Главная > Uncategorized > Дурӯғи бефурӯғ

Дурӯғи бефурӯғ

Тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ гуфтаҳои муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (муаллими сонии ҷумҳурӣ) Раҳимов Фарҳод Қодирович таҳти унвони «Бобоев хеши Раҳмонов нест!» дар бораи он ки Бобоев Хаёл Юлдошевич ба вазири маориф на хеш асту на ҷӯрагӣ дорад, мутолиа намуда, ба хулосае омадам, ки муаллими сонии ҷумҳурӣ, билкул дурӯғ мегӯяд. Дурӯғи бефурӯғ на маслиҳатомез! Зеро, Бобоев Хаёлро собиқ вазири маориф Сафаралӣ Раҷабов барои рафтори ноҷо ва интизоми меҳнатро вайрон карданаш, ҳанӯз аз аввали соли 2003 аз вазифа озод намуда буд. Бо ба сари мансаби вазирӣ расидани вазири давр (муаллими аввал) Раҳмонов Абдуҷаббор Азизович сари хам ва қомати «боло»-и Бобоев Хаёл Юлдошевич боз ҳам болотар шуд ва дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба вазорат ба вазифаҳои масъул ба кор қабул ва таъин карда шуд.
Дар дастгоҳи вазорат дар баробари шахси боэътимоду ҳаммаҳал ва ҷӯраи наздики вазири маориф буданаш (инро худи Бобоев Х.Ю. борҳо бо ифтихори таъкид кардааст ва ҳар кадоме аз кормандони вазорат тасдиқ мекунанд), боз дар масъалаи ҷобаҷокунии кадрҳо дар дастгоҳи вазорати маориф ва муассисаҳои тобеи он ба ҳайси мушовиру маслиҳатчӣ «хизмати бузург» кардааст. (Масъалаи ҷобаҷокунии кадрҳо ва таъини онҳо дар соҳаи маориф мавзӯи сӯҳбати бебаҳси дигар аст).
Илова бар ин, Бобоев Х.Ю. дар давоми вазирии вазири вақт- Раҳмонов А.А. ҳамчун ҷӯраи ҷонии вазир вазифаҳои мудири Шӯъбаи таҳлил ва рушди ислоҳоти соҳаи маориф, сардори Хадамоти аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии назди Вазорати маориф, мушовири вазир, сардори Раёсати илм ва инноватсияи вазорати маориф, ректори Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон кор карда, алҳол вазифаи мудири Шӯъбаи таҳлил ва рушди ислоҳоти соҳаи маорифро ба ӯҳда дорад. Як масъала боиси нигаронӣ аст, ки як нафар ҷӯраи ҷонии вазир дар давоми 5 соли вазирии вазири вақт 5 маротиба ҷойи корашро бо болопариданҳо иваз намудааст. Оё ин нишонӣ ва ё гувоҳи қаринӣ, ё ҷӯрагӣ нест?!
Пас саволе ҳам ба миён омаданаш мумкин аст, ки агар Бобоев Х.Ю-ро барои ҳамчун мутахассиси кордон ва соҳибтаҷриба ба ин ва ё он вазифа зуд- зуд таъину иваз намудаанд, пас дар ин муддат ӯ чӣ кореро ба манфиати вазорати маориф анҷом додаст? Шояд аз ҷониби комиссияи босалоҳияте фаъолияти ҷӯраи вазир дар ин вазифаҳои масъул дар ин давра мавриди санҷишу омӯзиш қарор дода шавад!…
Бо овардани ин қазияҳо хонандаи нуктасанҷ бояд дарк кунад, ки оқибати пайвандию ҷӯрагӣ ва чунин аст. Вале ҳақиқат ҳақиқат аст. Ҳақиқат агарчӣ талх аст, бояд гуфта шавад.

Ҳақшиноси СОҲИБ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Октябрь 9, 2009 в 12:20 пп

    Устод Нурали Махмадали,
    Биёед хамин корхоятонро партоед. Шумо худатонро хукукшинос, шоир ва олим мехисобед. Ин дуругбофихо ба шаъни Шумо намезебад. Худатон нагз медонед, ки агар С. Рачабов 5 соли дигар Вазири маориф мебуданд мо мачбур мешудем, ки аз сари нав махви бесаводи гузаронем

    • 115k
      Октябрь 11, 2009 в 8:45 дп

      Мо омода хастем тамоми пахлухои масъаларо мавриди тахкик карор дода, ба хонандагон расонем. Агар огахи дошта бошед нахустин маротиба ин масъаларо мо дар чонибдории собик ректори ДТИКТ Х. Бобоев бо номи «Х. Бобоев: Агар ин пулхоро ман мехурдам…» бардошта будем. Вале тадкикоти минбаъда акси онро нишон дод. АЗ ин лихоз мепурсем, бигзор ба тарики пушида бошад, ба мо маълум намоед кадом самтхоро мавриди омузиш карор дихем.
      Бо эхтиром БМСЖТ

  2. Октябрь 19, 2009 в 11:57 дп

    1. Пеш аз хама Шумо аник муайян созед, ки шумраи умумии устодон дар донишкада чанд нафаранд ва аз инхо чанд нафарашон доими хастанд?
    2. Барои чи дар кафедраи математикаи оли ва технологияи информатсиони, ки барои хамаи ихтисосхо асоси хисоб меёбанд, устодони унвони илмидошта кариб нестанд?
    3. Сабаби аз кор рафтани Х. Бобоев (аник ва пурра)?
    4. Барои чи донишкада чои гайбатхона гаштааст?
    5. Хадафи асосии Акрамов С. аз ташкили комиссия оид ба санчиши молияви дар мохи феврал дар чи буд?
    6. Барои чи пас аз кор рафтани Х. Бобоев устодон аз кор рафтанд (аз май то мохи сентябр.
    7. Чаро Акрамов С. худаш ободии ДТИКТ-ро намехохад?
    8. Агар Акрамов С. точикдуст бошад, чаро худаш шахрвандии Точикистонро ба шахрвандии амрико иваз намуд?
    9. Акрамов С. компютерхои вайронаеро, ки ба нохияи Дангара фурухта буд, пулашро ба кадом суратхисоб гузаронд? Оё ин нишонаи ватандустист?

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: