Главная > Uncategorized > Акнун носфурӯш ҳам депутат мешавад?

Акнун носфурӯш ҳам депутат мешавад?

Таърих такрор меёбад! Ин нахустин фикре буд, ки баъди ба дастамон афтодану мутолиа кардани шумораи №26 (72), соли 2004-и ҳафтаномаи «Нерӯи сухан» ба сар омад. Бо кадом далел? Дар саҳифаи 2-и ҳамин шумораи ҳафтаномаи мазкур мақолаи рӯзноманигор, устоди факултаи рӯзноманигории ДМТ бо номи «Акнун носфурӯш ҳам депутат мешавад?» ба табъ расидааст, ки баррасии марҳилаи то интихоботи парлумонии соли 2005 ва раванди ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба қавонини марбута дар бар мегирад. Аз рӯи ин матлаб ва хулосаҳои мо, аҷиб аст, ки аз он сол то соли 2009 муддати зиёде гузашта, вале баъзе нуктаҳои мақола бо рӯйдодҳои имсола мисли себи дукафонанд. Ба ҳамин хотир, мақолаи мазкур баҳри хониши мустақилона айнан пешниҳоди хонандаи гиромӣ мегардад. Маҷлиси намояндагон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи интихобот ва Маҷлиси Олии Тоҷикистон» қабул кард. Қонуни мазкур акнун баъди баррасиву қабул дар Маҷлиси миллӣ ва ҷонибдории президенти ҷумҳурӣ ҳукми қонунӣ мегирад. Ниҳоят вакилони Маҷлиси намояндагон ба баҳсҳои чандмоҳа оид ба лоиҳаи «Қонуни интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон» хотима гузоштанд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз 3-юми апрели соли 2003 конфронси омодасозии интихоботи умумихалқии соли 2005-ум доир гардида буд. Дар асоси баёнияи конфронси мазкур ҳайати гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба «Қонуни интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки ба он узви Маҷлиси миллӣ М. Маҳмудов, вакилони Маҷлиси намояндагон Н. Собиров ва М. Раҳимов, роҳбари дастгоҳи КИМ-и ҲХДТ М. Асозода, котиби ҲКТ Т. Каримов, раиси ҲСДТ Р. Зоиров шомил шуданд. Р. Зоиров дар ин гурӯҳ ҳамчунин ҲНИТ ва ҲСТ-ро намояндагӣ мекард. Гурӯҳи кории мазкур қариб ҳафт моҳ пешниҳодоти тайғироту иловаҳоро омода намуданд. Вале дар охир ба гуфти Р. Зойиров намояндаҳои ММ ва МН-и Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ҳамчунин намояндаи ҲХДТ аз гузоштани имзо дар он лоиҳа даст кашиданд. Моҳи ноябри соли 2003 пешниҳоди мазкур, ки ба он роҳбари САҲА дар Душанбе ва Бюрои СММ оиб ба мусоидат ба сулҳ имзо карда буданд, ба Дастгоҳи президенти ҶТ, раисони ММ ва МН-и Маҷлиси Олии Тоҷикистон фиристода шуданд. Пас аз 4 моҳ — 1-уми марти соли 2004 дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон ду лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни номбурда, ки якеро фраксияи ҲКТ бо дастгирии намояндаи ҲНИТ мураттаб карда буданд ва лоиҳаи 11 нафар вакилони ҲХДТ баррасӣ гардид. Дар муқоиса чунин менамуд, ки дар ин лоиҳаҳо пешниҳодоти гурӯҳи корӣ ба инобат гирифта шудааст, вале ҳамзамон ба онҳо баъзе маҳдудияту монеаҳо низ ворид гардида буд. Баъдан лоиҳаҳои мазкур дар нишасту вохӯриҳо ва саҳифаҳои матбуот мавриди дастгириву интиқод қарор гирифтанд. Ба вижа пешниҳоди ҲХДТ дар бораи ба қисми 1-уми моддаи 32 ворид кардани гаравпулӣ барои номзад ба вакили МН ба маблағи 1500 ҳадди ақали маош ва қисми 2-юми ин модда, аз рӯйхати ҳизбӣ гарав мондани 33 ҳазор ҳадди ақали маош вокуниши зиёдеро дар ҷомеа ба вуҷуд овард. Роҳбарони 5 ҳизби сиёсии дигари Тоҷикистон аз ин пешниҳоди ҲХДТ изҳори нигаронӣ карданд. Воқеан ҳам, гарав мондани маблағи 1500 ҳадди ақали маош (10500 сомонӣ) барои номзади вакили Маҷлиси намояндагон кори осон нест. Тибқи муқаррароти моддаи мазкур, номзад ба депутатӣ аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби Комиссияи марказии интихобот пул мегузаронад. Ҳини депутат интихоб шудани номзад маблағи мазкур ба ӯ баргардонида мешавад. Агар номзад интихоб нашавад ва ё агар бақайдгирии вай лағв карда шавад, маблағи мазкур ба буҷаи ҷумҳурӣ интиқол мегардад. Акнун хонандагони азиз, худ қазоват бикунед, ки магар бо 7 сомонӣ ҳадди ақали маош, 52 сомонӣ маоши миёна ё 200 сомонӣ моҳонаи аз ҳама зиёд дар ҷумҳурӣ хоҳишмандони депутатшав пайдо мешаванд? Тибқи қисми дуюми моддаи 32-и лоиҳаи ҲХДТ тақозо мешуд, ки ҳизби сиёсӣ барои ширкат дар интихобот 33 ҳазор ҳадди ақали маош (231 ҳазор сомонӣ) гаравпулӣ монад. Ман бовар надорам, ки чунин маблағро ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дошта бошанд. Чӣ тавре гуфтем, моддаи мазкур боиси нигаронии ҷомеа шуда буд ва аксар ба он умед доштанд, ки вакилони мардумӣ ҳини баррасии лоиҳа онро лағв мекунанд. Ниҳоят, Маҷлиси намояндагон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон» қабул кард. Дар қонуни мазкур 19 пешниҳоди ҲХДТ, 16 пешниҳоди гурӯҳи алтернативӣ ва дар маҷмӯъ 90 дарсади пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ пазируфта шуд. Ҳамчунин, депутатҳо ҳиммат карда, маблағи гаравпулиро кам намуданд. Яъне, акнун барои номзад ба вакили мардумӣ шудан бояд 200 ҳадди ақали маош (1400 сомонӣ) гаравпулӣ монда шавад. Акнун ҳизбҳои сиёсӣ низ барои ширкат дар интихобот барои ҳар як номзад 200 ҳадди ақали маош ва дар маҷмӯъ бояд 30800 сомонӣ гаравпулӣ диҳанд. Албатта, ин маблағи «ночиз» ҳам барои аксари шаҳрвандон ва ҳизбҳо пули калон аст. Таҳиягарони лоиҳаи мазкур бар онанд, ки гаравпулӣ ба маъракаи интихоботӣ ворид шудани шахсони тасодуфиро пешгирӣ мекунад. Ба назари камина баръакс, гаравпулӣ ба депутатшавии ашхоси тасодуфии пулдор мусоидат менамояд. Гумон намекунам, ки ягон нафар аҳли зиё маоши чунин зиёд мегирифта бошад, ки тавонад ҳамин 1400 сомонӣ гаравпулиро ҳам пардозад. Зеро маблағи мазкур барои муаллиму шоир ва муҳандиси поквиҷдон маблағи дандоншикан аст. Акнун рӯғанфурӯшу носфурӯш дар ширкат ба номзадии вакилии Маҷлиси намояндагон бештар бартарият пайдо карданд, нисбат ба зиёиёни поквиҷдон. Аз ҷониби дигар, дар қонун пешбинӣ кардани чунин монеаҳо поймол кардани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон мебошад. Зеро тибқи моддаи 27-уми Сарқонуни Тоҷикистон, «шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд». Ин нуқтаро ба назар гирифта, умед бар он мебандем, ки вакилони Маҷлиси миллӣ ин иштибоҳро ислоҳ мекунанд. Ва ё билохира Президенти Тоҷикистон, ки кафили ҳуқуқу озодии шаҳрвандони ҷумҳурӣ аст, ба қонуни қабулкардаи парлумон вето гузошта, ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Вагарна, дигар депутатҳо мардумӣ намешаванд.

Ҷовид МУҚИМ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: