Главная > Uncategorized > Муҳаммадсолеҳи Пурдил: «Ман кӯлобиям»

Муҳаммадсолеҳи Пурдил: «Ман кӯлобиям»

— Мӯҳтарам ва донишманди гиромӣ Муҳаммадсолеҳи Пурдил, худро барои хонандаи тоҷик муаррифӣ менамудед, ҳарчанд ки дар байни мусалмонони кишвари Тоҷикистон маҳбубияти зиёде доред!

DSC01485

— Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим.Сипосу ситоиш мар Аллоҳро, ки зоти муқаддасаш масдари бирру наъим ва сифоти мукаррами ӯ мазҳари лутфу карам аст. Ва дуруду салом ва саловоти бепоён ба турбати сайид – ул — мурсалин ва Расули раҳмат — улил — оламин — Муҳаммад (с).

Сазовор аст, ки барои хонандаи мусалмони тоҷик мухтасаран хешро ошно бикунам. Номи ман Муҳаммадсолеҳ ва номи падарам Аҳмади Пурдил мебошад. Соли 1342 шамсӣ ва мутобиқ ба соли 1963 мелодӣ бо лутфи Худованд чашм бар олами ҳастӣ кушодам. Зодгоҳи ман қисми ҷанубии кишвари Эрони бузург дар Бандарабод мебошад. Падарам -Аҳмади пурдил алоқаманди олимон ва донишмандон буд. Модарам зани боиффат, покдоман ва муслимаи хирадманде буд. Аввалин устодони ман модари меҳрубон ва падари азизам буданд.

Падарам бо яке аз донишмандони маъруф — Муҳаммад Зиёӣ хеле дӯст буд. Шайх Зиёӣ  марди фақеҳ ва хушбаён буд. Бо роҳбаладии падар назди ин донишманд сари зону нишастам барои дарёфти илм ва маорифи Қуръонӣ.

Дабиристони мутавваситаро дар зодгоҳу кишвари худ дар хурдсолӣ ба поён расонидам. Бо тавсияи падарам шайх Зиёӣ маро барои таҳсил ба Донишгоҳи исломии Мадинаи мунаввара ирсол намуд. Муддати 11 сол андарин Донишгоҳ таҳсил намудам. Баъди хатми ин донишгоҳ як соли дигар дар донишгоҳи исломии Исломобод касби дониш намудам ва баъдан ба зодгоҳам баргаштам.

Ҳолиё соҳиби зан ва фарзандонам. Падару модари меҳрубонам аз дунё гузаштанд. Дасти навозиши падару модар дигар бар сари ман нест, магар лутфу раҳмати Худованд. Эшонро ба дуо пайваста ёд мекунам, ки боиси камолоти маънавӣ ва худошиносии ман гаштаанд. Худо устодам Зиёӣро биомурзад, ки аз он хушгӯӣ ва хубгӯиро омӯхтаам.

— Пас баҳри чист, ки бештари муштоқон ва муштариён Шуморо бо номи Пурдил ёд мекунанд? Ва «Пурдил» чӣ маъние дорад?

— Пурдил шахси шуҷоъу нотарс ва далеру ҷасурро гӯянд. Шайхи Аҳмад — падари ман марди далеру шуҷоъатманд буд. Аз ҳамин ҷиҳат ӯро Пурдил гуфтанд дар замонаш ёру дӯстонаш, яъне Аҳмади пурдил. Пурдил лақаби падари ман аст, ки маро бо он ном мехонанд. Номи ман бошад ҳамоно Муҳаммадсолеҳ мебошад. Ва аз ин ном ҳам шукргузорӣ мекунам, ки сазовори он бошам.

— Баъди хатми мадорис ва феълан ба чӣ амал пайвастед?

— Бади хатми мадориси исломӣ ба ҳавзаи илмии аҳли суннат ва ҷамоати Бандарабод омадам. Ва дар ин ҷо фаъолияти кориамро оғоз намудам. Дар муддати кӯтоҳ ва заҳматҳои зиёд анҷумани хайрияи «Хотамуннабавия»-ро созмон додам барои фаъолиятҳои фарҳангӣ ва хадамоти иҷтимоӣ. Ҳолиё ин анҷуман хеле хуб фаъолият дорад. Ва воизӣ як қисми фаъолият ва вазифаи мусалмонии ман мебошад.

-То ҷое ки дарёфтем, Шумо парваришёфтаи мактаби илоҳӣ буда, барои пешрафти уммати исломӣ саъю талоши зиёде доред. Пас чаро дар ин ҷода шеваи даъват, яъне воизиро пеша намудаед?

— Бале, ман парваришёфтаи мактаби инсонӣ ва исломӣ мебошам. Ва низ бисёр ризо ва муташшаккир аз Худовандам, ки ин неъматро бар ман арзонӣ доштааст. Ва барои он шеваи хушгӯиро касб намудам, ки устоди бузургворам — Муҳаммад Зиёӣ хеле хушгӯй буд ва ботақво. Аз хурдӣ орзуйи хушгӯиро дар дил доштам, ки бад — ин васила бар уммати исломӣ хизмати шоистаеро анҷом бидиҳам ва бошад, ки мавриди бахшиш ва лутфу карами Худованд қарор бигирам. Ва ҷавонони мутаддайинро аз соҳили бехабарӣ ва парешонӣ дар канор гирам ва ба соҳили мурод — худшиносӣ ва Худошиносӣ бирасонам, ки бас умри инсон кам ва нокофист.

Ҷаноби Муҳаммадсолеҳ, аз назари Шумо воиз кӣ шуда метавонад?

— Ҳар киро Худованд лоиқ бидонад воиз мешавад. Аз ҷониби дигар, бар воиз шарт аст, ки шахси донишманд, ботақво, боиффат буда ва орӣ аз хурофот, ҷаҳл, нодонӣ ва ҳарзагӯйӣ бошад. Баёни саҳеҳ, ҳадафманд ва бомантиқро кӯшиш намояд, ки дарёбад. Дар баён ва шарҳи ҳар калима ва ё вожае хуб андеша намояд. Камгӯй ва хубгӯй бошад. Воизро сазовор ва шарт аст, ки илми таҷвид, фиқҳ, шарҳ, сарфу наҳв, илми ҳадис ва шарҳу баёни қуръонро хуб ошно бошад. Бе устод ва раҳбалад шеваи иҷтиҳодӣ накунад. Вобаста ба дарки мардум ва атрофини худ амри маъруф ва наҳй аз мункар намояд. Дарк ва маърифати худро, ки комил ва пурратар аст, ба таври иҷборӣ ба камзарфон ва бехабарон сарборӣ накунад, ки боиси гурези онҳо аз дини ислом мешавад. Ҳар зарф андозаи ғунҷоиши худро доро мебошад. Дар мавъиза аз каломи дурушт истифода набарад, зеро каломи Илоҳӣ ва аҳодиси Расули раҳмат (с) орӣ аз дуруштгӯӣ ва сахтбаёнӣ аст. Воиз, ки пайваста аз номи Худо ва Расулаллоҳ (с) ҳарф мезанад, бояд покдоман, парҳезгор ва дар хилвату зоҳир яксон бо Худо бошад. Худое накунад, ки каломи пок ва мусафои раббонӣ ва аҳодиси набавиро барои афкори ғайруллоҳ ва манфиати гурӯҳу аҳзоби сиёсие равона намояд, зеро каломи илоҳӣ барои наҷоти башарият мебошад дар ду сарой. Воизро зебанда нест, ки яксароӣ намояд, яъне барои ба даст овардани манофеъи дунё саъю талош биварзад ва охиротро аз даст бидиҳад.

Иҷтимоиёт ва иқтисодиёт асоси рушду такомули ҷомеаи инсонӣ мебошад. Пас бар воиз зарур аст, ки дар баробари худшиносӣ ва худошиносӣ мусалмононро барои омӯзиши илмҳои дақиқ даъват намояд. Сарчашмаи ҳамаи илмҳои дақиқ Қуръон аст. Аз ғофилии муслимин истифода бурда, мункирини Худо ва бохабарони ғайруллоҳ дастовардҳои илмиро аз қудрати Худовандӣ ҷудо нишон доданд.

Воизе, ки дар гуфтору кирдораш тазодҳост, дер ё зуд мақом ва мартабаи хешро дар ҷомеа аз даст медиҳад. Ҳамчуноне, ки хоҷаи бузургвор Ҳофизи Шерозӣ (р) даст ба дуъо бардошта мегӯяд:

Воизон, к — ин ҷилва дармеҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд,худ кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам, зидонишманди маҷлис боз пурс,

Тавбафармоён чаро худтавба камтар мекунанд.

Ин ғазал саропо дуо ва муноҷот ба даргоҳи Илоҳӣ мебошад, ки баъзе воизони ҷилвафурӯш ва ҷоҳу мақомхоҳ дар талаби шавкату шӯҳрат ва ифтихори ному насабанд. Фароиз ва авомири илоҳиро пушти сар ниҳода, ҷавфурӯшанду гандумнамоӣ мекунанд.

Воиз он аст, ки бар фароиз ва суннатуннабӣ худ пайваста қоим бошад ва дигаронро бад — он ташвиқ намояд, ҳарчанд ки  ин шева ва амал мушкил асту камаршикан.

— Дар ҳақиқат дарёфтем, ки воиз чӣ нафаре бошад, пас бигӯед, ки Шумо ҷузъи кадом равия ва ё фирқаҳои ҷадиди исломӣ мебошед?

— Алҳамдулиллоҳ! Ман мусалмонам. Вобаста ба ҳеҷ гурӯҳ ва фирқаи ҷадиди фитнаандоз ва иртиҷоӣ нестам, балки ҷузъе аз узви тамаддуни инсонӣ ва исломӣ ҳастам. Шофеъимазҳаб мебошам аз аҳли суннат ва ҷамоат. Мисли имом ва пешвои мазҳабамон — имом Шофеъӣ (рҳ) дӯстдори кулли мусалмонҳо, бахусус ҳанафимазҳабон мебошам. Мутааллиқ ба ҳама ҳастам. Пайваста дуо мекунам, ки пунбаи ғафлат ва пардаи ҷаҳолатро мусалмонон аз худ дур бияндозанд. Наҷоти муслимин дар шинохти Қуръон ва амал намудан ба суннатуннабӣ мебошад. Эҷоди гурӯҳ ва фирқаҳои ҷудоиандоз кори мусалмон нест, балки маърифати Худованд ва амал намудан ба фармудаи Расули раҳмат (с) омили пирӯзӣ ва хушбахтии муслимин аст. Мазҳаби худро дӯст медорам, аз муқаррароти Қуръон ва суннат берун намеравам. Барои ман ҳамаи мусалмонон азиз ва қиматанд. Хушо ба ҳоли он мусалмоне, ки аз мазҳабу дини худ дифоъ мекунад. Аз муқаррарот ва ҳудуди Худовандӣ набояд таҷовуз кард. Созандагӣ шеваи мусалмон аст, на сӯзандагӣ.

— Уммати исломиро чи гуна дарёфтед?

— Худованд уммати исломиро бо се васф тавсиф кардааст:

1)      Ин уммат уммати хайр аст.

2)      Ин уммат уммати васат, яъне миёна ва эътидол аст. Қавли Худованд мебошад: «Ва мо шуморо уммати васат қарор додем».

3)      Ин уммат уммати воҳид аст (ҳанафӣ, шофеъӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ). Қавли Худованд аст: «Ин уммат уммати воҳид аст. Пас маро бипарастед».

Пас лозим аст, ки мо мусалмонон хайр ва мӯътадил бошем ва тундгароӣ ва тундхӯйӣ барои муслимин бегона аст.

— Лутфан бигӯед, ки шикаст ва нокомии уммати исломӣ дар чӣ нуҳуфтааст?

— Фосила гирифтан аз Қуръон ва суннат ва дурӣ ҷустан аз илмҳои воқеӣ. Олимон ва мутафаккирони ғарб мегӯянд: «Мусалмонон намехонанд, агар хонанд, намедонанд, агар фаҳманд, амал намекунанд». Пас охири уммат ислоҳ намешавад магар ба он чизе, ки аввали уммат ислоҳ шуд, яъне Қуръон ва суннатуннабӣ. Танҳо василаи наҷоти уммати исломӣ илм аст. Илм ва амал василаи расидан ба Худо мебошад. Ҳикмат гумшудаи мӯъмин аст. Пас дар ҷустҷӯйи гумшудаи худ, яъне илму дониш ва маърифати Худованд  бошед. Ононе, ки суд мехӯранд, яъне рибо дар назди Худованд ҳисоботи сахтеро интизор бошанд. Дар талаби илму дониш саъю талош биварзед. Фосила гирифтан аз Қуръон ва суннатуннабиро бо як лафз се талоқ бидиҳед.

— Муҳаммадсолеҳи Пурдил! Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед?

— Кишвар, миллат ва давлатро осуда ва зебо дарёфтам. Миллат, кишвар ва давлате, ки зебост, аз лутфу раҳмати Худованд бархӯрдор аст. Пас ҷонҳои худро баҳри ин миллату кишвар ва давлат фидо кунед. Истиқлолияти динӣ барпост. Пас аз дину мазҳаби худ дар чаҳорчӯбаи қавонин дифоъ намоед. Истиқлолияти иқтисодии кишварро тавоно ва пурзӯр намоед, то вобастагиҳои иқтисодии кишвар аз дигарон мунқатеъ гардад. Истиқлолияти динӣ он гоҳ пурқувват мегардад, ки истиқлолияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳамқадами он бошад. Тоҷикистонро Мадинаи мунаварра дарёфтам. Шаҳрвандони ин кишвар муҳиби Худо ва Расули раҳмат (с) мебошанд. Суннатҳои Расули раҳмат (с) дар ин кишвар бисёранд. Кишвари суннатҳост. Омилҳои пайдоиш ва заминаҳои рушди  гурӯҳҳои хавориҷро дуруст омӯхтан яке аз масоили асосӣ аст.

Ман дар ду ҳолат дар зиндагии худ гиря намудам, аввалан, вақте ки муддати 11 сол дар Мадина таҳсил намудам ва баъди хатми донишгоҳ дӯстон гуфтанд: Бо равзаи мубораки Расулаллоҳ (с) худоҳофизӣ бикун, ки акнун фардо ба Эрон меравӣ. Сари турбати поки Расулаллоҳ (с) аз сӯзи дил гиря кардам. Гиряи ман гиряи фироқ ва ҷудоӣ аз манзили Расули раҳмат (с) буд, ки шояд дигар умр бар ман вафо накунад ба зиёрати Расулаллоҳ (с) мушарраф гардам. Дар ҳоли ҳозир низ гиря мекунам, ки аз кишвари Расулаллоҳ (с) — Тоҷикистон ҷудо мешавам. Тоҷикистон барои он кишвари Расулаллоҳ (с) аст, ки ҳама донишмандону мусалмонони оддӣ пойбанди суннат ва дӯстдори Худованданд. Агар умр вафо кунад, боз ба ин кишвари Расулаллоҳ (с) — Тоҷикистон меоям. Гиряи ман ҷудоӣ аз дӯстони тоҷик ва мусалмонони Тоҷикистон аст.

— Симпозиюми Байналмилали бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам (рҳ)-ро чи гуна арзёбӣ мекунед ва чӣ ковиш ва аҳамияти илмро фарогир буд?

— Аввалан аз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон миннатпазирам, ки қобили таваҷҷӯҳ шуд, ки мо низ дар ин симпозиюм ширкат варзидем ва аз Худованд пайваста дуо мекунам, ки давлату кишвари ин шахсияти таърихӣ побарҷо ва сабзу хуррам бошад. Ин ҷашнвора ва номи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи торихи муслимин бо оби тилло навишта хоҳад шуд. Ва Худованд бар Эмомалӣ Раҳмон — президенти кишвар ҷазои хайр насибу рӯзӣ донад. Яке аз чеҳраҳои бузург ва фарзанди содиқи ин кишвар ва миллати исломӣ мебошад. Дигар Эмомалӣ Раҳмон барои кулли уммати исломӣ азизу арҷманд аст. Арабу аҷам ва шофеъию моликӣ ва ҳанбалию бародарони шиа ӯро дӯст медоранд. Худованд аз газанди рӯзгор кишвари Тоҷикистон ва райиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ҳифозат намояд. Суханронии ҷаноби призиденти кишвар дар сипозиюми мазкур такони бузурги илмӣ башумор меравад, ки барои дигар раҳбарони давлатҳо дарси ибрат ва омӯзиш аст.

Тавассути сайтҳои интернетӣ ва зангҳои мухталифи мобилӣ ба мо хабар медоданд, ки райиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мухолифони дин аст ва муфтии Тоҷикистон — шайх Амонуллоҳ комуннист мебошад ва манфиатҳои комуннистонро дифоъ мекунад. Чун дар ҳақиқат дарёфтем, ки воқеият хилофи навиштаҳои сайтҳои интернетӣ ва гуфтаҳои телефонӣ аст. Эмомалӣ Раҳмон ва муфтии ин кишвар як шахсияти мусалмон  аз аҳли тариқат мебошанд. Мо ҳар куҷое бошем, аз манофеъи кишвари Тоҷикистон ва президенти он дифоъ хоҳем кард.

Симпозиюми бузургдошти 1310-солагии Абӯҳанифа (р) таҳаввулоти тозаи илмие дар ҷаҳонбинии динӣ ва мазҳабӣ эҷод намуд. Ковишҳои илмӣ бештар дида мешуд. Аз сабаби тангӣ ва кӯтоҳии вақт на ҳама донишмандон фикри худро иброз медоштанд. Аҳамияти ин симпозиюми байналмилалӣ барои бедорӣ ва ҳушёрии уммати исломӣ, аз ҷумла соҳибони мазҳаб хеле ва хеле арзишманд ва қиммат аст. Бо баракати Раёсати ҷумҳур аз файзу ҷалоли ин симпозиюм мо низ бархӯрдор гаштем. Ин ҷаласаи хайр аввали ковишҳои илмӣ мебошад. Пас барои шинохти Имоми Аъзам (р) ба ду асл: Қуръон ва суннатуннабӣ муроҷиат намуд. Ҳар кӣ Абӯҳанифаро дӯст медорад, пас зарур аст, ки Худо ва Расулаллоҳ (с)-ро дӯст бидорад. Таҳаммулпазиру мусалмони воқеӣ ва пойбанди аҳкоми исломӣ бошад. Олимон ва хирадмандони худро иззат ва икром намоед. Аз мазҳаб ва арзишҳои илмӣ ва мазҳабии худ дифоъ ва ҳимоят намоед. Арзишҳои миллии тоҷикиро арзишҳои исломӣ дарёфтам. Симпозиюми бузургдошти Имом Аъзам (р) пулеро омода сохт барои шинохти ин миллати кӯҳанбунёди тоҷик барои мо мусалмонони кулли дунё. Дарёфтам, ки маънои вожаи тоҷик мусалмон аст. Тоҷиконро зарур аст, ки аз дигарон бештар Абӯҳанифа (р)-ро бишносанд. Аз тақлиди кӯр — кӯронаи аҳли хавориҷ ва ақидаи харобиовари эшон қотеъона даст бояд кашид.

Ҷаноби Муҳаммадсолеҳ! Аз таъомҳои тоҷикӣ кадом навъашро хуб пазируфтед?

— Ҳайати кории аҳли суннат ва ҷамоати кишвари Эрон дар дафтари кории Муфтӣ ва райиси Шӯрои уламои Тоҷикистон бо шайх Амонуллоҳи Неъматзода, субҳидам баъди намози бомдод бо гурӯҳе аз донишмандони исломӣ вохӯрӣ намуда, оиди симпозиюми бузургдошти Имоми Аъзам (р) ва густариши бештари муносибатҳои фарҳанги динӣ ва мазҳабӣ  сӯҳбат орстем. Дар ҳамин маҳфили хайр баъди хатм шуданаш моро шайх Амонуллоҳи Неъматзода ба сари суфра ва дастурхони тоҷикӣ даъват намуд. Аввалан дастҳоямонро шӯста ва атрофи дастурхон як ҷо нишастем, ки мизбонон дар ду табақи бузурги чӯбин ғазо оварданд, ки онро қурутоб гуфтанд. Ростӣ чунин табақҳои бузурги чӯбинро бори аввал дидам ва ғазои болаззатро бо номи қурутоб бори нахуст тановул намудам. Қурутоби тоҷикӣ ғазои серғизо ва болаззату гуворо буд. Нафарони зиёде атрофи ин ду табақи пур аз қурутоб нишастанд ва ғазо хӯрданд. Таъомхӯрии Расулаллоҳ (с) дар хонаи Абдуллоҳи Ансорӣ (р) ба ёдам омад. Дарёфтам ва дидам, ки ин суннати Расулаллоҳ (с) дар Тоҷикистон барпо ва зинда аст. Хомшӯрбо ва қурутоби тоҷикӣ ғизои дӯстдоштаи ман аст.

— Аз либосҳои тоҷикии мардона чиро ба худ хуб пазируфтед?

— Пеш аз он ки аз либоси мардон ҳарф бизанам, беҳтар он аст, ки аз либоси занонаи тоҷикӣ чизе бигӯям. Либосҳои миллии тоҷикӣ, ки аксари занон ва модарону хоҳарони мусалмон мепӯшанд, зебо ва форам аст. Дар хиёбонҳои шаҳр духтарони ҷавонеро рӯ ба рӯ шудем, ки либосҳои шаффоф ва хеле танг ба тан доштанд, ки ин як навъи либоси мӯд ва ҷадид аст, ки пӯшиши онҳо хилофи одоб ва талаботи шариат мебошад. Аз хоҳарони зебои мусалмони тоҷик таманнои онро дорам, ки дӯхти либосҳои шаръиро тангу ношоям омода насозанд. Либосҳои миллӣ ҷавобгӯйи пӯшиши талаботи шаръӣ мебошад, пас аз он истифода кунед. Иффат ва зебогии худро хоҳарони азиз аз чашми номаҳрам мастур бидоред.

Аз либосҳои мардонаи тоҷикӣ ҷома ва кӯлоҳи кулобӣ бароям хуш омад. Хонаи ҷавонмарди тоҷике меҳмон шудем, ки Давлат писари Достӣ аз зодагони Ховалинг буд. Бо ҳамроҳии ман пешвои аҳли суннат ва ҷамоати минтақаи Балуҷистони Эрон, шайхулислом, мавлоно Абдулҳамид, мавлоно Абдулғанӣ, мавлави Усмон аз аҳли тариқати нақшбандия ва чанд тан аз дигар ҳамсафаронам буданд. Дар ин ҷо бо яке аз рӯҳониёни донишманд — мулло Ҳайдари кулобӣ низ ҳамсӯҳбат гаштем. Баъди меҳмондорӣ ва ғизохӯрӣ ба мо ҷома пӯшонданд ва бар сари мо кӯлоҳи кӯлобӣ гузоштанд. Ҳамин тоқии кӯлобӣ ва ҷомаи тоҷикӣ ба мо хеле хуш омад. Вақте ки ба меҳмонхона баргаштам, дар сар тоқии кӯлобӣ доштам. Дӯстонам гуфтанд: Оё, ту кӯлобӣ ҳастӣ? Гуфтам: Бале. Ман кӯлобиям, яъне мусалмонам.

Ҷаноби Муҳаммадсолеҳи Аҳмади Пурдил, ҷавоне аз миллати рус мусалмон шудааст ва номи ӯ Искандар мебошад. Дар дӯкони китоб кор мекунад ва ҳофизи Қуръон мебошад ва аз мухлисони ҷиддии хушгуфтории Шумост. Дар ин боб чӣ гуфтание доред?

— Албатта, ҷавонон маро бад — он хотир эҳтиром мегузоранд, ки масоилҳои шаръӣ ва фиқҳиро хеле содда ва пурмӯҳтаво баён мекунам. Дар фанни адабиётштносӣ инро санъати саҳли мумтанеъ гӯянд, ки баёни он хеле сангин аст. Чунин нерӯйи гуфтори илмӣ дар сиришти миллати мусалмони тоҷик бисёр нуҳуфтааст. Аз ин нерӯйи худӣ истифода намоед, то шавкату шукӯҳи ҳавзаҳои илмии Бухорову Самарқанди собиқ насиби шумо гардад. Намояндагони миллати тоҷик, бахусус аҳли тариқат исломро дар Покистону Ҳиндустон интишор намуданд. Устодони мадориси Девбанд, ки ҳама суннии ҳанафӣ мебошанд, шогирдони донишмандони Бухорои шариф ва Самарқанд мебошанд.

Тавассути забони шакарбори тоҷикӣ ва таълимоти Абӯҳанифа (р) дар Ҳиндустон ислом интишор ёфт. Ин масоил ниёзи бештаре ба ковишҳои илмӣ дорад.

Ба ҷавонон мегӯям:

Навҷавонеро чу бинам беадаб,

Рӯзи ман торик мегардадчу шаб.

Ба Искандар, ки аз миллати рус асту мусалмон, дуои хайр мекунам ва бикӯшад, ки дигар ҳамзабонҳои худро ба дини ислом фаро хонад, зеро наҷоти башарият рӯ овардан ба Қуръон ва суннат аст. Ҳамаи халқиятҳоро Худованд офаридааст. Дини ислом хос ва марбут ба миллат ва минтақае нест.

— Оё дар тӯли ин сафар бо донишмандони тоҷик шиносоӣ ва риштаи дӯстӣ пайдо намудед?

— Бале. Бисёр. Ҷавонон ва донишмандони рӯҳониро вохӯрдам ва дӯстони зиёде низ пайдо намудам. Аммо вохӯрии ман бо донишманди хеле бофарҳанг ва мусалмон, ҷаноби Ҷумъахони Темирзода хеле фараҳманд ва пуртаъсиру фаромӯшнашаванда аст. Ҷумъахони Темирзода воқеан як ҷавони огоҳу воқифе аст. Шеърро хуб медонад ва дар сатҳи баланд ҳифз намудааст. Офарин ба чунин ҷавонони ватандӯсту худогоҳи мусалмони тоҷик. Ҷумъахонро барои таълиму тадрис аз барои шогирдон ба марказҳои бузурги исломӣ даъват намудам. Бошад, ки даъвати моро бипазирад. ӯ устоди бузург аст.

— Худованд бар Шумо ва дар симои Шумо ҷаноби Муҳаммадсолеҳ, бар уммати исломӣ хайр ва баракат насибу рӯзӣ фармояд. Оё дар рафти симпозиюм камбуд ва норасоиеро эҳсос намудед?

— Симпозиюм дар сатҳи баланди ковишҳои илмӣ сипарӣ гашт, аммо камбуд ва норасоӣ дар он дида мешуд, ки тарҷумонҳо шарҳи баъзе матнҳоро аз забони арабӣ ба форсӣ нодуруст ва пурхато баён мекарданд ва дуввумин, дар садри конфронси илмӣ ягон намояндаи донишманди рӯҳонии тоҷик фикрронӣ накард. Аз захираҳои илмии дохилии кишвар хуб истифода мешуд, ба манфиати кор буд. Рӯҳониёни кишвар масъулити фарҳангӣ ва илмиро хубтар дарк мекарданд. Фикрронии намояндаи тоҷикистонӣ дар рӯзи охири конфронс баён ва тобиши фалсафӣ дошт.

— Барои мардуми тоҷик чӣ таманно ва дархосте доред?

— Орзуи деринаи ман дидор аз ин кишвари зебо ва мусалмоннишин буд, ки Худованд дар беҳтарин рӯзҳо сарфарозам гардонид. Пас хоста ва орзуи дигари ман он аст, ки чанг бар фароизи илоҳӣ ва суннатуннабӣ бизанед. Бар райиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва кишвари худ содиқ бошед. Ва хостаи дигари ман он аст, ки робитаҳои илмӣ ва динии Маркази исломӣ ва Шӯрои уламо ва Маркази исломшиносии кишвар бо дигар ҳавзаҳои илмӣ дуруст ба роҳ монда шавад. То мо дар сатҳи васеътар муносибатҳои фарҳанги исломиро ба роҳ монем. Ва баҳраманд аз илму дастовардҳои илмӣ ва динӣ бигардем. Аз номи худ ва мардуми мусалмони шофеъимазҳаби аҳли суннат ва ҷамоати Эрони бузург ба кулли мусалмонони тоҷик паёми хешро мерасонам. Чароғи илоҳӣ дар ҳар хонадони тоҷик мунаввару тобон бошад.

Мусоҳиб Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: