Главная > Uncategorized > Баста шудани ДТИКТ ба манфиати Тоҷикистон аст?

Баста шудани ДТИКТ ба манфиати Тоҷикистон аст?

Баҳси судии ягона донишкадаи мустақили Тоҷикистон — ДТИКТ бо Вазорати маорифи кишвар ба дарозо кашид. То имрӯз зиёд сарусадо бархест. Гуфта мешуд, ки дар натиҷаи баста шудани донишкадаи мазкур, донишҷӯёни ин даргоҳ шояд бо мушкиле рӯ ба рӯ гарданд, ки дар таърихи Тоҷикистон ҳамто надоштааст. Аммо боз эродҳое низ садо дода буд, ки гӯё фаъолияти донишкада ба талабот ҷавобгӯ нест. Андешаҳо сари ин мавзӯъ мухталифанд ва инак ақидаи чанд нафар зиёии кишвар, ки ба тозагӣ иброз доштанд, пешкаши хонандаи гиромӣ мешавад.
Султони ҲАМАД, рӯзноманигор:
— Баста шудани Донишкадаи байналмилалии технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ ҳамчун як коргоҳе, ки дар он ҷо даҳҳо нафар кору фаъолият мекунанду зиндагонии худашонро аз ҳисоби маоши аз ин ҷо дарёфтнамуда пеш мебаранд ва ҳамчун як муассисаи таълимие, ки садҳо нафар аз он ҷо донишу маърифат мегиранд, албатта ба манфиати Тоҷикистон нест. Тоҷикистоне, ки имрӯз ба кадрҳои ҷавону болаёқат ва ҷавобгӯйи давру замон эҳтиёҷманд аст. Тоҷикистоне, ки сафи бекоронаш зиёд асту ҷавонони дур аз таълим низ хеле зиёд дорад.
Тибқи иттилооте, ки дар матбуот ба нашр мерасад, баҳси байни донишкада ва вазорати маориф чунон ҳам печида аст, ки ба ин масъала наметавон бе дарки амиқи мушкилот баҳои қатъӣ дод, кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ. Имрӯз масъулини Вазорати маориф қатъи фаъолияти ин донишкадаро ба манфиати Тоҷикистон меҳисобанд. Зеро ба ақидаи онҳо таълим дар ин ҷо бо сабабҳои гуногун ҷавобгӯйи стандартҳои қабулшуда нест. Роҳбарияти донишкада бошад, хилофи ин нуқтаи назарро дорад. Баҳс ба мақомоти судӣ кашида шудааст. Дар ҷомеаи демократӣ ҳамаи баҳсҳои мушобеҳ бо роҳи судӣ ҳаллу фасли худро меёбанд. Ҳарчанд дар ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам бисёриҳо ба адолати судӣ чандон боварии комил надоранд, вале фикр намекунам, ки роҳбарияти донишкада аз тоифаи шаҳрвандоне бошанд, ки шахсан аз ҳақу ҳуқуқи худ дифоъ кардан натавонанд.

Муҳиддин КАБИРӣ, раиси ҲНИТ:
— Чун ДТИКТ ягона донишкадаи хусусӣ дар Тоҷикистон аст, баста шудани он паёми нохубе дорад барои ҳам мардуми кишвар ва ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ. Чун дар кишварҳои ҳамсоя донишгоҳҳои хусусӣ хеле зиёданд, бахусус дар Қирғизистон ва Қазоқистон. Бо ин паём Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишгоҳи хусусӣ ҷой нест, ки ин воқеан ҳам як паёмади нохубе хоҳад дошт. Бахусус барои он донишҷӯёне, ки дар он ҷо таҳсил мекунанд. Мо набояд бештар аз 3 ҳазор донишҷӯи тоҷикро дар нимароҳ монем. Агарчи ваъдаҳо шуданд, ки онҳо дар кӯча нахоҳанд монду ҳатман ҷо ба ҷо мешаванд дар дигар донишкадаҳо, вале тасаввур кунед, ки як ҷавон чор панҷ соли ҳаёти худро мебахшад дар як донишгоҳ, одат мекунад, баъд ӯро мегузаронанд ба ҷои дигар. Ин як тағйироте дар ҳаёти ҷавонон ба вуҷуд меорад.
Чанд дарсе дар ҳамин донишкада бо донишҷӯён дорам. Вақте дар ин маврид сӯҳбат мешавад, эҳсос мекунам, ки хеле нороҳатанд ва мехоҳанд дар донишкадаи худ таҳсилро идома диҳанд. Албатта мушкилӣ вуҷуд дорад. Банда то ба ҳол бо далелҳои Вазорати маориф шинос нестам, ки чӣ камбудӣ дар донишкада ҳаст. Агар мушкилӣ вуҷуд дошта бошад, пас бояд ҳамагон дасти якдигарро бигиранд ва ин мушкилиро рафъ кунанд. Ва набояд ба баста шудани донишкада бурда расонанд. На танҳо донишкада, вате ҳар як ниҳоди дигар баста мешавад, бояд як марҳалае сипарӣ гардад. Аввал огоҳонида мешавад, баъд мӯҳлат дода мешавад, то камбудиҳо рафъ шаванд. Баъд аз он ки рафъ нашуд, метавонанд даст ба иқдомҳои ниҳоӣ бизананд.

Пайванди ГУЛМУРОД, устоди ДМТ:
— Дар ҷомеаи кунунии мо бояд донишгоҳҳои гуногуне фаъолият намоянд, ки барои боло бурдани маърифати умумӣ хизмат карда тавонанд. Вале бояд фаъолияташон дар чаҳорчӯбаи қонун бошад. Аз сӯи дигар, бояд кӯшиш кунанд, ки дар донишгоҳҳо ҷавонони қобилятнок ҷалб гарданд. Мутаассифона бисёре аз донишгоҳҳои мо аз он ки шартномавӣ ҳастанд, ҳар касе ки пеш омад, хуш омад, онҳоро қабул мекунанд. Имрӯз мо бояд мутахассисоне тайёр кунем, ки ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй бошанд ва Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонанд.

Абдуғаффори АБДУҶАББОР, роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанг:
— Тоҷикистон шояд он қадар зарар намебинад, вале ба шогирдони донишкада ҳатман зарар мерасад. Шояд рӯзи Тоҷикистон бе он ҳам гузарад, аммо донишҷӯёни курсҳои гуногуни ДТИКТ дар чаҳорсӯи зиндагӣ ҳайрону сарсон мемонанд. Табиист, ки онҳо зарари ҷиддии моддиву маънавӣ мебинанд. Ҳатто дар сурати воқеии барҳам додани донишкада ҳам ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил поймол мешавад.
Бинобар ин, беҳтараш имкон медоданд, ки дар сурати расман баста шудани донишкада ҳам донишҷӯён таҳсили худро пурра ба субут мерасониданд ва танҳо баъди анҷоми ин иқдом фаъолияти илмию педагогии донишкадаро комилан қатъ мекарданд. Ё тибқи таҷрибаҳои дигар давлатҳо, омӯзгорон мувофиқи ихтисосашон ва донишҷӯён ҳам аз рӯйи тахассусҳояшон бояд шомили дигар донишгоҳҳои мутобиқ шаванд. Ва ин ҷо албатта мусоидати идораҳои дахлдор ҳатмист.

Тоҳирҷон САТТОРОВ, муовини ректори ДДОТ:
— Ман фикр мекунам, ки ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муассиса ё корхона осон нест. Вале вайрон кардану нобуд сохтанаш хеле осон. Бинобар он, самтҳои фаъолияти донишкадаро аввал ҳамаҷиҳата санҷидан даркор, ки оё ба талаботи ҷамъияти имрӯзаи мо ҷавобгӯй ҳаст ё на. Танҳо баъди омӯхтани ҳамаи нозукиҳо масъалаи бастани донишкадаро фикр кардан мантиқист.

Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: