Главная > Uncategorized > ДИЛИМИЗ БИР, ТИЛИМИЗ БОШҚА!

ДИЛИМИЗ БИР, ТИЛИМИЗ БОШҚА!

Вақте ҳудуди марзиро дар Осиёи Миёна ҷудо мекарданд, мо — соҳибони аслии ин марзу бумро бо ин зарбулмасал — шиори ӯзбекҳо фиреб доданд! Мо содалавҳон, ки бо андарзҳои Рӯдакиву Фирдавсиву Саъдиву Ҷомиҳо рагу хуну пӯстамон татҳир ёфта буд ва ҳамаро чун худ поку покизаву Худопараст мепиндоштем, бовар кардем, ки мо бо ӯзбекҳо, — ё беҳтар аст бигӯям — тоҷикҳои худфурӯхтаи пантуркисту ӯзбекҳои пантуркист дар ҳақиқат «Диламон яку забонамон ҷудост». Охир ба ману шумо насиҳат карда буданд, ки «Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст!». Ба мо андарз дода буданд, ки: «Каъба чи равӣ? Бирав дилеро дарёб!». Моро танбеҳ дода буданд, ки «Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст», ё «Ҳамеша некхоҳи мардумон бош!». Аммо сӯгмандона, ин ҳама насиҳатҳои осмонӣ ба фоидаи мо не, ҳазор сол ба зарари мо тамом шуд! Мо — ману шумо, — то ҳол азияти ин насоеҳро мечашем ва маълум нест, ки то чанд соли дигар бояд неши заҳролуди ин насиҳатҳоро таҳаммул намоем. Мову шумо — мардуме ҳастем содаву зудбовар, моро ҳамеша бо ин хисол фиребидаанд, ҳаққамонро бурдаанд ва бо дасти худ худамонро шикастаанд! Бадбахтона, шоирони муосири мо дар каломи худ эҳсоси тӯфонро надоштанд то бо ғурриши каломи хеш мову шуморо ба хаёли шаҳрҳои аздастрафта, манотиқи муртафеъи ғасбшуда андозанд ва битавонем бо истифодаи донишу мақому мукнати хеш дили Масковро «ба даст» орем ва он ҳама додаҳоро бозпас бигирем! Баръакс, шоирони мо моро ором карданд, «Душанбе ҳам Бухоро шуд, муборак!» гуфтанд, ки Бухоро шудани ин шаҳри азизро ҳам дидем! Ноумедона суруданд, ки: «Дар Самарқанд қанди мо шуд заҳр, Дар Бухоро бухор гардидем!». Ҳатто нафаре дар миёни чордевории худ ҷор кашид, ки «Ҳам Самарқанд, ҳам Бухоро ба Худо шаҳри ман аст!». Ҳайҳот, хестӣ, ки хобӣ, гурусна нон хоб мебинад, ана ба ту Самарқанду Бухоро! Шумо ҳамеша маддоҳ будед ва то ҳол маддоҳӣ мекунед, то луқмае пешатон афкананд! Агар инони забону фарҳанги Миллат ба дасти шумо бошад, пас вой ба ҳоламон, бояд тахтаву тиракро ғундошту баргу бори худро барои лаҳад омода намуд! Ҳоло дигар хаёли Самарқанду Бухоро барои мо тушбераи хом аст, дигар нозидан ба ончи, ки дар ҳудуди сарзаминҳои аздастрафта доштаем, фоида надорад. Ба мо дигар бовар намекунанд! Чанд сол аст, ки менигарам: ҷуз дурӯғу таблиғи дурӯғ ва такрори тӯтивори ахбори фармоишӣ чизеро намебинаму намешунавам. Мисли ин аст, ки дар кишвари мо мушкилие нест. Ҳама ҳофизанду ҳар рӯз ТВТ, ТВС, Пойтахт… Кохи Ҷомӣ, Борбад, Ваҳдат «ситора»- месозанду ситора муаррифӣ мекунанд. Подабон меояду пушти «Ямаха» меистад, пунбакор меояду саҳнаро ба сар мебардорад… Ситора, ситора, ситораборон… Мисраъе дорад Иқбол: «Ситора мешикананду офтоб месозанд!», аммо мутаассифона дар мо Офтоб мешикананду шамъ дуруст мекунанд! Кӯдаки тозараҳравро дар саҳнаҳояшон «ситора» месозанд. Эй дареғ, ин ситораҳо «чи хотироти хуше» аз худ дар (собиқ) Черкизбозори Масков, дар Тошканд, дар Кобул аз худ боқӣ гузоштаанд. Аксҳои онҳоро болои дискҳояшон дар кӯчаву бозорҳои Кобул тамошо куну аз хиҷолат заминро хоҳиш кун, ки маро бигир! Кунҷунбониву синатаконияшонро нигар… Ба кӣ мегӯйиву аз кӣ мепурсӣ? Гӯйӣ ҳама маънои «сиёсати дарҳои кушод»-ро чунин фаҳмидаанд, ки: Ман шаҳрванди озодам, Ҳукумат кист, Вазорати корҳои хориҷӣ кист, Вазорати фарҳанг кист, ки ман барои консерт доданам дар Кобул ё Дубай ё Тошканд ё шаҳрҳои Русия аз онҳо иҷоза пурсам?! Бигзор ин корро он чанд тане, ки дар ансамбли «Шашмақом»-у «Дарё»-ву зери итоати «Базморо» ҳастанд анҷом диҳанд, бигзор онҳо аз консертҳои хеш ба Давлат андоз супоранд. Ман бо пули худ ба хориҷа мераваму консерт медиҳам ва даромади он аз худи ман аст! Бале, андеша ҳатман чунин аст «ситора»-ҳоро! Аммо касе нест ба инҳо гӯяд, ки: «Кӣ ба ту иҷоза дода, кадом шахси баландмақом ё вазоратхонаи масъул, ки худро дар хориҷа шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ намоӣ ва аз номи он консерт диҳӣ?!». Дар замони Шӯравӣ шӯъбае ё раёсате ё чизе ба исми «Госконсерт» буд. Ин бахш сафари ҳунармандони кишварро ба навоҳию вилоёти ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он омода мекард. Оҳангҳо, матнҳои сурудҳо, либосҳо, тарзи сароиш… ҳама дар доираи муайяну қавоиди муназзам ба маърази иҷро гузошта мешуд. Шӯравӣ барҳам хӯрд. Ба ҷои «Госконсерт» муассисаи давлатии сафари ҳунарии «Базморо» таъсис ёфт. Ном нав шуд, аммо нақшаву намои он таҷдид нашуд. Валлоҳ касе ин «Базморо»-ро гӯш кунад. Зеро тибқи дастуроти он ҳаққи Давлатро пардохтан ҳатмист! Аммо «ситора»-ҳо пуштибонҳои хешро доранд, тамошобини хешро доранд ва намехоҳанд ба ин муассисаи Давлатӣ сари итоат хам кунанд. Шояд хонанда эрод бигирад, ки «ин чи касест, ки мехоҳад озодии аҳли ҳунарро салб кунад ва онҳоро боз ҳам қолабӣ созад?!». На, як дақиқа фикр кунед: Оё шумо розӣ ҳастед, ки як ҷавондухтари тоҷик, ки чанд оҳанг дорад ё оҳангҳои хориҷиеро аз худ кардаву аллакай аз тарафи барномаҳои ТВ-у радио ё саҳифаи ҳафтаномаҳои шахсӣ унвони «ситора», «ситораи сол», «ситораи Шарқ»…-ро гирифтааст, бе иҷозаи расмии Ҳукумат, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг ва ин муассисаи «Базморо» ба Русия ё Тошканд ё Кобул меравад ва онгоҳ… пас аз чанд рӯз диски «ҳунарнамоӣ»-и ӯ ба Ватан мерасад. Аллакай шумо чандин наворҳои кунҷунбониву синатаконии ин «ситора»-ҳоро дидаед, сарулибоси онҳоро дар ин «консертҳои ҳунарӣ»-и шахсӣ дидаед ва аз шарм чашматонро аз зану фарзандатон гурезонидаед. Оё ба ин тариқа розиед? Ҳунарманд вақте аз Ватани хеш ба қасди сафари ҳунарӣ хориҷ мешавад, марбут ба худаш нест, марбут ба фарҳанги мардуми худ аст. Як миллат бо дидани сару либоси ҳунарманд, тарзи бархӯрди ӯ, саҳнаороӣ ва матну оҳангҳои ӯ Миллати ӯро мешиносад ва зеҳнан то кадом андоза ғановат доштани таъриху фарҳанги ӯро тасаввур мекунад. Ҳунарманди асил мубаллиғи ҳунару фарҳангу шеъру сиёсати давлати худ барои милали дигар аст. Аммо ҳунармандони мо, ки ба Русия, Афғонистон ва камобеш ӯзбекистон рафтаанд, то чи ҳад ин рисолатро анҷом додаанд? Мушкили дигар, ки боиси фазиҳату сарафкандагии мост истифодаи духтар — овозхонҳои тоҷик дар клипҳои афғонӣ ва бадеҳахонии онҳо бо афғонҳост. Ҳоло, ки мо даъво дорем, ки миллати алоҳида ҳастем, давлати алоҳида дорем, сарҳадамонро посбонӣ мекунем, пас як афғон, ки маълум нест ӯ ба қавли худи онҳо форсивон (яъне тоҷик) бошад ё пашту (афғон) ё пашшаҳ ё ҳазора ё… чаро озодона меояду бо пуштибонии чанд манфиатдор аз тоҷикдухтар қаҳрамони клип месозад, то дар кишвараш аз чиву чиҳо карданаш ифтихор кунад. Худ борҳо шоҳид будам, борҳо шунидам, ки ин ё он овозхони моро мепурсиданду… Чи қадр одам сарафканда мешавад, чи қадр забонкӯтоҳ мешавад! Ма, ки ёр мегирам тоҷикӣ бошад… — бо ифтихор мехонад афғонписар. Ма, ки ёр мегирам бачаи Кобул… — ба умқи калимот сарфаҳм нарафта, ҳамовоз мешавад тоҷикдухтар. Ба шумо маъқул аст? Ба ман шахсан ҳамчун тоҷик не! Хуб, агар мо ҳамзабону ҳамнажоду ҳамтаъриху ҳаммилатем, пас чаро ситора -ҷавонҳои тоҷик намераванд, ки бо духтарони афғон клип — консерт созанд, бо онҳо бадеҳасароӣ кунанд ва аз ишқи духтари бағлонӣ ё кобулӣ ё нангарҳорӣ ба мо сароянд? Зеро онҳо нангу номуси афғонӣ доранд ва одамро зинда ба зинда барои камтарин кӯшиши коҳиши нангу номусашон пӯст мекананд. Аммо як бачаи афғон, ки каме ормунанавоз асту ба қавли худи онҳо чанд пайса ҳам дорад, осонакак ба Тоҷикистон омада, ба ивази чанд доллар духтари тоҷикро дар клипҳояш ба рақс медарорад, ҳамроҳаш овоз мехонад ва… меравад! Касе намепурсад, касе дар қиссаи ин фазиҳат нест! Ҷанобон, як маротиба дар мавриди генофонди миллӣ низ андеша намоед. Аллакай садҳо кӯдаки бепарастор дар кишвар дорем, ки падараш ё эронӣ ё афғонӣ ё… мебошад, ки онҳоро талоқ додаву рафтааст. Духтареро медонам, ки падари тифлакаш ҳиндист, аммо он ҳинд «Дар дини ман иҷозаи мусулмонро гирифтан нест»- гуфта, ӯро ба ҳоли худ гузошту рафт. Мероси гаронбаҳо, дар оянда ё Раҷ Капур мешавад ё Митҳун ё Амитабҳ! Шакке нест, ки фарзандони модарашон тоҷику падарашон хитоӣ низ даҳҳо маротиба аз афғонпадару эронпадар будаҳо афзунтар мешавад. Зеро дар кишвари ману шумо касе нест, ки рӯйи ин масъала, ки НАНГ-у НОМУС ном дорад, андеша намояд, чора бинад, қонун қабул кунад ва талаб намояд. Зеро «сиёсати дарҳои кушод»-ро мардум дар ҳамин рафтор дидаанд. Қаҳратон наояд, кишвари мо чанд сол аст, ки ба фабрикаи ҳофизбарорӣ табдил ёфтааст. Гӯйӣ зани тоҷик дигар Сино зоиданӣ нест, зеро ба Донишгоҳи тиб қабул кардани ин Синои навҷавон бе чанд ҳазор доллару миёнҷии тавоно имкон надорад! Зани тоҷик дигар ҳуқуқдон зоиданӣ нест, зеро дар факултаи ҳуқуқ… Танҳо «ситора» мезояд, саҳнаҳои мо шабеҳи теппаҳои ҳастанд, ки бо дурахши барқу баромадани офтоб ғарқи чунин замбурӯғҳо (ба қавли дигар хоч) — ситораҳо мешаванд. Дар ин чанд соли охир он қадар «ситора» бар фарқи саҳнаҳову сафҳаи ТВ-ҳо борид, ки илоҳо тавба! Ва агар рӯзноманигоре, шаҳрванде лаб ба эътироз кушояд, фавран ба Суд медиҳанд, ба прокурорҳои пуштибонашон шикоят мекунанд. Номусу нанги милливу ватанпарастиеро, ки борҳо Раиси Ҷумҳур ба он таъкид намуда, ба як пашиз намегиранд ва эътирозеро, ки бар асари номусдорӣ боло меояд «аз зери нохун чиркковӣ» эълом мекунанд. Ман бар инам, ки оне, ки пушти чунин афродро мегирад, даюс аст, беномус аст ва ҳаргиз мусулмону тоҷик нест! Тоҷик ҳамеша бояд ғурури баланд дошта бошад, нангу ори ориёии хешро ҳифз карда тавонад. Бигзарем, инҳо, ки гуфтем марази дохилии мо буд, ба ҳар ҳол тоқат кардану сабр намудан мумкин аст, зеро боло туф кунӣ ба рӯйи худ меафтад. Ҳадафи ман зарбулмасал — шиори ӯзбекие буд, ки онро номи ин мавзӯъ интихоб кардам ва маънояш «Диламон яку забонамон дигар» аст. Тӯли соли равон чандин бору бо каррот банерҳои таблиғии ҳофизони шоиставу халқиву мардумии ӯзбекистонро дидем, ки дар саҳнаҳои кохҳои машҳури шаҳри Душанбе, ки Пойтахти Тоҷикистон аст, дар Турсунзода, ки шаҳри саноатӣ ва дорои корхонаи аҳамияти стратегӣ доштаи Тоҷикистон аст, дар Хуҷанд, ки шаҳри муҳими самти шимоли кишвар аст,… консертҳо доданд. Бад нест ва ҳунармандон сафирони сулҳу оромиш ҳастанд. Мусиқӣ сарҳад надорад ва дар ин шакке нест. Аммо на ба он тарзе, ки зикраш дар боло гузашт, на ба ин тарзе, ки ҳоло тавзеҳ медиҳем. Соли равон Озода Нурсаидова дар шаҳри Хуҷанд, Фирӯза Ҷумъаниёзова, гурӯҳи «Боҷалар» ва чеҳраи шинохтаи мусиқии ӯзбекистони замони Шӯравӣ Шералӣ Ҷӯраев дар шаҳри Душанбе, Севинч — хонум дар Турсунзода консерт доданд. Бори дуввум Юлдуз Усмонова дар ҳамин сол дар таърихи 30-юми сентябр дар кохи Борбад (!!!) консерт дорад. Рӯзи 29-ум ҳазрати Сардор Раҳимхон дар Сирки давлатии тоҷик консерт доранд. Марҳабо, хуш келибсиз азиз тамошобинлар! Тибқи иттилоъи банда, консерти Шералӣ Ҷӯраев бе мувофиқаи Вазорати фарҳанги кишвар бо иҷозати шахси алоҳидае, ки номаш маълум нест, дар Тоҷикистон сурат гирифт. Консерти Севинч — хонум низ ғайрирасмӣ буд ва таронаҳои ӯ сиёсати ӯзбекистон ва бузургии Темурро таблиғ намуданд! Албатта теъдоди онҳое, ки дар тӯли як сол аз он кишвари «ҳамҷавор, дӯст, бародар» ба сарзамини мо омадаанд, аз ин шумор бештар аст. Баъзеро «Ориён — медиа» (агар ин номро нодуруст нанавишта бошам), баъзеро бонкҳои машҳури кишвар, баъзеро ким — кадом нафар аз Дастгоҳ пуштибонӣ кардаанд ё «иҷозат» додаанд. Дар қиболи ин ҳама «ташрифот» аз Тоҷикистон чанд нафар ё чанд гурӯҳ озими Тошканд шуданд ва дар шаҳрҳои бузургу аҳамияти саноативу стратегӣ доштаи он кишвар озодона бо маблағгузории бонкҳои бузурги он кишвар ё шабакаҳои ТВ-и он ё нафароне аз Дастгоҳи Президенти он консертҳо додаанд?! Дуруст, як — ду нафар рафта буданду консерт ҳам доданд, аммо тавре дар боло гуфтем, аз олами «ситора»-ҳо буданд ва «Базморо» ба онҳо ҳаққи мамониат надошт, дигар вазоратхонаҳо низ. Оё ин чанд нафар ва ё гурӯҳи ҳунарие, ки ба он сомон рафтанд, мисли Севинч — хонум, ки озодона дар бораи азамати Темурланг суруд хонд, дар бораи азамати Исмоили Сомонӣ суруд хонданд?! Қотеан не. Консерти ситораҳои мо ҳамон буд, ки дар Русия буд, дар Кобул буд… Дар тамоми кишварҳои дигар, аз ҷумла ӯзбекистон ҳунар зери назорати Давлат аст. Дар ӯзбекистон муассисаи «ӯзбек — наво» иқтидоре дорад, ки чандин вазоратхонаи мо надорад. Ин муассиса ҳунармандони кишварашро як — як ба ҳисоб гирифта, онҳоро маҷбур ба гирифтани Литсензия намудааст ва тамоми сафарҳои дохиливу хориҷии онҳо — чи гурӯҳҳои озоди ҳунариву чи давлатӣ,- бе хатти ҷавози он ва супоришоти он амалӣ намегардад! Ҳоло вақте «Базморо» ё Вазорати фарҳанги Тоҷикистон агар бихоҳад, ки гурӯҳи ҳунариеро ба он кишвар эъзом дорад, ба Ҳукумати он дархост мефиристад. Таваҷҷӯҳ кунед: дар оғоз гуфтам, ки Ҳукумат, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги кишвари мо коре надоранд, ки кадом «ситора» — шаҳрванди Тоҷикистон ба кадом кишвар «сафари ҳунарӣ» анҷом медиҳад, чи гуна либос мепӯшад, кадом матнҳоро месарояд ва ин «сафари ҳунарӣ» чи пайомаде аз нигоҳи нангу эътибору номуси миллӣ барои кишвари мо дар пай дорад?! Дархости воридаро Ҳукумати он кишвар баррасӣ ва ба Вазорати корҳои хориҷӣ ирсол менамояд. Ин вазорат, ки дарвозаи аслии кишвар аст, он дархостро омӯхта, ба Вазорати фарҳангаш мефиристад. Вазорати мазкур онро омӯхта, ба «ӯзбек — наво» ирсол менамояд. Онгоҳ посух меояд: «Анататсияи ҳунармандонеро, ки мехоҳанд сафар кунанд, тарҷимаи ашӯлаҳоеро, ки мехоҳанд сароянд, мушаххасоти ҳар фарди гурӯҳ ва чанд нафар будани онҳоро ба мо фиристед». Ин ҳамаро аз ҷониби мо мӯҳтарамона мефиристанд ва посух меояд (баъди чандин ҳафта): «Дархост қабул нашуд!». Тамом! Дар мо чӣ? Бемалол, ҳар кӣ хоҳад ҳофизеро аз Афғонистон, Русия, ӯзбекистон… меорад ва ҳарчиро, ки он ҳофиз дилаш мехоҳад бо забони худаш мехонаду маблағи ҳангуфтеро рӯфта мебарад. Шахси алоҳидае ё бонкдоре аз ин консерт суд мебараду тамом. Давлат чӣ? Ҳеч. Миллат бошад, таҳти таъсири забону сиёсати кишвари он меҳмони машҳур мемонад. ӯзбекистон солҳост, ки ба кишвари мо миёнаи хуш надорад. Дар бадтарин рӯзҳои Миллати мо аз мо рӯй тофт, нагузошт, ки барқи харидаи кишвари мо тавассути ноқилҳояш ба Тоҷикистон расад, газашро қатъ кард! Аммо ҳофизонаш меоянду мехонанду мебаранд, ба қавли мардуми деҳаи мо: «Ба худам қаҳрию ба х…м оштӣ!». Севинч — хонум бошад, бо додани чанд сомонӣ ба нафари алоҳидае аз боло ё поин, меояду дар бораи азамати соҳиби калламанорҳои таърихӣ, фарде, ки 7000 кӯдаки тоҷикро дар Исфаҳон зери сумби аспҳои ҷангии саворонаш ба хоку хун молид, суруд мехонаду касе ҳам эътироз намекунад ва чапакзанӣ ҳам мекунанд! Ҳол он ки, дар ҳафтаномаҳои он кишвар ба ҳеч ваҷҳ номи Тоҷикистон зикр намешавад, гӯйӣ чунин кишваре дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Аммо рӯзноманигорони мо аз ҳарчи, ки Ҳукумати кишвар тасмим бигирад — хоҳ мавзӯи обу истгоҳи барқии обӣ, хоҳ як сохтмони дигари муҳим, — дар ҳафтаномаҳояшон ҷор зада, бемалол худ табарро даст медиҳанд ва шумораву саҳифае дар ҳафтаномаҳои мо нест, ки бо ягон баҳона маводеро дар мавриди ӯзбекистон чоп накунанд. Ҳарчи, ки то ин дам чоп кардаанд ҳамаш хилофи Миллати мо буда, ҳарчи кардаанд зеҳни моро аз номи он кишвар пур кардаанд, моро дар зеҳни худ ҳақир сохтаву он кишварро бо азамат ҷилва додаанд! Инак, Душанбе — пойтахти Тоҷикистон имсол «Пойтахти фарҳанги исломӣ» шуд. Муборак бошад! Миллати мо пешвои мазҳаберо таҷлил мекунад, ки шаст дар сади мусулмонони ҷаҳон пайрави мактаби ӯянд! Оё баъд аз ин низ Ҳукумат иҷоза медиҳад, ки ин «ситора»-ҳо, ки ҷуз рехтани нуфузи Миллат ва ҷамъ кардани доллар ба нафъи худу чанд тани дигар, суде намеоранд, боз ҳам ба Афғонистону Русияву… «сафари хидматӣ» анҷом диҳанд? Оё ба мардуме, ки дар «пойтахти фарҳанги исломӣ» зиндагӣ мекунанд, мусулмонони хориҷӣ тамасхур намезананд? Оё вақти он нарасидааст, ки принсипи аз замони Шӯравӣ меросмондаи кории «Базморо» бо сиёсати имрӯзаи кишвар ва мувофиқ бо дастовардҳои Вазоратҳои фарҳангии дигар кишварҳо, ки мувофиқ бо замони имрӯз ба роҳ монда шудаанд, дигаргун карда шавад? Оё наметавон рӯйи ин амр ба Вазорати фарҳанги кишвар салоҳияти қотеъ дод ва чунон кард, ки ҳеч фарде аз «боло» ё поин натавонад бе иҷозату омӯзиши расмии ин вазоратхона Севинчу Шералӣ Ҷӯраевҳоро даъват кунад? Оё вақти он нарасидааст, ки Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанг садди роҳи «сафарҳои ҳунарӣ»-и ин «ситора»-ҳо ва гурӯҳҳои озод шавад? Ба хотир гиред: Дар кишварҳои дигар, аз ҷумла ватани Севинч — хонум барои надоштани Литсензия, бе мувофиқа гузоштани консерт дар навоҳию вилоёту шаҳрҳои кишвар ва ҳатто бо баҳонаи «меҳмонӣ» ба хориҷа сафар кардану консерт додан ҷаримаи калон ва ҳатто ҳуқуқи то як сол иштирок накардан дар консертҳову насароидан пешбинӣ шудааст! Оё вақти он нарасидааст, ки чунин принсиперо Ҳукумати кишвари мо низ пиёда кунад? Оё хӯрдани фиреби зарбулмасал — шиори «Дилимиз бир, тилимиз бошқа!» кифоят нест? Агар не, ба консерти Сардор Раҳимхон ва Юлдуз «хуш келибсиз азиз тожиклар! Сардорхон қуйлайдӣ!».

И. С. ВАЛИЗОДА

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: