Главная > Uncategorized > «Ноҷавонмардӣ дар тинати ман нест»

«Ноҷавонмардӣ дар тинати ман нест»

Сӯҳбат бо раиси «Ҷунбиши умумирусиягии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар Маскав

Дар авохири моҳи сентябр дар бинои Академияи улуми Русия ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯи муҳоҷират таҳти унвони «Муҳоҷират пуле миёни Осиёи марказӣ ва Русия: — назорат ва идораи босамари ҷараёни муҳоҷират» доир шуд. Ин ҳамоиш бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иҷтимоӣ — сиёсӣ ва Донишгоҳи ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати шаҳри Хуҷанд дар ду қисмат дар Маскав — пойтахти Русия ва дар Хуҷанд — маркази вилояти Суғд сурат гирифт. Дар нишасти мазкур донишмандону коршиносон аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ветнам ва Япония иштирок доштанд. Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар Маскав аз ширкатдорони ин ҳамоиши байналмилалӣ буд, ки натавонист дар кори марҳалаи дуюми он дар шаҳри Хуҷанд ҳузур дошта бошад. Зеро ба навиштаи сайти «tajmigrant.com» мақомоти Тоҷикистон омадани ӯ ба кишварро манъ кардаанд. Худи Каромат Шарифов дар ин маврид чӣ андеша дорад ва аслан ӯ чаро наметавонад ба Ватан ояд? Бо ин ва чанд саволи дигар ба ӯ муроҷиат кардем.
— Бале, дуруст аст, ки номи ман низ дар қатори дигарон зикр шуда буд ва мебоист рӯзҳои 25-26 ба Хуҷанд мерафтем. Аммо профессор Сергей Рязанцев аз Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иҷтимоӣ — сиёсии Академияи улуми Русия, ки раёсати ин ҳамоишро бар ӯҳда дошт, бегоҳии рӯзи қабл аз сафар ба ман телефон кард. Гуфт, ки омодаи сафар ба Хуҷанд набошам. Аз номи ректори Донишгоҳи шаҳри Хуҷанд ин хабарро ба ман расонд. Вуқӯи чунин пешомадро интизор будам. Бо вуҷуди ин, аз профессор Рязанцев пурсидам, ки оё сабаби чунин тасмими ректори Донишгоҳи Хуҷандро медонад ва пурсидааст. ӯ гуфт, ки Каромат, ман мехоҳам бо ду калима бароят бифаҳмонам, чуноне худат пештар зикр мекардӣ, дар Тоҷикистон воқеан ҳам демократия вуҷуд надоштааст. Ва ман пурра фикри туро дастгирӣ мекунам. Барои онҳо барору роҳи сафед хоста, худам дар Маскав мондам. Албатта, профессор Рязанцев, ки узви раёсати «Ҷунбиши умумирусиягии муҳоҷирини меҳнатии тоҷик» аст, медонад, ки мо чи заҳматҳое барои мардуми муҳоҷири тоҷик мекашем ва маро дилбардорӣ кард. Вале фикр мекунам, ширкати ман дар ин нишаст бар манфиати муҳоҷирин мебуд ва инро профессор Рязанцев хуб медонист. Махсусан малака ва таҷрибаи мо барои ҳаллу фасли масоил ва мушкили муҳоҷирин, пешниҳодоти ман ба унвони роҳбари «Ҷунбиши умумирусиягии муҳоҷирини меҳнатии тоҷик» аз манфиат холӣ набуд. Зимнан рӯйхати ширкатдорон пешакӣ ба онҳо пешниҳод шуда буд. Хуллас, ректори Донишгоҳи Хуҷанд гуфтааст, ки ин хоҳиши мақомот аст, ки Каромат Шарифов набояд дар ин ҳамоиш иштирок кунад. Рязанцев ҳамчун раиси ин ҳамоиш узроҳӣ кард ва гуфт, ки барои нарафтани шумо ба ватанатон АУ-и Русия ҳеҷ нақш надорад.
— Вале ба назари худи Шумо, чаро як чунин иттифоқот пеш омад ва Тоҷикистон аз ин сафар ҷилавгирӣ кард?
— Тоҷикистон дар остонаи интихоботи парлумонӣ қарор дорад. Аҳзоби сиёсӣ низ дар расонаҳо ва ҷамъомадҳо ин мавӯзъро бештар ба доираи баҳс мекашанд. Давлаталӣ Давлатзода, муовини раиси ҲХДТ дар сӯҳбаташ бо хонанда ва шунавандаҳои сайти радиои «Озодӣ» ба бисёре аз саволҳои муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла аъзои «Ҷунбиши муҳоҷирини меҳнатии тоҷик» посух надод, дар ҳоле, ки ин ҳизб ҳизби ҳоким аст. Фикр мекунам як сабаби асосии пешгирӣ кардани сафари ман ба Тоҷикистон ба интихобот алоқаманд аст. Зеро мақомот бар ин назаранд, ки Каромат Шарифов омодаи ҳамкорӣ бо ҳизбҳои оппозитсионӣ аст ва бо онҳо дар Тоҷикистон вомехӯрад ва ҷонибдоронашро барои дастгирии онҳо ташвиқ мекунад. Ва низ хуб огоҳанд, ки дар воқеъ муҳоҷирини меҳнатӣ аз кӯмаки беғаразонаи мо баҳраҳо бурдаанд ва ба мо таваҷҷӯҳ доранд. Зеро онҳо чунин кӯмак ва имдодро аз намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия дархост карда, вале дарёфт накардаанд. Гумони онҳо дуруст аст, заъфи худро медонанд. Вале ба ростӣ, ки чунин фикрҳо надоштам. Аз тарафи дигар, намехоҳанд, ки мо аз вазъи воқеии муҳоҷирин, аз бепушту паноҳии онҳо ва аз ҳоли зору азияту озори онҳо дар нишасте, ки дар дохили ватан баргузор мешавад, бигӯем. Шояд як ҳароси дигарашон ин буд. Хостанд ин ҳамаро пинҳон кунанд. Ҳикоят аз зиндагии пур аз азобу азияте, ки имрӯз майишат ва роҳату фароғати онҳоро таъмин мекунад. Дар ҳама сӯҳбатҳо ва мусоҳибаҳое, ки ба унвони раиси Ҷунбиш дар матбуоти Русия ва расонаҳои байналмилалӣ доштам, бо далоил ва рақамҳо аз фаъолияти номуваффақи сафорати Тоҷикистон дар Русия, маъмурони пешину имрӯзаи он, ки масъулияти худро барои пуштибонӣ аз ин мардум ба анҷом нарасонидаанд, таъкид кардаам. Онҳо ҳарос доштанд, ки мабодо ин ҳарфҳоро дар дохил низ мешунаванд. Албатта мо ҳам дар сайт ва ҳам дар нашрияи худ аъмоли бархе аз вазирону мақомдорони Тоҷикистонро ифшо кардаем ва онҳо намехоҳанд, ки ин ҳама кору кирдори ҳатто берун аз доираи қонуни онҳо дар дохил низ маълум шавад. Дар ҳар сурат, то замоне маълум нашавад, ки иҷозаи сафари маро кӣ лағв кардааст ва ин амал кори дасти кист, масъаларо таҳқиқ ва пайгирӣ мекунам. Ман фарзанди Тоҷикистон, зода ва парвардаи ин миллат ва ин марзу бумам, чаро натавонам ба ватанам равам. Дар ҳоле, ки ман ҳеҷ гуноҳе ва ба роҳбарони асосии Тоҷикистон низ ҳеҷ ихтилоф надорам. Мисли ман ҳазорон атбои тоҷик шаҳрвандии кишвари дигарро пазируфтааст. Ман инро пинҳон накардаам. Вале дар ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон афроде фаъолият мекунанд, ки дар ҷайб паспорти кишварҳои дигарро доранд. Аммо хамӯшанд.
— Пештар Шумо бо Ҳироми Асаока, мушовири Бонки ҷаҳонӣ дар Маскав дидор доштед, вале пешниҳоди ӯро дар мавриди ширкат дар нишасте дар робита ба масоили муҳоҷирин дар Душанбе рад кардед. Яъне омадан ба Тоҷикистонро қабул накардед, вале ҳоло мегӯед, ки аз сафари Шумо ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд. Инро чи тавр бояд фаҳмид?
— Бале, дуруст аст, ки ман даъвати мазкурро рад кардам ва ба Душанбе сафар накардам. Сӯҳбати ман бо хонум Асаока тақрибан чор соат давом кард. Ин сӯҳбат дар робита ба вазъи муҳоҷирини тоҷик, сабаби ҳиҷрати онҳо, саҳм ва ҳиссаи онҳо дар иқтисоду буҷаи давлати Тоҷикистон ва ҳамчунин аз боби беҳуқуқӣ ва бесарнавиштии онҳо буд. Ин дидор дар утоқи кории ман сурат гирифт. Хонуми мушовир пеш аз ин бо мақомоти Тоҷикистон низ сӯҳбатҳо карда ва то андозае аз авзои муҳоҷирон маълумот дошт. ӯ бо вазири умури дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҳамсӯҳбат шудааст. Вале ӯ огаҳӣ надошт, ки Каромат Шарифов солҳои зиёд ба Тоҷикистон нарафтааст ва рафта ҳам наметавонад. Аммо аз вазъи муҳоҷирин он маълумотеро дошт, ки мақомот дар ихтиёраш гузошта буданд. Вақте иттилои дигар ва аз ҳақиқату воқеияти зиндагиву кори муҳоҷирин огаҳии бештар ёфт, фаҳмид, ки он чизе, ки мо барояш гуфтем, ҷаҳоне дигарро боз мекунад, даъват кард то дар кори нишаст дар Душанбе иштирок кунам. Ва ман гуфтам, ки Шумо бори аввал бо ин масоил рӯбарӯ мешавед. Чун дархости ширкати маро дар нишасти Тоҷикистон мекунед, вале Шумо намедонед, ки ман рафта наметавонам. Пешниҳод кардам, ки метавонед намояндагони созмонҳои дигарро даъват кунед, вале даъвати иштироки ман ба шумо мушкилӣ пеш меорад. Ва дар рӯйхат номи маро зикр накунед. Зеро аз пушти номи ман шуда, барномаҳоятон иҷро намешаванд, намегузоранд ва худи шумо ҳам шахси номувофиқ дониста мешавед. Зеро маро дар феҳристи «персона нонграт»-ҳо дар ҷои аввал гузоштаанд. Ман аз ин пурра хабар дорам ва онро аз шумо пинҳон карданӣ нестам, ноҷавонмардӣ дар тинати ман нест. Хонум баъди шунидани ин гапҳо дар ҳайрат монд. Гуфт намефаҳмад, ки чаро маро, ки танҳо ва танҳо мақсадам ҳифзу ҳимояти ҳуқуқҳои муҳоҷирин ва кӯмак ба онҳост, чунин сарнавиште дар ватанам навиштаанд. Аз тарафи дигар, дар ҳоле, ки якуним миллион табааи Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунад, фикри ин хонум, андешаи ӯ муқобили Русия буд. Намехоҳам инҷо сӯҳбат тӯлонӣ шавад. Ба ҳар ҳол, ба он хонум гуфтам, ки онки шумо мегӯед, Русия барои миллати тоҷик бадбахтӣ овардааст, дуруст нест. Зеро ҳоло бештар аз шаст дар сад аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар Русия ризқу рӯзӣ меҷӯяд. Ин воқеияти талхи кишвари мост. Аммо дар кишварҳое дигар ҳатто як дар сади ин шумора нест ва наметавонад бошад. Имрӯз ҳиҷрати шаҳрвандони тоҷик ба Русия мутаассифона на бо хоҳишу майлу иродаи онҳост, балки аз ноилоҷист ва ба онҳо вобаста нест. Зиндагӣ маҷбур мекунад. Аммо ку он кишваре дигар, ки корхонаҷоти аз корбозмондаи Тоҷикистонро гардон кунад, нерӯгоҳҳои онро бисозад, то мардум соҳиби кор шаванду дар мулки рус ғариб набошанд. Ва он чизе, ки тӯли 70 сол бунёд гардид, албатта бе кӯмаки русҳо сохта нашудааст. Ин ҳам воқеият аст, ки инкор кардан нашояд. Ба ӯ фаҳмонидам, ки солҳои зиёд аст дур аз ватанам ҳастам ва наметавонам бозгардам, ҳатто барои аёдати пайвандон. Албатта агар ҳукумат раъй мекард, ман метавонистам биравам вале дар ду соли пеш вақте мо дар садади баргузории Анҷумани тоҷикистониҳои муҳоҷир дар Маскав будем, ба рағми мо бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон як созмонеро бо номи Иттифоқи тоҷикистониҳои Русия ташкил карданд. Дар ҳоле, ки мо ин корро мехостем анҷом диҳем ва мақсад танҳо ҳимоят аз манофеи мардуми муҳоҷир буд. Ва ин кор бори дигар маълум кард, ки онҳо бозгашти маро ба ватанам намехоҳанд. Чаро ки ташкили Иттифоқи зикршуда танҳо ба муқобили ман равона шуда буд. Вале агар ин кор намешуд, мо метавонистем дар ваҳдат ва ҳамбастагӣ корҳои хубтареро барои беҳбудии кору зиндагии муҳоҷирон ба роҳ андозем, ҳарчанд ҳоло ҳам шукр худоро, ки корамон пешрав аст.
— Аммо то ҷое медонем, Шумо намоянда ва ё роҳбари кадом созмон ва нерӯи мухолифи давлат нестед. Пас чи далеле барои барнагаштани шумо ба ватан вуҷуд дорад?
— Ман корманди соҳаи низомӣ будам. Соли 1991 аз ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи собиқ СССР дар Олмон ба Тоҷикистон ба ҳайати ҳавзаи Туркистон фиристода шудам ва дар комиссариати ҳарбӣ ба кор оғоз кардам. То моҳи апрели соли 1993 корманди комиссариати ҳарбӣ дар ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) будам. Ва дар худи ҳамон сол, ки кишвар ноором буд, маро барои кор ба артиши 201-и Русия дар Тоҷикистон дар баталиони танкӣ ба кор гирифтанд ва маро ба шаҳрвандии Русия пазируфтанд. Соли 1994 як силсила кушторҳои низомиёни рус, сарбозу афсарони онҳо дар Тоҷикистон рух дод. Давлати Русия аз Тоҷикистон тақозо кард, ки ин кушторҳо ҳарчи зудтар ошкор шавад. Зеро барои ошкор ва боздошти омилони ин кушторҳо мисле ки талошҳо ҷиддӣ сурат намегирифтанд. Ва вақте ин кушторҳо ошкор нашуданду Русия низ барои анҷоми таҳқиқи зудтари он пофишорӣ кард, давлати Тоҷикистон аз Русия хост тоҷиконе, ки дар дивизияи 201 кору фаъолият мекунанд, аз ҷумла дар баталиони танкӣ, ки аз тоҷикон танҳо ман фаъолият доштам, ҳамчун гумонбар дар ин кушторҳо боздошт шавам. Аз фармондеҳи артиши 201 хостанд, ки ман бояд ба мақомоти тафтишотӣ супорида шавам. Ман дар кӯчаи Федина, наздики автовокзали пойтахт, дар қабати 4 зиндагӣ мекардам. Рӯзи 30-юми декабр буд. Вақте ман аз айвони утоқ ба берун нигаристам, дидам, ки дар саҳнаи бино чанд адад БТР меистад. Хулоса, маро кормандони 201 ба дивизия оварданд. Ва фармондеҳи полки танкӣ гуфт, ки давлати Тоҷикистон ва додситонии он дар ин кушторҳо шуморо шарик меҳисобанд, агарчанде ки мо бовар надорем. Ва бо иҷозати Вазорати корҳои хориҷии Русия шуморо ба мақомоти Тоҷикистон месупорем, то ки ҳарчи зудтар гиреҳи кушторҳои сарбозону афсарони русӣ кушода шавад. Ва ҳамин тавр маро супориданд ба корманди интизомии Тоҷикистон. Ва соати 23-юними шаб маро ба шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи онвақтаи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе оварданд. Баъди се рӯз маро аз ин шӯъба ба раёсати шаҳрии милисаи пойтахт интиқол доданд. 32 рӯз маро онҷо боздошт карданд. Ва баъди кушода шудани куштор ва боздошти омилини он аз ман узрхоҳӣ карданд ва кормандони раёсати умури дохилаи шаҳри Душанбе маро оварда ба фармондеҳи артиши 201-уи Русия супориданд. Соли 1996 мӯҳлати қарордоди ҳамкории ман бо нерӯҳои мусаллаҳи Русия тамом шуд. Сипас ба ихтиёри фармондеҳии округи Маскав супорида шудам. Бо ҳамин, дигар ба Тоҷикистон нарафтаам.
— Чаро маҳз аз шумо гумонбар шуданд?
— Албатта мақомоти тафтишотии Тоҷикистон гумон мекарданд ва бар пояи ин гумон, ки ман дар ноҳияи Кофарниҳон кор кардаам ва Кофарниҳон минтақаи зери нуфузи оппозитсия ва тарафдорони оппозитсия аст, шояд тарафдори оппозитсия ҳастам ва дар кушторҳои афсарони рус шарик бошам. Ва давлати Тоҷикистон, ки ба тозакорӣ гузашта буд, фикр мекард, ки мо дар инҷо пинҳон шудаем. Аз тарафи дигар, бо ин кор мақомот қасд доштанд ин ҳама ҷиноётро ба сари як шаҳрванди Русия бор кунанду бо ҳамин аз зери фишори Русия берун шаванд. Ва аз тарафи дигар, мехостанд эълон кунанд, ки афсарони Русия ба худкушӣ машғуланд. Вале чуноне гуфтам, қотилон боздошт шуданд, аз ҷумла қотили фармондеҳи полки мо, полки танкӣ, ки як тотор буд. Ва қотил ҳам як ҳамхидмати худи ин полковник, ки дар Афғонистон ҳамроҳаш будааст ва миллати ӯ ҳам тотор, ки сокини Шаҳринав аст. Аз рӯи хусумати шахсӣ ин фармондеҳро куштааст. ӯ худаш иқрор мекунад, ки дар Афғонистон ҳамроҳ бо нафари мақтул силоҳ фурӯхта, ба даст меафтад, вале танҳо ӯ ҳабс ва зиндонӣ мешавад. Ҳамон вақт савганд ёд мекунад, ки баъди раҳоӣ рафиқашро хоҳад кушт ва чуноне худаш мегӯяд, ин корро анҷом медиҳад.
— Хуб, ки бегуноҳиятон дайн шуда бошад, пас чаро омада наметавонед?
— Ман омада метавонам. Вале хабарҳое, ки ба ман мерасад, нигаронкунанда ҳастанд. Рафиқони зиёде дорам дар Тоҷикистон, ки ахборро мерасонанд. Дар дивизияи 201 ва комиссариати ҳарбӣ нафароне, ки бо ман кор кардаанд, ҳанӯз ҳам фаъолият мекунанд, бо онҳо иртибот дорам. Соли 2007 ду моҳ пештар аз баргузории Анҷумани тоҷикистониҳои Русия аз Кофарниҳон шахсе, ки бо ман ҳамроҳ кор мекард, назди ман омад. ӯ ҳикоят кард, ки аз мақомоти амниятиву интизомӣ ба хонаи онҳо омада, маҷбур мекунанд, ки чун ҳамроҳи Каромат дар Кофарниҳон кор кардаасту ҳоло ки муқобили Каромат парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, алайҳаш маълумот ва баёнот диҳад. Тарсонидаву маҷбур мекунанд, ки агар бихоҳад дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад, бояд алайҳи Каромат баёнот диҳад. Инҷо ба гумони ман ҳадаф доштанд аз баргузории Анҷумани мо ҷилавгирӣ кунанд ва мехостанд маро дастгир карда, ба Тоҷикистон баранд, то ки анҷуман доир нашавад. Ман метавонам номи ин одамро бигирам, аммо ӯ зери зарба қарор мегирад. Чунки ӯро бародараш бо 1100 доллар мехарад. Ин ҳамаро ҳикоят карду гуфт, ки ба ман пул лозим нест. Вале гуфт, ки дигар Тоҷикистон рафта наметавонад. Ва маълум ҳам нест, ки тӯли ғурбати ӯ чанд сол хоҳад буд. Ҳоло дар инҷо таксист аст. Гуфт, ки бо ман дар Кофарниҳон ҳамагӣ ду бор вохӯрда будааст. Вақте ки ман дар комиссариати ҳарбии ноҳия кор мекардаам, барои корҳои фарзанди худ омада будааст. «Имрӯз онҳо мехоҳанд муқобили шумо баёнот диҳам ва дар кадом як протоколҳо имзо гузорам». Ин шахс дар солҳои 1993-1996 дар зиндони Ёвон буд. Баъдтар ӯ раҳо мешавад. Ҳамин аст, ки ӯро зери тарсу ваҳшат қарор медиҳанд. Ногузир ватан ва фарзандонашро тарк мекунад. Ба ин тартиб ман низ то таъсиси созмони «Тоҷикдиаспора» дар Маскав, ки ҳадафаш ҳимояти ҳуқуқ ва кӯмак ба муҳоҷирин аст, метавонистам бидуни мамониат ба ватан биравам. Касе маро намепурсид, Тоҷикистон хомӯш буд. Ва баъди ташкили ин созмон, ки ташкил карданаш он вақт ва ҳоло ва баъд ҳам зарур аст, муносибат бо ман тағйир ёфт. Зеро мақомот ва махсусан масъулони Сафорати Тоҷикистон дар Русия фаҳмиданд, ки сирру асрори онҳо, бефарқиву бетаваҷҷӯҳии онҳо нисбат ба муҳоҷирону сарнавишти онҳо фош ва сабабгорону омилони ин миллатро ба ғулом табдил додан киҳоянд, маълум мешаванд ва аз он рӯз муқобили ман маъракаҳои сияҳкунӣ шурӯъ шуд, ки то ба имрӯз давом дорад.
— Зимнан Шумо дар аксари сӯҳбатҳоятон мақомоти кишвар ва махсусан Сафорати Тоҷикитон дар Русияро дар камтаваҷҷӯҳӣ ва бефарқӣ ба сарнавишти муҳоҷирин айбдор мекунед ва ҳоло низ чанд маротиба дар ин бора ишораҳо кардед.
— Ман беасос сӯҳбат карданро ҳеҷ гоҳ хуш надорам. Онки масъулону маъмурони Тоҷикистон дар Русия фаъолияти кофӣ надоранд, чизе нав нест. Ман метавонам даҳҳо, балки садҳо мисол оварам барои таъйиди гуфтаҳои худ. Барои мисол, огоҳ ҳастед, ки ҳукумат дастур дод, то тобутҳои муҳоҷирин ройгон оварда шавад. Вале оё ин дастур воқеан иҷро мешавад? Моҳи марти соли 2006 бо як нафар масъули бахши муҳоҷират дар дастгоҳи иҷроияи президент, ки ҳоло дар як кишвар дар вазифаи сафирӣ фаъолият дорад, вохӯрдам. Мо зиёда аз дуним соат ҳамсӯҳбат шудем. Дар «Президент отел»-и Маскав. Вақте бо чунин мансабдори Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шудам, дилам монд. Чунки 24 тобут мунтазири фиристодан ба ватан буд. Аз он шумора нӯҳ нафар сӯхтагӣ буд. Танҳо ҷинси як нафарашон муайян буду тамом. Дигарҳо сӯхта хокистар шудаанд. Намояндаи дастгоҳ мегуфт, ки аз куҷо ин қадар маблағ ёбему онҳоро фиристем. Гуфт, хуб мешуд ҳамаи инҳоро, ки хокистар шудаанд, дар як тобут андозем, арзонтар меафтад. Ман сахт дар қаҳр шуда гуфтам, ки агар фарзанди шумо мешуд, оилаи шумо чӣ мегуфт. Сипас гуфт, ки тобутҳоро чени кӯдакҳо кунем. Баъдтар фаҳмидам, ки пулҳои тобутҳоро онҳо дар даруни тайёра тақсим кардаанд. 157 ҳазор рубли русиро тақсим кардаанд. Намояндаи Хадамоти муҳоҷират ҳамроҳи мо буд. Пурсидам, ки чӣ шуд? Каромат, гап назан гуфт, инҳо мусалмон набудаанд. Баъд аз он, мо аз роҳбари он корхонае, ки шаҳрвандони мо дар он сӯхта буданд, 247 ҳазор рубл рӯёнида, ба пайвандонашон додем. Байни онҳо ду бародар аз ноҳияи Ваҳдат буданд. Ман бовар надорам, ки тобути шаҳрвандони моро бепул интиқол диҳанд. Ҳатто барои интиқоли тобут аз сафорат справкаро мехаранд. Барои тақвияти гуфтаҳоям дар мавриди кори сафорату консулгариву хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ҳодисаи дигареро ҳикоят мекунам. Аз як зану шавҳари муҳоҷир хадамоти кор бо муҳоҷирати сафорат бар ивази 10000 рубли русӣ як санади сохтаеро медиҳад барои иҷозаи кор. Баъди чанде онҳо ба дасти милиса меафтанд. Милиса собит мекунад, ки санад ҷаълист. Вақте онҳо ба мо муроҷиат карданд, ман аз корманди садорат ин масъаларо пурсидам. ӯ аввал инкор кард. Вале вақте фаҳмид, ки санади бо имзои ӯ ва мӯҳри давлати Тоҷикистон дар дасти мост ва мо онро баъдтар дар нашрия ва сайт чоп ҳам кардем, баҳонаҷӯӣ кард, ки ин кори дасти дигарон аст. Ва номи чанд нафари дигарро ҳам гирифт, ки ҳамагӣ кормандони сафоратанд. Дар аввал пули ин муҳоҷири бетолеъро, ки шавҳараш бемор будааст, доданӣ набуданд. Вале баъди фишорҳо маҷбур мешванд, ки ду маротиба 5-ҳазорӣ онро баргардонанд. Ин ҳарфҳо бофтаву сохта нест. Ҳақиқати маҳз аст. Вақте чунин расвоиҳоро мо эълон мекунем, онҳо намехоҳанд, ки пойи ман ба Ватан бирасад. Бояд ошкор бигӯям, ки то замоне тағйирот дар Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ ба вуқӯъ напайвандад, ҳуқуқҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳимоя карда намешавад. Ва ҳатто агар ин шумора аз 1-уним ба 3 миллион расад ҳам. Зеро ин нафарон, ки аз Ватан берун меоянд, дар ватан хору таҳқиру залил шудаанд ва онҳо барои фирор аз ин мусибат ба мусибатхонаи дигар меоянд. Онҳо бидуни кадом кафолат ва тазмине барои зиндагӣ ва саломат баргаштан ба ватан меоянд. Ин шумора дар ватани худ ҳайсият, шахсият ва мартабаи худро аз даст дода, ба сифати як барда ба Русия меоянд, дар суроғи хоҷагон. Ҳатто баъзе аз онон ба ҳукми як борхалта ва ҷомадонанд, ки бар дӯши рафиқеву бародаре овезону кашол меоянд. Танҳо бо як мақсад:- буридаи нон, луқмае ёбанду ба даҳони худу пайвандони худ ва давлати худу ҳукуматдорони худ бигзоранд. Онҳо дар ватани худ борҳо талош кардаанд, ба сад дар сар халонидаанд, аз сад кас қарз пурсидаанд. Муродашон ҳосил намешавад. Ман бо ҳазорон тани онҳо сӯҳбатҳо кардаам ва ҳар кадоме аз онҳо як китоби дарду ғам ва ранҷу алам доранд, балки худ китоби ғам шудаанд. Баъзе аз ҳамватанони мо, ки меоянд, ҳатто маълумоти синфи ҳашт надоранд. Навишта наметавонанд. Бештари онҳо аз тарси хидмати аскарӣ то 27-28-солагӣ дар Русия ба сар мебаранд. Чи кор ҳам кунанд?

«Пайкон»

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: