Главная > Uncategorized > АЗ «ТРОЙКА»-И СТАЛИНӣ ТО «ТРОЙКА»-И РАҲМОНОВӣ -3

АЗ «ТРОЙКА»-И СТАЛИНӣ ТО «ТРОЙКА»-И РАҲМОНОВӣ -3

Дар мақолаи гузашта қисмати «ташкилии дарс»
мавриди баён қарор гирифт. Инак: «Пурсиши вазифаи хонагӣ»:
Гуфтем, ки чун Ҳ. Умаров бо сабаби беморӣ дигар дар вазифаи ректори ДТИКТ фаъолият карда натавонист, дар асоси муроҷиати чандборааш бо моддаи 45-и КМҶТ аз вазифа (фармони №12 аз 21.10.2008) озод карда шуд. Муассис бо Бобоев Х. Ю. вохӯрии шахсӣ намуда, ӯро ба вазифаи ректории ДТИКТ даъват намуд. Баъд аз ризоияти шифоҳии Бобоев муассиси ДТИКТ ба Вазири маориф дархости хаттӣ (аз 20-уми октябри соли 2009, №67) навишт ва аз ӯ хоҳиш намуд, ки барои ба тариқи гузариш ба вазифаи ректори ДТИКТ ба кор омадани Бобоев назари худро баён кунад. Вазири маориф ин таклифро қабул кард ва Бобоев дар вазифаи ректорӣ бо фармони №31, аз 21.10.2008 ба кор шурӯъ кард.
Дар рӯзҳои охири фаъолияташ ДТИКТ дар банди музди меҳнат ва андозҳои Буҷети ДТИКТ коҳиш ворид карда буд. ӯ дар кори ободонии муассиса аз маблағҳои ин модда истифода карда буд. Табиист, ки иҷроиши ин моддаҳо дар охири соли молиявӣ мушкилот ба вуҷуд меовард. Ин масъаларо муассис ба Бобоев матраҳ намуд ва ҳалли онро ба ӯҳдаи худ гирифт. Дар ҳамин ҳол Бобоев аз муассис тақозо намуд, ки барои ӯ мошини хидматӣ таъмин кунад ва музди меҳнаташро 30-40 фисад боло бардорад. Муассис ба хотири болидагии ректор иҷрои ин талабҳои ӯро рухсат дод. Ректор автомашинаи «Пайкон», бо маблағи қурби 11 ҳазор доллар харид. Музди меҳнаташ 40 фисад боло бардошта шуд. Гӯё корҳо хуб буд. Бобоев ба қадри тавон корашро пеш мебурд. Вазорати маориф барои соли нави хониш дар асоси мактуби Бобоев аз 26-уми марти соли 2009, №458 ба ӯ иловатан қабули 5 ихтисоси иловагӣ (менеҷменти инноватсионӣ (26020203), информатикаи математикӣ (3103010215), забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ (21050403), адабиёти хориҷӣ (2106010106), таҳрир ва коркарди матнӣ ва графикии нашри китоб (47010101)-ро ба таври расмӣ иҷозат дод. Барои ба даст овардани иҷозатнома барои ихтисосҳои иловагӣ аз 22.04.2009, №72 фармони Хадамоти давлатии назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ба тасвиб расид. 20-уми марти соли 2009 вазири маориф Нақшаҳои таълимии ин ихтисосҳоро имзо ва мӯҳр намуд. Аз 1-уми апрели соли 2009, таҳти №437 фармони вазир дар бораи раиси имтиҳоноти давлатӣ таъин кардани А. Исмоилов ва Ф. Нодиров имзо шуд. Хуллас, дар байни Вазорати маориф ва ДТИКТ беҳтарин муносибат буд. Таассуф, дар собиқаи хурди фаъолияти худ Бобоев якчанд амали ғайриқонунӣ ҷиҳати интиқоли донишҷӯён ва дигар амалҳои роҳбарӣ низ содир намуд, ки он аз тарафи Прокуратураи генералӣ (ба тариқи эътироз, пешниҳод ва амр овардан, аз 12.05.2009, №21/53, 21/54, 21/55; 7.05.2009, №21/52, аз 14.05.2009, №21/59) ошкор шуд. Бо чанд нафар корманд мунозираҳои дағалона, шикоятнависиҳо рух дод. Ин ҳамаро муассис ба тарзи гузашт пушти сар кард.
Дар ин фосила (моҳҳои апрел — май) нуқси буҷет рӯи об баромад. Муассис дунболи ба даст овардани қарзи «сабук» — камфисад буд. Бобоев бошад, ҳар рӯз як маҷлис доир карда, атрофи набудани маблағ мунозира мебардошт. ӯ дар маҷлисҳои раёсати ДБТ, раёсати ДТИКТ, Шӯроҳои илмӣ ин масъаларо пайваста мавриди низоъ ва моҷаро қарор дод. Эълон менамуд, ки тӯли 2-3 моҳ музди меҳнат пардохт нашудааст. Муассис, ки аз воқеияти кор (ҳақиқати пардохти музди меҳнат) огоҳ набуд, (бо инобати бовар ба сухани ректор), ба мавҷудияти ин мушкилот бовар мекард ва дунболи қарзхоҳӣ буд. 28.04.2009 Бобоев ба унвони муассис нома навишт ва эълон кард, ки «агар масъалаи музди меҳнат дар тӯли 3 рӯз ҳал нашавад, эҳтимолияти корпартоӣ аст». 30.04.2009 муассис ба Бобоев ба таври расмӣ таҳти №53 нома навишт ва дар он Бобоевро даъват кард, ки ҳамчун ректор набояд кормандонро ба ошӯб, балки ба оромӣ ва таҳаммул даъват кунад. Гузашта аз ин, муассис баъд аз «огоҳонӣ»-и Бобоев оид ба корпартоӣ ба муҳосиботи ДТИКТ дахолат намуд ва ошкор кард, ки музди меҳнат на брои 2-3 моҳ, балки танҳо барои 30 фисади коргарон барои як моҳ пардохт нашудааст. Ин ҳолат боиси нигаронии сахти муассис аз ректор гашт.
Вобаста ба ин, якчанд фармони муассис дар таърихи 4-уми майи соли 2009, таҳти №19 ва 20 «Дар бораи андешидани чораҳои таъхирнопазири пешгирӣ ва аз байн бурдани бӯҳрони молиявӣ дар ДБТ ва баъзе сохторҳои он», «Дар бораи азнавташкилдиҳии фаъолияти хоҷагидории ДБТ ва сохторҳои он вобаста ба фармони Президенти ДБТ №19, аз 4-уми майи соли 2009 дар бораи ташкили дафтари муҳосиботи ягонаи ДБТ ва сохторҳои он» қабул шуд. Бобоев 6-уми майи соли 2009, таҳти №476 ба номи муассис гузориш навишт ва дар он иброз дошт, ки фармонҳои муассис ғайриқонунӣ буда, иҷронашаванда мебошанд ва дар сурати бекор нашудани онҳо имкони аз тарафи ӯ ба додгоҳ муроҷиат намудан аст. Муассис бо ректор сӯҳбат орост ва қонунӣ будани фармонҳои худро тавзеҳ дод. Бобоев аз иҷро намудани фармонҳо саркашӣ намуд. Муассис бо инобати ҳама ҳолати бавуҷудомада Бобоевро таклиф намуд, ки: Ба санадҳои локалии корхона мусоидат намояд, дар сурати муқобил имконияти бо ӯ бекор намудани шартномаи меҳнатӣ бо моддаи 46-и КМҶТ сар хоҳад зад. Дар ин фосила Бобоев ҳар рӯз қисмати назарраси вақташро дар Вазорати маориф сарф карда, дар бозгашт пофишории мавқеии худро сахттар ва дағалтар менамуд. Муассис, ноилоҷ, 11.05.2009 ӯро бо моддаи 46 таҳти фармони №28 аз кор озод намуд. Фардои дигар ректор таклиф гузошт, ки: ӯ омода аст бо аризаи худ тарки вазифа намояд ва хоҳиш намуд асоси азкорравиаш бо моддаи 45 баргардонида шавад. Муассис ин таклифро қабул кард ва фармонро табдил дод.
Баъдан, ба муассиси ДТИКТ ошкор шуд, ки Бобоев ҳанӯз 8.05.2009, таҳти №479 (яъне, 3 рӯз пеш аз вазифа озод шуданаш) ба унвони вазири маориф ариза навишта, дар он муассиси ДТИКТ-ро ба қонуншиканӣ айбдор дониста, хоҳиш намудааст, ки нисбати муассис чора дида шавад. Айбҳои эълонкардаи Бобоев ин аст, ки: Чаро дар як давраи кӯтоҳ (5) сол 3 нафар ректорони ДТИКТ иваз шуданд; гӯё молиёти Донишкада мақсаднок истифода намешавад. Бобоев дар рафти баҳс бо муассис пайваста «огоҳ мекард», ки агар ӯ аз вазифаи ректорӣ равад, ДТИКТ беш аз 2 ҳафта фаъолият нахоҳад кард. Низ таъкид менамуд, ки дар сурати аз кор рафтани ӯ 90 фисади кормандон тарки кор хоҳанд кард. Ниҳоят рӯзи 11.05.2009 Бобоев тарки ДТИКТ намуд ва Фармони вазири маориф дар хусуси иҷозати қабули 5 ихтисос ва чанд ҳуҷҷати дигарро бо худ бурд. Ва инро чунин эълон дошт, ки: «Ин иҷозати вазир ба хотири ман буд, на ба хотири ДТИКТ». Баъд аз ду рӯзи рафтани Бобоев корманди ҳафтавори «Омӯзгор» Искандаров (органи Вазорати маориф) дар асоси аризаи Бобоев (аммо аризаро ошкор накарда, танҳо дар дафтари бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор чунин қайд намуд: «Муайян кардани сабабҳои аризаи Бобоев Х. Ю. — собиқ ректори ДТИКТ») ба тафтиши ДТИКТ омад ва рӯзи 22.05.2009 мақолаи худро бо номи «Ректор тарки вазифа кард, вале на ҳамаи омӯзгорон маош гирифтанд» чоп намуд. Дар ин мақола чанд маълумоти тӯҳматомез нисбати Донишкада ва муассиси он иншо шуд. 16-уми майи соли 2009, таҳти №64 муассиси ДТИКТ ба Бобоев номаи шахсӣ навишт ва хоҳиш намуд, ки аз муноқиша даст кашад ва «гапи хонаро ба кӯча накашад». Аммо ин тавр нашуд. Аз дунболи мақолаи Искандаров мақолаи Бадалов дар ҳафтавори «Пайкон» нашр шуд, ки он ҳам як мақолаи тӯҳматомез ва таҳқирӣ буд.
Як «гурӯҳи корӣ»-и Вазорати маориф дар ҳайати: Исмонов Ф., Ҳайдаров А., Ризоев Р., Сангов Р., Ҳомидова М. бо фармони вазир аз 1-уми майи соли 2009, таҳти №748 (яъне, фардои аз вазифаи ректорӣ озод шудани Бобоев) ба тафтиши Донишкада омад. Бояд зикр кард, ки аз ҳайати гурӯҳ Сангов Р. ва Ҳайдаров А. ба «тафтиш»-и Донишкада наомаданд. Дигар аъзои «гурӯҳ» ҳарчи хостанд, санҷиданд, аз молиёт то таълим. Узви гурӯҳ ҳар кадом аз натиҷаҳои дарёфта қаноатмандии шифоҳӣ изҳор доштанд, вале ба таври хаттӣ маълумотнома пешниҳод нашуд. Иброз доштанд, ки дар вазорат маълумотномаи худро таҳия намуда, нусхаашро ба Донишкада пешниҳод мекунанд. Дигар аз маълумотномаи «гурӯҳи корӣ» хабаре нашуд, балки дар санадҳои баъдӣ маълумот ва рақамҳои сохтакорона ва беасос аз номи ин гурӯҳ баррасӣ шудан гирифт.
Донишкада дар таърихи 13-уми майи соли 2009 таҳти №480 аз Вазорати маориф хоҳиш намуд, ки нақшаи қабулро барои соли хониши 2009-2010 тасдиқ намояд (агарчи дар асоси муқаррароти моддаи 12-и Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олӣ…» ин амал зарурат надошт ва надорад). Мактуб беҷавоб монд. 26-уми майи соли 2009 аз ҷониби ДТИКТ тавассути мактуб таҳти №496 аз Вазорат хоҳиш шуд, ки ба мактуби ДТИКТ посух диҳад. Боз ҳам бесадоӣ. Дар таърихи 7.05.2009 таҳти №21/52 ва аз 19.05.2009, таҳти №486 номаҳои дигари Донишкада ба унвонии Вазорат барои доир кардани аттестатсия фиристода шуд. Танҳо рӯзи 24.05.2009, таҳти №01/1-168 аз Вазорат посух омад, ки: Аттестатсияи ДТИКТ моҳи сентябри соли 2009 баргузор хоҳад шуд. Ва инак моҳи октябр фаро расид. Вазорати маориф ба мактуби Донишкада дар бораи баррасии масъалаи қабул дар таърихи 07.07.2009, таҳти №08/1-127 чунин посух дод: «… азбаски ҳоло масъалаи баста шудани ДТИКТ баррасӣ шуда истодааст, Нақшаи қабули донишкадаи мазкур тасдиқ карда нашудааст». Яъне, Вазорати маориф кайҳо дар пайи ёфтани роҳҳои бӯғӣ кардани муассиса шуда буд…
Дар ин миён гурӯҳи дигаре аз Дастгоҳи иҷроияи Президент ба тафтиши Донишкада омад. Гурӯҳ рӯзи аввали ба Донишкада омадан изҳор дошт, ки мақсади онҳо на «санҷиш» ва ё «тафтиш», балки омӯзиш аст. Аммо рӯзи дуввум сардори гурӯҳ Маликов Т. С. ба муассис «нома»-еро оид ба ташкили гурӯҳи корӣ, ки аз тарафи Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроия таҳия ва аз тарафи Муовини аввали Сарвазири ҶТ Қурбонова Р. А. аз таърихи 16.06.2009 тасдиқ шуда буд, пешниҳод намуд. Ин санад на фармон, на қарор ва на шакли дигаре надошт. Дар он рақам, таърихи содирот ва аломати дигари расмие низ нест.
«Нома» чунин матн дорад: «Бо мақсади иҷрои супориши Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 июни соли 2009 №19583 оид ба дархости Вазорати маорифи ҶТ дар бораи қатъ намудани фаъолияти Муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии «Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон» дар ҳайати зерин гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.
1. Маликов Т. С.- сармутахассиси Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, роҳбари гурӯҳи корӣ.
2. Окимбекова З. Ф.- мушовири Президенти ҶТ оид ба сиёсати кадрҳо.
3. Сафиев Ҳ. С.- мушовири Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои илм ва технологияи муосир.
4. Ғоибова Д. С.- мудири бахши Шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ.
5. Собиров Ғ. М.- сармутахассиси Шӯъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ.
6. Ғуломадшоев Н. Ғ.- сармутахассиси Шӯъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф.
7. Сангов Р. С.- сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи ҶТ».
Гурӯҳ вазифадор карда шудааст, ки аз 17 то 26-уми июн масъаларо санҷида, доир ба натиҷаи он маълумоти муфассал пешниҳод намояд.
Инак, саволе пайдо мешавад, ки кадом сабаби объективӣ ва ё субъективӣ вазири мӯҳтарами Вазорати маорифро водор сохт, ки аз Президенти ҶТ «қатъи фаъолияти ДТИКТ»- ро тақозо намояд? Оё вазири маориф намедонад, ки ваколати мазкур на аз ваколатҳои Президент, балки ваколати суд аст? Оё ин дидаву дониста аз мавқеи вазирии худ истифода бурда, Президенти кишварро ба хатокорӣ ва қонуншиканӣ ҳидоят кардан нест? Чаро вазири маориф ба «тафтиш»-и гурӯҳи кории аз тарафи худаш таъсисдода қаноат накарда, аз Президенти кишвар якбора «қатъи фаъолият»-ро хост? Аз тарафи дигар, раиси гурӯҳи корӣ дар аввал аз мавҷудияти «дархост»-и вазир «роз» накушод. Дар рӯзҳои оянда ҳам новобаста аз пофишориҳои муассис мактуби вазирро нишон надод. Чаро? Баъдан аз як ҷавоби Прокуратураи генералӣ (аз 07.08.2009, №21/60) ба як муроҷиати Донишкада исбот шуд, ки вазири маориф воқеан дар таърихи 3-юи июни соли 2009 таҳти №03/1-21 ба унвони Президент чунин «дархост» карда будааст. Аммо ин «дархост» ҳанӯз аз ДТИКТ пинҳон нигоҳ дошта шудааст. Чаро?
Ба ҳар навъ, агарчи ҳамаи ҳайати гурӯҳ дар тафтиши ДТИКТ наомад, аммо аксари он дар ДТИКТ чанд рӯз ба тафтиш машғул шуд. Дар ҷамъомадҳои гурӯҳ ва намояндагиҳои ДТИКТ ҳамаи тафтишгарон, аслан, аз фаъолияти ДТИКТ қаноатмандии худро изҳор доштанд. Оид ба тафтиши молиёти ДТИКТ маълумотномаи узви гурӯҳ навишта шуд, ки дар он ягон хатои ҷиддӣ зикр нашуда, амалиёти молиявӣ мутобиқи қонун баҳогузорӣ шуд. Дар маълумотномаи узви дигари гурӯҳ Сангов Р. ба масъалаи раванди таълим низ натиҷаҳои қаноатбахш ифода шуд. Узви гурӯҳ мӯҳтарам Сайфиев фаъолияти муассисро намунаи баланди ватандӯстӣ ва миллатдӯстӣ баҳо дода, барои халалрасонии номаҳал аз роҳбарияти ДТИКТ аз номи гурӯҳ такрор ба такрор узрхоҳӣ менамуд. Албатта, ДТИКТ назди ин инсонҳои шариф ва ҳақиқатгӯ сари таъзим фуруд дорад. Вале чун гурӯҳ кори худро ба анҷом расонид, то имрӯз маълумотномаи умумӣ ба раёсати ДТИКТ ошкор нест. Фақат аз дигар санадҳои натиҷагирӣ чунин бармеояд, ки фаъолияти Донишкада «ба талабот ҷавобгӯ нест».
Инак, дар ин ҷо «пурсиши вазифаи хонагӣ» хатм шуд. Дар қисмати «баёни мавзӯи нав» чорабиниҳои дар асоси санҷишҳо баамалбаровардашуда мавриди андешаронӣ қарор дода хоҳад шуд. Ончунон, ки дар дарс баёни мавзӯи нав барои шогирдон, аслан, мояи таваҷҷуҳи пайкӣ мешавад, мебинем, ки он чи барои ДТИКТ «баён шуд», басо ҳайратовар шуд. Фарқияти «баёни мавзӯи нав» дар дарс барои шогирдон ва барои ДТИКТ ҳамин аст, ки шогирдон аз баёни мавзӯи нав болидарӯҳ мешаванду ДТИКТ он қадар ба шигифт афтод, ки наздик ба он аст, ба дурустии мантиқи ин шоҳбайти шоири ҳамосасаро Сайидои Насафӣ:
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад
бо назари шубҳа назар намояд…

С. АКРАМОВ,
ректор ва муассиси ДТИКТ
(Давом дорад)

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Октябрь 9, 2009 в 12:16 пп

    Салом ба ахли рузномаи Пайкон.
    Ман маколаи муассис ва ректори ДТИКТ Акрамов С.М. — ро хондам ва чунин мегуям. Агар Шумо хакикатро донистан хохед, на аз худи Акрамов балки аз чор нафар собик ректорон ва дигар кормандоне, ки ин даргохро тарк кардаанд рафта пурсед. Дар ин мочарохо на Бобоев ва на Рахмонов (агар гунохи онхо бошад он кадар бисёр хам нест) балки худи муассис гунахкор аст. Чунки у ба хабархои дуруге, ки ба у лагандбардоронаш Носиров С., Махмадалии Нурали ва дигар атрофиёнаш меоварданд гуш дода донишкадаро ба хамин хол оварда расонд. Гунахкори асоси худи уст. Бигзор гунахкоронро дар гирду атрофаш чуяд, на дар Вазорати маориф. Дар хакикат донишкада ба талаботи стандарти чавобгу нест.
    Аз баста шудани донишкада ман хам гамгин мешавам. Зеро ман дар он чо кор кардаам. Аммо хаминро мегуям, ки на муассис ва на атрофиёнаш гами точикро намехуранд. Онхо танхо пули онхоро фикр мекунанду халос.
    Бинобар ин агар Шумо ободии донишкадаро хохед ба Акрамов расонед, ки ин кадар худсафедкуниро бас кунаду дигаронро сиёх карданро. Гунохи у назар ба гунохи Бобоев Х. дар вайрон кардани донишкада 100 маротиба зиёдтар аст. Яъне гунахкори асоси худи уст.

    • 115k
      Октябрь 11, 2009 в 8:47 дп

      Мо омода хастем тамоми пахлухои масъаларо мавриди тахкик карор дода, ба хонандагон расонем. Агар огахи дошта бошед нахустин маротиба ин масъаларо мо дар чонибдории собик ректори ДТИКТ Х. Бобоев бо номи «Х. Бобоев: Агар ин пулхоро ман мехурдам…» бардошта будем. Вале тадкикоти минбаъда акси онро нишон дод. АЗ ин лихоз мепурсем, бигзор ба тарики пушида бошад, ба мо маълум намоед кадом самтхоро мавриди омузиш карор дихем.
      Бо эхтиром БМСЖТ

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: