Мӯҳр

— Рафиқон! Мо соли гузаштаро бо муваффақиятҳои зиёд ҷамъбаст намудем. Нақшаи буҷаи шаҳр 150 фоиз иҷро шуд. Имсол ният дорем, ки иҷрои онро дучанд зиёд намоем. Муваффақиятҳои мо дар ғанӣ гардонидани буҷаи шаҳр асосан аз бозорҳои шаҳрамон аст. Ҳоло дар шаҳр 10 бозор фаъолият мекунад ва мо боз нияти бунёди 10 бозори дигарро дорем.
Саволҳо бошад, марҳамат! Канӣ, кӣ чӣ дархост ва ё пешниҳод дорад!?
Марҳамат, Ҷорӯбалӣ Рӯфтанович!
— Ҷаноби Раис! Таклиф доштам, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷа қад — қади роҳҳои пиёдагард қуттиҳои ифлосипарто мешинондем, мардум қоғазу чизи дар даст афтодаро ба роҳ нею ба қуттиҳо мепартофтанд, шаҳр тоза мешуд ва рубандаҳои мо азоб намекашиданд.
— Қуттиҳои ифлоспарто мегӯед!? Ҳа, фаҳмо! Чор тангаи буҷаро дида наметавонед — ҳа!? Агар мо маблағҳои будагиро аз харидани қуттиҳои ахлотпарто шурӯъ намоем, ту Ҷорӯбалӣ Рӯфтанович бо коргарҳоят бекор намемонед? Оҳ, ҳамон қоғаз ва семичка ҳаст, ки мо шуморо сардор таъин кардему ба дастатон мӯҳри корхонаро додем. Камтаракак андеша кунед, завод аз кор монд! Хитойиҳо ҳама чизро оварданду ҳамин овардани қуттиҳои ахлотпартои сари роҳҳоро фаромӯш карданд. Агар мо дар марказ сохтани ҳар як қуттии ифлоспартои сарироҳиро бо маблағи 30-сомонигӣ фармоиш диҳем, медонед чи қадар маблағ мешавад!? Лоиҳа нависед! Мана, сардори пешин лоиҳа навишту бо маблағҳои Урбаниниститут қуттиҳои калон — калони ахлотпарто харидорӣ намуд. Баднафс, пули чанд қуттиро қултӣ карда хӯрду наандешид, ки шаҳр сардор дорад. Фаҳмидед, Ҷорӯбалӣ Рӯфтанович! Шинед, кори худатонро ба гардани дигарон бор накунед! Кор кардан хоҳед, кор мекунем, нахоҳед аризаатонро нависед! Ҳоло аз бекорӣ қисме корро хоб дида истодаанд. Даҳонатро накушодаӣ, ки, «Ман» мегӯянду бенаво намемонанд.
— Мӯҳтарам Раис, ман фаҳмидан мехостам, ки чаро буҷаи шаҳр барзиёд иҷро шуда истодаасту ду сол боз барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ аз буҷа як пучаки сиёҳ ҷудо намешавад? Охир, барномаи давлатӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ қабул шудааст — ку!?
— Оҳ, Шустушӯй Собунович! Шумо дар як сол як маротиба ба мисли каждуми заҳрнок ба маҷлис меоеду маро неш мезанед. Чаро дар маҷлисҳои пагоҳирӯзӣ иштирок намекунед?
— Калон Қапқонович! Корхонаи мо корхонаи байниноҳиявӣ. Аз рӯи сохтор ва қоидаи солҳои қаблӣ, мо дар маҷлисҳои пагоҳирӯзии муовини раиси вилоят иштирок карда, ба воситаи шӯъбаи коммуналии дастгоҳи раиси вилоят дастуру супоришҳо мегирем. Дар маҷлисҳои пагоҳирӯзии шумо мудири қитъаамон иштирок мекунад.
— Мудири қитъа гуфтӣ, Шустушӯй Собунович!? Мудири қитъаи мегуфтагиат дар кисааш мӯҳр надорад. Мӯҳри корхона дар кисаи туст. Канӣ мӯҳрро барор!
— Калон Қапқонович! Мӯҳрро намедиҳам, ба ман мӯҳр ва вазифаро Бузург Пӯстакович додааст!
— Ин тавр бошад, марҳамат карда дар ҷоят шин… Войе, якеро ман мӯҳр медиҳаму дигареро Бузург Пӯстакович! Ту чи аз ҷойат хода барин хестаӣ, Лаганбардор Ғизоевич!
— Мӯҳтарам Раис! Ман аз Шумо изҳори миннатдорӣ мекунам. Шумо одами оқил будаед. Агар дар шаҳр даҳ бозор бунёд кунед, дигар эҳтиёҷи мардум ба автобус намемонад. Бешубҳа, аз нависонависи онҳое, ки гӯё дар маркази вилоят нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат намекунад, осонакак раҳоӣ меёбед. Дар назди бозори марказӣ дигар сохтани роҳҳои зеризаминӣ зарурат надорад. Қанд занед, Раис! Ҳамаи даромад аз бозор аст. Инро дуруст фаҳмидаед! Дар замони Шӯравӣ мардум талоши дар шаҳрҳо бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти худиро мекарданд, пурра хато будааст. Рафиқон, зинда бод бозорсозӣ!!
— Қанд занед Лаганбардор Ғизоевич! Мӯҳри ҷамъияти матлубот ва раиси бозорро ҳалол кардаед. Агар Шумо ва Шумо баринҳо дар пушти ман набошед, қисме аз ин беинсофҳо даъвои ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ, таъмири лифтҳои хонаҳои баландошёна, бунёди мактаб, таъмири бомҳо, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва кашонидани ахлотпартои маркази шаҳрро ба берун аз шаҳр аз ҳисоби буҷа мекунанд, ки ин метавонад нақшаи стротежии шаҳр, бунёди бозору мағозаҳоро барбод бидиҳад. Апшууу!!!!
Ба диққататон раҳмат! Пагоҳ касе ба маҷлиси пагоҳирӯзӣ меояд, дар кисааш мӯҳр дошта бошад! Мӯҳрро бовар карда ба касе надиҳед, фаҳмо!
— Бале, ҷаноби мӯҳтарам, нури дида, қабули қалбҳо! Мо мӯҳр ва боварии Шуморо дар сари синаамон кафшер мекунем, то ки мисли дигарон гирифтори фишори хуну марги нобаҳангом нагардем, Калон Қапқонович!

Давлати AБРОР

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: