Главная > Uncategorized > НАҚШАИ «ПАХТА — АСКАР»-ҲО ИҶРО МЕШАВАД!

НАҚШАИ «ПАХТА — АСКАР»-ҲО ИҶРО МЕШАВАД!

Дар панҷ — шаш соли охири «ҳаёт»-и Ҳукумати Шӯравӣ лату кӯбу куштори бачаҳои тоҷик он қадар афзоиш ёфт, ки дили мардуми бечораи ТОҶИК аз Артиш ба маънои тамомаш сард шуд. Ҳукумати онрӯзаи Тоҷикистон чун ҳамеша ҷуръати риндонае надошт, ки ба муқобили ин ваҳшигарӣ нисбати Масков — «дили Ватан» — эътироз кунад. Ончунон Ҳукумати тарсуву ғуломтабиат буд, ки пеш аз он, ки мардумаш бо қалами рӯзноманигоронаш алайҳи ин фоҷиа бишӯранд, натавонист иқдом кунаду дар ҳудуди Тоҷикистон ба хидмат ҷалб намудани тоҷикбачаҳо ва маҷмуан тоҷикистониҳоро ба расмият дарорад. Номаҳои зиёде ба унвони Комиссарияти ҳарбии онрӯзаи Тоҷикистон генерал Муҳаммадҷонов (агар хотираам фиреб надиҳад) дар рӯзномаҳо (аз ҷумла «Паёми Душанбе») ба нашр мерасиданд, аксу саргузашти фоҷиабори аскарбачаҳо, шакли фаҷеи куштори онҳо дар ҳудуди собиқ Шӯравӣ, махсусан Русияи шӯравӣ ба табъ мерасид, вале на Комиссарияти ҳарбӣ, на Ҳукумат, на… посухе намедоданд. Он рӯзҳо қарори № 622 набуд.
Алғараз, нависонависи пайдарҳами рӯзноманигорон ва афроди алоҳида Ҳукумати вақтро маҷбур ба тасмими ниҳоӣ кард ва баъд аз он фарзандони Тоҷикистон барои хидмат дар ҳудуди ҷумҳурӣ даъват шуданд.
Аммо ҳақиқати амр ин буд, ки мардум аз борон гурехта ба зери новдон афтоданд. Артиши миллии Ҳукумати ба истиқлол расидаи Тоҷикистон сару сомон надошт. Ҳар зӯргӯву ғоратгаре зери номи «боевик» қисми ҳарбӣ дошт, ҳар нобаладу нобакоре унвони «генерал» мегирифт ва ҳатто як ғоратгари ҳанӯз ришу мӯйлабаш нарӯида барои худ формаи «маршал» дӯзонида буд.
Ин дастаҳои ба истилоҳ «қисми ҳарбӣ» бачаи мардумро аз кӯча ошкоро шикор мекарданд. Ба чашми сар медидем, ки фарзандони мардум дар оғилхонаҳои бузурги «генерал»-ҳо порӯ мерӯфтанд, гов медӯшиданд… ва бо як калом — ғуломи ҳалқабаргӯши ин «қонунӣ»-ҳо буданд. Аскарбачаҳое, ки дар шаҳр хешутабор доштанд (дар шахси худ мегӯям ва мисолҳоеро меорам, ки додарону холабачаҳои худам аз сар гузаронидаанд ва худ ҳамарӯза онҳоро мушоҳида кардаву солҳо хуни ҷигар шудаам) ба хонаи хешовандашон бо ҳар васила аз «командир» иҷозат гирифта меомаданд: либосҳои фарсудаву пури шабуш, мӯзаҳои кирзи дарида, баданҳои аз зарби лату кӯб сиёҳ…
Ба кӣ шикоят мекардӣ, аз кӣ шиква мекардӣ, ба куҷо менавиштӣ?! Ба ҳеч куҷо! Дар ҳақиқат аз ҳар тараф пойи бало ба ин марзу бум расида буд, чашмҳои хунгирифтаву гурӯсна, бадхашм… барояш ҷони одам ба як тини пучак арзиш надошт.
«Аблава» — ин вожаи дурушту гӯшхарош аз ҳар даҳане садо медод. Ин шояд таку танҳо калимаест, ки баъд аз калимаи «муҷул» мардуми моро ин гуна ба ҳарос меафканд. Бо шунидани ин калима ҳама чун парандаҳои кӯчак аз ҳуҷуми каргасҳову лошахорҳо паҳну пареш мешуданд, ҷони ғарибашонро гирифта мегурехтанд…
Агар сад соли дигар мо аз «эҳсоси миллию ватандорӣ», аз «нангу номӯс», аз «сипоҳу артиши муназзам ва қобил» ҳарф занем, аминам, ки ба ҳеч кас таъсир намекунад. Зеро ватандорони «зӯр»-и мо он қадар эҳсосоти мардумро дар қалби онҳо куштаанд, он қадар онҳоро таҳқиру беҳуқуқ кардаанд, ки дигар наметавон зеҳни онҳоро аз тарс пок кард.
То ба сари қудрат омадани дохундае бо номи Горбачёв ва гурозтабиате чун Елтсин ба «хизмати ҳарбӣ» рафтан барои так — таки афроди Шӯравӣ шараф буд. Мардум писарашро бо ифтихор ба Армия гусел мекард. «Армия ҷавонро пухта мекунад, ба қадри зиндагӣ мерасад, дар гарму сарди рӯзгор тобовар мешавад»,- меандешид мардум ва ҳақ низ ҳамин буд. Ҳатто духтарҳо ҷавонеро, ки хидмати ҳарбиро анҷом надода буд, ба шавҳарӣ намепазируфтанд. Рафтани писар ба хидмати ҳарбӣ ва омаданаш бо қомати базебу формаи дар танаш часпида шукӯҳе дошт, тӯй буду пулпошиву маъракаороӣ…
Аммо дар артиши «кишвари соҳибистиқлол» ғурури инсонро мешикастанд, бадани солимашро носолиму абгор мекарданд, аз ӯ «манқурт» месохтанд!
Албатта, якчанд сол пеш ин бадиҳову бадбахтиҳо бо кӯшишҳои Президенти кишвар хотима пайдо кард: «Генерал»-ҳои сохтаву бофта, зӯргӯҳову қудратталабҳо, ки ҳамеша даъво доштанд «мо ҳукуматро барқарор кардем!», аз пой афтоданд, «генерал» буданашон аз хотирҳо рафт…
Вале ҳамоно мардуму фарзандони онҳо диле надоранд, ки дар Артиш хидмат кунанд. Чаро? Чаро то ҳол «аблава», ки ду — се сол боз гум шуда буд, аз нав ба хотири комиссарҳо афтод?
Ман борҳо бар сари ин саволҳо зеҳнан андеша кардаам ва посухҳое ҳам бо мушоҳидаву шунидаву хондаҳои худ пайдо кардаам. Албатта, мо агар ҳазор далел оварему шоҳид шуморем, комиссарҳо, командирҳои қисмҳои ҳарбӣ… ба ӯҳда намегиранд. Зеро онҳо одат кардаанд, ки чун тир ба чашмаи кас халида: «Не!» гӯянд.
Тақрибан як моҳ пеш бо як зани шинохта (бо далелҳои маълум аз овардани номашон парҳез мекунам) дар қабулгоҳи корхонае ҳамсӯҳбат шудам. Нақли ӯро гӯш кардаму боварам наомад, мӯй дар танам рост шуд. Писари хоҳарашро дар хидмати аскарӣ зӯран банг додаву ба номӯсаш чандкаса таҷовуз кардаанд! Бача баъд аз мастии банг ба худ омадану пай бурдан ба ҳоли худ, худро куштанӣ шуда, вале муваффақ нашудаву ба беморхона афтодааст…
Ин зани шинохта ба мақомоти зиёди дахлдор шикоят кардааст, вале…
Дуюм ҳодисаро ба чунин сурат аз ҳамсоязан, ки қубодиёнист, шунидам. Фарзанди хоҳари ӯ низ худро бо ҳамин далел паронда, вале намурдааст…
Сеюм далелро бо ҳамин ҳол аз ҳамкорам Н. шунидам. Ҷияни ӯ пас аз таҷовуз шуданаш худро оташ зада ва баъд аз он, ки чанд нафар аз «масъулон» аз аёдаташ, аз беморхона берун омадаанд, гапи худро тағйир дода гуфтааст: «Намедонам… сиёҳӣ пахшам кард… худамро алов сар додам…».
Вале Н. мегӯяд, ки «Дар куҷо дидед, ки бачаи 18-19-сола чун зан хунрав шавад?…».
Аз сафари Афғонистон бармегаштам. Дар сарҳади Тоҷикистон (ду сол қабл) манзараи дилрешкунандаро мушоҳида карда, ҳамон рӯз дилам аз Артиши Тоҷикистон сард шуд. Аскарбача дар пости худ истодааст. «Командир»-аш бо далели он, ки аз дидани манзаре дар рӯйи аскарбача ханда омадааст, ӯро пеши назари даҳҳо нафар зану марди афғон, ки вориди Тоҷикистон мешуданд, зери мушту лагад гирифт…
Далели дигар, комиссарҳои мӯҳтарам, командирҳои қисмҳои ҳарбӣ барои он, ки «баробарии ҳуқуқи инсон»-ро дар кишвари мо исбот кунанд, тавассути барномаҳои ТВ аз қисмҳои ҳарбӣ даҳҳо нафар фарзандони вазирҳову раисҳову соҳибони корхонаҳову бонкҳоро ба мардум нишон диҳанд, ки ҳамроҳи фарзандони меҳнаткашон машғули «хидмати Ватан» ҳастанд.
Далели дигар, мӯйсафеди кӯҳистоние наздам омад, то ба командири қисми ҳарбии писараш ҷавоби номаи ӯро нависам. Асноде, ки мӯйсафед дар даст дошт, аз лату кӯб шудани писараш дар қисми ҳарбиву ноилоҷ фирор кардану ба беморхона афтодан, посухи Прокуратураи ҳарбӣ дар мавриди тасдиқи лату кӯби фарзанди ӯ ва боз шудани делои ҷиноятӣ, нусхаи корношоям шудани аскарбача… иборат буд. Аммо «командири қисми ҳарбӣ» номаи таҳдидие ба Ҳукумату комиссариати ҳарбии ноҳияи он мӯйсафед навишта, «фарзандашро аз хидмати ҳарбӣ гурезонд, ҳеч кас ӯро назадааст. Хоҳишмандем аскарро ба қисм баргардонад!» даъво карда буд.
Ман боре ба яке аз адвокатҳои шинохтаи ҷумҳурӣ дар ин мавзӯъ сӯҳбат кардам, чун ӯ муддате дар соҳаи ҳарбӣ кор карда буд. Иллати ин гурехтанҳову дили гарм надоштани ҷавононро ба Артиш аз ӯ пурсидам. Гуфт: «Далелҳои зиёди лату кӯби аскарбачаҳо ва таҷовуз шуданашонро дар компютерам дорам, баъд медиҳам. Аммо як сабаб ин аст, ки дар замони Шӯравӣ ба аскарҳо доруҳои махсуси муваққатан сусткунандаи ҳолати шаҳвонӣ ҳамроҳ бо хӯрокашон ё тавассути сӯзандорӯ медоданд ва чунин аҳвол рух намедод. Ҳоло бошад…».
Инак, ба таври умумӣ далелҳои дили гарм надоштани ҷавонони кишварро ва нобовар будани мардумро ба хидмати ҳарбӣ мешуморему таҳлил мекунем.
1. Таҷовуз ба номӯс — аз рӯи шунидам, вобаста ба се воқеае, ки зикр кардам, — ин ҳолат гоҳе марбут ба аз кадом маҳал будани аскарбача аст,- яъне бадбинии ин ё он қисмати кишвар; Шояд дастрас будани маводи мадҳӯшкунандае чун чарсу афюну бангу дигар мухаллафот ба баъзе хизматчиҳои «зӯр»; Эҳсоси «дед» будан.
2. Лату кӯби бераҳмонаи аскарбачаҳо — хоҳ бо дасти «командир», хоҳ бо дасти «дедҳо»: — ба манзури «тарбияти аскарӣ».
3. Танҳо аз табақаи поини ҷамъият ба сафи Артиш «даъват» кардани ҷавонон.
Албатта, ҳанӯз садҳо ҷавон дар кишвари мо ҳаст, ки Артишро мактаби тарбия, мактаби камолу ҷавонмардӣ меҳисобанд ва бо ҳамин нияту дили гарм ихтиёрӣ ба сафи он меоянд. Ман инро дар симои писархолаи худ мегӯям, ки ихтиёран ба хидмат омада, пас аз як моҳ фирор кард. Мо ӯро пас овардаву баъдан зери назорати худ гирифтем, бо командиру «зӯрҳо»-и ҷои хидматаш мулоқот кардем ва ӯ хидматро ба анҷом расонид.
Албатта, дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ ҷинояти таҷовуз ҷой надорад, вале як ё даҳто чунин навъи ҷиноят кофист, ки мардум барои ҳаёти фарзанди хеш ба андеша афтанд.
Ҳоло бигӯед, ки вақте ба номӯси ҷавон таҷовуз шавад, ҳамеша зери лату кӯб афтад, худро ҳақир ҳис кунад, ӯро дар пеши назари ҳамагон таҳқиру лат кунанд, бубинад, ки ҳеч гоҳ писарҳои нозпарварди вазирону кабирон ба хидмат даъват намешаванд… дар ӯ ғурури ҷавонмардӣ, ғурури миллӣ, ғурури ватанпарастӣ боқӣ мемонад?! Ҳаргиз, ӯ ба ғулом табдил меёбад, ғуломе, ки танҳо барои корҳои пасту барои лавотат истифода мешавад.
Инак, ҳамин шабу рӯзҳо маросими «даъват» ҷараён дорад. Аз рӯи шунидам, дар деҳот хона ба хона «даъватшаванда» мекованд, «парвандаи ҷиноӣ кушодану ҳабс шудан»-ро ваъда медиҳанд. Гӯё тибқи Қарори нави ба тасвибрасида, ҷуз донишҷӯёни Донишгоҳи тиб ва Донишгоҳи миллӣ дигар донишҷӯён муваззафанд, ки як сол дар Артиш хидмат карда, сипас таҳсилро идома диҳанд. Ин навъи кор «копия»-и замони Шӯравӣ буд ва акнун мувофиқи ин рӯзгор нест. Зеро, ба ин ду Донишгоҳ тасодуфан бачаи камбағал, ки дониши ҳайратовар дорад, қабул мешавад ва ин як василаи наҷоти писари сарватмандону мансабдорон аст. Зеро, артише, ки бо чунин шакл аскар ҷамъ мекунаду аскар омода мекунад, наметавонад дар ҳолати фавқулода аз ӯҳдаи иҷрои вазифа барояд. Дуруст, аксаре, ки на бо машқҳои ҷисмонӣ — ҳарбии ҳозиразамон (мисли каратэ, дзю-до, кунфу, бокс, лексанпай…), балки бо лату кӯбу давонданҳои беҳуда ду солро сипарӣ мекунад ва агар ба ҳасби иттифоқ солиму зинда ҷавоб шавад, дар ҳолати зарурӣ ба даъвати шумо посухи мусбат нахоҳад дод. Чунки дар вуҷуди ӯ шумо аллакай тарсу ҳаросро ҷой додаед, чунки ӯ муносибати ҳамватанҳояшро дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дида ё шунидааст, чунки ӯ хизматро дар хонаи «командир» ё фермаи говпарварии ӯ ба итмом расонидааст…
Мардуми кишвар тавони баланди иқтисодӣ надоранд, зеро то ҳол дар кишвари мо танҳо «Меҳмонхонаҳои панҷситорадор»-созӣ, тарабхонасозӣ, фурӯшгоҳи бузургсозӣ, бозорсозӣ ва баландманзилҳои қиматашон аз ним миллион доллар боло сохтанро идома медиҳанд ва корхонасозӣ аз хотирҳо баромадааст. Зеро агар ҷавонмарде бо ин ният иқдом кунад, ҳанӯз пойдевори корхонаашро насохта, налог миёни ӯро аз ҳафт ҷой мешиканад ва агар сохтанро тамом кунад, ба корхонааш «чашм ало» мекардагиҳо ҳатман пайдо мешаванд.
Мардум чун медонанд, ки бачаашонро тавони дар донишгоҳҳо қабул кардан надоранд ва ин ҷойҳо барои дорандаҳо «ихтисос» дорад, мекӯшанд, ки аз ҷое қарз бигиранд ва шиносеву ҳамсояеро, ки солҳо дар Русия будаву таҷриба дорад, миёнарав кунанд, то фарзандашон ба муздурӣ равад, лоақал пули қабул шудани худро дар оянда, маоши зистани онҳо ва маблағи маъракаи хонадоркунии худи ӯву додару хоҳаронашро пайдо кунад.
Акнун, ин нияти мардуми тоҷику рафтори ба Артиш «даъват» кардани фарзандони онҳо аз ҷониби комиссариатҳо мақоли «буза ғами ҷону қассоба ғами чарбӯ»-ро ба хотир меорад. Ҷанобон мехоҳанд, ки мардуми тоҷик ба Русия мардикорӣ раваду пул ёбад, пулро ораду «комуналний услуга», пули барқ, замин ва ғайраро, ки ҳамасола онро «фарбеҳтар» мекунанд, пардохт кунад, бо додани ихтиёрии фарзандаш «плани пахта — аскар»-супориро мукаммал иҷро кунад, агар фарзандашро таҷовуз карданд, заданд, куштанд… даъво накунад, ки «даҳони пӯшида сад тилло»-ст, агар аз зулми ҳамхизматҳо ё командирҳо гурехт, ба прокуратураи ҳарбӣ шикоят накунанд ва ҳатман бачаро ба ҷои хидматаш пас оранд, то ҷавобгари ҳарбӣ нашаванд, аммо дар Ватани худ ҷойи кор напурсад, маоши хуб напурсад, арзонкунии барқро напурсад, тахфифи андозҳоро напурсад, аз байн бурдани варақбозиву литсензиясозиҳоро напурсад, ҳуқуқи инсониии худро напурсад ва дар ҳама ҳол «лаббай шеф»-гӯ бошад! Ин тарҳу тарзи ғуломкунии мардум аст, ин ба тариқаи «демократия» ғулом кардани мардум аст, ин тарзи ғуломдории қарни ХХ1 аст!
Мо метавонем Артиши тавоно ва дар ҳама ҳол омодаву коромад дошта бошем, агар:
1. Артиш соҳиби мутахассисони олӣ бошад.
2. Ҳамагуна машқҳои варзишӣ — ҳарбиро дошта бошад.
3. Шароити хуб ва ғизоҳои хуб дошта бошад.
4. Мактаби ҳунарҳои аввалия (сохтмончӣ, кафшергар, барқчӣ, корманди алоқа…) дошта бошад.
5. Фарзандони тамоми табақаҳои ҷамъиятӣ канори ҳам бошанд.
6. Фарзанди мардум мавриди таҳқиру таҷовуз қарор нагирад ва рӯҳи ӯ шикастнопазир тарбият дода шавад.
7. Шароити адои маросими динӣ — мазҳабӣ (аллакай дар Русияву дигар кишварҳо дар ВКД-ҳову қисмҳои ҳарбияшон ибодатхонаҳо доранд ва ҳеч кас музоҳим нест, ки генерал намозхон аст ё аскар намоз намехонад) мавҷуд бошад.
8. Китобхона ва дастрасӣ бо матбуоти даврро дошта бошад.
9. Аз донишу истифодаи тамоми анвои яроқи ҳарбӣ бархӯрдор бошад…
Роҳи дуюм низ мавҷуд аст. Ҳазорҳо нафар ҳастанд, ки мехоҳанд умре одами ҳарбӣ бошанд ва маошу мояи зиндагияшон низ аз ҳамин соҳа бошад. Кишвари мо низ метавонад артиши доимамалкунандаи муназзамро аз сафи ихтиёриён дошта бошад, вале барои ин амр маоши хубу шароити хуб зарурат аст.
Бо мардуми фақиру муҳтоҷ, бо шикастани ғурури ҷавонмардию паст задани нангу номӯси миллӣ наметавон Артиш сохт.
Бо зӯрию «аблава»-ю таҳдиди «парванда мекушоему ҳабс мекунем» наметавон Артиш сохт.
Инак, ба ду мавзӯъ барои суоли «Чаро ҷавонон ва мардум ба Артиш алоқа надоранду хидмат кардан намехоҳанд?» таваҷҷӯҳ кунед:
Яъне, дар Артиш шароити хуб фароҳам нест ва қисмҳои ҳарбии он ҳанӯз ба мақоми «мактаби ҷавонмардӣ, тарбият, камол» нарасидаанд!
Яъне, мардум дастнигару муҳтоҷанд ва ҳанӯз барои онҳо дар Ватан шароити кориву маоши хубу бархӯрдорӣ аз ҳуқуқи мусовӣ фароҳам оварда нашудааст!
Яъне, рӯҳи ватанпарастӣ, нангу номӯси миллӣ ва эҳсоси инсонии онҳо чандин бор зарба дидаасту ҳанӯз ҷароҳатҳояшон илтиём наёфтааст.
Ва ниҳоят, мардум ба директорҳои корхонаҳои шахсиву раисону вазирону мансабдорону сафирону… қарздор нестанд, ки дар рӯзи сахтӣ (Худо накунад, ки ҷанг шавад) ҳам бачаи камбағал «аблава» шаваду дар рӯзи хушӣ ҳам бачаи камбағалро ба хизмати Ватан «даъват» кунанд. Ё Ватан ва иҷрои Қонун танҳо ба мардуми зердасту камбағалу нотавон мутааллиқ аст?!
Инҳо андешаҳову мушоҳидаҳои ман буд ва ман ба хотири пос доштани шаъну шарафи таҷовузшудагоне, ки нақл кардам, ба хотири он, ки шумо дӯст намедоред ҳақиқатро худ иброз намоед, ба хотири ин, ки аз нигоҳи ҳуқуқиву мақому мансабу сарват «зӯр»-ам ба шумо намерасад, умумигӯӣ кардам.
Ҳафтанома (намедонам, ки алҳол ин навиштаро ба кадомаш месупорам) бошад, ба хотири даъвое, ки «ҷиҳати риояти гуногунандешагӣ чоп мекунад, вале ба нуқтаи назари муаллифон метавонад мувофиқ набошад» ва низ набудани сензураву даъвои «озодии баён ва давлати дунявӣ, демократӣ, ҳуқунбунёд…» хоҳад онро чоп кунад, нахоҳад ихтиёр дорад.
Ман ҳеч касро ном набурдаам, мушаххасан таҳқир накардаам ва танҳо андешаамро гуфтам!
«Инсоф болои тоат аст» гуфтаанд, инсофро аз хотир набароред, ки тавонотар аз Шумо Худои ин мардум аст ва ба Даргоҳи Бузурги ӯ зӯрӣ кардан, ришва овардан, мансабдор будан… имкон надорад! ӯ Худои дергиру сахтгир аст…

С. МУҲАММАДӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии ҳуқуқбунёди Тоҷикистон

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: