Главная > Исфандиёри ХАЛИЛ > Демократҳо бо Нурӣ рафтанд, на бо Ҳимматзода

Демократҳо бо Нурӣ рафтанд, на бо Ҳимматзода

Дар арафаи маъракаи қарибулвуқӯи интихоботи парлумонӣ «Ҷомеа», нашрияи ташкилоти ҷамъиятии «Журналист» дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мизи гирд созмон дод, ки дар он муаррифии фаъолияти ду ҳизб: Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистӣ сурат гирифт. Қироншоҳ Шарифзода, сармуҳаррири нашрияи «Ҷомеа» рӯзи 30-юми сентябр дар ин нишаст ҳадаф аз ҷамъомадро бештар шиносоӣ пайдо кардан бо барномаҳои аҳзоби сиёсӣ ва фаъолияти онҳо маънидод кард. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни гузаронидани пурсиш миёни хонандагон муайян шуда, ки аксари ҷавонон аз фаъолияти аҳзоби сиёсӣ огоҳӣ надоранд. Дар ин нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҷониби аҳзоби сиёсии кишвар ва сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур иштирок доштанд.
Нигоҳе ба таърихи ҲДТ ва ҲСТ
Роҳбарияти ду ҳизб — ҲДТ ва ҲСТ дар воқеаҳои сиёсии Тоҷикистони 20 соли охир фаъолона иштирок кардаанд. Намояндагони ин ду ҳизб дар маъракаҳои интихоботии Парлумон ва президентӣ низ ширкат варзидаанд. Комёб шуданд ё не, ин мавзӯи дигар аст.
Барномаи ҲДТ ба сиёсати давлат ва Конститутсияи ҶТ пурра мувофиқат мекунад. Яъне, аз ин нуқтаи назар, ҳизб ҳуқуқи комил дорад, ки дар интихобот иштирок кунад. Таърихи ҲДТ пурпечутоб аст. Августи соли 1990 аввалин анҷуманашро доир кардааст. Бисту якуми июли соли 1991 сабти ном шудааст. Дар интихоботи парлумонии соли 1990 ва 1991 ҲДТ иштирок накард. Дар интихоботи парлумонӣ иддае аз намояндагони ин ҳизб, ки ҳоло ба қайди расмӣ надаромада буд, дар Шӯрои олии охирини Тоҷикистон қувваи пешбарандаи сиёсӣ буданд. ҲДТ ба интихоботи президентии соли 1991 номзадии Давлат Худоназаровро ба ду шева дастгирӣ кард. Аввалан, Д. Худоназаров сарфи назар аз он, ки коммунист буд, бо ақидаҳои демократӣ баромад мекард ва дуввум, Аслиддин Соҳибназаров номзад ба мақоми депутатӣ Давлат Худоназаровро ворид кард. Ба ин шакл ҲДТ дар он мавқеъ ба ҷомеа худашро нишон дод. Дар интихоботи соли 1999 ҲДТ бисёр ҷиддӣ иштирок кард. Лекин ин ҷо ду ҷиҳат дорад, мегӯяд коршиноси лоиҳаи ҳизбӣ Иброҳим Усмонов: «Азбаски ҳамаи нерӯҳои миллӣ ҷамъ омада буданд, маълум набуд, ки ҳанӯз ҲДТ чӣ мехоҳад. Калимаи демократия ба маънои антоними калимаи коммунист қабул шуда буд, на ба маънои фаҳмиши сиёсии яклухт. Барои ҳамин, дар инҷо қувваҳое ҷамъ шуданд, ки онҳо демократ, либерал ва радикал буданд. Ҳамаашон омаданд дар зери як шиор. Чунки ҳизби дигаре ба ҷуз Ҳизби коммунист дар замони ташкилшавии он вуҷуд надошт».
Саршавии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҲДТ-ро ба ду гурӯҳ тақсим кард. Онҳое, ки ҳамроҳи оппозитсиюни тоҷик рафтанд, ба қавли Усмонов, бо ҳизб не, наҳзати ислом, яъне бо Саид Абдуллоҳи Нурӣ, на Ҳимматзода буданд. Ва дар ҷанг иштирок карда, бо номи «Платформаи Алмаато» шинохта шуданд. Дуюми июли соли 1995 дар Алмаато онҳо анҷуман доир карда, ҳизби худро мустақил эълон намуданд ва гуфтанд, ки мо ҳамроҳи С. Нурӣ ва оппозитсиюни тоҷик ҳастем. Онҳое, ки ба оппозитсиюни тоҷик ҳамроҳ нашуданд, 22-юми июли соли 1995 дар Душанбе аз нав бо роҳи пешин аз қайд гузаштанд.
Баъди он ки ҳизби якуми демократ аз нав барқарор шуд, анҷуман доир карданд ва дар ҲДТ, ки «Платформаи Алмаато» ном дошт, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров раис интихоб шуд. Онҳо баъдан дар шакли ду қувва, ду ҳизб боқӣ монданд. Дар интихоботи президентии соли 1999 ҲДТ бо ду номзад баромад кард. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба муқобили ҳизби демократе, ки ба гурӯҳи Шодмон Юсуфов ё Афсарӣ дохил буд, ба муқобили ҲНИТ баромад карда, номзадии президентшаванда Э. Ш. Раҳмоновро дастгирӣ намуд. Ҷиноҳи Ш. Юсуфов аввал номзадии Зафар Икромовро ба президентӣ пешниҳод кард, баъди як ҳафта ин номзадиро бозгирифт ва номзадии Султон Қувватовро ба президентии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Номзадии Султон Қувватов, Давлат Усмон ва Сайфиддин Тӯраев баҳси зиёдеро ба вуҷуд овард. Ба миқдори зарурӣ овоз пайдо карда натавонистанд. Аз Комиссияи интихобот ҷавоби манфӣ гирифтанд. Рӯзномаи «Ҷунбиш», ки манфиати ин қувваҳоро ифода мекард, аз нашр бозмонд. Ва бо ҳамин ҳизби дуюми демократ аз байн рафт.
Иброҳим Усмонов мегӯяд, ки аз ҳизби муштарак ё муттаҳидкунанда ташкил кардани онҳо огоҳӣ надорад ва ҳар ҷараёни дигаре, ки ба вуҷуд омад, аслан дар заминаи ҷараёни ҳизби М. Искандаров буд.
ҲСТ низ яке аз ҳизбҳои мубориз ба шумор меравад. Дар хусуси фаъолияти ин ҳизб Иброҳим Усмонов чунин андеша дорад, ки ҲСТ-ро метавон гуфт, ки дар воқеаҳои сиёсии кишвар солҳои 1990-95 иштирок кард ва боз метавон гуфт, ки иштирок накард. Дар ҳар ду ҳолат ҳам як чиз ба вуҷуд меояд. Аз ин нуқтаи назар, ин ҳизб монандӣ дорад хусусан ба Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон. ҲХДТ дар он вақт набуд, лекин наметавон гуфт, ки он замон дар воқеаҳо иштирок накардааст. Чунки лидери ин ҳизб яке аз роҳбарони ҳамонвақтаи ин ҳизб буд ва ҳоло ҳам роҳбари ҳизб аст. ҲСТ низ ҳамин хел аст. Вуҷуд надошт, вале созмондиҳандаи баъдии он Сафаралӣ Кенҷаев дар замони муқовимати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ буд. Давраи аз ҳама фаъоли ҲСТ нимаи дуюми соли 1990 буд. Ҳам рӯзномааш фаъол буд ва ҳам ҳаракатҳояш. Ин ҳизб ҳам дар интихоботҳои парламентӣ ва ҳам дар интихоботҳои президентӣ иштирок кард. Вале комёбӣ ба даст наовард. Баъди вафоти Сафаралӣ Кенҷаев дар дохили ҳизб кашмакаш ва талошҳо ба вуҷуд омад. Ин ҳизб аз соли 1997 то имрӯз иқтидори интихобкунандагони худро бештар гум кардааст.
Оилаи нотинҷ ва хурсандии ҳамсояҳо
Коршиноси платформаи ҳизбӣ И. Усмонов хулосаи худро дар мавриди ҲДТ ва ҲСТ баён карда, афзуд, ки як ҳаммонандӣ дар ин ду ҳизб вуҷуд дорад, ки агар шабеҳ набошад, беҳтар буд. Ба андешаи Усмонов, дар кашмакашу талошҳои дохилӣ ҳар ду ҳизб дар як сатҳ қарор доранд. ӯ мегӯяд, ки то ин ҷанҷолҳои дохилиҳизбӣ аз байн наравад, нуфузи аҳзоби мазкур боло намеравад ва дар интихоботҳои оянда соҳиби курсӣ нахоҳанд шуд. Вай афзуд: «Албатта, вақте оила нотинҷ аст, ҳатто ҳамсоя хурсанд мешавад».
Ба андешаи ӯ, роҳбарони ҲДТ дар сурати муттаҳид кардани ҳизбашон аз рӯи системаи мажоритарӣ, яъне аз ҳавзаҳои якмандата як ё ду ҷой гирифтанашон мумкин аст, агар ба ҳамин самт пеш раванд. Вале ҲСТ танҳо аз рӯи имконияти округи бисёрминтақа ба даст овардани як ё ду мақомро дар парламенти навбатӣ дорад.

ҲСТ ба суд мекашад
Дар бораи кашмакашҳои дохилиҳизбӣ саволу ҷавобҳо радду бадал шуданд, ки боиси норизоии Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ шуд. ӯ бо шиддати тамом иброз дошт, ки касе оид ба мавзӯи дохилиҳизбии эшон ҳарф мезанад, масъала тариқи суд ҳал хоҳад шуд. Вай афзуд: «Бисёр вақт рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон аз барномаи ҲСТ бархӯрдор нестанд. Бинобар ҳамин, ман ба шумо боз мегӯям, ки дар оинномаи ҲСТ фраксия нест, чи тавре дар ҲДТ ин чиз ба назар мерасад».
Аммо дар ҳамин ҳол имкони аз байн рафтани кашмакашҳои дохилии Ҳизби демократ хеле душвор аст. Ба гуфтаи намояндаи ҲДТ Ҳайдулло Абдуллоев, иттифоқ кардан дар шароити имрӯза ғайри имкон аст, зеро проблемаи дохилиҳизбӣ вуҷуд дорад.

Ҳизбҳои мавсимӣ ва
нашрияҳои мустақил
Дар ҷараёни нишаст миёни рӯзноманигорон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ саволу ҷавоб радду бадал мешуд. Саволи «Чаро аҳзоби сиёсӣ ба истиснои ҲХДТ мавсимӣ ҳастанд ва баъди анҷоми маъракаҳои интихоботӣ аз назари мардум дур меафтанд» норизоии намояндаи Ҳизби коммунист Субҳон Сафиаллоевро ба вуҷуд овард. ӯ чунин меҳисобад, ки аҳзоби сиёсӣ мавсимӣ нестанд, вале бархе аз фаъолияти онҳо огоҳӣ надоранд. Вай мегӯяд, ки ба истиснои нашрияҳои мустақил дигар нашрияҳои ҳукуматӣ ва журналистон баръакс мавсимӣ ҳастанд. Зеро дар арафаи интихобот баҳси хизбҳо, бештар ҲХДТ-ро инъикос мекунанд ва пас аз анҷоми он хомӯш мешаванд. Танҳо нашрияҳои мустақил фаъолияти аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро мудом баррасӣ мекунанд.
Намояндаи ҲДТ низ мавсимӣ набудани ҳизбҳоро таъкид кард ва ақидаи С. Сафиаллоевро ҷонибдорӣ намуд. Аммо раиси ҲСТ А. Ғаффоров мавсимӣ будани ҳизбҳоро эътироф кард ва афзуд, ки сабаби ин камбағал будани аҳзоби сиёсист. Барои ҳалли ин масъала ӯ ду пешниҳоди худро зикр кард, ки яке барои аҳзоби сиёсии дар интихоботи парлумонӣ ширкаткунанда дар сари ҳар овоз аз буҷаи давлат то 5 сомонӣ ҷудо кардан ва дигаре қабули қарор дар бораи он ки, бояд аҳзоби сиёсӣ аз буҷаи давлат маблағгузорӣ карда шаванд.

Замин додан
хатои азим буд…
Дар ҷараёни нишаст раиси ҲСТ А. Ғаффоров махсусияти барномаи ин ҳизбро баён кард ва гуфт, ки ҳизби эшон иҷтимоист ва барои беҳдошти ҳаёти мардуми кишвар равона шудааст. Ба вижагиҳои иқтисодии он масъалаи ба монополияи давлат додани корхонаҳои азим ва бо ин восита кам кардани сафи бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ, рушди кишоварзӣ, аз байн бурдани фаъолияти фючерӣ ва ба деҳқон додани заминҳо дохил мешавад. ӯ супоридани заминҳои корамро барои сохтани манзилҳо нодуруст арзёбӣ кард ва афзуд: «Масалан, заминҳои кораме, ки дар назди сафоратхонаи ИМА мавҷуд аст, онро додан яке аз хатоиҳои бениҳоят азим аст. Зеро он манбаи асосии захираҳо барои бозори наздики Тоҷикистон буд, ки ин афзоиши нархро боло мебардорад».

Дузду ғоратгар
Дар ҷавоби саволи вобаста мубориза алайҳи коррупсия намояндагони аҳзоби сиёсӣ мавҷудияти барномаҳои худро зикр карданд. Аммо бартарият ва тафовути он аз барномаи зиддикоррупсионии амалкунанда шарҳ дода нашуд. Танҳо доштани чунин барномаро намояндагони аҳзоб як имтиёзи иловагии худ медонистанд. Зеро ҳам ҷониби ҲСТ ва ҳам ҲДТ дар посух роҳи мубориза бо коррупсияро норӯшан вале доштани барномаро махсус зикр карданд. Дар ҳамин ҳол намояндаи Ҳизби коммунист Субҳон Сафиаллоев қайд кард, ки дар ин ҳизб соли 1996 барномаи мубориза алайҳи порахурӣ, ки коррупсия ба андешаи ӯ ҳамон аст, вуҷуд дошт. Вале Иброҳим Усмонов дар ин мавзӯъ ихтилофи назар дорад. ӯ мегӯяд, ки порахӯрӣ ин коррупсия нест. Зеро коррупсия пуштибон дорад, вале порахӯр не. Порахӯр мисли дуздест, ки дар ҳарос аст, аммо коррупсионер шабеҳ ба ғоратгарест, ки ҳам ғорат мекунад ва ҳам мекушад.

Чаро депутатҳо
ваъда медиҳанд?
Мавзӯи дигаре, ки дар ин нишаст мавриди муҳокима қарор гирифт, масъалаи ваъдаҳои болохонадори вакилони халқ буд, ки пеш аз маъракаҳои интихоботӣ сурат мегирад. Яъне ба мардум ваъдаҳои калон медиҳанд, ки барқ мегузаронанд, об меоранд, роҳ месозанд ва ғайра. Аммо баъди ба курсӣ нишастан ҳамаи ваъдаҳо фаромӯш мешавад. Ин идея асосан аз саволи як донишҷӯ пайдо шуд. Дар посух ба ин суол С. Сафиаллоев чунин гуфт: «Шахсан ман ҳамчун намояндаи Ҳизби коммунист бо тамоми ҳастиям мегӯям, ки намояндагони мо ягон интихобкунандаи худро фиреб надодаанд».

ҲДТ-ю ҲСТ зиёӣ бештар
доранд, ё носфурӯш?
Масъалаи пешниҳод ба номзади вакили халқ дар нишаст баррасӣ шуд. Имконияти молии ҳизбҳо ба пешниҳоди номзад мерасад ё не? Посухи А. Ғаффоров чунин буд, ки вақт нишон медиҳад. Дар интихобот ширкат мекунанд, аммо бо пешниҳоди 10-15 номзад, агар 7000 сомонӣ бошад, имконият надоранд. Маблағи имрӯзаи ҳизби эшон танҳо аз ҳаққи аъзогӣ аст. То муддати муайян сарпарастҳое буданд, ки кӯмак мекарданд, ҳоло чунин дастгирӣ мавҷуд нест, аммо масъала бардошта шудааст.
Ҷониби ҲДТ мегӯянд, ки барои 4 ё 5 номзад пешниҳод кардан шароит доранд. Қишри зиёӣ 7000 сомонӣ барои номзад пардохт карданашон ғайри қобили қабул аст ва дар сафи Парлумон акнун ба роҳ ёфтани бозорию носфурӯш шубҳа нест. Вале вақт нишон медиҳад, ки сафи зиёиён дар кадом ҳизб бештар аст.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Advertisements
  1. Анис Абдурахмонов
    Октябрь 29, 2009 в 7:11 дп

    Эшони Нуриддинро Худованд аз бадии золимону бадбинон дар панохи худаш нигах дорад.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: