Главная > Ҷумъаи ТОЛИБ, Uncategorized > Файзобода шамолош не-е, қаророш…

Файзобода шамолош не-е, қаророш…

Дар дафтари корӣ менишастему ду нафар вориди он гардида, муаллифи мақолаи «Бесоҳибӣ дар Файзобод»-ро пурсон шуданду пас аз шиносоӣ бо ӯ сӯҳбатро идома дода, нусхаҳои газетаро, ки дар онҳо оид ба баҳси ба амал омада мавод нашр шуда буд, пурсиданд. Ба кори худ машғул будаму ногоҳ ҳис намудам, ки он ду нафар дар ҳуҷраи кориамон нишаста, моро таҳдид карда истодаанд. Аниқтараш, бо ким — кадом нафари боломақом тарсонданӣ буданд. Гуфтем, ки аз касе боке надорем, ба ҷуз аз Офаридгор…
Вале он болонишину нафарони ба ин кор дастдошта аз Худо метарсида бошанд?! Борҳо ин суолро ба худ додаму ғайр аз ин ҷавоб чизи дигаре наёфтам: «Агар метарсиданд, ба чунин амал даст намезаданд».
Мегӯянд, ки табари Худованд, хеле кунд аст, аммо мебуррад… Чунон мебуррад, ки … Эҳтимол аз ҳамин ҷост, ки таъкид кардаанд: «Задани Худо садо надорад, вақте ки зад, даво надорад»…
Чанд рӯз қабл дар деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод будам. Гулрӯ Ибодова, оне, ки хонаашро ба хоки сиёҳ яксон кардаанд, гирён мегуфт:
— Касе, ки хонаи моро ба чунин ҳол кард, Худованд подошаш диҳад. Хонааш вайрон шавад… Зимистон меояд, бо кӯдаком чӣ кор мекунем?…
Онҳо дар хонаи саҳроӣ (палатка) зиндагӣ доранд. Боре борон боридаасту хонаи саҳроиро об зер кардааст. Онҳо маҷбур шудаанд, ки дар хонаи ҳамсояашон паноҳ баранд.
Донаҳои ашк аз дидагонаш сарозер мешуду маро таъкиди Ҳофизи Шерозӣ ба хотир расид:

Тири оҳи мо зи гардун бигзарад, Ҳофиз хамӯш,
Раҳм кун бар ҷони худ, парҳез кун аз тири мо…
Ҳодисаи кӯчондани манзили истиқоматии сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод А. Рақибову пас аз нашри мақола, аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо хонаи муваққатии саҳроӣ (палатка) таъмин намудан ин оила ҳам хандаовар асту ҳам дарднок. Аввалаш, ягон ҳолати фавқулодда набуд, дигараш, аз ин сахттар ҳақорате нест, ки мақомоти маҳаллӣ манзилгоҳи ободи сокини як деҳаро бо 5 фарзанди ноболиғаш ба чунин ҳол гирифтор намояду «офатзада» гӯён ба онҳо ёрӣ расонанд.
Биёед, аз аввал шурӯъ мекунем.
Бо фармони директори совхози Ҳамза аз 21-уми июли соли 1997 ба А. Рақибов 10 сотих замини корам барои сохтани хона ҷудо карда дода мешавад. Таъкид мекунем, ки замини наздиҳавлигӣ барои сохтани хона ҷудо карда шудааст. Дар ҳамин фармон таъкид мешавад, ки сохтмони хона, пас аз гирифтани қарори ҷамоати деҳоти Мискинобод иҷозат дода шавад. Ҷамоати деҳоти Мискинобод аз 26-уми сентябри соли 1997 № 41 бо қарори худ Фармони директори совхози Ҳамзаро тасдиқ намуда, ризоият медиҳад, ки замин ҷудо карда шавад ва аз ҳукумати ноҳия мепурсад, ки барои сохтмони хона ба шаҳрвандон иҷозат диҳад. Дар як вақт шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки то гирифтани қарори раиси ноҳия манзилгоҳ насозанд. Қарори қаблии раиси ҷамоатро 29-уми майи соли 2004 таҳти № 75 аз тарафи раиси ҷамоати Мискинобод Назаров дар асоси пешниҳоди худи раиси ҷамоат бекор карда мешавад. Дар ин қарор ваҷҳ оварда шудааст, ки шаҳрвандон талаботи Кодекси замини Ҷумҳуриро иҷро накардаанд. Дар санаде, ки аз 7-уми апрели соли 2004 аз тарафи ҳайати комиссия иборат аз 4 нафар тартиб дода шудаасту асос барои пешниҳоди раиси ҷамоат ва ниҳоят қабули қароргардида боиси бекор гардидани ҳуқуқи заминистифодабарии 28 нафар шудааст, таъкид мешавад, ки шаҳрвандон нишондоди моддаи 37 банди «г» Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардаанд. Дар ин банди қонун таъкид мешавад: Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин: «Истифода бурдани замин на мувофиқи мақсаде, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин нишон дода шудааст». А. Рақибов бо кадом мақсад он заминро истифода бурд, ки боиси бекор гардидани қарори заминистифодабарии ӯ гардид? Беҳуда дар боло таъкид накардем, ки қитъаи замин барои сохтани манзили истиқоматӣ ҷудо шуда буду онро шаҳрванд ба ягон мақсади дигар истифода набурдааст. Дар таърихи 18-уми августи соли 2002 аз тарафи 5 нафар ҳайати комиссия дар асоси аризаи Азиз Рақибов санҷиш гузарондаанд. Ёрдамчии прокурори ҳамонвақтаи ноҳия З. Валиев иштирок доштааст. Қайд карда мешавад, ки дар замин хона сохта нашуда бошад ҳам, гандум кишт карда шуда, 44 бех ниҳоли мевадиҳанда шинонда шудааст. Он вақт ниҳолҳо 5-сола будаанд. Ин ҳолат шаҳодат медиҳад, ки замин мақсаднок истифода бурда шудааст. Чунки заминро истифода мебурдаанд, дар замин кишт кардаанд, ниҳол шинондаанд. Ё ки истифодаи мақсаднок танҳо аз сохтани манзилгоҳ иборат аст? Агар барои хонасозӣ маблағ надошта бошад чӣ? Охир, заминистифодабарандаи якумдараҷа — совхоз барои шаҳрванд замини наздиҳавлигӣ ҷудо намуд, онро ҷамоат тасдиқ кард, пас шаҳрванд ҳамчун соҳибмулк эътироф карда мешавад. Дигараш он ки, раиси ҷамоат худаш пешниҳод мекунаду худ қарорҳои ҷамоати деҳоти Мискинободро аз соли 1988 то соли 2004 бекор менамояд. Кӣ ва кадом санади меъёрию ҳуқуқӣ ба ин раиси ҷамоат чунин ваколатро дода бошад, ки 16-сола қарорҳои пештар қабулкардашударо бекор намояд?
Дар таърихи 17-уми августи соли 2006 аъзоёни комиссия У. Раҳматуллоева — муовини раиси ноҳия, С. П. Нуров — роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, С. Ваҳобов — сардори нозироти андози ноҳия, Г. Халифаева — муовини раиси ҷамоат, А. Сайфиддинов — директори ХДТ-и ба номи А. Назиров, И. Ҳасанов — мутахассиси кумитаи замини ноҳия, Б. Идиев — муҳандиси заминсози ҷамоат, А. Давлатов — раиси кумитаи маҳалла дар асоси аризаи А. Рақибов ба ҷамоати деҳоти Мискинобод чунин тавсия медиҳанд: «Комиссия ба хулосае омад, ки аз ҷамоати деҳоти Мискинобод хоҳиш карда шавад, ки ҳуҷҷатҳои замини наздиҳавлигии Рақибов Атобуллоро аз сари нав ба расмият дароварда, нақшаи сармеъмори ноҳияро гирифта, хонаи истиқоматиашро созад». Ин санад гувоҳӣ медиҳад, ки барои сохтани манзилгоҳ ба А. Рақибов мамониат мекардаанд. Агар чунин ҳолат намебуд, ӯ ба ташкилотҳои болоӣ муроҷиат намекарду онҳо ба чунин хулоса намеомаданд.
Раиси ҷамоати деҳоти Мискинобод дар таърихи 30-юми июни соли 2007 дар бораи ба расмиятдарории ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин барои 11 нафар қарор мебарорад, ки дар байнашон А. Рақибов низ ҳаст. Парвандаи заминсозӣ оид ба расмиятдарории ҳуқуқи истифодабарии замини наздиҳавлигии шаҳрвандони деҳаи Заркамар омода карда мешавад, ки мувофиқи Фармони Кумитаи давлатии заминсозии ҶТ аз тарафи мутахассисони ин мақомот Т. Аъзамов санаи 18-уми декабри соли 2007 санҷида шуда, камбудиҳои онро таъкид намуда, барои додани санади ҳуқуқи истифодабарии замин ризоият медиҳад ва онҳо барои замини наздиҳавлигиашон сертификат мегиранд. Дар ҳамин парванда нусха аз харитаи заминистифодабарии хоҷагии КВДТ-и ба номи А. Назиров бо нишондоди соли 2004 мавҷуд мебошад. Нақшаи замини А. А. Рақибов бо тавсиби ҳудудҳо чунин муайян карда шудааст: «Замини наздиҳавлигии Миралиев Раҳматилло, соҳили дарёчаи канори деҳаи Заркамар — 2, замини наздиҳавлигии Қурбонов Алимардон, замини ҷамоати деҳоти Мискинобод». Яъне дар чор тарафи замини наздиҳавлигии А. Рақибов чунин заминҳо ҷойгир будаанд. Дар ин санаде, ки ҳудудҳо муайян карда шудааст, аз ҳамсарҳад бо роҳи байни деҳа будани замини А. Рақибов ягон маълумоте дида намешавад.
Ҳатто нафароне, ки барои вайрон кардани хонаи А. Рақибов саҳм гузоштаанд, иқрор шуданд, ки чанд сол қабл, то хонаашро сохтан дар тарафи чапи «роҳ» бинои ёрирасон — ошхонае сохта будаасту «роҳ» аз пеши ошхонаи ӯ мегузаштааст. Агар он қитъаи замин ба А. Рақибов тааллуқ намедошт, ҳеҷ гоҳ «роҳ»-ро дар байн гузошта, дар ду тарафаш манзилгоҳ намесохт. Ғайр аз он, аз тарзи ниҳолҳои шинонда маълум мешавад, ки барои сохтани хона ҳамин тарафро интихоб карда будаанд. Дар боло ишора намудем, ки дар соли 2002 ниҳолҳои себ 5-сола будаанд. Кунун онҳо кайҳост, ки мева медиҳанд. Ҷои сохтани хона маълум буд, пас чаро то бунёди хона касе изҳор накарду огоҳ насохт, ки роҳи мардумро маҳкам накун? Ҳатто дар сарҳади хонаи вайронкардашуда, замини бекорхобидае меистад, ки имкон дошт роҳро аз он ҷо ташкил кунанд. Дар паҳлӯи хонаи А. Рақибов ҳам роҳи мошингард мавҷуд мебошад, ки ба воситаи он ҳозир ҳам рафту омад мекунанд. Пас чӣ хел якбора ин масъала пайдо шуд? Яке мегӯяд, ки ин амал фармудаи ҷонибдорони нафаре бо лақаби Эшони Дароз асту дигаре иброз намуд, ки барои вайрон кардани хона савганди касе асос шудааст. Сеюмӣ далел меорад, ки барои ба хонаи зани дуюм рафтану омадан шахсе ин тарҳи роҳро кашидааст… Чорумӣ мақомоти қудратиро дар ин амал шарик медонад. Ҳарчанд, далелҳо дорем, аз ошкори онҳо худдорӣ менамоем. Зеро бо фош намудани онҳо масъала роҳи ҳалли худро намеёбад. Баръакс, болои «сӯхта намакоб мепошем».
Мо тасмим гирифтем, ки на ба гуфтаи шоҳидон, балки ба ҳуҷҷатҳо бештар рӯй орем. Дар Ҳукумати ноҳияи Файзобод ҳам будему ба маводҳои ҷамъовардаашон шинос шудем. Ду маротиба ба Прокуратураи ноҳияи Файзобод рафтем. Прокурори ноҳия дар иҷрои вазифа будаасту вохӯрда натавонистем. Бо ёрдамчии калони прокурори ноҳия А. Р. Раҳматов ҳамсӯҳбат гардида, ба чанд суол посух гирифтем ва он масъалаи дигар аст.
Ҳамааш аз амри прокурори ноҳия оғоз меёбад. Дар санаи 19-уми майи соли 2009 ба унвони шаҳрванд А. А. Рақибов амр дар бораи бартараф кардани вайронкунии қонун пешниҳод карда мешавад. Дар ин амрнома таъкид мешавад, ки қарори раиси ҷамоат аз 26-уми сентябри соли 1997 бекор карда шудаасту шаҳрванд А. Рақибов ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигиро надорад. Ба он ҳам нигоҳ накарда, дар он худсарона хонаи истиқоматӣ сохтааст. Аз ин рӯ, тибқи талаботи моддаи 104 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, замин бояд ба ҳолати аввала баргардонда шавад. Дар асоси ҳамин бо истифода аз ваколати худ амр карда шудааст, ки қонуншикании мазкур бартараф карда шуда, замин ба ҳолати аввала баргардонда шавад.
Дар амрнома аз хусуси ба таври такрорӣ аз ҷониби комиссия пешниҳод кардану қарори раиси ҷамоат аз 30-юми июни соли 2007 ҳарфе гуфта намешавад. Чи хел замин «худсарона» ишғол карда шуда аст, ки ҳатто сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода шудааст? Баъдан дар моддаи 104 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон сархати 2 таъкид шудааст: «Қитъаҳои замини худсарона ишғолкардашуда бо қарори мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) баргардонида мешавад». Модоме чунин бошад, пас чаро прокуратура ба шаҳрванд муроҷиат мекунад? Ғайр аз он, дар ин модда сухан дар бораи «қитъаҳои замини худсарона ишғолкардашуда» меравад. Дар ҷои баҳсӣ бошад, хонаи истиқоматӣ сохта шудааст? Пас хонаи истиқоматӣ бояд дар асоси чӣ вайрон карда шавад? Дар моддаи 47-и Кодекси номбурда зикр карда мешавад, ки баҳсҳо оид ба замин, ки дар мақомоти маҳалли заминсозӣ ба амал омадааст, дар ҳолати норизо будани тарафе дар суд мавриди баҳс қарор мегирад. Тибқи нишондоди моддаи 154 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳо марбут ба манзил тавассути суд ҳал карда мешавад.
Вале дар ин амрнома ба шаҳрванд муроҷиат намуда, таъкид кардаанд: «Амр бояд бетаъхир иҷро карда шуда, оиди иҷроиши он тариқи хаттӣ ба прокурори ноҳия хабар дода шавад».
Эҳтимол дарк мекунанд, ки амрро ба шаҳрванд барои иҷроиш фиристодану аз рафти иҷроиш хабари хаттӣ талаб намудан хандаовар аст. Дар таърихи 11-уми июни соли 2009 бо чунин мазмун ба раиси Ҳукумати ноҳияи Файзобод А. А. Ҳакимов амрномаро барои бартараф намудани қонуншиканӣ ирсол мекунанд. Дар таърихи июни соли 2009 таҳти рақами № 41 И. Ҳасанов — муовини раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Файзобод дастур навишта, шаҳрванд А. Рақибовро огоҳ мекунад, ки дар мӯҳлати 2 рӯз хонаи истиқоматиашро гардонда, роҳи байни деҳаро кушояд. Ҳамон рӯз санад дар бораи аз имзо саркашӣ намудани падари соҳиби хона А. Рақибов тартиб медиҳанд. Ҳамчунин дар ҳамон сана сармеъмори ноҳия Нурулло Шарипов огоҳнома навишта, таъкид мекунад, ки «шаҳрванд Рақибов Атобулло ғайри қонунӣ дар мобайни роҳи деҳа дар рӯи роҳ бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда хона сохтааст». Сармеъмор шаҳрвандро вазифадор мекунад, ки дар муддати 2 рӯз як қисми хонаашро канда, роҳро озод кунад. Вақте ки ин навиштаи сармеъмори ноҳияро мехонед, ҳайрон мешавед. Нақшаи сохтани 4 хонаи истиқоматии шаҳрванд А. Рақибовро худи Н. Шарипов кашидааст. Модоме он бе «ҳуҷҷати тасдиқкунанда» бошад, пас барои чӣ тарҳи хонаро кашид? Куҷост мантиқ? Ба амали чанд сол қабли сармеъмор бовар кунем, ё ба имрӯзааш? Оё ҳангоми кашидани тарҳи хонаю барои сохтмон иҷозат додан, замини мавҷудаю ҳуҷҷатҳоро дида буд?
Қарори раиси ноҳияи Файзобод аз 26-уми июни соли 2009 № 286 «Дар бораи амри прокурори ноҳияи Файзобод аз 11.06,2009» ном дорад. Ин санади меъёрӣ тибқи нишондоди моддаи 104 Кодекси замини ҶТ ва амри прокурори ноҳия аз 11.06.2009 қабул карда шуда, дар банди аввали он зикр мешавад, ки шаҳрванд А. Рақибов заминро худсарона ишғол карда, бе иҷозати мақомоти дахлдор манзили истиқоматӣ сохтааст, ба ҳолати аввала баргардонда шавад. Дар бораи «худсарона» ишғол намудани замин, «бе иҷозати мақомоти дахлдор» сохтани хона дар боло нақл кардем. Охир, чӣ хел худсарона мешавад, ки аз соли 1997 инҷониб замин ба ин шаҳрванд дар асоси қарори заминистифодабаранда вобаста карда шудааст, қарори ҷамоат ҳаст, ҳамчунин барои сохтани хона ризоияти сармеъмори ноҳия М. Шарипов мавҷуд мебошад.
Санаи 14-уми июли соли 2009 комиссияе баҳри иҷрои Қарори раиси ноҳия ба деҳаи Заркамар рафта, «замин»-ро ба ҳолати аввалааш бармегардонанд. Дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияву натиҷаи он қаблан огаҳӣ доред ва такрори онро салоҳ надонистем.
Баъди ин амал шаҳрванд А. Рақибов ва мӯйсафедону иштирокчиёни ҶБВ ба мақомотҳои гуногун аз рӯи ин ноадолатӣ муроҷиат мекунанд. Аҷибаш он аст, ки тамоми арзу шикоят барои баррасӣ боз ба Прокуратураи ноҳияи Файзобод фиристода мешавад. Дар асоси аризаҳои ба мақомотҳои гуногун фиристодашуда, ки ба прокуратураи ноҳияи Файзобод ирсол шуда буданд, иҷрокунандаи вазифаи прокурори ноҳия А. Р. Раҳматов ба муроҷиаткунанда посух менависад. Дар посухнома қайд карда мешавад, ки ба унвони прокуратураи ноҳия дар таърихи 3-юми апрели соли 2009 аз номи шаҳрвандон оиди ғайриқонунӣ сохтани бинои истиқоматӣ аризаи дастҷамъона дохил шудаасту пас боиси пайдо шудани амрнома гардидааст. Қайд кард мешавад, ки А. Рақибов ба муддати 7 сол заминро мақсаднок истифода накарда, талаботи қонунро вайрон кардааст. Ҳарчанд чунин эрод гирифта мешавад, санади дар соли 2002 бо иштироки собиқ ёрдамчии прокурори ноҳия тартиб дода гувоҳӣ медиҳад, ки заминро истифода мебурдаанд. Дар посухнома истилоҳи «замини барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ», ки дар асоси талаботи қонун ҳуқуқи заминистифодабарандаро маҳдуд карданӣ мешаванд, истифода бурда мешавад. Вале ин ҷо баҳс сари замини наздиҳавлигӣ меравад, ки барои истифодабарии якумра дода мешаваду шаҳрванд вазифадор аст андози онро супорад. Воқеан А. Рақибов аз соли 2004 то ин дам андози заминро пардохтааст. Далели дигари баҳсталаби дар посух таъкидшуда қабули қарори раиси ҷамоат аз 30-юми июни соли 2006 мебошад. Гӯё ин қарор хиофи қонун бошад. Магар пешниҳоди аъзоёни комиссия аз 17-уми августи соли 2006 асоси қонунӣ буда наметавонад? Барои чӣ ба тарзи қабули қарори раиси ҷамоат аз 29-уми майи соли 2004 таҳти рақами №75 баҳои ҳуқуқӣ дода намешавад? Оё ин санад воқеан қонунӣ буд?
Ба андешаи мо санади қонуниро хилофи қонун мегӯянду баръаксашро қонунӣ.
Ҳамчунин, қайд карда мешавад, ки А. Рақибов ба огоҳсозии ҳамдеҳагону дигар масъулон аҳамият надода, соли 2008 манзилгоҳ сохта, роҳро маҳкам намуд. Вале то оғози баҳс, амри прокурор ба унвони А. Рақибов, ягон огоҳиномаро пайдо накардем.
Оқибати бартараф намудани ин «қонунвайронкунӣ» чӣ мешавад, касе намедонад. Пас аз ин ҳодиса мегӯянд, ки раиси ноҳия ҳам рафта, хонаи ба замин яксонро «тамошо» кардааст. Сокинони деҳа бошанд, ба дастгоҳи раиси ҷумҳуру ба Прокуратараи генералӣ шикоят омаданд. Шаҳрванд А. Рақибов ба суд муроҷиат кардаасту дар авал аризаи ӯро қабул накардаанд.
Ин ҷо мехостем амри прокурору қарори раиси ноҳияро дар муқоиса бо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор диҳем. Вале то ҳалномаи суд интизор мешавем, ки суд вобаста ба ин масъала чӣ хел қарор қабул мекунад.
Мо — ку интизор мешавем. Вале фасли сармо ҳам интизор мешуда бошад? Хунукӣ дар остонаи «хона» истодааст. Наход, дар ноҳияи Файзобод касе набошад, ки нафарони дигарро ба кори хайр ҳидоят кунаду хонаи А. Рақибовро аз нав созанд? Кори намешудагӣ шуд, пас онро ислоҳ кардан лозим аст. Кӣ ташаббускори ин амал мешавад? Наход барои ҳамин амал ҳам аз Дастгоҳи раиси ҷумҳур супориш диҳанд? Намешавад, ки ба тариқи ҳашар ин хона сохта шавад? Охир, мо инсонем, бояд ба атроф бо чашми одамӣ нигарем. Андеша кунем, ки оилае бо 5 кӯдаки хурдсолаш сарсонанд…

Ҷумъаи ТОЛИБ,

Душанбе — Файзобод – Душанбе

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: