Главная > Uncategorized > «Афония», кӯҳнадӯзӣ ва хизмати аскарӣ

«Афония», кӯҳнадӯзӣ ва хизмати аскарӣ

Ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсии «Пайкон»-ро ҳар ҳафта мутолиа мекунам. Ҳар шумораи онро бесаброна интизор шуда, мақолаҳоеро мехонам, ки дарди ҷомеа, дарди мардум дар он таҷассум меёбад.

Дар шумораи гузаштаи ҳафтаномаи «Пайкон» мақолае бо сарлавҳаи «Нақшаи «пахта-аскар»-ҳо иҷро мешавад» нашр гардида буд. Пас аз мутолиаи он ба хулосае омадам, ки андешаҳоямро рӯи қоғаз орам.

Мусаллам аст, ки дар солҳои пеш бародар дар хизмати ҳарбӣ буду пас аз як моҳи баргаштани вай ва бо омадани даъватнома додараш ба хизмати Ватан мерафт. Додар наметавонист бародарашро бинад. Онҳо пас аз чор сол ҳамдигарро медиданд.

Дар замони Шӯравӣ рафтан ба хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавонмард ифтихор буд. Ҳар ҷавон мехост аввал хизмати Ватанро адо карда, пас бо сари баланд оиладор шавад ё кори дигареро сомон диҳад. Шахсе, ки аз ин мактаби ҷавонмардӣ намегузашт, агар падару модари ӯ ба хонаи духтардоре хостгорӣ мерафтанд, ба вай духтар намедоданд. Дар он солҳо ҳар ҷавон бо хоҳиши худ ё омадани даъватнома ба хизмат мерафт. Ҳоло бошад, бараъкс, қариб ки ягон ҷавон бо хоҳиши худ ба хизмат намеравад. Онҳоро иҷборан барои хизмат кардан мефиристанд. Ё барои он ки ба хизмат нараванд, волидайнашон онҳоро ба ин ё он донишгоҳ дохил мекунонанд. Ва дар бораи ихтисосҳои пешгузошта тасаввурот доштану надоштани фарзанд барои волидайн муҳим нест. Пас аз чанд муддат бархе аз онҳо тарки донишгоҳ ё донишкада карда, гурӯҳи дигар  бо надоштани дониши мукаммал бо ҳар восита аз устодон баҳо мегиранду баъд аз хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси худ кор карда наметавонанд.

Як нуктаро зикр кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо аксари ҷавонони тоҷик дар давлатҳои хориҷа, аз ҷумла Русия ба аробакашӣ машғул мешаванд ва инро аз адо кардани қарзи Ватан, яъне хизмати аскарӣ авлотар медонанд. Тайи чанд соли ахир дар аксари донишгоҳу донишкадаҳои мамлакатамон донишҷӯёнро дар макотиби олии кишвар аз меъёр зиёд қабул карда истодаанд.

Ҷавонеро мешиносам, ки аз ҳар сухан асабонӣ шуда, бо ҳар кас дармеафтид ва ӯро «афония» мегуфтанд. Воқеан ҳам ӯ чунин буд. Дар оилаи камбағал зиндагӣ карда, шароити табобат карданро надошт. Душвории зиндагӣ ӯро маҷбур кард, ки кӯҳнадӯзӣ карда, барои пеш бурдани зиндагӣ «қути лоямуте» ёбад. Ба гуфти роҳбари синфаш, ки аз овардани номаш худдорӣ мекунем, он ҷавон воқеан «афония» буда, дар дарсҳо ба гапи устодон аҳамият надода, назди онҳо ҳар хел суханҳои ноҷо мегуфтааст. 12-уми майи соли 2003 шахсе, ки мо дар назар дорем, ба беморхона барои табобат меравад. Ҳамин вақт омада ӯро меқапанд. Ба суханҳои он писар, ба мисли «ман бемор ҳастам, табобат гирифтанам лозим», касе аҳамият намедиҳад. ӯро маҷбурӣ ба мошин бор мекунанду ҳангоми аз ташхиси тиббӣ гузаштан ҳама ҳуҷҷатҳои ӯро даронида, аз нав ҳуҷҷат карда, дар ҳама ҳуҷҷатҳояш ӯро солим мегузаронанд. Ҳарчанд ки омӯзгорон ба вай дар хусуси бемориаш хулоса навиштаанду духтурон бемор будани ӯро собит кардаанд, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, вайро маҷбуран ба хизмати ҳарбӣ равон мекунанд. Падару модар ҳамеша дар фикри фарзанди носолимашон буданду ба кадом қисми низомӣ фиристодани фарзандашонро намедонистанд. Пас аз як моҳ ба падару модари он ҷавон хабар доданд, ки фарзанди онҳо дар қисми низомии @-и ВМКБ хизмат карда истодааст. Тақрибан охирҳои моҳи январи соли 2004 овозае паҳн гардид, ки гӯё он ҷавонро дар хизмат паррондаанду пас аз ду-се рӯз ҷасадашро ба хонаашон меоранд. Кӯчаҳо ҳама барф буду мардум ба тоза кардани он машғул. Нафаре ҷуръат намекард, ки ба падару модари ӯ ин хабари нохушро расонад. Хулосаи калом, пас аз чанд рӯз гуфтанд, ки ӯ вафот накардаасту дар беморхонаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ бистарӣ гардидааст. Аслан сабаби тирпарронӣ  байни афсарҳо он будааст, ки афсарон — «дедҳо» ба аскарҳои наврафта зӯрӣ карда, онҳоро бисёр азоб медиҳанд. Даҳшатовару нафратовар аст, ки ба номуси онҳо таҷовуз мекунанд, ки дар шумораи гузаштаи ин ҳафтанома ишора шуда буд. Фикр мекунам, сабаби аз хизмат саркашӣ намудан, аз қисмҳои ҳарбӣ гурехтан ҳамин масъала аст. Тавре дар боло ишора кардем, гурӯҳи панҷнафара мехоҳанд аскаронеро, ки нав ба хизмат омадаанд, таҷовуз кунанд. Гурӯҳи шашнафара аз ҷони худ безор шуда, аз касоне, ки ба номуси онҳо маҷбуран таҷовуз карданӣ буданд,  қасос гирифтанӣ мешаванд. Дар ҳамин ҳол, ба тарафи онҳо тир холӣ мекунанд. Ду нафар ба ҳалокат расида, се нафари дигар захмӣ мегарданд. Захмишудагон чанд муддат дар беморхонаи ноҳияи Рӯшон бистарӣ мегарданд. Пас аз ҷавоб шудан онҳоро гунаҳгор медонанд ва ҳар якашон мувофиқи гуноҳашон айбдор дониста шуда, ба мӯҳлати гуногун ҷазои маҳбусӣ мегиранд. Баъзе аз онҳо то ҳол дар маҳбасанд.

Аҷиб аст, ки мо танҳо фикри иҷро кардани нақшаро ба назар мегирему халос. Хуб мешуд, ки аз қисмҳои низомӣ омада бо мактаббачагон, ба хусус ҷавонони баркамол сӯҳбат гузаронида, ба онҳо маслиҳат медоданд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароити афсаронро хуб мекарданд, то ҷавонони мо ба шаҳрҳои бегона рафта, ба аробакашӣ машғул намешуданд.

А. ИДИБОЙЗОДА, сокини шаҳри Душанбе

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: