Главная > Uncategorized > Қандаша занад Қурбонгулӣ! Барор ба Озода Раҳмонова!

Қандаша занад Қурбонгулӣ! Барор ба Озода Раҳмонова!

Медонед чӣ, бародарон, дӯстон, ҳамқавмони азизи ман?! Ҳафтаи гузашта, дар ҳамин рӯз, тариқи ҳафтаномати «Пайкон» андешаҳои худро атрофи суханрониву пешниҳодоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи умумии СММ иброз дошта будам. Он вақт масъалаи обу энергетикаи Тоҷикистонро дар мадди аввал гузоштам ва гумон доштам, ки аз ҷониби ақаллан як нафар мансабдори баландмартабаи кишвар кӯшиши президент ҳеҷ набошад бо амали лафзӣ дастгирӣ меёбад. Вале хестам, ки хобам! То зиёиёну коршиносони «хоболуд»-и тоҷик сар боло карданд, ки президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои гирифтани дасти Эмомалӣ Раҳмон қадами аввалро гузошт. Қандаша занад Қурбонгулӣ!
Президенти Туркманистон баландҳимматӣ зоҳир кард ва бар хилофи нияти ӯзбекистони ҳамсоя, ки ҳамоно ҷалб намудани ин давлат бар худ ва истифода бурдан муқобили мо — тоҷикон буд, тасмими ғайриинтизор гирифт. ӯ пешниҳод кард, ки кишвараш якҷоя бо ҷумҳуриҳои ӯзбекистон ва Қазоқистону Қирғизистон бояд барои сарф намудани оби Тоҷикистон ҷубронпулӣ супоранд. Бешак, пешниҳод шудани чунин роҳи ҳалли масъалаи минтақавӣ аз ҷониби Туркманистон то андозае норозигии мақомоти Ҷумҳурии ӯзбекистонро ба бор хоҳад овард. Ва фарзияе низ вуҷуд дошта метавонад, ки шояд ӯзбекистон аз ин баъд дар рафти ҳамкориҳояш бо Туркманистон «пӯстинро чаппа пӯшад». Вале то кадом андоза хашмин шудану нашудани ӯ алҳол муҳим нест. Муҳим он аст, ки пешниҳоди Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бар пояи манофеи чанд ҷониб рӯи кор омадаву хислати некбинона ва башардӯстона дорад. Дар ин ҳол, ҳар як эътироз ва нақшаи зидду нақизе, ки аз тарафи ӯзбекистон содир шавад, бешубҳа қурб нахоҳад дошт. Зеро созмонҳои байналмилалие низ фаъолият доранд, ки интизори рух додани ягон воқеаи сиёсиянд ва дар ин сурат ӯзбекистонро ба иҷро накардани одитарин ӯҳдадории ҳамсоягӣ айбдор намуда, овозаашро ба ақсои олам мебаранд.
Тасмими ногаҳонии ҷониби Туркманистон дар мавриди кӯмак ба Тоҷикистон шояд чандин мақому шахсияти алоҳидаро дар ҳайрат гузошта бошад. Шояд фикр кунанд, ки чун Туркманистон худ қисмати нисбатан камеро аз оби сарҳади Тоҷикистон истифода мебарад, бо ин пешниҳод мехоҳад ба ӯзбекистон фишор оварад. Аммо агар мантиқӣ андеша ронем, пешниҳоди Қурбонгулӣ пешниҳоди одилона аст. Бад — ин маънӣ, ки «ҳар кас бояд ба андозаи андозаш андоз супорад».
Чун фурсати мусоид фаро расидааст, ҷониби Тоҷикистон набояд саҳлангорӣ намояд. Бояд ҳарчи зудтар аз пайи мукотибаи судманд бо кишварҳои ҳамсоя шуд. Бояд дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалие, ки ба масоили об марбутанд, қитъаҳои обшорро омӯхту ҳаҷми оби сарфшударо андоза кард. Бояд комиссияи муштараке дар ин самт таъсис дод ва бояд лоиҳае пешбарӣ намуд. Кӣ метавонад масъулияти ин корҳоро бар ӯҳда гирад?
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки бар ҳалли масоили мухталифи байналмилалӣ масъул аст, бояд тамоми санаду пешниҳодотро баҳри амалӣ кардани пешниҳоди Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов таҳияву ироа намояд. Набояд чунин як имконияти таърихиву тақдирсоз аз мадди назари вазири мӯҳтарам Ҳамрохон Зарифӣ, ки сиёсатмадори таҷрибадору барҷаста аст, дур монад. Дар ин миён сарҷамъ кардани олимони соҳа ва истифода бурдани хулосаи онҳо басо муҳим аст. Ҳамзамон, умед мебандем, ки дар ин кор ба Ҳамрохон Зарифӣ духтари президенти кишвар — Озода Раҳмонова метавонад кӯмакрасон бошад. Зеро ӯ низ дар самти сиёсати хориҷӣ ба андозае таҷриба дораду тоза муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон шудааст. Шак надорем, ки дар амал тадбиқ шудани пешниҳоди Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо пофишории Озода Раҳмонова қуллаи беҳамто ва муҳими фаъолияти ӯ дар ин вазорати кишвар хоҳад буд. Барор мехоҳем ба ӯ!

Фозили ФАРРУХ, шаҳрванди Тоҷикистон

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: