Главная > Uncategorized > Андоз, андоз…

Андоз, андоз…

Муроҷиати якҷояи воситаҳои ахбори омма ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар он 40 нафар, аз роҳбарони созмонҳои журналистӣ сар карда, то сармуҳаррирону рӯзноманигорони алоҳида имзо гузошта буданд, хондаму ба андеша рафтам. Чӣ водор намудааст, ки рӯзноманигорон рӯи ниёз ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ оранд.

Пеш аз ҳама ин гуфта ба хотирам расид: «Рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад». Бӯҳрони молиявӣ дар қатори дигар соҳаҳо ба воситаҳои ахбори омма ҳам бетаъсир намонд. Зиндагии эҷодкор боз мушкилтар шуд. Эҳтимол аз ин лиҳоз барои каме ҳам бошад, шароити муфиди корӣ фароҳам овардан, муроҷиат намуда буданд. Намедонам ин муроҷиати намояндагони воситаҳои ахбори омма мавриди баррасӣ қарор дода шудааст ё не. Ҳар чӣ ҳам бошад, «дунё ба умед» мегӯянд.

Чӣ маро маҷбур намуд, ки қалам ба даст гирифта, оид ба ин масъала ибрози назар намоям. Азбаски дар  ҷодаи рӯзноманигорӣ ба қавле мӯи сар сафед кардаам ва азобу машаққати касби рӯзноманигориро хеле хуб дарк менамоям, дар канор истода натавонистам.

Дар муроҷиатнома оид ба мушкилоти соҳаи рӯзноманигорӣ ҳарф зада, се дархости асосӣ ба миён гузошта шуда буд:

1. Аз ҷониби сохторҳои молиявии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кушодани шабакаҳои кредитии махсус оид ба додани қарзи бефоиз ба ҳар як иштирокчии Барномаи зиддибӯҳронӣ, ё худ қабул гардонидани барномаҳои ҳукуматӣ оид ба пешниҳоди бурсҳои давлатӣ барои ВАО.

2. Муваққатан ба мӯҳлати 5 сол озод кардани ВАО аз пардохти андозҳо аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоида. Мусоидат дар кори созмон додани Шабакаи миллии паҳнкунии маҳсулоти чопӣ тавассути таҷдиди фаъолияти хадамоти алоқаи давлатӣ, инчунин бекор намудани маҳдудиятҳо нисбати ҷойгирсозии дӯконҳои фурӯши рӯзномаҳо дар маҳалҳои серодами шаҳру ноҳияҳо, аз он ҷумла, дар шаҳри Душанбе.

3. Даровардани тағйирот ба қонунгузории амалкунандаи давлатӣ дар бахши танзими фаъолияти радио ва телевизон, бекор намудани меъёрҳои ичозатдиҳӣ дар бахши истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ, ки дар паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Миллӣ аз таърихи 15-уми апрели соли 2009 таъкид шуда буд.

Метавонам оид ба ҳар як қисмати ин пешниҳодҳо ибрози ақида намуда, барои воситаҳои ахбори омма зарурият доштанашонро бо далелҳо нишон диҳам. Зеро пешниҳодҳо агар амалӣ гарданд, дар раванди демократикунонии мамлакат саҳми хеле сазовор гузошта, баҳри пешравии ҷомеа мусоидат менамоянд. Аммо хостам танҳо дар атрофи  ба мӯҳлати 5 сол аз андоз озод намудани воситаҳои ахбори омма сухан ронам. Амалӣ намудани ин пешниҳод ягон хароҷоти иловагиро тақозо намекунад ва ба назари ман, ба буҷаи мамлакат ҳам он қадар зарар намерасонад. Агар дар як корхонаи саноатӣ тарзи андозу андозбандӣ ба таври ҳақиқӣ ҳисобу ба роҳ монда шаваду пардохт гардад, имкон дорад аз пардохти чандсолаи андози ВАО зиёд бошад. Аз ин лиҳоз амалӣ намудани ин дархост хеле ба манфиати рӯзноманигорон мебошад. Борҳо шоҳид будем, ки аз тарафи санҷишгарон баробари пардохти дигар намуди андозҳо аз нашрияҳо талаб мекунанд, ки андоз аз фурӯши чаканаро низ пардохт намоянд. Дар ҳоле, ки аксари нашрияҳо ба тариқи яклухт маводи нашркардаашонро ба паҳнкунандагон медиҳанд.

Дар чанд соли охир ба воситаҳои ахбори оммавӣ таваҷҷӯҳи зиёде зоҳир намуда истодаанд. Дар ёд дорам, ки дар даврони Шӯравӣ агар дар рӯзномае, ҳатто рӯзномаи ноҳиявӣ хабари хурди танқидие нашр мешуд, боиси муҳокимаю пайгирии зиёде мегардид. Дар солҳои гузашта воситаҳои ахбори оммавӣ ба як навъ тири бенишон мубаддал гардида буданд. Гузоришҳои онҳоро касе баррасӣ намекарду парвое надошт. Вале ба ҳамаи ин Фармони Президенти мамлакат аз 6-уми феврали соли 2009 таҳти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» хотима гузошт. Дар банди 2-и Фармони номбурда роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар мӯҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд. Акнун тамоми баромадҳои таҳлилию танқидии ВАО мавриди баррасӣ қарор дода шуда, роҳбарони ташкилоту муассиса новобаста аз шакли моликияташон бояд нуқтаи назари худро баён намоянд.

Чаро аз ин масъала ёдовар шудам? Чунки агар ВАО ба мӯҳлати кӯтоҳе аз андоз озод карда шавад, бештар рӯй ба проблемаҳо оварда, барои ҳал намудани онҳо роҳҳои муфидро пешниҳод мекунанд. Зеро ҳама чиро дар асоси иқтисодиёти бақувват ба роҳ мондан имкон дорад. ВАО дар чунин давраи бӯҳрони шадиди иқтисодӣ наметавонад тамоми фаъолияти худро барои рафъи камбудиҳои ҷомеа ба роҳ монад. Аз ин ҷост, ки аксар вақт матолиби аз ҳақиқат дур пешкаши хонандагон карда мешавад, ки аз манфиатдории нашрия ё муаллиф дарак медиҳад. Агар  пешниҳодҳо амалӣ гарданд, нуран алонур мешавад.

Чизи дигарро бояд таъкид  намоям, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват гардидани ВАО-ро на ҳама мехоҳанд. Гумон мекунанд, ки агар матбуот «ҷон» гирад, ба нафъи онҳо намешавад. Бо чунин назари танг метавонанд ба пешравии миллат зарар расонанд. Зеро агар норасоиҳоро нагӯӣ, он рӯз то рӯз реша давонда, боиси рушду нумӯъ накардани мамлакат мешавад. Барои ҳамин ҳам, ба муроҷиати рӯзноманигорон бояд гӯш дод. Ва нухустинаш андоз, андоз…

Турсуналӣ АЛИЕВ, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: