Главная > Uncategorized > Аз «кефир»-и хориҷӣ «ҷурғот»-и табиӣ месозанд?

Аз «кефир»-и хориҷӣ «ҷурғот»-и табиӣ месозанд?

Тибқи хабарҳо, дар Душанбе корхонае мавҷуд аст, ки дар он ҷо аз пахта шиму галстуки босифат истеҳсол гашта, фурӯши он танҳо дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Ба он хотир, ки моли босифат дар хориҷа ҳамеша бо нархи баланд ба фурӯш меравад. Ҳамин гуна мисол дар ҳолати баръакс низ мушоҳида мешавад. Молҳои босифат аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид шуда, бо арзиши баланд дар байни аҳолӣ харидор меёбад. Ба мисли маҳсулоти ширие, ки аз хориҷи кишвар ворид мегардад.

«Фарзияҳо баҳонае беш нестанд»
Дар шаҳри Душанбе ду корхонаи шир фаъолият мекунад, ки яке Комбинати шири Душанбе асту дагари Фабрикаи шири «Саодат». Ҳарчанд ба қавли мутахассисони Комбинати шири Душанбе, маҳсулоти шири ин корхона тозаву табиист ва химикат надорад, аммо «кефир»-у «сметана»-и русӣ ва хомаи эрониву покистонӣ бозорҳои моро фаро гирифтааст ва ба гаронӣ ва химикати он нигоҳ накарда, талаботи мардум ба он зиёд аст. Аз Сиёвуш Қосимов, як сокини пойтахт суол кардем, ки маҳсулоти шири истеҳсоли кадом кишварро истеъмол мекунад. ӯ гуфт: «Аслан хомаву сири эрониро харидорӣ мекунам. Зеро таъми он аз сметанаи тоҷикӣ болаззаттар аст. Хомаро ду рӯз кушода монӣ, маззааш вайрон намешавад, аммо боре сметанаи тоҷикиро субҳ истеъмол кардам ва боқимондаашро дар яхдон гузоштам. Хостам бегоҳ тановул кунам, аммо аллакай вайрон шуда буд».
Дар ҳамин ҳол Назармоҳ Назарбекова, сардори бахши озмоишии ҶСШП Комбинати шири Душанбе дар як сӯҳбаташ гуфтааст, ки маҳсулоти шири хориҷӣ дар таркибашон ҳар гуна химикатҳо доранд. Аз ин сабаб мӯҳлаташон хеле дароз аст. Вай ҳамчунин афзудааст: «Агар дақиқтар назар намоем, тамоми он маҳсулоти ширие, ки аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид месозанд, таркибашон олудаи моддаҳои химиявӣ — консентрат ва эмулгатор аст, ки ба саломатии инсон зарар доранд, яъне маҳсулоти табиӣ нестанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи мо аз 6 рӯз зиёд нигоҳ дошта намешавад. Дар таркиби маҳсулоти корхонаи мо ба ҷуз аз моинӣ ва шир дигар чизе нест».
Яъне маҳсулоти ин комбинат зудвайроншаванда аст. Аз ин хотир, ба хориҷи кишвар бароварда намешавад.
Салимов Шамсиддин, савдогаре дар бозори «Саховат» андешаи ин мутахассисро дастгирӣ карда, мегӯяд, ки маҳсулоти шири тоҷикӣ воқеан табиист. Зеро таъмаш бозгӯкунандаи он аст, ки химикат надорад.
Вале дар ҳамин ҳол Мамлакат Сафарова, як шаҳрванди дигар иброз дошт, ки таъму лаззати маҳсулоти ширӣ баёнгари табиӣ будан ё набудани он аст ва аз лиҳози таъм сметанаи тоҷикӣ ба хомаи эронӣ баробар шуда наметавонад. Вай гуфт: «Агар маҳсулоти ширӣ зарар дошта бошад, оё давлати Эрон иҷоза медиҳад, ки мардум аз он истифода баранд? Дар он ҷо низ мисли «Тоҷикстандарт» ниҳоде шояд бошад, ки истеҳсоли маҳсулоти ғайристандартии ба мардум зарароварро манъ кунад… Фарзияҳои «табиӣ нест, химикати зиёд дорад» баҳонае беш нестанд. Шояд нозукиҳои кори чирадастони эрониро пурра наомӯхтаанд ва сирри дервайроншавиро намедонанд. Вагарна мақсади ҳамаи корхонаҳо пул кор кардан аст. Оё дар Комбинати шири Душанбе намехоҳанд, ки маҳсулоташон дар хориҷ аз кишвар харидор дошта бошад? Агар сирри химикат карданро омӯзанд, эшон низ фурӯшро дар манотиқи дурдасти кишвар ба роҳ мемонанд. Зеро имрӯз маҳсулоти шири хориҷӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар паҳн шудааст, аммо маҳсулоти ширии мо танҳо дар гирду атрофи шаҳри Душанбе фурӯхта мешавад».

«Нусхабардорӣ»-и русӣ
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба мо гуфтанд, ки ҳамаи маҳсулоти ширӣ дорои химикат аст, хоҳ истеҳсоли Тоҷикистон бошад, хоҳ Русияву Эрон. — Аммо ин маънои онро надорад, ки ба саломатӣ зараровар аст. Химикате, ки дар таркиби «сметана»-ву «кефир» ҳаст, безарар мебошад. Зеро дар тамоми корхонаҳои дорои маҳсулоти ширӣ лабараторияҳои махсус мавҷуд аст, ки мувофиқи меъёрҳои мавҷуда истеҳсолро ба роҳ мемонанд,- қайд карда шуд дар ин ниҳод.
Ба гуфти Н. Назарбекова, маҳсулоти Комбинати шири Душанбе дар ҳудуди ҷумҳурӣ танҳо дар ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Шаҳринав, Варзоб ва Турсунзода ба фурӯш гузошта мешаванд. Аммо дар масъалаи нигоҳдории маҳсулот мушкилӣ доштаанд ва баъдан роҳбарияти корхона аз кишвари Белорусия мағозаҳои сайёрро овардаанд, ки дар яхдони чунин мағозаҳо ҳарорат барои нигоҳдории маҳсулот ба танзим дароварда шудааст. Қаблан, дар ҳарорати 28-30 дараҷаи яхдонҳо маҳсулот вайрон мешудааст.
Аз ин бармеояд, ки таҷрибаро аз мутахассисон ва кори корхонаҳои хориҷӣ меомӯзанд. Пас эҳтимолан, истеҳсоли маҳсулот низ дар асоси таҷрибаи мутахассисони хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Зеро ин мутахассис қайд карда, ки барои омӯхтани усули кори комбинатҳои шири давлатҳои хориҷӣ мутахассисони корхона ба шаҳрҳои Маскав, Санкт — Петербург ва Сочи фиристонида шудаанд.
Чунин тарзи коромӯзӣ далели он аст, ки истеҳсоли маҳсулот дар асоси таҷрибаи мутахассисон ва корхонаҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Боз тазаккур додани он, ки маҳсулоти шири хориҷӣ омехтаи химикат аст ва ба саломатии мардум зарар дорад ва дар ҳамин ҳол нишон додани бартарии маҳсулоти шири тоҷикӣ бо табиӣ ва бехимикат буданаш оё ягон воқеият дорад?

Эҳтиёҷ ба таҷҳизоти замонавӣ
Ба андешаи Абдураҳим, як ронанда, ки чанд сол дар кишвари Русия умр ба сар бурдааст, маҳсулоти шири тоҷикӣ нусхабардорӣ аз маҳсулоти русист. Зеро он қуттӣ ва каробкаҳое, ки дар ин ҷо «кефир» ва «сметана» мегиранд, айнан аз сохти русӣ гирифта шудааст. Аммо баъзе нозукиҳои корро ҳанӯз наомӯхтаанд. Аз ин сабаб, маҳсулоташон ба мӯҳлати дароз нигоҳдорӣ намешавад. — Таҷҳизоти корхонаҳои Русия аз лиҳози замонавӣ ва нав буданашон нисбатан дар сатҳи баланд қарор доранд,- мегӯяд ӯ.
Назармоҳ Назарбекова мегӯяд, ки моҳи феврали соли 2009 аз Маҷористон барои истеҳсоли «Био — кефир» технологияи нав оварда, насб карда шудааст. Аммо дар мавриди дигар зикр мекунад, ки дар оянда нақшаи ворид намудани дастгоҳу таҷҳизоти замонавиро доранд. Ин далел бар он аст, ки ҳанӯз ба технологияи замонавӣ эҳтиёҷ ҳаст.

«Аз роҳбарият касе нест»
Барои маълумоти муфассал пайдо кардан оид ба сифати маҳсулот, вазъи таҷҳизот, асоснок кардани бартариву камбудии маҳсулоти Комбинати шири Душанбе нисбат ба истеҳсоли маҳсулоти хориҷӣ, вуҷуд доштани мутахассисони хориҷӣ, зудвайроншавии маҳсулот ва дигар саволҳо хостем бо роҳбарият ё ягон мутахассиси ин корхона сӯҳбат кунем. Дар давоми ду ҳафта панҷ маротиба бевосита ба комбинат рафтем, якчанд маротиба занг задем, вале ҳар дафъа чунин посух медоданд: «Аз роҳбарият касе нест, раис дар истироҳат, ҷонишин куҷои дигар рафтагӣ, бе иҷозаи роҳбарият мутахассисон сӯҳбат намекунанд».

Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: