Главная > Нилуфари СОБИР > Ситораҳо бегуноҳанд!

Ситораҳо бегуноҳанд!

Ҳафтаномаи «Пайкон» дар шумораи гузаштаи худ (№29 (29), аз 30.09.2009) мақолаеро зери унвони «Дилимиз бир, тилимиз бошқа», ки дар он перомуни кору фаъолияти сарояндагони Тоҷикистону  кишварҳои ҳамсоя ва сафарҳои ҳунарии эшон ба ҷумҳурии мо ва баръакс баҳсу таҳлилҳо ҷараён гирифтааст, ба табъ расонд. Муаллифи мақола кӯшидааст, то дар мавриди ҳимояи меъёрҳои фарҳанги миллӣ ва нигоҳ доштани одобу ахлоқи тоҷикона ибрози андеша кунад ва ман ҳамчун хонандаи доимии нашрияҳои мустақил ба ин иқдоми ӯ бешак эҳтиром мегузорам.

лонд.jpeg

С. Вализода ҳақ аст, ки мегӯяд, дар шабакаҳои телевизион мардум танҳо ахбори расмиву барномаҳои мусиқиро мебинанд. Гӯё дар Тоҷикистон дигар мушкилот вуҷуд надошта бошад. Комилан дуруст аст, ки бахши аъзами назми замони шӯравӣ ва ё муосир дар каломи худ эҳсоси тӯфонро надоштанд ва танҳо ба хотири «ба даст овардани дили маскав» аз гуфтани ҳақиқат худдорӣ карданду барои аз даст рафтани Самарқанду Бухоро бетафовутӣ зоҳир намуданд. Ситоишкуниву маддоҳии аҳли зиёии мо ба хотири манфиати шахсияшон мутаассифона имрӯз низ боиси баҳсу мунозираҳост. Ҳамчунин, ман низ тарафдори онам, ки сафарҳои ҳунарии сарояндагони мо ва барномаҳои қаблан матраҳкардаи эшон барои мухлисони хориҷиашон танзим шаванд ва ё зери назорати мақомоти кишвар қарор бигиранд, зеро барномаи мусиқие, ки Фарзонаи Хуршед бо раққосаҳояш ду сол қабл дар «кӯчаҳо»-и Русия баргузор карда буд, барҳақ боиси нанги миллат аст. Тафтиши ҳайати дастаҳои ҳунарӣ низ кори баде нест.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама ҷасорату садоқат ба арзишҳои миллии мо, ба назари ин ҷониб, маводи мазкур то андозае яктарафа навишта шудааст.

С. Вализода дар мақолааш дар клипҳои хонандагони афғонӣ ба навор гирифтани духтарони тоҷик ва таронасароии муштараки онҳоро бо ҷавонони афғон танқид кардааст. Аммо ба ҳама маълум аст, ки дар ҷаҳони муосир зуҳури чеҳраҳои зебои занонаву мардона дар клипҳои таронаҳои ҳунармандон тамоюли маъмулист ва он ҳатто ҷанбаи таблиғии миллатҳои дунёро дар бар мегирад. Бубинед, мо маҳз тавассути ҳамин клипҳо ба аксар  халқиятҳои ҷаҳон дилбастагиву мухлисӣ пайдо кардаем. Имрӯз дар миёни мардуми мо кам касоне ҳастанд, ки чеҳраҳои ҳунарӣ ва фотомоделҳои машҳури Ҳиндустон, Русия, ӯзбекистон, Туркия, Эрон, бахусус эрониҳои муқими Аврупо, Афғонистон, ИМА ва ғайраро нашиносад. Тақвимҳоро бо акси эшон мардум зиёд харидорӣ мекунанд ва ҳатто аксу таронаҳои чунин чеҳраҳоро дар зангҳои телефонҳои мобилияшон ҷой медиҳанд. Ҳатто ба хотири онҳо шуда, на танҳо як шахсият, балки ҳамон миллатеро, ки чеҳраи дӯстдоштаашон намояндаи он миллат аст, эътирофу эҳтиром мекунанд. Магар ҷой кардани муҳаббати миллати худ ба қалбҳои мардуми дигар тавассути ин чеҳраҳо қаҳрамонӣ нест? Масалан, ман борҳо аз забони мардум шунидаам, ки  мардуми Ҳиндро ба хотири Айшвариву Шоҳруххону дигар симоҳои намоёнашон ҳамчун миллати зебо ситоиш мекарданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба назари ман, тоҷикон аз ҳиндиҳо дида зеботаранд. Хонандагони мо низ дар клипҳои худ дар Дубай ва дигар кишварҳои хориҷ хонумҳои зебои он сарзаминҳоро ба навор гирифтаанд ва он клипҳо хеле ҷолиб ҳам ҳастанд.

Дахолат ва назорати мақомоти марбута, амсоли Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ ва муассисаи «Базморо» (собик Госконсерт) ба сафарҳои ҳунарии хонандагони ватанӣ аз нигоҳи муаллифи мақола бояд ҳатмӣ бошад. Яъне хонандагон ҳангоми сафари ҳунарӣ бояд дар бораи нақшаи кори худ ба ин мақомоти идорӣ ҳисобот диҳанд ва пеш аз ҳама аз ҳисоби маблағи аз барномаҳои мусиқияшон бадастоварда андози давлатро супоранд. Ин тартибот дар сурати сафари ҳунарӣ дар сатҳи давлатӣ бошад ё дар сатҳи хусусӣ, ба назари С. Вализода, бояд қатъиян риоя карда шавад. Албатта ҳеч кас муқобили супоридани андози давлатӣ нест, вале бояд донист, ки дар ҳар шартнома миёни хонанда ё гурӯҳи ҳунариву ширкатҳои мусиқии давлативу ғайридавлатӣ баста мешавад, маблағи андози давлатӣ, андоз барои бинои истифодашавандаи барномаи ҳунарӣ ва ғайра ҳатман муқаррар карда шудааст. Аз ҷониби дигар, оё метавон бовар кард, ки вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои марбутаи мо дар анҷоми чунин қоидаву тартибот фаъолияти шаффоф хоҳанд кард? Кӣ метавонад бо дили пур бигӯяд, ки муассисаи «Базморо» ва вазоратхонаҳо барои сафари ҳунарӣ хонандагони воқеан боистеъдодро пешниҳод мекунанду воситабозӣ дар ин маврид сарфи назар мешавад? Вазоратхонаҳои кишвар мутаассифона имрӯз дар тарбияву ҳимояи манфиатҳои чеҳраҳои ҷавону болаёқат ҳеч саҳме надоранд. Охир, ҳамин Вазорати фарҳанги мо буд, ки монеи баргузории намоишномаи Барзу Абдураззоқов дар толорҳои пойтахт шуд. Ҳамин Вазорати фарҳанг аст, ки барои гузаронидани «Суруди сол» наметавонад як маблағи сазовореро ба сарояндагон пешниҳод кунад. Ҳамин Вазорати фарҳанг аст, ки барои қадрдонии сазовори Таҳмина Ниёзова, ғолиби озмуни байналмилалии «Интервидение» дар Русия ҳатто насулфид. Ҳамин вазоратхонаҳову мақомоти зидахли моянд, ки барои қадршиносии Расул Боқиев, варзишгари маъруфи тоҷик, парчамбадори Тоҷикистон дар бозиҳои олимпии Пекин ҳеч иқдоме накарданд! Пас чи ҷойи нозидану ифтихор аст аз мақомоти зидахли кишвар!?

Дар Тоҷикистон расм шудааст, ки як ҳунарманди ҷавон новобаста аз истеъдоду маҳбубияташ бояд ҳатман ба синни пирӣ расаду баъд унвони давлатиро соҳиб шавад. Аммо дар аксар кишварҳои ИДМ баробари дар миёни ҷомеа маъруфият пайдо кардани як ҳунарманд, ҳамоно унвони «Ҳунарманди шоиста»-ро ба ӯ лоиқ медонанд ва табиист, ки пас аз ин гуна қадршиносӣ чеҳраҳои ҷавон масъулияти бештаре дар назди халқу давлат ҳис мекунанд.

Акнун таваҷҷӯҳ мекунем ба сафарҳои ҳунарии хонандагони хориҷи Тоҷикистон! Муаллифи мақола бештар аз сафарҳои ҳунарии хонандагони ӯзбекистон ба кишвари мо эрод гирифтааст. Ба назари ӯ, сафарҳои батакрори Севинч, Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев ва сафарҳои Сардор Амирхон, Фирӯза Ҷумъаниёзова, Озода Нурсаидова ба шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Хуҷанд ғайрирасмӣ буда, бо ибтикори ширкатҳои хусусие амсоли «Ориёно — медиа», бонкҳо ва шахсони алоҳида сурат гирифтааст. Аммо чаро ба андешаи С. Вализода, бояд сафари ҳунарӣ маҳз дар сатҳи давлатӣ бошад? Охир, тибқи қонуну меъёрҳои байналмилалӣ, ҳар ширкате, ки иқтидори молии даъват кардани ҳунармандонро ба ин ё он кишвар дошта бошад, метавонад ба хотири тиҷорат озодона ин амалро анҷом бидиҳад. Дар ин самт қоидаву талаботҳои хос роҳандозӣ шудааст. Муаллиф иддао дорад, ки гӯё Севинч Мӯминова «бо додани чанд сомоние ба шахсони алоҳида аз боло ё поин» ба Тоҷикистон омада, барномаи консертӣ баргузор карда бошад.  Номбурда барои исботи ин гуфтаҳояш ҳеч далели рӯшанеро ба хонанда  пешниҳод накардааст. Ба ҳама маълум аст, ки Севинч бо даъвати радиои «Имрӯз» ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Аз ҷониби дигар, ҳайрати ман дар ҳаросу нигарониҳои С. Вализода аз ҳунарнамоии хонандагони ӯзбекистонӣ дар миёни мухлисони тоҷикистонии онҳост. Муаллиф чунон ба эҳсосоту ташвиш дар ин бора менависад, ки ҳатто хандаи кас меояд.  Чунин ба назар мерасад, ки ӯ аз сарояндагони ӯзбекистон ҳамчун аз аждаҳои дарёдаркаш тарсида бошад ва дар панҷаи эҳсосот ӯ Сардор Амирхонро «ҳазрат» номидааст. Хайрият, ки Сардор дар Тоҷикистон зиндагӣ намекунад, вагарна ҳазратгӯиҳои Вализодаро шунида, воқеан худро хонандаи мумтоз тасаввур мекарду шояд аз хурсандӣ шодимарг ҳам мешуд.

Тибқи иттилои муаллифи мақола, дар ӯзбекистон ниҳоде бо номи «ӯзбек — наво» фаъолият мекардааст, ки тамоми сарояндаҳои ин кишварро ба ҳисоб гирифта, онҳоро барои гирифтани литсензия маҷбур карда, сафарҳои ҳунарии ҳунармандон бе хати ҷавози он ниҳод сурат намегирифтааст. Ин ниҳод иқтидори чанд вазоратхонаро дорад. Аммо барои ба хоки ӯзбекистон ворид шудани cарояндаҳои хориҷӣ иҷозаи Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг ва ниҳоди «ӯзбек — наво» ҳатмӣ будааст, ки гирифтани он иҷозатнома амрест муҳол! Бахусус барои ҳунармандони тоҷик. Бояд гуфт, ки давлати худкома будани ӯзбекистонро аксар сиёсатмадорону коршиносони ҷаҳон тариқи расонаҳои гурӯҳӣ борҳо иброз доштаанд. Пас, чаро мо бояд пайрави ин кишвари худкома бошем, на пайрави мамолики демокративу мутараққӣ? Ҳақ бар ҷониби Вализода аст, ки менависад, ҳунарманд вақте ба кишварҳои хориҷ сафар мекунад, бояд ҳатман ҳунари миллӣ ва фарҳанги мардуми сарзаминашро дар миёни мардуми он кишвар муаррифӣ намояд. Вале ҳамзамон изҳори нигаронӣ аз он кардааст, ки Севинч дар таронаҳояш Темурланг — қотили 7000 кӯдаки тоҷикро дар Исфаҳон васфу ситоиш мекунаду сиёсати ӯзбекистонро ташфиқ месозад. Дуруст аст, ки Темурланг дар тӯли таърих ба мардуми форсу тоҷик бераҳмиҳои гӯшношунидеро раво дидааст, аммо ӯ барои миллатҳои туркзабон қаҳрамон аст ва агар сарояндае ҳам дар мадҳи ӯ суруда бошад, пас, танҳо барои ҳаммилатони худаш сурудааст, на барои дигарон! Албатта ман бо ин гуфтаҳоям на Темурланги хунхор ва на сарояндагони ӯзбекистониро ҳимоят карданӣ нестам, балки мехоҳам андешарониҳо низ дар ин маврид яктарафа ё диктотурӣ набошад.

Ман моҳи феврали соли равон дар барномаи мусиқии Севинч дар пойтахт ҳузур доштам. Барои ман хеле хуш буд, вақте ин сарояндаи маъруфи ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ тарона месароид ва ҳангоми сурудани таронаҳои тоҷикӣ ӯ куртаи чакани маҳаллии Хатлонро ба бар карда буд. Ин амали Севинч гувоҳи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ҳунари миллии тоҷикист. Худи ӯ низ борҳо дар мусоҳибаҳояш гуфтааст, ки ба мардуми тоҷик муҳаббати беандоза дорад. Оё метавон ин муҳаббату эҳтиромро ба хотири печидагиҳои сиёсӣ рад кард?

Мо набояд фаромӯш кунем, ки сарояндаҳои мо низ Исмоили Сомонӣ -асосгузори давлати Сомониён, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва дигар чеҳраҳои таърихиву фарҳангии миллатамонро дар таронаҳояшон ситоиш кардаанд ва ман надидаму нашунидам, ки касе аз ин амали онҳо дар ташвиш афтода бошад. Ин гуна таронаҳои сарояндаҳои мо, амсоли Ҷӯрабек Муродов, Зафар Нозимов ва ғайраҳо низ дар саҳнаҳои кишварҳои хориҷ, бахусус ӯзбекистон зиёд садо додаанд. Имрӯз чеҳраҳои ҷавону боистеъдоди тоҷик, назири Шабнаму Ҷонибек, Садриддину Рустам, Малика ва дигарон ҳунари милливу муосири моро аз Осиёи Миёна то ба Амрико таблиғ мекунанд. Пазироии мардуми Озарбойҷон аз ҳунари волои Маликаи Саидзод ба ҳангоми сафари ҳунарии гурӯҳи «Дарё» ба ин кишвар ва маҳбубияти ӯ дар Афғонистон боиси ифтихори ҳар тоҷик аст. Худи Малика дар як сӯҳбати радиоияш аз хотироти сафари ҳунарияш ба Амрико гуфта буд: «Дар Амрико мардум пас аз баргузории барномаи мусиқӣ назди мо меомаданд ва пурсон мешуданд; шумо намояндаи кадом миллатед, ки ин қадар зебоед?». Бубинед, чи қадар ҳунармандони моро дар хориҷ дӯст медоранду қадр мекунанд! Сарояндаҳои мо дар кишварҳои дигари ҳамсоя низ маъруфияти зиёду мухлисони бешумор доранд ва ин касеро ҳарос надодааст. Тасаввур кунед, агар як коршинос ё сокини кишвари  хориҷӣ танҳо ба хотири ситоиши давлати Сомониён ва ё Исмоили Сомонӣ вуруди сарояндаҳои тоҷикро ба хоки кишвараш манъ кунад, пас, худи мо ба ин гуна мавқеъгирии ӯ чӣ баҳо медодем?

Нилуфари СОБИР, рӯзноманигор

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: