5 ё 7 соли фаъолият (дар асоси меъёри санадҳои меъёрӣ, ки дар боло зикрашон кардем) имконияти аз аккредитатсия гузаштанро дорад. Пас, ин меъёрҳо магар танҳо василаи бӯғӣ кардани «номувофиқҳо» нест? Ва Тоҷикистон ба сифати як давлати соҳибистиқлол ҳанӯз аз побандии «ВАК»-и Русия худро натавонистааст озод намояд. Пас, Вазири маориф бо кадом мантиқ талаботе ҳамчунин бемантиқу беаслро чун шарти таъсиси муассисаи навтаъсиси таҳсилоти олӣ таъин мекунад? Магар вазири маориф боре аз он намеандешад, ки аввал мактабҳои худро аз дарси дохили «вагон»-ҳову хонаҳои гилини деворкафида наҷот диҳад. Хуб аст, ки маориф пеш равад, аммо аз тифл тақозо намудани зарби гурзи рустамӣ худ далели чист? Ғайр аз ин, ҳар муассисаи таълимӣ дар заминаи хушку холӣ бунёд мешавад. Чӣ тавр вай ҳанӯз худро ба сомон нарасонида, аз пайи таъсиси гимназияву литсей ва дигар сохторҳои иловагӣ мешавад? Магар ин мантиқан ҳамонро намемонад, ки аз духтаркӯдаки аз таваллудхона бароянда тақозо шавад, ки: Чаро дар батнат ҳамл надорӣ?
Ва ё, гузоштани шарти мавҷудияти унвондорони то 35-сола чӣ маънӣ дорад, алалхусус барои муассисаи навтаъсис? Як олими асил наметавонад дар зарфи 3-5 сол дар як муассиса ба кор ояду ба таври бояду шояд дар пояи олимӣ расад. Магар, ки мурод «олимкаҳак» тайёр кардан набошад. Бо арзи таманнои пӯзиш аз олимони асил ҳақ ҳаст бигӯем, ки чӣ миқдор «олимтарошак»-ҳое дар солҳои охир соҳибунвон шудаву аз эшон илм ободие надида, магар аз коста намудани қадр ва манзалати илм.
Ҳамин гунаи назари вазири маориф аст, ки аслан, дар рисолати ин «марди илм» қариб ҳеҷ муассисаи ғайридавлатӣ ба камол нарасида ва дар муассисаҳои давлатӣ кори донишгирӣ ба он ҷо расида, ки соле нест устоде барои «баҳофурӯшӣ» ба маҳкама нараваду шаби ҳаҷве нест, ки бе «танз»-и порадиҳӣ ҳангоми дохил шудан дар макотиби оливу танзи «шарафи илму олим» набошад. Вазири маориф ин корро нисбати муассисаҳои давлатӣ намекунад. Зеро аз худаш аст. Ҳангоме ки соли 2006 Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ ба Донишкада табдил дода шуд, асоситарин айб ҳамин эълон шуд, ки шумораи донишҷӯён, ихтисосҳо ба мақоми Донишгоҳ мусоидат намекунад. Ҳоло аз вазири маориф бипурсем, ки чун соли 1996 Донишгоҳи славянии Русия — Тоҷикистон таъсис шуд, шумораи донишҷӯёни он ҳамагӣ 875 нафар, факултаҳо 2 — то, шумораи умумии синфхонаҳо ҳамагӣ 35 — то буданд. Ва калонтарин факултаи он факултаи гуманитарӣ бо роҳи дар Донишкадаи омӯзгорӣ ва Донишгоҳи миллӣ барҳам задани ин ихтисосҳо ва ба Донишгоҳи славянӣ додани онҳо таъсис ёфта буд. Чаро он сол вазири маориф ба Донишгоҳии ин муассиса таҳаммул кард? Ва чаро ду ихтисосро аз дигар муассисаҳои таълимӣ ин ҷо кашид? Ва ҳамагон қоилем, ки имрӯз Донишгоҳи славянӣ яке аз Донишгоҳҳои бонуфузи ҷумҳурӣ аст. Бале, кӯмак ки шуд, пешрафт мешавад. Аммо вазири маориф ба мо кӯмак накард, ҳадди ақал халал нарасонад буд…
Ниҳоят, ҳангоме ки ДТИКТ Бобоев Х. Ю. — ҷӯраи вазирро ба ректории худ бо дили соф хонд, аз куҷо медонист, ки вазири маориф ба «перевод»-и Бобоев ба он шарт розӣ шуда, ки (қалбан):
— лаҷоми ин муассисаро пурра ба дасти худ гирад ва рӯҳи озодгароии муассисаи ғайридавлатиро, ки қонунҳои маориф муқаррар кардаанд, бӯғӣ кунад. Ва чун муассиси ДТИКТ ин тарзи пешаи Бобоевро напазируфт, қаҳри Вазир дучанд шуд: яке он ки ДТИКТ ғайридавлатист ва буҷаи он аз назораташ барканор ва боз он ҳам ки «мутлақият»-и бадастомада аз даст рафтанӣ шуд.
Ҳоло эҳсос мекунем, ки Х. Бобоев ҳангоми рух додани ҳамдигарнофаҳмӣ чаро ин қадар «ҳавобаландона» ва бо мағрурии хоса принсипи «ё, ё»-ро пеши муассис гузошта буд. Яъне, ё муассиси ДТИКТ аз ҳамаи ҳуқуқҳояш даст кашида, зери «дудка»-и Бобоев кор мекунад, ё ӯ ДТИКТ-ро мебандад… Ф. Раҳимов дар «Миллат» («Миллат», №36, 9.09.2009) навиштааст, ки: «Бобоев на ба вазири маориф, на ба муовинон ягон алоқаи хешутаборӣ ё дӯстӣ надорад». Мӯҳтарам, Фарҳод Қодирович, аввалан:
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз.
Сониян, аз барои Худо ба хотири як баҳс аз рафоқати худ даст накашед. Бо вуҷуди он ки Бобоев бо мо хуб рафтор накард, ҳоло мо иқрорем, ки дӯст будем. Ҳамхунӣ шарти асосии ҳамкешӣ нест. Ва агар ҳамин ҳамхуниро бо маънавиёти инсонӣ нигарем, чунин ҳосил дорад:
Чашми дил бикшода гардад, Ҳинд дар пешат бувад,
Ҳафт пуштатро бидонӣ, ҷӯгӣ ҳам хешат бувад.
Ва Бобоев ба номи вазир мактуби шикоятӣ навишт. Навишт, ки дар ин муассиса бо айби муассис (аз забони «тафтишчиён»:
— ректорҳо «беобурӯй» шуда аз кор мераванд;
— дар ин муассиса «мухолифони сиёсӣ»-и давлат кор мекунанд;
— муассис қисмате аз даромадҳои Донишкадаро ба ИМА мегузаронад ва… ва…;
Вазири маориф гӯё намедонад, ки ректори аввалини ин муассиса Шукуров Т. бо даъват ва супориши Ҷаноби Олӣ ба вазифаи ректории Донишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа фиристода шуд ва муассис аз ин ҳодиса баъд аз 2 моҳи сурат гирифтани амал огоҳ шуд (ба қавли вазир, T. Шукуров ё муассис бояд ба ин супориши Ҷаноби Олӣ муқовимат мекард?). Ректори дуввум, устод П. Ҷамшедов бо сабаби ба хориҷа рафтан бо хоҳиши худ аз вазифа рафтанд. Ректори саввум Ҳ. Умаров ба иллати саломатӣ зиёда аз 5-6 навбат хоҳиш карданд, ки ӯро чун маъюби дараҷаи 2 аз кор ҷавоб диҳем. Ва ногуфтанӣ нест, ки Ҳ. Умаров ба сабаби ба нафақа рафтан аз ректории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз кор озод шуда буданд. Дар ДТИКТ озод нашуданд, худ рафтанд, бо пофишории оила ва худ.
Зери мафҳуми «мухолифони сиёсӣ» Х. Бобоев шояд Р. Зойиров — раиси Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон, Т. Абдуҷаббор (раҳматӣ), М. Кабирӣ — раиси Ҳизби наҳзати исломро дар назар доштааст. ДТИКТ ин се шахсро ба сифати олим ба кор пазируфта аст, на ба сифати «мухолиф». Аз тарафи дигар, мухолифон касонеанд, ки дар устуворӣ ва пешрафти як давлат кӯмак мекунанд, на монеъаанд. Дар кулли давлатҳои дунё мухолифони сиёсӣ вуҷуд доранд ва ҳеҷ давлат онҳоро радди маърака нахондааст, агар, албатта, мухолифати онҳо дар доираи қонун бошад. Агар онҳо берун аз қонун мухолифат кунанд, на мухолиф, балки ҷинояткоранд. Ҷинояткорро давлат ҷабран ба ҷазо мекашад. Ё вазири маориф ҳамҷоя бо Х. Бобоев меъёри моддаҳои 8 («Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад») ва 17 («Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, … мавқеи сиёсӣ ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад»)-и Конститутсияи Тоҷикистонро инкор мекунанд? Дар сурате ки моддаи 10-и Конститутсия фармудааст: «Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор … вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».
Ва он ки Донишкада қисмате аз даромадҳои худро ба суратҳисоби муассиси худ дар ИМА мегузаронад, аз доираи ҳуқуқҳои таъсисии ДТИКТ аст. Муассис барои таъсиси ДТИКТ маблағгузорӣ кардааст ва хоҳад кард, аммо дар сурати зарурат ҳақ дорад қисмате аз даромадҳоро барои татбиқи мақсадҳои оинномавии худ ба ҳар суратҳисоб гузаронад. Магар вазири маориф ва Х. Бобоев намедонанд, ки мавҷудияти суратҳисоби асъори хориҷӣ барои шахсони ҳуқуқӣ аз ҳамин нигоҳ аст ва ин ҳуқуқро қонун барои онҳо муқаррар кардааст.
Инак, дар ин ҷо «ташкилии дарс» ба итмом расид. Дар шумораи оянда, қисмати «Пурсиши вазифаи хонагӣ» мавриди назар ва таваҷҷӯҳ қарор хоҳад гирифт.

С. АКРАМОВ, ректор ва муассиси ДТИКТ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: