Главная > Uncategorized > Интерпол бояд биҷӯяд…

Интерпол бояд биҷӯяд…

Китоби Торо (Таврот) яке аз қадимтарин китобҳои муқаддас аст, ки ба Мӯсо паёмбар нозил шудааст. Аммо тибқи муқаррароти дини ислом баъд аз нузули Қуръон ҳар се китоби осмонӣ: Забури Довуд, Тавроти Мӯсо ва Инҷили Исо мансух гаштаанд. На ба он маънӣ, ки мӯҳтавои ин китобҳо нодуруст буд. Аз он лиҳоз, ки аз сӯи шахсони алоҳида тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, маънии аслии онҳо аз байн рафтааст. Донишмандони исломӣ бар он назаранд, ки ҳар чи аз асли ин китобҳо боқӣ монд, дар Қуръон ҷой дода шудааст ва ба ин хотир нусхаҳои дигаре, ки аз ҷониби афроди ҷудогона тартиб дода шуд, мансухгашта маҳсуб меёбад.
Тоҷики содда ва шинохти сарватҳои фарҳангӣ
Аммо ҳоло дар Душанбе тибқи маълумоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон китобе аз дасти шаҳрванд Муҳиддин Шарбатов рабуда шудааст, ки ба қавли соҳиби он нусхаи қадимаи Торо (Таврот) мебошад. Рабояндаи китоб Хуршед Каримов дар таърихи 28-уми август як сӯиқасд ба ҷони Шарбатов мекунад ва мехоҳад бо банд гулӯи ӯро фишорад. Вале оқои Шарбатов бо чолокӣ худро ба рӯд меандозад ва аз чанголи ин мард халос мешавад. Лекин Хуршед Каримов китоби Тороро ба яғмо мебарад. Сухангӯи Вазорати дохила Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, ки айни ҳол Хуршед Каримов мавриди ҷустуҷӯй қарор дорад ва дар сурати боздошт китоб агар қадимӣ бошад, бо арзиши муайяне аз соҳибаш харидорӣ ва дар Осорхонаи миллӣ нигаҳдорӣ хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Музаффар Азизов, раиси Идораи ҳифзи осори таърихӣ ва фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба қадимӣ будани чунин китобҳо эътимод надорад. ӯ мегӯяд, ки шахсони алоҳида ба хотири манфиат ба даст овардан китобҳои қалбакиро ба мисли Торо (Таврот) дар байни мардум реклама мекунанд ва бо арзиши гарон мефурӯшанд. Вай афзуд: «Дар кабинети ман 6-7-то чунин Тавротҳоро оварданд ва бурданд. Комиссияи экспертизаи бадеии мо хулоса баровард, ки ягонтои ин Тавротҳо ҳақиқӣ нест. Аввал як афғон аз Дубай се китоби Таврот овард, ки ба савдои он шаҳрвандони мо низ даст доштанд. Дар оғоз 7 ҳазор доллар ва баъдан 15 ҳазор доллар нархи ин асарҳоро баланд карданд. Умуман қимати Таврот аз Қуръон баланд шуд. Ин як тоҷикигарии мост, ки бояд ҳатман дастоварди яҳудиҳоро нисбат ба арзишҳои фарҳангӣ ва миллии худ баланд бардорем. Яъне фикр мекунам, ки дар байни тамоми мамлакатҳои дунё аз лиҳози шинохти сарватҳои фарҳангӣ аз ҳама содда тоҷиконро ёфтанд. Тавассути Афғонистон аз Покистон тангаҳои қалбакии зиёдеро ворид карда истодаанд. Дар баъзе кишварҳо мардуми ҳунарманд тангаҳоро нақшу нигор мекунанд ва дар зери хок мегузоранд. Пас аз фавти эшон фарзандонашон ин тангаҳоро, ки кӯҳна шудааст, аз зери хок мегиранд ва чун бозёфти қадима бо нархи гарон мефурӯшанд. Ман ҳоло гуфта наметавонам, ки ин Тавроти рабудашуда қадимист ё не, вале фикр мекунам, ки умуман ҳамин Таврот барои мо лозим нест. Як дастхати онро дорем, кофист».

Фарҳангиён хабар надоранд…
Ин дар ҳолест, ки Зафар Иброҳимов, муовини директори Осорхонаи миллӣ нигоҳ доштани Тавротро, агар таърихи қадимӣ дошта бошад, дар осорхона ҳатмӣ мешуморад. ӯ мегӯяд, ки дар осорхона нусхаи Тавроти қадима вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, ҳар як осорхона ба ғайр аз маҷмӯаҳои миллӣ бояд дар таркибаш коллексияи халқҳои дигарро низ дошта бошад. Авлавият дар осорҳои миллӣ дода мешавад, аммо бигзор нигораҳои таърихии дигар халқҳо бошад ва ҳеҷ халал ворид намесозад.
Аммо аз воқеаи рабуда шудани Таврот дар таърихи 28-уми августи соли ҷорӣ на дар Вазорати фарҳанг ва на дар Осорхонаи миллӣ хабар надоранд.
Ба гуфтаи Музаффар Азизов, тамоми он Тавротҳое, ки тавассути миёнравҳо дар дохили кишвар ба фурӯш гузошта шуда буданд, қадимӣ набуда, асарҳои қалбакист ва ба асри ХХ тааллуқ доранд. Аммо Тавроти рабудашудаи Муҳиддин Шарбатов сохта аст ё қадимӣ, танҳо баъд аз бозёфт шудан ва гузаштани санҷиши Вазорати фарҳанг маълум мешавад. Шояд соҳиби китоб соли таълиф ва ба кадом аср тааллуқ доштани онро донад. Вале бо ӯ имкони сӯҳбат кардан нашуд.

Қочоқчӣ дастгир хоҳад шуд!
Дар мавриди он ки агар китоби рабудашудаи Торо аз ҷониби ягон шаҳрванди хориҷӣ харидорӣ гардад, пас баргардондани он имкон дорад ва ё не, назарҳо мухталифанд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ бар сари ин андеша аст, ки китоби Тороро аз ҳудуди кишвар имкони берун баровардан нест. Зеро ба Раёсати корҳои дохилӣ воқифнома ирсол шудааст ва дар сурати аз сарҳад гузаронидан қочоқчӣ дастгир хоҳад шуд.
Музаффар Азизов, раиси Идораи ҳифзи осори таърихии Вазорати фарҳанг мегӯяд, ки дар сурати аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ харидорӣ шудани китоб баргардондан ғайри имкон аст. — Ҳарчанд конвенсияҳо дар бораи баргардонидани осорҳои таърихӣ вуҷуд дорад, аммо аз ҷониби баъзе кишварҳо имзо намешавад,- афзуд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол муовини директори Осорхонаи миллӣ Зафар Иброҳимов дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки «Қонун дар бораи даровардан ва баровардани арзишҳои фарҳангӣ» мавҷуд аст ва аз соли 2001 қабул гардидааст. Мувофиқи он, ҳар осори таърихие, ки аз ҳудуди Тоҷикистон рабуда шуд, тавассути дахли Интерпол бояд баргардонда шавад.
Дар сурати бозёфти китоби Торо ва аз экспертизаи Вазорати фарҳанг гузаштани он муайян хоҳад шуд, ки он қадимӣ ё сохта аст. Дар мавриде ки Таврот қалбакӣ бошад, пас ду ҷиҳати масъала равшан хоҳад шуд. Аввал бо тарғиби китоб нуфузи онро дар байни ҷомеа афзудан ва дигаре ҳадафи сирф тиҷорӣ аст. Зеро, ба гуфти Музаффар Азизов, мехоҳанд аз соддагии мардуми тоҷик нисбати шинохти сарватҳои фарҳангӣ истифода баранд ва суд ба даст оранд.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: